Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми марти соли 1966 таҳти № 446-Р, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб дар ин минтақа таъсис дода шудааст. Солҳои аввали ташкили омӯзишгоҳ бисёр душвориҳо дида мешуд. Пеш аз ҳама, нарасидани омӯзгорони ихтисосманд, воситаҳои таҷҳизоти техникӣ душвории асосӣ ҳисоб меёфт. Дигар аз мушкилиҳо ин ба омӯзишгоҳ ҷалб намудани духтарони маҳаллӣ буд, аз ин сабаб омӯзгоронро зарур буд, ки ба ноҳияҳои гирду атроф ва маҳалҳои наздик рафта, ташвиқот баранд, чунки қисми зиёди волидон баҳри давом додани таҳсили духтарони худ монеъ мешуданд. Кӯшишу ғайрати омӯзгорони омӯзишгоҳ бобати дар байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот бурдани ташвиқот ва ҷалб намудани духтарон ба омӯзишгоҳ беназир аст. 

Ҳамин тавр, заҳмати омӯзгорон натиҷаи дилхоҳ дод ва аввалин духтарони маҳаллӣ ба омӯзишгоҳ омаданд. Имрӯз аксари донишҷӯёни Коллеҷро духтарони ташнаи азхуд кардани илму дониш ташкил медиҳанд. Солҳо сипарӣ гаштанд, дар баробари тараққиёти ҷумҳурӣ, талабот нисбат ба кормандони соҳаи тиб ва омӯзиши он зиёд мегардид. Оҳиста-оҳиста базаи моддӣ-техникии омӯзишгоҳ беҳтар мешуд, барои хубтар гардидани шароити маишии донишҷӯён хобгоҳи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли гузашта бо ибтикори директори тозатаъйини Коллеҷ Сангов Бобохон Чилаевич ва дастгирии раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ҳамаи биноҳои муассисаи таълимӣ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо мизу курсӣ, лавозимоти хониш ва таҷҳизоти ба талаботи муосир ҷавобгӯй таъмин карда шуданд. 

Айни замон Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат яке аз калонтарин муассисаи таълими миёнаи махсус дар байни омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар он 2,5 ҳазор нафар донишҷӯён, намояндагони 6 миллат таҳсил карда истодаанд. Дар давоми 52 сол ин боргоҳи маърифат тақрибан 15,5 ҳазор мутахассис тайёр намудааст. Шуъбаҳои омӯзишгоҳ дар шаҳрҳои Норак, Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Варзоб амал мекунанд. 

Сохтори Коллеҷ

а)  Факултаҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ (пас аз хатми синфи 11),        бо  мӯҳлати  таҳсили  3  сол:    

—  “Кори  ҳамширагӣ”

—  “Кори  лабораторӣ”

—  “Кори  беҳдоштӣ, санитарӣ, эпидемиологӣ”.

—  “Кори  момодоягӣ”  —  бо  муҳлати таҳсили  3 солу  10 моҳ

б)  Бо  таҳсилоти  миёнаи  нопурра  (пас  аз  хатми  синфи 9), мӯҳлати таҳсили  4 сол:    

-“Кори  ҳамширагӣ”   

-“Кори  лабораторӣ”

-“Кори  фармасевтӣ”                                      

ПОЯИ  МОДДӢ — ТЕХНИКӢ  ВА  ТАЪЛИМӢ

Дар муассисаи таълимӣ 1 бинои таълимӣ, 4 лабораторияи таълимӣ  (микробиологӣ, физика, биокимиёӣ, кори ҳамширагӣ), 82 кабинети таълимӣ, 5 кабинети  компютерӣ,  ки бо шабакаи интернет пайваст аст ва 1 майдони варзишӣ мавҷуд мебошад. Дар Коллеҷи тиббӣ китобхона бо қироатхонааш фаъолият менамояд. Барои зиёд намудани сафи аъзоёни китобхона бо ҳамаи донишҷӯёни соли аввали таҳсил вохӯрӣ гузаронда шуда, дар байни онҳо корҳои ташвиқотӣ бурда мешавад. Аъзоёни китобхона аз ҳисоби омӯзгорон ва кормандон 160  нафар ва аз ҳисоби донишҷӯён бошад, 1342 нафарро ташкил медиҳад. Кор оид ба ғанигардонии хазинаи китобхона  идома дода шуд,  миқдори   онҳо   ба  8051 адад  расидааст.  Аз ҷумла: таълимӣ-тахассусӣ — 7000  адад, бадеӣ-1051адад. Бештари китобҳои таълимии тахассусӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон дар гардиш мебошанд. Намоиш додани китобҳои дар китобхона буда мунтазам ба роҳ монда шудааст. Мудири китобхона ва китобдор, якҷоя бо маъмурияти Коллеҷи тиббӣ барои беҳтар намудани хизматрасонӣ ба ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён, зиёд намудани аъзоёни китобхона ва хазинаи китобхона, таъмири китобҳои кӯҳнаву фарсудашуда ва маҳфуздории сифатнокии  китобҳо  мунтазам  саъю  кӯшиш  менамоянд.

Фаъолияти омӯзгорону кормандони Коллеҷи тиббӣ ба амалӣ     гардонидани талаботҳои асосии “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти    тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” равон карда     шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълим, азхудкунӣ, малакаву маҳоратомӯзии касбӣ ва омодасозии    мутахассисони миёнаи тиббӣ, базаи моддиву техникии Коллеҷи тиббӣ    ба  талаботҳои  ҳозиразамон  ҷавобгӯ  мебошад.

Мувофиқи ҷадвали штатӣ дар “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” 85 нафар омӯзгорон бо назардошти кадрҳои роҳбарикунанда ба кори таълиму тарбия машғуланд. Шӯъбаи кадрҳо ва роҳбарияти коллеҷ  мунтазам  баҳри  таҳкимбахшии  пояи  кадрии  таълимгоҳ  кор  мебарад. Омӯзгорони Коллеҷ доимо кӯшиш менамоянд, ки бо усулҳои нав ба нави таълим дарсҳои хешро ба роҳ монанд. Аз ин сабаб бо мақсади боз ҳам хубтару возеҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия як қатор чорабиниҳо, ба монанди Шӯрои омӯзгорон, гурӯҳҳои фаннӣ ва ғайра амал мекунанд. Шӯро ва Шӯрои омӯзгорон баҳри баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорон, корҳои методӣ ва тайёр намудани ихтисосмандони баланд кӯшиш менамояд, инчунин аз таҷрибаи пешқадами дигар коллеҷҳои ҷумҳурӣ баҳра мебардорад.

ҶАРАЁНИ  ТАЪЛИМ

Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо Вазорати тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа  ва  аз  ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда ёфтааст, ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, бахши таълим назорат карда мешавад. Дар Коллеҷи тиббӣ 7 кафедра фаъолият менамояд: Инҳо кафедраҳои фанҳои “Асосҳои кори ҳамширагӣ”, “Морфологӣ”, “Забонҳо”, “Гуманитарӣ”, “Корҳои  тиббӣ – ташхисӣ, корҳои  тиббӣ — профилактикӣ, кори момодоягӣ”, “Химия ва биология”, “Табиию  риёзӣ”.

Коллеҷи тиббӣ дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои тиббӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳа, назорати  доимии раванди таълим, баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳу сифати дониши  муҳассилин  пайваста дар  маркази  диққати  маъмурият  қарор  доранд.

Дар соли таҳсили 2018 – 2019 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” ба низоми кредитӣ гузашта, аз рӯи он амал намуда истодааст. 

Дар асоси мактуби Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қарори Шӯрои омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ дар соли таҳсили имсола имтиҳонҳои ҷорӣ тариқи тестӣ ташкил карда шуд. Соли ҷорӣ аттестатсияи хатмро 38 гурӯҳҳои хатмкунанда аз 18 июни соли 2018  то 5 июли соли 2018  супориданд. Ҳамзамон имсол Коллеҷи тиббиро аз рӯи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори тиббӣ — ташхисӣ”, “Кори тиббӣ – профилактикӣ”  650 – нафар донишҷӯён хатм карданд, ки аз ин шумора 17 – нафар соҳиби дипломҳои  “аъло”  гардиданд. 

Донишҷӯён қариб аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ: вилояти Хатлон, вилояти Суғд, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ таҳсил доранд. Дар Коллеҷ 126 гурӯҳ фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо бо роҳбарони гурӯҳ (куратор) таъминанд. Ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. 

Коллеҷи тиббии шаҳр имрӯз бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҳамкории наздик дорад ва дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзад. Таваҷҷӯҳи маъмурияти Коллеҷ ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиш ва татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, татбиқи Қонуни Забон, истифодаи барномаи «Лемон» дар ҷараёни таълим, таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва лабораторӣ, бо китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои методӣ таъмин намудани Коллеҷ, ҷорӣ намудани усулҳои гуногуни таълим ва корҳои тарбиявӣ, омӯзиши Сарқонун, муқаддасоти давлатӣ равона гардидааст.

ОБОДКОРИҲО  ДАР  КОЛЛЕҶ

Дар Коллеҷ як қатор корҳои ободонӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба сомон расонида шуд. Аз он ҷумла, шифти бино тамоман корношоям шуда, дар ҳолати садамавӣ буд, аз ҳисоби махсуси Коллеҷ бо дастгирии бевоситаи Вазоратҳои маориф ва тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гурӯҳҳои иловагии шартномавӣ мусоидат намуданд, ба маблағи 148000 сомонӣ таъмири капиталӣ карда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар тамоми бинои Коллеҷи тиббӣ ва қисми берунаи он таъмиру азнавсозӣ гузаронда шуда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда  тирезаҳои фарсудаи бино бо тирезаҳои пласстикии замонавӣ ва фарши дохили бино бо сафолакҳои ҳозиразамон иваз карда шудааст. Инчунин ҳамаи кабинету синфхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, толорҳои лексионӣ ва синфхонаҳои компютерии ба талаботҳои ҳозиразамон  ҷавобгӯ зиёд карда шудаанд. 

Ҳамчунин,  аз ҳисоби махсуси Коллеҷ 240 адад мизу курсиҳо, 20 адад компютер, 3 адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 13 адад принтер, 37 адад асбобҳои гармидиҳандаи равғании каммасраф, 10 адад ҷевони китобдорӣ, таъмири ҷории кабинетҳои дарсӣ, таъмири 5 кабинет бо тарзи замонавӣ, шишабандӣ кардани кабинетҳо, васл кардани 12 тирезаи пластикӣ, иваз намудани ҳамаи дарҳои маъмурият бо навиштаҷотҳои замонавӣ, таъмир ва таҷҳизонидани толори маҷлисгоҳ, харидорӣ намудани 5 адад кондисионер, сохта ба истифода додани анборхона ва ҳоҷатхона, ки бо хати обпартои марказӣ пайваст аст, ташкили гӯшаи табиати зинда, гирду атроф пурра бо панҷараҳои замонавӣ маҳкам карда шуданд. Дар даромадгоҳ хонаи посбонҳо, ки бо шароити замонавӣ сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Саҳни Коллеҷ бо сангҳои ороишӣ оро дода шуд, проектор дар толори лексионӣ ва ойнаҳои амалӣ аз фанни анатомия – физиология бо ду доскаи электронӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба сомон расонида шуданд.

Барои тозаю озода нигоҳ доштани саҳн ва дохили бино ҳар рӯзи шанбе бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён шанбегиҳо гузаронида шуда, ҷӯйборҳо ва гирду атрофи муассисаи таълимӣ, майдони варзишӣ аз ифлосиҳо тоза карда мешаванд. Ҳолати санитарӣ – гигиении кабинету синфхонаҳо дар зери назорати ҷиддии маъмурият қарор  дорад.         

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат” дар ҳамкории доимӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозӣ ва раванди таълиму тарбияро пурра зери назорат гирифта, баҳри боз ҳам  беҳтар  намудани  сифати  таълим  саъю  кӯшиш  менамояд.

“Самак”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here