Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ дар мавриди ҷамъбасти фаъолияти яксола сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Ҷабборов Илҳом Пӯлодович иброз дошт, “аз файзи истиқлолият ва бақои ваҳдату сулҳу сафо бо баҳрамандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкорона ва тадбирҳои ваҳдатофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои чашмрас ноил мегардад. Маҳз тавассути ибтикорот, ташаббусҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар қатори дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ба рушду пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки ин ҳама маҳз тавассути талошу такопӯ ва ибтикороту ташаббусҳои ҷоннисоронаи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба каф омадааст”.

 

Рақамҳои гӯё

Дар идома Илҳом Ҷабборов бо пешниҳоди рақамҳои мушаххас аз бурду бохти соҳа, таъкид намуд, ки Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд соли 2018 дар асоси қарору супоришномаҳо ва фармоишоту раҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насим Олимзода ва сардори Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Султонмурод Бекмуродзода дар 168 муассисаи фармасевтӣ, 95 МТП-и давлатӣ ва ғайридавлатии  вилоят ва дар ду моҳи соли 2019 дар 57 муассисаи фармасевтӣ ва 38 МТП-и давлатӣ ва ғайридавлатии вилоят санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва назорат гузаронидааст.

Чуноне ки мавсуф арз намуд, дар давраи ҳисоботии соли 2018 ва то имрӯз аз ҷониби Сарраёсати Хадамот 1039 номгӯй маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон сипаригашта, ки дар маҷмуъ 169590 адад ва 4182 номгӯй маводҳои доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бе сертификати сифат ба миқдори 264725 адад дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар ҳайати комиссияи салоҳиятнок дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд бо тариқи сӯзонидан 5289 номгӯй маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ ва бе сертификати мутобиқати сифат, ки дар маҷмуъ 404862 ададро ташкил дода, 3094666,1 сомонӣ арзиш доштанд, дарёфт ва несту нобуд карда шудаанд. Мутаносибан аз аввали соли 2019 то ин ҷониб 236 номгӯй чунин намуди маводҳои доруворӣ, тиббӣ, ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдакона ба миқдори 25969 адад, ба маблағи 254193,14 сомонӣ аз муомилот бароварда шудаанд.

Ҳамагӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамот дар соли 2018-ум 291 муассисаи фармасевтӣ, МТП-ҳои давлатӣ, МТП-ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳо зери санҷиш ва назорат қарор гирифта, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар маҷмуъ аз онҳо ба маблағи 470 750 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Аз аввали сол то ин ҷониб бошад, 24 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, 51450 сомонӣ ҷарима татбиқ гардидааст.

Дар баробари ин, дар соли 2018 ба 170 муассисаи фармасевтӣ, МТП-и давлатӣ ва МТП-и ғайридавлатӣ ва дар ду моҳи соли 2019-ум 42 амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби он сари вақт дастрас гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки баҳри иҷроиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ва нақша-чорабиние, ки аз тарафи Сарраёсати Хадамот тартиб дода шудааст, аз нуқтаи дорухонагии назди ҶДММ “Ювента” воқеъ дар ш. Хуҷанд, кӯчаи Пахтакор №24 дар ҳузури роҳбари ширкат Расулов К. дар вақти назорат 29 номгӯй маводҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 104 адад ва 113 номгӯй маводҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 1151 адад дарёфт ва тибқи моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №39 аз 06.08.2001 «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» мусодира гардида, барои чораҷӯӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.

Ҳамзамон, ҳангоми назорат дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич аз нуқтаи дорухонагии №1-и назди ҶДММ “Миҷгона”, ки мудири он Ҳоҷиев Х. мебошад, 10 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 23 адад ва 1 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт карда, тибқи санад дар ҳузури Ҳоҷиев Х. аз муомилот гирифта шудаанд.

Илова бар ин, ҳангоми назорат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 85-и шаҳри Хуҷанд аз нуқтаи дорухонагии №25-и назди ҶДММ “Уфуқ”, ки фармасевти он Муродов Ҳ. мебошад, 1 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 10 адад ва 2 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 11250 адад дарёфт карда, он низ тибқи санад дар ҳузури Муродов Ҳ. аз муомилот бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳинни назорат 2 нуқтаи ғайриқонунӣ, ки дар ҳудуди вилоят ба фаъолияти фармасевтӣ машғул буданд, ошкор гардидааст. Аз нуқтаи ғайриқонунии дар шаҳри Истаравшан воқеъбуда 10 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 300 адад, 11 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 37 адад ва аз нуқтаи ғайриқонунии дар ноҳияи Мастчоҳ воқеъбуда 10 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 76 адад, 4 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ба миқдори 18 адад дарёфт карда шудаанд, ки дар шароити ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯй набуда нигоҳ дошта мешуданд. Инчунин, аз 2 муассисаи фармасевтӣ — нуқтаи дорухонагии ҶДММ “Исмоил Фарм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент 10000 адад ва аз нуқтаи дорухонагии ҶДММ “Уфуқ” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд 11500 адад ниқобҳои сиёҳи ба таври қочоқ воридгардида дарёфт ва мусодира гардидаанд. Нисбати шахсони масъули муассисаҳои фармасевтии мазкур ва шахсони ғайриқонунӣ ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда маводҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

 

Муаллими ҷуғрофиё безурётонро табобат мекард…

Ба гуфти сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳом Ҷабборов, дар соли сипаришуда ҳолатҳои ба таври ғайриқонунӣ ва авомфиребона ба фаъолияти тиббӣ машғул гардидани шаҳрвандон низ ҷой доштааст. Чунончи, шаҳрванд Раҳматов И. И., ки дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Румӣ 52 истиқомат мекунад, худро ҳамчун табиб муаррифӣ намуда, дар ҳамин суроға ҳуҷраи алоҳида ташкил карда, чун табиб фаъолият мебурд. Номбурда аз соли 2010 то инҷониб дар Нозироти андози шаҳри Хуҷанд ҳамчун шахси инфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба фаъолияти тиббӣ машғул буд. Маълум гардид, ки Раҳматов Икром Исломович дар асоси сертификати Маркази ҷумҳуриявии “Тибби халқӣ”, тавассути маводҳои доруворӣ ва дастгоҳҳои табобати барқӣ табобати беморонро ба роҳ мондааст ва бидуни маълумоти тиббӣ ба беморон маводҳои дорувориро дар варақаи дорухати ғайристандартӣ таъинот мекардааст. Раҳматов И. И. дорои маълумоти тиббӣ набуда, ӯ аз рӯи диплом муаллими фанни география мебошад, аммо ба табобати беморони гирифтори узвҳои такяву ҳаракат, безурётии марду зан машғул будааст.

Ҳангоми тафтиш аз ҳуҷраи кории Раҳматов И. И. 7 номгӯй маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ба миқдори 11 қуттӣ ва 8 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 84 адад, ки барои истифода бурдан нигоҳ дошта шуда будаанд, ошкор гардида, тибқи санад аз муомилот хориҷ гардидаанд. Дар баробари ин, дар утоқи кории номбурда 3 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба миқдори 5 адад васл гардида, дар ҳолати истифодабарӣ қарор доштаанд. Инчунин, Раҳматов дар ҳавлии истиқоматии худ утоқҳои масҳгарӣ ва барқдармонӣ ташкил намудааст. Ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои қонуншикании дар боло омада барои чораҷӯӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд равона карда, бо қарори Прокуратураи вилоятӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли сардори Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Рамазон Шарифов, ҳангоми гузаронидани санҷиши якҷоя бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва мутахассисони Сарраёсати Хадамот як ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти фармасевтӣ, ки дар ш. Хуҷанд, кӯчаи Ҷ. Зокир 250 воқеъ гардида, ба соҳибкор Сидиқов Ҷамшед тааллуқ дошт, ошкор карда шудааст. Тавре мавсуф меафзояд, дар натиҷаи санҷиш маълум гардидааст, ки аз нуқтаи ғайриқонунии мазкур 1 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариаш гузашта ба миқдори 2 адад ва 396 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 10122 адад, ки 33868,78 сомониро ташкил медиҳад, дарёфт гардидааст. Маводи дорувории мазкур дар шароити ба талаботҳои меъёрӣ ва санитарию эпидемиологии номувофиқ нигоҳ дошта мешудаанд.

Ба ин монанд, табиби халқӣ Қурбонова Меҳринисо дар суроғаи ш. Хуҷанд, кӯчаи Ф. Энгелс 3 ва Аҳмадалиева Наргиза, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати шаҳраки Навкат фаъолияти тиббиро бе доштани маълумоти тиббӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба роҳ мондаанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи талаботи моддаи 66-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар соҳаи тибби халқӣ фаъолият кардан шахсоне ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ, сертификати мутахассиси тибби халқӣ ва иҷозатнома доранд.

Ҳангоми ташрифи гуруҳи кории мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурастӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ба ҳавлии Қурбонова Меҳринисо дар паси дари ӯ зиёда аз 20 нафар кӯдакони бемор бо волидайн барои маслиҳат ва муоина навбат мепоиданд. Қабул ва гузаронидани амалиёти муолиҷавии кӯдакони бемор дар саҳни ҳавлӣ бе риояи қоидаҳои асептикӣ ва антисептикӣ гузаронида мешуд, ҳавлиҳои истиқоматӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, шароити он ба ягон талаботи санитарию гигиенӣ ва қоидаю меъёрҳои муқарраркардашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ намебошанд.

Дар вақти рейд мушоҳида карда шудааст, ки табибони халқии номбурда ба табобати гулӯи кӯдакон бо маҳлули люгол ва малҳами нистатин машғул ҳастанд. Онҳо ҳангоми муоина ва муолиҷаи кӯдаки бемор дар танашон хилъати махсус надоштаанд, шустан ва безараргардонии дастон риоя карда намешудааст. Дар ҷои қабули беморон, яъне дар ҳавлиҳо маводҳои безараргардонӣ умуман вуҷуд надошта, пас аз тоза кардани гулӯи кӯдакон бо пахта ва маҳлулҳо, барои несту нобуд сохтани пахтаҳои истифодашуда ҷои махсус ташкил карда нашудааст. Пахтаҳо ва маводҳои истифодашуда дар як ҷо ҷамъоварӣ карда шуда, ба партовгоҳи умумии маҳалла партофта мешавад, ки ин ҳолати зикргардида эҳтимоли гирифтор шудан ба бемориҳои сироятиро дорад. Ҳол он ки, беморон тибқи талабот дар ҳуҷраи алоҳида бо риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ бояд қабул ва молиҷа карда шаванд. Инчунин, номбурдагон аз муоинаи тибби давравӣ ягон маротиба нагузаштаанд.

Айнан чунин ҳолат дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, дар ҳавлии табиби халқӣ Аҳмадалиева Наргиза дида шудааст. Номбурда низ бидуни иҷозатнома ғайриқонунӣ ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул буда, беморонро дар шароити номувофиқи санитарию эпидемиологӣ қабул намудаву бо роҳу усулҳои нодуруст табобат мекардааст. Аҳмадалиева Наргиза маълумоти тиббӣ надошта, худ аз муоинаи тиббии даврӣ нагузаштааст, бе либоси махсуси тиббӣ, яъне хилъати сафед ба табобат машғул мебошад. Дар вақти гузаронидани амалиёти тиббӣ қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ риоя карда намешудаанд. Шустани дастон низ бар хилофи талаботҳои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирифтааст.

 

Фаъолияти ғайриқонунии фармасевтӣ

Тавре дар идомаи мусоҳиба сардори Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Рамазон Шарифов зикр намуд, дар давраи ҳисоботӣ нисбати ҳамкорӣ доштани духтурон бо ширкатҳои фармасевтии хориҷӣ назорат гузаронида шудааст. Маълум гардидааст, ки духтури шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳрии шаҳри Исфара Фозилбекова С. ғайриқонунӣ ба фаъолияти фармасевтӣ даст зада, бо ширкатҳои фармасевтии хориҷӣ ҳамкорӣ доштааст. Ҳангоми тафтиш аз ҳуҷраи кории ӯ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифати ба лоиҳаҳои ёрии башардӯстона тааллуқдошта ва бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки бо мақсади ба муомилот баровардан нигоҳ дошта мешудааст, пайдо гардидааст. Маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуда, нисбати Фозилбекова С. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Инчунин, корманди таваллудхонаи вилоятӣ Ҷӯраева Р. низ ба фаъолияти фармасевтии ғайриқонунӣ даст задааст. Аз ҳуҷраи кории ӯ 29 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ба миқдори 276 адад, ки барои фурӯш нигоҳ дошта мешудаанд, дарёфт гардида, аз муомилот гирифта, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони шуъба нисбати 14 нафар кормандони тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (табиби амрози занонаи Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявии ба номи А. Нурматов, табиби зерстансияи соҳили рости Стансияи ёрии таъҷилии тиббии ш. Хуҷанд, мудирони шуъбаи эҳё ва шуъбаи нефрологии Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, хазинадори шуъбаи стоматологии муассисаҳои сохтори КАТС-и н. Спитамен, табиби тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии ш. Хуҷанд, табиб-стоматологи муолиҷавӣ ва табиб-стоматологи ортопеди Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд, ҳамшираи шафқати шуъбаи тибби оилавӣ, ду нафар табиб-стоматологони Маркази саломатии шаҳрии ш. Гулистон, муовини сартабиб оид ба корҳои табобатии БМН ш. Истаравшан, мудири шуъбаи амрози занонаи БМН ш. Истаравшан, ҳамшираи тиббии шуъбаи амрози занонаи БМН ш. Истаравшан ва корманди хурди тиббии Маркази саломатии шаҳраки Меҳрободи н. Ҷ. Расулов) пешниҳод барои додани муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.

Илҳом Ҷабборов бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ҳамчунин бо итминон иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, Сарраёсати дар вилояти Суғд қарордошта низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки аз тарафи Сарраёсат нақшаю чорабиниҳо оиди таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, ба нақша гирифта шуд, ки миқдори маводҳои дорувории истеҳсоли ватанӣ зиёд гардида, муассисаҳои фармасевтӣ бо мебелҳои дорухонавии замонавӣ ҷиҳозонида, шабакаи интернетии мутамарказонидашуда пайваст карда мешавад ва КВД “ЭОМФМТ” бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад”.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий