Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд”. Роҳбари шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода Ш. Рустамов мегӯяд, ки “ин фармудаи Пешвои муаззами миллат барои кормандони тандурустӣ чароғи роҳнамо ба самти рушди соҳа гардида, ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем”.

Имрӯзҳо шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, нақшаи кории шабака барои соли 2019, ки дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ шудааст ва дигар асноди дахлдор фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар 9 моҳи соли равон дар асоси амр ва фармонҳо, дар заминаи 1 маркази саломатии шаҳр бо 9 шуъбаи тиббию дармонгоҳӣ, дармонгоҳи даҳонпизишкӣ, 10 маркази вертикалии тиббӣ, 28 маркази саломатии деҳот ва 50 адад хонаи тиббӣ ба 313583 нафар (нисбати 306116 нафари соли гузашта) аҳолии шаҳри Турсунзода хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар муассисаҳои шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода дар асоси нақшаи солонаи фаъолият (банди 11 ва 18-и нақша) сиёсати кадрӣ тибқи «Нақшаи таҷдиди муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020» ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар муасисаҳои тиббии шаҳр 997 нафар машғули кор мебошанд. Аз ин ҳисоб 180 нафар духтур (93 нафар тиби оилавӣ), 622 нафар ҳамшираи шафқат (192 нафар ҳамшираи тиббии оилавӣ), 136 нафар фаррош ва 59  нафар кормандони ғайритиббӣ кор мекунанд. Дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 99 нафар ба кор қабул карда шуда,
67 нафар аз кор озод гардидаанд. Аз онҳо духтурон 18 нафар ба кор қабул гардида, 18 нафар аз кор озод карда шудаанд. Ҳамшираҳо 67 нафар ба кор қабул шуда, 36 нафар аз кор озод гардидаанд. Дар давоми соли ҷорӣ 6 нафар духтур ва 80 нафар ҳамшираҳои шафқат аз даврҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Аз теъдоди умумии кормандон 815 нафарашонро занон ташкил мекунанд.

Дар муассисаҳои шабака хизматрасонии тиббӣ дар асоси «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2017 — 2019» ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои шабакаи КАТС ба 1 539 732 нафар эҳтиёҷмандон нисбати 1 801 451 нафар дар ҳамин давраи соли гузашта ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ ва ташриф ба хона расонида шудааст. Аз онҳо ба ташрифи духтурон 553385 нафар (нисбати 615865 нафар), дар қабул 330220  нафар (нисбати 345642  нафар), дар хона 223165 нафар (нисбати 270223 нафар), ба ташрифи ҳамшираҳои шафқат бошад, 986347 нафар (нисбати 1 185 586 нафар), аз он дар қабул 152868 нафар (нисбати 187965 нафар), дар хона 833479 нафар (нисбати 997621 нафар) фаро гирифта шудаанд. Муроҷиат ба нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 291087 маротиба кам шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 6006 (6044 соли 2018) нафар тифл таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 38 нафар кам аст. Нишондоди баланди таваллуд дар хона асосан дар МСД-ҳои Оқтош, Калинин ва Ҳуснобод ба қайд гирифта шудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин деҳаҳо дурдаст ва куҳӣ мебошанд.

Мувофиқи банди 14-и нақша оид ба назорати диспансерии маъюбон ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти солимгардонии онҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Оид ба иҷроиши бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз 03.05.2019 таҳти №17-н/ч, бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Иди Ғалаба ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда дар соли 2019 мутобиқи фармоиши роҳбари КАТС-и шаҳри Турсунзода аз 08.04.2019 таҳти №54 «Оид ба муоинаи тиббии иштирокчиёни  ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда» бо мақсади пурра таҳлил намудани саломатии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаршуда гуруҳи корӣ барои гузаронидани муоина дар ҳайати мутахассисони ботаҷриба ташкил карда шудааст. Соли ҷорӣ дар арафаи Иди Ғалаба 8 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 2 нафар иштирокчиёни 16-ум Шӯрои иҷлосия ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда бахшида ба 74-солагии Иди Ғалаба бо мақсади пурра таҳлил намудани вазъи саломатиашон аз муоинаи тиббӣ дар хонаҳояшон гузаронида шудаанд. Дар асноди муоина ва ташхисҳо муайян шудааст, ки 1 нафарашон ба табобати беморхонавӣ, 6 нафарашон ба табобати амбулаторӣ ва ҳамаашон ба табобати осоишгоҳӣ муҳтоҷ ҳастанд. Ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври ройгон ба маблағи 6123 сомонию 44 дирам доруворӣ дода шуда, ҷанговарони интернасионалист ва иштирокчиёни садамаи Чернобил низ дар назорати доимии табибон қарор доранд. Дар шаҳр айни замон ҳамагӣ 6 нафар собиқадорони ҶБВ истиқомат мекунанд. Аз аввали сол то ҳол 2 нафар дар беморхонаҳо, 2  нафар дар осоишгоҳҳо, дигар иштирокчиёни ҶБВ дар хонаҳо табобати ройгон гирифта истодаанд. Дар 9 моҳ ба онҳо доруворӣ ба таври ройгон ба маблағи 4214 сомонӣ расонида шудааст.

Иштирокчиёни садамаи Чернобил 66 нафарро ташкил мекунанд. Аз онҳо 51 нафар маъюб мебошанд. Ба иштирокчиёни садамаи Чернобил маводҳои доруворӣ ба таври ройгон ба маблағи 1409,64 сомонӣ расонида шудааст.

Иштирокчиёни ҷанги интернатсионалии Афғонистон 327 нафарро ташкил мекунанд. Ба онҳо доруворӣ ба таври ройгон ба маблағи 234,94 сомонӣ расонида шудааст.

Тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми октябри соли 2018 таҳти №994 «Дар бораи тартиби гузаронидани амалиёти хатна», дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ дар шаҳр ҳамагӣ 1297 амалиёти хатна гузаронида шудааст. Аз онҳо то 20-рӯза — 12 нафар, аз 20-рӯза то 6-моҳа — 184 нафар, аз 6-моҳа то 3-сола — 404 нафар ва кӯдакони аз 3-сола боло 697 нафарро ташкил мекунад.

Бо мақсади иҷрои банди 22-и нақшаи солонаи корӣ ҷиҳати пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории диабети қанд 1389 нафар (нисбати 1362 нафари давраи сипаригардида) бемор дар қайди диспансерӣ қарор доранд. Аз онҳо наврасон — 24 нафар нисбати 12 нафар, кӯдакон — 18 нафар нисбати 23 нафар, калонсолон бо намуди 1 — 64 нафарро нисбати 48 нафари соли сипаригардида ташкил медиҳанд. Бемороне, ки инсулин қабул мекунанд, 214 нафарро ташкил мекунад.

Ҷиҳати иҷрои банди 35-и нақшаи корӣ оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2009, №587 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мубориза бар зидди бемориҳои саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамагӣ  дар таҳти  назорати «Д» 519 нафар бемор буданд, аз онҳо мардон 361 нафар, занон 158 нафар. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 45 нафар беморони гирифтори бемории саратонӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 18 нафар мард ва 27 нафар зан мебошанд. Дар 9 моҳи соли 2019-ум 30 нафар бемор бо сабаби фавтиданашон аз қайд бароварда шудаанд. Айни замон 534 нафар (372 зан, 162 мард) бемор дар қайданд.

Мавриди зикр аст, ки беморони гирифтори бемориҳои саратонӣ аз ҷониби КАТС ба таври ройгон бо маводҳои дорувории бедардкунӣ таъмин карда мешаванд.

Пешгирии гирифторшавӣ ба бемориҳои ишемиявии дил ва фишорбаландии шараёнӣ бо роҳи фаҳмондадиҳии омилҳои хатар вазифаҳои асосии ҳар як корманди соҳаи тиб мебошад. Айни ҳол дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ 9 адад дастгоҳи ташхисии сабти барқии дил харидорӣ шуда, дар истифодаи мизоҷон мебошанд. Дар 9 моҳи соли сипаригардида 11856 нафар шаҳрвандон аз ташхиси СБД гузаронида шудаанд.

Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва бо мақсади пешгирӣ, ташхису табобат ва паст намудани сатҳи фавт ва барқарорсозии бемориҳои НМД ва тарбоди дил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки аз рӯи қарори мазкур дар Маркази саломатии шаҳр 2 мутахассиси мутасаддӣ фаъолият мебаранд.

Дар қайди диспансерӣ 152 нафар кӯдакони синни то 18-сола бо НМД, 1 нафар бо тарбоди дил ва 1 нафар бо артрити тарбодмонанд қарор доранд. Аз ҳисоби онҳо 72 нафарашон ҳолати баъди амалиёти ҷарроҳӣ мебошанд. Дар 9 моҳи соли 2019-ум 7 нафар (3 нафар бемор дар соли гузашта) амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааанд. Ин беморон дар давоми сол мувофиқи нақша солим гардонида мешаванд.

Дар аввали сол дар қайди диспансерӣ ҳамагӣ 1940 нафар беморони гирифтори бемории ишемиявии дил меистоданд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 237 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд. Аз қайд баровардашудагон 119 нафаранд.  Айни ҳол дар қайд 2058 нафар бо бемориҳои гуруҳи ишемиявӣ қарор доранд. 168 нафари ин гуна беморон дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Дар шабака комиссияи машваратӣ-тиббӣ (КМТ) амал мекунад. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 618 нафар нисбати 691 нафар маъюб ба комиссияи машваратӣ-тиббӣ равона карда шудаанд, ки аз онҳо нахустин маротиба 221 нафар нисбати 218 нафар мебошад. Аз ҷумла, кӯдакони синни то 18-сола 88 нафар, нисбати 94 нафар. Дар қайди АСИН-и шаҳр 4901 нафари маъюб нисбати 4823 нафари соли 2018 қарор доранд.

Ҷиҳати пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои касбӣ дар Маркази саломатии шаҳри Турсунзода ҳуҷраи духтури бемориҳои касбӣ аз соли 2012 инҷониб фаъолият дорад. Дар давоми 9 моҳи соли 2019 аз ҷониби ҳуҷраи бемориҳои касбӣ 1443 нисбати 1952 нафар кормандони соҳаҳои мухталиф муоинаи давравии тиббӣ гузаронида шудаанд, ки аз он занҳо 935 нафар ва мардҳо 508 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 76 нафар беморон дарёфт гардидаанд, ки 56 нафарашон зан ва 20 нафарашон мард мебошанд. Ҳамаи муроҷиаткардагон аз муоинаи флюорографӣ 1443 нафар (100%) гузаштаанд.

Баҳри иҷроиши фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 16.10.2018 таҳти №954 “Дар бораи тасдиқ намудани тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ, назорати доимии диспансерӣ ва вақти эмкунӣ”, кӯдакони синни 7, 10, 14, 15, 16 ва 17-сола дар шаҳр 27043 нафар кӯдак ба нақша гирифта шудааст. Аз онҳо 25445 нафар кӯдак аз муоинаи тиббии мутахассисон гузаронида шудаанд, ки ин 94,0%-ро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби муоинашудагон 5875 нафар бемориҳои гуногун дарёфт шудааст, ки 23,1 %-ро ташкил кардааст. Солимгардонии беморони дарёфтшуда таҳти назорати мутахассисон ва табибони оилавӣ мувофиқи нақша идома дорад.

Дар шаҳр ҳамагӣ 27849 нафар (9%) наврасон нисбати 28723 нафар (9,8%) (дар соли 2018) истиқомат мекунанд. Наврасони синни 15-17-сола 15847  нафар буда, 8076 нафарашонро писарон ва 7771 нафарашонро духтарон ташкил мекунанд. Наврасони синни 18-19-сола 12002 нафар буда, аз онҳо 6229 нафарашонро писарон ва 5773 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Ба ин гуруҳи аҳолӣ духтурони оилавию соҳавии шабакаи КАТС дар якҷоягӣ бо духтури наврасони МСШ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ 15193 нафар (нисбати 15248 нафар) аз муоина гузаронида шудаанд ва кор дар ин самт муташаккилона идома дорад. Дар давраи ҳисоботӣ 1910 нафар бемор (нисбати 1516 нафар дар 9 моҳи аввали соли 2018) дарёфт карда шудаанд, ки 704 нафарашон ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббии бақайдгирии ҳарбии ибтидоӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳр муайян гардидаанд. Аз миқдори умумии бемор донисташудагон 935 нафар (49%) (нисбати 842 нафар (55,5%) дар 9 моҳи аввали соли 2018) солим гардонида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 293 нафар бемор (нисбати 321 нафар дар соли 2018) тариқи роҳхат дар шуъбаҳои гуногуни БМШ бистарӣ шуда, табобати беморхонавӣ гирифтаанд.

Тибқи фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури бевоситаи роҳбари КАТС оид ба таъсиси комиссияи ахлоқу одоби муошират бо муроҷиаткунандагон дар муассиса комиссияи махсус фаъолият мебарад. Комиссия аз 3 нафар иборат буда, аз рӯи нақшаи корӣ дар давоми сол корро пеш мебаранд. Аъзои комиссия дар давоми сол дар маҷлисҳои пагоҳирӯзӣ баромад карда, тарзи дурусти қабули муроҷиаткунандагон ва муошират бо онҳо фаҳмонида мешавад. Муошират байни худи коргарон хеле хуб буда, кор дар ин самт дар муассиса дуруст ба роҳ монда шудааст.

Аз ҳисоби соҳибкорон ва кормандони муассиса ба маблағи 123880 сомонӣ Марказҳои саломатии деҳавӣ — Ҳуснобод, Пахташиркат, Фрунзе, Саркор, Қизил нишон, Гулистон, Калинин, Эфиронос, Чинор, Истиқлол, Пахтаобод ва Бунгоҳҳои тиббии Тошгузар, Товабулоқ, 1-Май, Красин, Нуристон, Стаханов, Янги-боғ таъмир карда шуда, сохтмони нави марказҳои саломатии деҳавии Девак, П-ширкат, Батош ва бунгоҳҳои тиббии Товабулоқ, Ҳуҷраи доругузаронии деҳаи Оға идома дорад.

Баҳри иҷроиши супоришҳои протоколӣ аз маҷлиси васеи назди раиси шаҳри Турсунзода оид ба баргузории Рӯзҳои мақомот «Корвони саломатӣ» дар ҳудуди шаҳр дар асоси дастуру супоришҳо аз санаи 28.01.2019 то 20.03.2019 мутахассисони ботаҷрибаи Маркази саломатии шаҳр, Беморхонаи марказии шаҳр, Беморхонаи марказии шаҳр №-2, 3 бригадаи мобилӣ ба минтақаҳои шаҳр сафарбар карда шуда, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонидаанд. Дар байни аҳолии минтақаҳои шаҳр бо мошини ёрии таъҷилӣ гардиш намуда, бо баландгӯяк маърӯзаҳои таблиғотӣ баҳри баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, зардпарвин (гепатит) навъи А., В., С., бемории сил ва модаршавии бехавф пахш карда шудааст.

Гуруҳи корӣ ба аёдати гуруҳҳои имтиёзноки аҳолӣ, аз ҷумла ИҶБВ, собиқадорони меҳнат, шахсони муътабар ва маъюбони барҷомонда рафта, вазъи саломатии онҳоро ташхис ва муоина намудаанд.

Дар чорабинии мазкур ҳамагӣ 33444 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуда, дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ташхис ва ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст. Инчунин, ба онҳо ба маблағи 3995 сомонӣ доруворӣ ба таври ройгон дода шудааст. Ҳамзамон, 4666 нафар аз ташхиси ултрасадо, 2199 нафар аз ташхиси СБД гузаронида шуда, ба бемороне, ки ба табобати беморхонавӣ ниёз доранд, роҳхат дода шудааст. Барои беҳтару хубтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шахсони имтиёзноки аҳолӣ, дар хонаҳояшон дафтари махсус ташкил карда шудааст ва шахсони масъул ҳафтае як маротиба ба аёдати онҳо рафта, маълумот оид ба вазъи саломатии онҳоро дар дафтар қайд намуда, дар ҳолати лозимӣ кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2016 — 2020» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмилдиҳии системаи пешгирии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда» дар шаҳри Турсунзода маркази иммунопрофилактика фаъолият менамояд. Дар шаҳр иммунизатсия дар чорчӯбаи барномаи васеи эмкунӣ гузаронида мешавад. Эмкунӣ зидди бемориҳои фалаҷ, зардпарвини вирусии намуди В, сил, сурхакон, кузоз, сурхча, гулафшон, гемофиллияи типи В, гулизиндонак 98,2% иҷро гардидааст.

Бо мақсади иҷрои банди 24-и нақшаи солонаи шабакаи КАТС, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ва иҷроиши Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2010, таҳти №562 дар муассиса корҳои назаррас ба анҷом расидаанд. Аз оғози соли 2019 дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО 29 сирояти ВНМО (нисбати 17 ҳолати соли 2018) ошкор гардида, баъди тасдиқи ИБ ба қайд гирифта шудааст. Аз 29 нафар ба қайд гирифтагон 23 нафар калонсолон (18 мард, 5 зан) (нисбати 16 нафари соли 2018, 13 мард, 3зан) ва 6 кӯдак (нисбати 1 нафари соли 2018) мебошад. Аз байни 29 нафар сироятшудагон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 20 нафар (15 мард, 5 зан) (нисбати 12 ҳолати соли 2018, 9 мард, 3 зан), бо роҳи тазриқӣ 3 нафар (нисбати 4 ҳолати соли 2018) сироят ёфтаанд ва бо роҳи сирояти номаълум 6 нафар (нисбати 1 ҳолати соли 2018). Аз байни 29 нафар 10 нафар муҳоҷири меҳнатӣ (нисбати 4 ҳолати соли 2018) (мард) мебошад. Аз оғози фаъолияти Марказ умумӣ 255 нафар (мард — 166 (65%), зан — 89 (35%)) сироятёфтагони ВНМО ошкор карда шудаанд, ки 34 нафарашон кӯдакон (13,3%) (20 писар, 14 духтар) мебошанд. Дар утоқи махфӣ-анонимӣ ба зиёда аз 13000 нафар шаҳрвандон суҳбату машварат гузаронида шуда, ба онҳо оид ба пешгирӣ, пайдоиш ва дигар масъалаҳои ВНМО ва БПНМ маълумот дода шудааст.

Дар ҷараёни татбиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон 92 нафар беморони нав нисбати 99 нафари соли гузашта дарёфт шудаанд, ки аз онҳо 17 нафар аз шаҳр нисбати 14 нафар, 75 нафар нисбати 85 аз деҳот, аз онҳо кӯдакон 6/7 нафар мебошанд. Беморони бацилла ҷудокунандагон 30/45 нафар, беморони шуш 53/69 нафар, беморони ғайри шушӣ 39/30 нафарро ташкил медиҳанд. Ҷараёни муолиҷаи онҳо тибқи муқаррарот идома дорад. Аз шумораи умумии беморони сил 42 нафар бо табобати беморхонавӣ ва 50 нафарашон бо табобати дармонгоҳӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар шабакаи КАТС оид ба чорабиниҳо дар мавриди солимии репродуктивии аҳолӣ дар 9 моҳи аввал ҳамагӣ 6428 нафар ҳомиладорон, (6450 нафар дар соли 2018) ба қайд гирифта шудаанд. Аз он ҷумла то 12 ҳафта 6025 нафар (93,4%), ба нисбати соли гузашта 5729 нафар (89%) ба қайд гирифта шудаанд.

Қайд кардан лозим аст, ки бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2004, таҳти №348 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ» бо назардошти вазъи имрӯзаи солимии репродуктивии аҳолӣ, баҳри таъмини бархӯрди маҷмуии беҳтарсозии сифати амалҳо дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила муоинаи тиббии занони аз 15 то 60-сола ба накша гирифта шудааст. Ҳамаи онҳо (занҳо бо бемориҳои гарданаки бачадон ва ғадуди шир) ба қайди диспансерӣ гирифта шуда, нисбати онҳо назорат рафта истодааст.

Бо мақсади таъмини иҷроиши банди 36-и нақшаи солонаи шабака баҳри амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шабака Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона амал менамояд. Марказ дар асоси Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2005 таҳти №678 «Дар бораи такмили хизматрасонӣ дар соҳаи нигаҳдорӣ ва беҳдошти саломатии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Раиси шаҳри Турсунзода аз 22-юми июни соли 2011 таҳти №503 ва фармони сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода аз 11-уми майи соли 2006, таҳти №73 ташкил шудааст.

Аз рӯи нақшаи кори ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона марказҳои саломатии деҳотӣ ва хонаи саломатии тиббӣ дар байни 790 нафар коркунони тиб МТП ва ба 241 нафар коркунони тиббии БМШ-БШ №2 дарс аз рӯи барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2008 таҳти рақами №664 «Дар бораи тадбирҳои мукамал намудани чорабинихо оид ба пешгирии бемориҳои дарунрав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шудааст. Ҳамагӣ мувофиқи нақшаи корӣ 20 маротиба машварат дар байни коркунони МТП-и шаҳр гузаронида шудааст, ки 1031 нафар ҷалб карда шудаанд. Дар вақти омӯзиш духтурон ва ҳамшираҳо пурра иштирок кардаанд.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ адади умумии даъватҳо оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ 17272 нисбати 10356, аз онҳо бо бемориҳои ногаҳонӣ 6873 нисбати 6021, ҳолатҳои бадбахтӣ 94 нисбати 82, таваллуд ва бемориҳои ҳомиладорӣ 57 нисбати 61, аз ҷой ба ҷой бурдани бемориҳо ва дигар намуди хизматрасонӣ 215 нисбати 268 нафар мебошад. Теъдоди нафароне, ки дар вақти ёрии таъҷилӣ ёрии тиббӣ расонида шудааст, 7267 нисбати 6213 нафар мебошад. Расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии деҳот 2529 нисбати 1923 нафар бемор амалӣ гардидааст.

Дар шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода 8 моҳи соли ҷорӣ 16664 нафар аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббии пулакӣ гузаштаанд, ки ба хазинаи муассиса 677438 сомонӣ ворид гардида, инчунин 269 нафар ба таври ройгон аз муоинаи давравии тиббӣ гузаронида шудаанд.

Кормандони шабакаи КАТС-и шаҳри Турсунзода бо майли тамом ба фаъолияти касбӣ машғул гардида, талош менамоянд, ки дар оянда низ ба мардуми ниёзманд самимона ҳар кӯмаки аз дасташон меомадаро расонанд.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий