Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ иқдоми созандае аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Маҳз таваҷҷуҳу эътибори давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ аст, ки муассисаҳои тиббӣ бунёд гардида, таҷҳизоту технологияи муосир ворид мешаванд. Бо афзудани маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳолати хизматрасонӣ, тарзу усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа роҳандозӣ шуда истодааст.

Тавре сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Гафуров, номзади илми тиб Муродҷон Ҷӯраев иброз дошт, вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун солҳои рушди деҷот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, кормандони соҳаи тандурустии ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд. Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти мамлакат оид ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояту ноҳия зери шиори “1300 рӯзи ободонӣ” ба тасвиб расида, дар доираи ин нақша шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи беморхонаи марказӣ баъди таъмири саросарӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди беморхонаи ҷамоати Ҳ.Усмонов бинои нави сеошёна сохта шуда, расми ифтитоҳи он дар моҳи марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана сурат гирифт. Маблағи масрафгашта 13,2 млн сомониро ташкил дод. Дар бинои нав ду шуъба — шуъбаи ҷарроҳӣ бо 20 кат барои беморон ва шуъбаи кӯдакона низ бо 20 кат барои беморон тахсис дода шудааст. 19 намуд таҷҳизот ва маводҳои сахт, ки дар умум 137 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ба беморхонаи мазкур қисман аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва дастрас шудааст.

Ба кавли сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “имрӯз ба зиёда аз 375000 нафар аҳолии ноҳия аз тарафи 160 нафар духтур ва 807 нафар коркунони миёнасоҳаи тибб хизматрасонии тиббӣ дар 1 БМН, 7 БН ва 3 БМД бо мавҷудияти 1080 кати беморӣ хизмати тиббӣ расонида мешавад. Дар марҳилаи мазкур ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 2 нафар духтур ва 24 нафар ҳамширагони тибби ҷавон ба кор қабул ва 10 нафар ҳамширагони тибб бинобар ба дигар кор гузаштан аз кор озод карда шуданд. Баҳри баланд бардоштани савияи дониш дар 5 моҳ 5 нафар духтурон аз курси такмили ихтисос гузаштаанд. Ҳамшираи тибб бошад 2 нафар. Дараҷанокии тахассусии духтурон 89,5% ва кормандони миёнасоҳаи тибб 67,8%-ро ташкил медиҳад. Ҳоло дар муассисаҳои бистарии ноҳия 11 нафар номзадҳои илми тиб, 6 нафар дорандагони мукофоти давлатӣ ва 43 нафар аълочиёни нигаҳдории тандурустӣ фаъолият мебаранд. Норасоии кадрҳо: рентгенолог – 3 нафар ва эҳёгарон 2 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки соли равон аз тарафи 24 сокини ноҳия оиди ёрдам бо доруворӣ, гузаронидани муолиҷаи госпиталии ройгон муроҷиат шудааст, ки ҳамаи онҳо ҳалли худро ёфтааанд”.

 

Пешгирии паҳншавии бемориҳои тариқи хун гузаранда

Муродҷон Ҷӯраев дар идомаи суҳбат афзуд, ки “Дар хусуси пешгирии паҳншавии бемориҳои тариқи хун гузаранда (гепатитҳои В ва С, ВНМО ва ғайра), ташкили ҳуҷраҳои хатна ва таваллуд дар ҷойҳои дурдасти ноҳия, ки аз тарафи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ дар таърихи 1 сентябри соли гузашта бо кормандони тибб арзи нигаронӣ намуданд, корҳои назаррасе иҷро карда шуд: Аз ҷумла, дар 6 минтақаи дурдасти ноҳия 1 катӣ нуқтаҳои таваллуд (ҷамъ 6 катти таваллуд) ташкил карда шудааст. Кормандони миёна дар назди шуъбаи таваллуд омӯзонида шуда, ҳуҷраҳо бо лавозимоти муосирии тиббӣ ва дорувориҳои ёрии фаврии акушерӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин дар қаламрави ноҳия 16 нуқтаи хатна ташкил карда шуда, дар 5 моҳи соли ҷорӣ 708 хатна гузаронида шудааст, ки аз ин 106 нафари хатнашуда тифлони то 20 — рӯза мебошанд. Дар баробари ин, дар муассисаҳои бистарии ноҳия Комиссияи махсус оид ба пешгирӣ ва омӯзиши сироятҳои дохилибеморхонагӣ дар асоси фармоиши сартабиб таъсис дода шуда, фаъолияти блокҳои ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои малҳамбандӣ, безараргардонӣ ва сӯзандоругузаронӣ зери назорат ва санҷишҳои мунтазам қарор дода шуданд.

Чуноне сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Гафуров арз менамояд, баҳри татбиқи қарори раиси ноҳия бобати таҷлили Рӯзи Модар дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ба 15 нафар занҳои фаъоли соҳаи тиб сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати тандурустии вилоят ва Беморхонаи маказии ноҳия супорида шуд.

Маблағгузории умумии сохтори госпиталии ноҳия дар 5 моҳи аввали соли 2019 — 9787763,43 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки иҷроиши он 9098854,59 сомониро ташкил кард ва ин ба ҳисоби фоиз 93% мебошад.

 

Қарори № 600

Тартиби хизматрасони тиббию санитарии ба шаҳрвандони ноҳия дар асоси дастуру талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 600 аз 2.12.2008 ба роҳ монда шудааст. Феълан воридот ба суратҳисобҳои махсуси муассисаҳои сохтори госпиталии ноҳия 3251662 сомонӣ нақшабандӣ шуда буд. Иҷроиши он 3440793,36  сомониро ташкил кард, ки 106 фоизро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин тайи 5 моҳ ба аҳолии ноҳия аз тарафи 12 муассисаи бистарӣ бо 1086 кати беморӣ хизмати госпиталӣ расонида шудааст. Таҳлили роҳҳои бистарии беморон нишон дод, ки 56,6 % (2018- 53%) беморон бо роҳхати муассисаҳои КАТС, аз он ҷумла 3,9 % (2018-1,6%) бо наклиётҳои ёрии таъҷилӣ бистарӣ карда шуда, 43,3 % (2018-47%) худашон муроҷиат кардаанд.

 

Хизмати тиббӣ ба модару кӯдак

Барои хизматрасонии тиббии бистарӣ ба зиёда аз 94700 нафар занҳои қобили ҳамл дар ноҳия 255 кат ҷудо шудааст. Аз инҳо катҳо барои таваллуд — 98, барои бемориҳои давраи ҳомила — 87 ва бемориҳои занона – 50 кат. Бо 22 кат дар ноҳия катҳои хизмати тиббӣ ба навзодон ва 142 кати кӯдакона фаъолият мебаранд. Дар асоси фармоиши РТВ ва сартабиби ноҳия Шӯрои доимоамалкунанда вобаста ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ҳар моҳ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ҳангоми таваллуд 100% аз рӯи партограмма корбарӣ карда мешавад. Боиси хушнудист, ки дар 5 моҳи соли 2018 ва 5 моҳи соли 2019 дар муассисаҳои бистарии ноҳия фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ 121 (2018-88) зан бо роҳи ҷарроҳии буриши қайсарӣ таваллуд карданд, ки 5.9% фоизи ҳамаи валодатҳоро ташкил медиҳад.

Баҳри хизматрасонии бистарӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист дар 8 шуъба барои калонсолони беморхона 8 ҳуҷраи алоҳида бо 16 кати беморӣ омода карда шудааст. Ҳуҷраҳои алоҳида бо мизу курсӣ, маводҳои санитариву гигиенӣ ва дорувориҳои аввалаи лозима бо қадри имкон таъмин карда шудаанд. Дар давоми соли ҷорӣ дар шуъбаҳои БМН ИҶБВ 2 нафар, 16 нафар ҷанговарони интернатсионалист, 6 нафар бартарафкунии садамаи Чернобил, сохтори конститутсиони 12 нафар бистарӣ шуда, баъди гузаронидани муоинаи ҳаматарафа ва муолиҷа дар ҳолати қаноатбахш ҷавоб дода шудаанд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳама намудҳои муоина ва дорувориҳо дар доираи маблағгузории мақомоти ноҳия (дар 5 моҳ 5000 ҳазор сомонӣ) ройгон дастрас шудааст.

Рушди донорӣ ва такмили хадамоти хун

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқи Барномаи рушди донорӣ ва такмили хадамоти хун ба ниёзмандони беморхонаи марказии ноҳия ба миқдори 27л 360 мл зардоби тезсардшудаи хун ва ба миқдори 17 л 640 мл маҳлули эритроситҳои шусташуда ба 29 нафар хунгузаронӣ карда шудааст. Бар замми ин ҳар моҳ 1500 сомонӣ дар ин самт маблағгузорӣ карда мешавад. Дар ин давра ҳолатҳои оризаи пас аз амалиётҳои трансфузиологӣ мушоҳида карда нашудааст. Аз тарафи маъмурияти беморхона ба беморони ҳаётан зарур хун ва ҷузъҳои он ба таври ройгон маҳлули эритроситҳои шусташуда ба миқдори 4л 230 мл ва зардоби хун ба миқдори 5л 180 мл мл гузаронида шуд. Моҳи май ҳамчун донор 59 нафар кормандони беморхонаи марказӣ хун супоридаанд.

Дар таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров ва утоқи трансфузиологӣ захираи хун ва ҷузъҳои он ба миқдори кофӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхонаҳо дафтари қайди рехтани хун ва ҷузъҳои он ташкил карда шудааст. Бинобар ин ба роҳбари КАТС-и ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи маъмурияти беморхонаи марказӣ рӯйхати бемороне, ки ба онҳо хун гузаронида шудааст, мунтазам пешниҳод карда мешавад.

Пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ

Бо мақсади ҳалли мушкилоти боз доштани паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) дар ҳудуди беморхонаи марказӣ то ин дам якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Чунончи дар ҳамаи шуъбаҳои беморхонаи марказӣ дар давоми 5-моҳи соли 2019 аз байни беш аз 7000 бемори бистаришуда 1672 нафар ва ҳамчунин 681 корманди беморхона аз озмоиш ба ВНМО гузаронида шуданд, ки дар ягон маврид таҳлили манфӣ пайдо карда нашудааст. Инчунин аз 1881 нафар беморон таҳлил ба гепатитҳо гирифта шудааст, ки аз онҳо 117 нафар беморони дорандагони гепатити В ва 31 нафар гепатити С муайян карда шудаанд, ки ба ҳамаи ин беморон хабарномаи фаврӣ (Ф-58у) дода шудааст. Дар моҳи январи соли равон дар ҳудуди БН №5 ҷамоати Исфисор 2 ҳуҷра барои беморони дорандагони ВНМО кушода шуд, ки то ин давра 10 нафар беморони дорандаи БПНМ табобат гирифтаанд. Дар моҳи феврали соли 2019 дар асоси барқияномаи сардори МНДСЭ-и ноҳия бо иштироки кормандони МНДСЭ-и ноҳия ва духтурони масъули беморхонаи марказии ноҳия ҳамаи шуъбаҳои беморхона доир ба иҷроиши фармоиши №597 санҷиш гузаронида шуд, ки камбудиҳои назаррас дарёфт нашудааст. Дар моҳи феврали соли равон дар  толори маҷлисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия бо иштироки 185 нафар кормандони миёнаи тибби беморхона ва кормандони дигар беморхонаҳои минтақавӣ семинар оиди фармонҳои № 597 ва № 689 бо иштироки корманди  маркази ВНМО гузаронида шуда, ба ҳамаи ҳамшираҳои калони шуъбаҳо нақшаи хабардиҳӣ ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода дар муассисаҳои табобатию профилактики дар мавриди гузаронидани амалиётҳои тиббӣ, дафтари стандартии қайди ҳолатҳои фавқулода, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №597 аз 03.09.2009 тасдиқ карда шудааст ва қуттиҳои яккаратаи партовпартоӣ тақсим карда дода шуд.

Пас аз гузаронидани семинар бо кормандони миёнаи шуъбаҳо саволу ҷавобҳо гузаронида шуд, ки сатҳи дониши ҳамшираҳо оиди фармонҳои амалкунанда аз тарафи кормандони маркази ВНМО қаноатбахш ҳисобида шуда бошад ҳам, лекин беҳбудиро металабад. Дониши ҳамшираҳои ҳуҷраҳои сузангузаронӣ нисбати фармони №597 беҳбудиро металабад, ҳарчанд дар ҳамаи ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои сузангузаронӣ доруқуттии фармони №597 ташкил карда шудааст ва муҳлати дорувориҳо мувофиқи талаб мебошад. Дафтарчаҳои тиббии кормандони шуъбаҳо санҷида шуд, ки ҳамаи онҳо мувофиқи фармоиши №1119 дар як сол як маротиба аз ташхиси ВНМО гузаронида шудаанд. Дар ҳамаи шуъбаҳои беморхона варақаҳои санитарӣ оиди роҳҳои гузариши ВНМО ташкил карда шуд. Дар ин самт бо беморони дар шуъбаҳо бистаришуда 647 маротиба суҳбатҳо оиди ВНМО гузаронида шудааст. Дар шуъбаи таваллуд ва таҳлилгоҳ ва ҳамаи таввалудхонаҳои ноҳия тест полоскаҳо аз тарафи маъмурияти беморхона харидорӣ карда шудааст.

Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

Ҷиҳати андешидани чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии бо роҳи имунизатсия идорашаванда дар шуъбаи таваллуди беморхонаи марказӣ ва дигар шуъбаҳои таваллуди ноҳия ҳуҷраҳои алоҳида барои гузаронидани эмдоруҳои навзодон ташкил карда шудааст. Ҳуҷраҳо аз рӯи талаботҳои мавҷуда бо маводҳои тиббӣ ва дигар таҷҳизотҳо ҷиҳозонида шудаанд. Эмдоруҳо мутамарказонида аз маркази эмтаъминкунии ноҳия дастрас карда мешаванд ва дар яхдонҳо нигоҳ дошта мешаванд, яъне занҷираи хунукии нигоҳдории эмдоруҳо риоя шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи талабот ба 1249 нафар кӯдакони навзод дар шуъбаи таваллуд эмдоруҳои зидди фалаҷ (99,6%), зидди сил (95,8%) ва зидди гепатит (98,8%) гузаронида шудааст, ки дар ягон ҳолат тоқатнопазирӣ ба эмдоруҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Тарзи ҳаёти солим

Барои баланд бардоштани маърифати тибби шаҳрвандон як қатор суҳбатҳо оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, танзими оила, ташреҳи ҷасад гузаронида шудаанд. Дар 5 моҳи соли 2019 аз тарафи духтурони беморхонаҳои ноҳия ба мавзуҳои гуногун дар радиои ноҳия ва вилоят 8 маротиба баромад карда шуд. Мақола дар газетта ва маҷаллаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ 14 адад нашр гардидааст. Варақаи беҳдошти санитарӣ дар шуъбаҳои беморхонаҳо 18 адад буда, лексия дар корхонаҳо, мактабҳо, аз тарафи духтурони беморхонаҳо 68 маротиба мебошад. Семинар-машваратҳо бо иштироки духтурони беморхонаҳо 38 маротиба буда, дар мавзуъҳои табларза, атеросклероз, вайроншавии гардиши хуни майнаи сар, гепатити музмини сироятӣ гузаронида шудааст.

 

Химояи аҳолӣ аз бемории сил

Сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муродҷон Ҷӯраев иброз дошт, ки мунтазам байни кормандони миёна ва духтурон баҳри баланд бардоштани малакаи дониш дарсу семинар гузаронида мешавад. Байни беморони бистаришуда оиди ҳимояи худ ва аҳли оила аз бемории сил суҳбатҳо гузаронида шуда истодааст. Шахсони алоқаманд ва гуруҳҳои мақсаднок барои дарёфти саривақтӣ аз таҳлилҳои балғам ва рентгенӣ гузаронида мешаванд. Дар соли ҷорӣ барои профилактика 2843 (2018-2263) флюрография ва 718 (2018-917) рентгени қафаси сина гузаронида шудааст, ки 4-нафар (2018-5) шуъба ба бемории сил дарёфт шуд. Аз рӯи нишондодҳои клиника ба 68 нафар таҳлили хун ба ҷин экспресс гирифта шуда дар як ҳолат мусбат дарёфт шудааст. Ба ҳамаи ҳолатҳои мусбат хабарномаҳои фаврӣ ба МНДСЭ-и ноҳия фиристода шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа муоина шудаанд. Дар шуъбаҳо тибқи фармоишҳои амалкунандаи Вазорати тандурустӣ корҳои безараргардонӣ дар ҳолати дарёфти беморӣ ба роҳ монда мешаванд ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ бо афзудани дониши илмиву амалии худ талош ба харҷ хоҳанд дод, то баҳри ҳифзи саломатии мардум беш аз пеш ҷадал намоянд, зеро тавре Президенти муҳтарами кишварамон борҳо таъкид намудаанд, “Саломатии миллат — боигарии давлат мебошад.”

“МТЖТ”

Добавить комментарий