Пӯшида нест, ки тӯли ду даҳсолаи охир дар кишвари тозаистиқлоли мо дар радифи бунёди давлати соҳибистиқлоли демократию дунявӣ корҳои зиёди созандагӣ ба иҷро расонида шуданд, ки ҳамаи он ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, рушди илму фарҳанг ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии аҳолии мамлакат нигаронида шудаанд ва ин ҳама бешубҳа аз сиёсати дурбинонаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Яке аз чунин тасмимҳои пурарзиш таъсиси донишгоҳи бузурге дар вилояти Хатлон аст.

 

Таърихи таъсисёбии донишгоҳ

Таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки онро метавон иқдоми наҷибу мондагор, ояндабинии хирадмандона, хайрандешӣ, ғамхорӣ ба халқу миллат, ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва корнамоии камназир қаламдод кард, тадбири саривақтиест, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, омода ва тайёр кардани мутахассисони дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазири соҳаи тиб ва амсоли инҳо роҳандозӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 баргузор гардида буд, дар баробари арзёбии масоили дигаре, ки ба сиёсати беруниву дохилии ҷумҳурӣ рабт дошт, роҷеъ ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тиббиро дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда қаламдод карда, аз ҷумла гуфт: «Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолияш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».

Ҳамин тавр, баъд аз баррасиҳову омодагиҳо ҷиҳати таъсису ташкили ДДТХ Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти №79 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар кӯчаи И. Шарифов — 3, н. Данғара қабул карда шуд. Мутобиқи банди 3-юми он вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Данғара барои таъсису ташкили ДДТХ муваззаф гардиданд. Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02 соли 2016, таҳти №80 “Дар бораи таъйин намудани У. Қурбон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ба тасвиб расид.

Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон расман аз 4-уми марти соли 2016 оғоз гашт.

 

Натиҷаи фаъолияти сесола ва шароити кору таҳсил

Мавриди зикр аст, ки 1-уми сентябри соли 2016 ҳамчун санаи таърихӣ барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, зеро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ оғоз намуд. Дар асоси Стандартҳои давлатӣ, барномаҳо ва нақшаҳои таълимии донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрӣ” ва “Стоматологӣ” раванди таълим ба роҳ монда шуд. Вобаста ба хусусияти фанҳо ва соатҳои таълимӣ барои курсҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи 62 фанни таълимӣ, ки дар маҷмуъ 59342 соатро ташкил медиҳад, 8 кафедра (3 кафедраи тиббӣ — ихтисосӣ ва 5 кафедраи умумитаълимӣ) ташкил карда шуд, ки фаъолият намуда истодаанд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун муассисаи олии касбии тиббӣ ба шумор рафта, дар баланси худ биноҳои таълимию маишӣ ва маъмуриро доро мебошад. Иншооти донишгоҳ аз 4 бинои таълимӣ, 1 бинои хобгоҳ, биноҳои ёрирасон ва майдони варзишӣ иборат мебошад. Таълиму тадриси донишҷӯён дар 4 бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Лозим ба зикри хос аст, ки масоҳати таълимии биноҳои донишгоҳ зимни истифода қарор дода шудани 2 бинои нави таълимӣ, ки барои Коллеҷи тиббӣ ба нақша гирифта шуда буд, афзуда, ҳамакнун таълиму тадриси донишҷӯён дар биноҳои мутааллиқ ба ДДТХ (к. Исмат Шарифов-3 дар масоҳати 5,3 га ва к. Киров дар масоҳати 2,2 га) ба роҳ монда шудааст.

Дар назди роҳбарият ва кормандони ДДТХ вазифаҳои дигари пурмасъул, аз қабили беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва   сатҳу сифати он, таъмини пурраи шаффофияти сессияҳои санҷишиву имтиҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки омили мазкурро метавон сароғози кулли пешравиҳои донишгоҳ арзёбӣ намуд. Далели ин раванд дар натиҷаи се соли фаъолият беҳтар гаштани вазъи заминаи моддӣ — техникӣ, афзудани имкониятҳои молиявии донишгоҳ ва ҳамзамон баланд шудани сатҳи дарсазхуднамоии донишҷӯён буда метавонад. Қобили қайд аст, ки дар соли 2016 аз шумораи умумии донишҷӯёне (350 нафар), ки танҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуданд, аз 111 (31%) нафар иборат буд, дар соли таҳсили 2018 -2019 бошад, теъдоди чунин донишҷӯён ба 524 нафар ё худ 48 % расид. Дараҷаи дарсазхудкунӣ дар ин сессияҳо то 98% баробар шудааст. Натиҷаи сифати таълим дар алоҳидагӣ вобаста ба фанҳо бошад, то ба 60-70% -ро ташкил медиҳад. Давомот ба дарсҳо то 99 %-ро ҳамрӯза ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгорони дорои унвони илмидошта низ дар давоми се сол мунтазам рӯ ба афзоиш дошта, дар ин давра дараҷанокии илмии ҲПО анқариб ба 21 фоиз баробар гардид. Ин нишондиҳанда дар ин давраи фаъолияти донишгоҳи навтаъсис бояд мувофиқ ба меъёрҳои стандартӣ ҳисобида шавад. Чунки ҷалби омӯзгорони соҳибунвон ба донишгоҳе, ки аз лиҳози ҷуғрофӣ аз пойтахти мамлакат дуртар ҷойгир шудааст, душвориҳои худро дошта, инчунин омилҳои дигари обективӣ низ ба ин раванд таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, таъмини омӯзгорони дараҷаи илмидошта бо шароити хуби маишӣ, аз қабили манзили зист, хонаҳои хидматӣ, маоши баланд ва фароҳамии шароит барои ҷойгир намудани оилаҳои онҳо.

 

Таъминоти маводи таълимӣ

Яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти таълимии макотиби олӣ — ин таъмини маводи таълимӣ барои донишҷӯён ва мунтазам ғанӣ гардонидани фонди китобхона ба шумор меравад. Бо ин мақсад, чуноне ки дар боло зикр гардида буд, аз моҳи августи соли 2016 дар сохтори донишгоҳ Китобхона таъсис дода шуд. Мувофиқи сметаи хароҷотии буҷаи донишгоҳ барои харидорӣ намудани адабиёти таълимию илмӣ дар давоми се сол 123 номгӯй китоб бо теъдоди 7082 нусха харидорӣ карда шудааст, ки маблағи он 911 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, 96 номгӯи китоб бо теъдоди 12500 нусха, ба тариқи туҳфа аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ворид гардидааст. Инчунин дар ин давра тибқи корҳои ташаббусӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ беш аз 2000 нусха китоб ба донишгоҳ туҳфа гардидаст. Дар маҷмуъ, имрӯз фонди китобхонаи донишгоҳ аз 21546 нусха (1741 номгӯй) адабиёти таълимию бадеӣ ташкил ёфтааст, ки 18818 ё худ 87%-и нусхаи он китобҳои таълимӣ мебошанд. Дар таркиби фонди китбохона инчунин адабиёти электронӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки теъдоди он аз 42 700 маводи таълимию методӣ иборат мебошад. Таъминоти донишҷӯён бо китоб вобаста ба забони таҳсил, яъне тоҷикӣ ва русӣ аз рӯи меъёри 1:2, 100% таъмин буда, дар маҷмуъ таъминот дар ДДТХ вобаста ба теъдоди донишҷӯён, ки 1093 нафарро ташкил медиҳад, дар доираи меъёр қарор гирифтааст.

 

Маълумоти оморӣ

Мусаллам аст, ки дар фаъолияти ҳамагуна муассиаса ва ташкилот нишондиҳандаҳо ва маълумотҳои оморӣ ба роҳ монда шуда, тибқи он механизми нақшаҳо ва вазифаю дурнамои муассисаҳо муайн карда мешавад. Дар ДДТХ то ҳолати 01.04 соли 2019 теъдоди донишҷӯён ба 1093 нафар, омӯзгорону кормандони ДДТХ ба 132 нафар расида, 83 нафар ҳайати профессорону омӯзгоронро ташкил медиҳанд. Синну соли миёнаи ҳайати профессорону омӯзгорон 40 солро ташкил дода, теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорони дараҷаи илмидошта бошад, аз 16 нафар иборат аст, ки 21,5%-ро ташкил медиҳад.

ДДТХ дорои 3 факултет ва 9 кафедра буда, теъдоди донишҷӯёни факултети тиббӣ аз 497 нафар, факултети педиатрӣ — 435 нафар ва факултети стоматологӣ аз 161 нафар иборат мебошад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 399 нафар тариқи буҷавӣ ва 694 нафар дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 295 (26,7%) нафар ва писарон аз 798 нафар иборат аст. Дар байни донишҷӯён 7 нафар ятими кулл 7 ва 10 нафар маъюбони гуруҳи 2, 7 таҳсил менамоянд. Миқдори гуруҳҳои академӣ дар донишгоҳ дар маҷмуъ аз 47 адад иборат буда, аз ин 25 гуруҳ бо забонҳои тоҷикӣ ва 22 гуруҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумӣ 209 нафар бо хобгоҳ таъминанд.

Воқеан, раванди ташкилёбӣ дар дилхоҳ муассисаи нав зарурияти ташкили сохторҳои навро пеш мегузорад, ин раванд бояд давра ба давра вобаста ба вазъият, шароит, муҳимият ва бо дарназардошти имконияти молиявию то ба кадом андоза ҷалб намудани кормандони ҳирфаӣ ба роҳ монда мешавад, аҳамият дорад. Аз ин лиҳоз, бо назардошти имкониятҳо ва зарурияти воқеии фаъолияти донишгоҳ дар шароити навтаъсис буданаш, сохторҳои аввалиндараҷаи худро, ки аз 4 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 1 марказ, 9 кафедра, 3 факултет, 1 китобхона, 3 ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хоҷагидорӣ иборат аст, таъсис додааст.

 

Дастовардҳои донишҷӯён

Ин ҷо зарур аст аввалин натиҷаҳои ба даст овардаи донишҷӯёни фаъолро, ки аз самараи кори омӯзгорон ва саҳми онҳо вобастагӣ дошт, қайд созем. Дар натиҷаи аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамзамон дуруст истифода намудани имкониятҳо дар давоми се сол ба донишҷӯёни ДДТХ муяссар гардид, ки ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, 2 нафар барандагони Дипломи “Донишҷӯи солҳои 2016 ва 2017” дар вилояти Хатлон, 1 нафар ғолиби ҷойи сеюм дар озмуни “Донишҷӯи соли 2017” дар сатҳи ҷумҳурӣ, 2 нафар ғолиби ҷойи дувум, 3 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар барандагони ҷойҳои ифтихории Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016 -2019, 2 нафар Чемпиони ҶТ оид ба намуди варзиш ва 4 нафар ғолибони озмунҳои маърифатию зеҳнӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ, 6 нафар дорандаи Дипломҳои дараҷаи 1 ва 2 аз Конференсияи байналмилалӣ мебошанд. Қадршиносӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъолро раёсати донишгоҳ  ҳамасола дар арафаи таҷлили “Ҳафтаи ҷавонон” ба ҳукми анъана даровардааст. Дар давоми се сол ин зумра донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ, ки 210 нафарро ташкил додаанд, бо Ифтихорномаҳои ДДТХ ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудаанд.

 

Фаъолияти илмӣ — инноватсионӣ

Вобаста ба фаъолияти илмӣ — инноватсионии донишгоҳ қайд кардан зарур аст, ки гарчанде дар ин давра раёсати донишгоҳ мушкилиҳои зиёдеро паси сар менамуд, вале новобаста аз ин, дар баробари корҳои таълимию тарбиявӣ, инчунин дар самти корҳои илмӣ низ корро шуруъ намуд. Ҳол он ки, иқтидори илмии донишгоҳ ба пуррагӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ равона гардида буд. Дуруст аст, ки ҳангоми доро будани мақоми Донишгоҳӣ — муассисаи олӣ, бидуни фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ, таълифоти илмӣ, ихтирооту навоварӣ, манзалати худро аз даст медиҳад. Зеро омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятнок дар сатҳи донишгоҳҳо муайян гардидаст. Фаъолияти ДДТХ дар ин самт аз соли 2017 инҷониб ба роҳ монда шудааст, ки дар ин муддат зиёда аз 112 таълифоти илмӣ (20-то дар маҷаллаҳои илмии КОА), 3 монография, 4 ихтироот, 6 пешниҳоди навоварона, 6 китоби таълимӣ ва зиёда аз 40 дастурҳои методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Илова бар ин, аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ — амалии “Симурғ”-и ДДТХ барои маълумотноксозии хонандагон, олимон ва аҳолӣ таъсис дода шуд. Яке аз талаботҳои дигар ин ташкил намудани конфронсҳои илмӣ-амалии олимон ба шумор меравад, ки роҳбарияти донишгоҳ тасмим дорад ҷиҳати тавсеаи пажуҳишу таҳқиқоти олимон аз ҳамагуна имкониятҳо истифода намуда, нахустин конфронси илмӣ — амалии олимонро бо ҷалби коршиносону олимони ватанӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд ташкил намояд.

 

Корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ

Дар самти корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ фаъолияти донишгоҳ ва сохторҳои воҳидии он тибқи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаҳои корӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба низоми корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда, дар ин муддат чорабиниҳои зиёди муҳимро амалӣ намудааст. Дар назди сохторҳои худ маҳфилҳои адабию маърифатӣ ва илмиро таъсис додаанд, ки шумораи онҳо имрӯз ба 17 адад мерасад.

Дар ин радиф метавон қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён моҳи апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон «Клуби сайёҳӣ» таъсис дода шуд. Дар ин давом 36 маротиба тибқи хатсайрҳо донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеҳои сайёҳии вилояти Хатлон сафар намуданд. Инчунин, 16 маротиба вохӯрӣ бо олимони маъруфи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва намояндагони соҳаи илму фарҳанги кишвар, 60 чорабинии маърифатию фарҳангӣ ва 8 вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти қудратиро барои кормандону донишҷӯён дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудааст.

Оғоз ёфтани фаъолияти муолиҷавӣ, сарпарастӣ ва машваратии кормандони донишгоҳ низ дар раванди ташаккулёбии ДДТХ новобаста аз душвориҳо дар самти корҳои ташкилӣ, маълум карда мешавад, ки аз дастуру супоришҳо ва ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад. Шуруъ аз моҳи феврали соли 2016 инҷониб 11 нафар аз омӯзгорони донишгоҳ ба ҳайси ҳамкор, фаъолияти ихтисосиро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ ва Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ба роҳ мондаанд. Бешубҳа, ба фаъолияти тиббӣ оғоз намудани кормандони донишгоҳ барои саҳм гузоштан дар корҳои машваратию сарпарастӣ ва муолиҷаи беморони ноҳия ва вилоят иқдоми нек аст. Аз давраи моҳи феврали соли 2016 то давраи семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби ин нафарон зиёда аз 18000 нафар маризон муоинаю муолиҷа карда шудаанд. Аз ин миқдор дар 906 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Устодони донишгоҳ тақрибан ба 7000 нафар кӯдак ва зиёда аз 9000 нафар одамони гирифтори бемориҳои дарунӣ, бемориҳои занона ва ғ. кӯмакҳои тиббӣ ва машваратӣ расонидаанд. Махсусан дар шароити беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳия аввалин маротиба 50 намуди амалиётҳои ҷаррроҳии реконструктивӣ ва барқарорсозӣ ворид ва дар амалия ҷорӣ гардидааст.

 

Равобити байналмилалӣ

Самти дигаре, ки дар ин мақола қайд намуданро зарур мешуморем, ин ташкили кори равобити байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ ДДТХ дар ин давра бо ду Беморхонаҳои ноҳияи Данғара, Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ш. Душанбе, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Данғара, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ш. Душанбе шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Илова бар ин, ба донишгоҳ муяссар гардид, ки аввалин шартномаи ҳамкории худро моҳи апрели соли 2017 бо Донишгоҳи тиббии Синзияни Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расонад. Дар моҳи марти соли 2018 бошад, се Мемомрандумро — бо Мактаби байналмилалии тиббии Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Ал — Форобии Қазоқистон ва Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба имзо расонд.

Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва сарпарастӣ дар корҳои таълимию илмӣ дар доираи барномаҳои Эрасмус+ кормандони ДДТХ иштирокчии шарикӣ дар 5 Лоиҳа мебошанд, ки бо амалӣ шудани лоиҳаҳои мазкур ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ, рушди муносибатҳои ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд.

Инчунин, донишгоҳ доир ба васеъ намудани ҳамкориҳо бо дигар марказҳои илмию таълимӣ, сафоратхонаҳои муқими кишварҳои хориҷ дар ҶТ ва ташкилотҳои байналмилалӣ то ба имрӯз як қатор корҳоро ба сомон расонидааст.

 

Заминаи моддӣ — техникӣ ва ҳолати маишии кормандон

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки яке аз вазифаҳои асосии дигари роҳбарияти ДДТХ фароҳам овардани шароитҳои мусоид мебошад. Зеро ба роҳ мондани раванди босифати таълим, ба вуҷуд овардани заминаи пурқуввати моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии ҷавобгӯи замон, дастрас будани китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти зарурии таълимиву озмоишӣ, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлат оид ба мустаҳкам намудани соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад.

Баҳри марҳила ба марҳила амалӣ намудани мақсаду вазифаҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳ бо дастгирӣ ва кӯмакҳои Ҳукумати малакат ва дигар муассисаҳои давлатии кишвар дар муддати солҳои 2016 — 2019, гарчанде дар қиёс ба муассисаҳое, ки зиёда аз 50 сол иҷониб фаъоланд, ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гаштааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи моддӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳайати омӯзгорону кормандон ва тамоми сохторҳои тобеи Донишгоҳ ҷиҳати пурзӯр намудани ҳавасмандии онҳо, барои беҳтар намудани сифати раванди таълим, тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, дар доираи санадҳои меъёрии ҶТ, масъалаҳои мазкурро танзим намуда, шаклҳои музди меҳнат ва истифодаи мақсаднокии онро дар ин муддат кор карда баромадааст.

 

Дурнамо

Воқеан, тибби тоҷик таърихи бою рангин дорад ва ҳар як донишҷӯ ва олими ҷавонро зарур аст, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тибби муосир инчунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафаккирони гузашта баланд бардорад.

Лозим ба қайди хос аст, ки моҳи ноябри соли гузашта пас аз анҷом ёфтани сохтмон 2 бинои нави таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа шароити тадрису таҳсил дар донишгоҳ куллан рӯ ба беҳбудӣ овард.

Биноҳое, ки феълан ба ихтиёри ДДТХ вогузор шудаанд, аз панҷ ошёна иборат буда, тарҳи хеле зебою замонавӣ доранд. Дар биноҳо 69 синфхонаҳои барҳаво маҷуд аст. Илова бар ин, бино дорои 38 ҳуҷраи корӣ барои маъмурият мебошад. Дар китобхонаи электронии он, ки барои 64 нафар пешбинӣ шудааст, донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз нусхаҳои электронии адабиёти гуногуни таълимӣ истифода баранд. Толори хониши он 60 ҷои нишаст дорад. Дар маҷлисгоҳи бино, ки дорои 300 ҷой аст, метавон семинару ҷаласаҳо ва чорабиниҳои фарҳангиии донишгоҳро барпо намуд. Толори варзишии бино аз 240 ҷои нишаст иборат буда, дар он барои гузаронидани мусобиқа ва машқу тамрини донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин ҳама ба устодони донишгоҳ имкон медиҳад, ки корҳои таълиму тадрисро беҳтар ба роҳ монанд, доишҷӯён — табибони ватани азизи мо соҳиби маълумоти хубу ҷавобгӯи талаботи давру замон гарданд.

Санаи 5-уми ноябри соли 2018 аҳли донишҷӯён, кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. Президенти кишвар зимни ифтитоҳи биноҳои таълимӣ дар мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои давлатии масъул супориш доданд, ки дар ҳудуди донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳӣ оғоз карда шавад.

Бояд қайд намоем, ки аз санаи 22-юми апрели соли 2017 сохтмони Бинои асосӣ ва 3 бинои таълимии ДДТХ, ки барои фарогирии беш аз 5000 донишҷӯ бунёд мегардад, бо маром идома дорад. Нақшаи сохтмони иншооти Донишгоҳ аз қисмати биноҳои алоҳидаи таълимӣ, бинои маъмурӣ, бинои толорҳои лексионӣ, бинои китобхона, толори калони маҷлисӣ — фарҳангӣ, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, биноҳои варзишии пӯшида ва кушода, биноҳои хоҷагии ёрирасон ва иншооти манзилӣ-маишӣ (хобгоҳҳо барои донишҷӯёну аспирантон ва биноҳои зист барои омӯзгорон) тарҳрезӣ шудааст.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here