50-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш, ки тӯли 3 рӯз дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор шуд, кори худро ба итмом расонд. Яке аз мақсадҳои конфронс боздошти ниҳоии омилҳо ва паёмадҳои бемории сил буд. Конфронси мазкур бо ибтикори Иттиҳоди байналмилалии мубориза бо бемории сил ва бемориҳои шуш (Иттиҳод) баргузор шуд. 

Ҳудуди 4300 нафар аз 80 кишвари дунё иштирокчии симпозиум, семинарҳо, давраҳои коршиносӣ барои аспирантҳо, мубоҳисаҳои пажӯҳишгарон, намоишгоҳу нишастҳои хабарӣ ва дигар маҳфилу чорабиниҳои фарҳангиву тафреҳӣ дар доираи конфронс буданд. Тӯли 3 рӯзи конфронс беш аз 200 нафар суханронӣ карда, тамоми бахшҳои бемории сил ва дигар бемориҳои шушро мавриди баррасӣ қарор доданд.  Дар расми ифтитоҳи конфронс Шри М. Венкаиа Найду, ноиби Президенти Ҳиндустон,  доктор Рен Мингҳуй, ёвари Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Клэр Форлани, ровӣ, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ва Сафири Иттиҳод дар мубориза бо бемории сил ва Нозияи Кароматулло, сарояндаи маҳбуби Тоҷикистон ба намояндагӣ аз дастаи “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ”-и Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Дар поёни конфронс рӯзи 31 октябри соли 2019 миёни Иттиҳод, Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо ВНМО, сил ва вараҷа ва ширкати умумиҳаҳонии биофарматсионии Санофӣ созишномаи муҳимме ба имзо расид, ки дар пайи он нархи доруи рифапентин бамаротиб коҳиш меёбад. Рифапентин яке аз муҳимтарин дору барои пешгирии бемории сил буда, дар ҳоли ҳозир 1,7 млрд. нафар аз он истифода мебаранд. Мутобиқи талаботи созишнома арзиши рифапентин тақрибан 70% арзон шуда, аз  45 то 15 доллари ИМА поён меравад.

Питер Сандс, Директори иҷроияи Хазинаи глобалӣ имзои созишномаро иқдоми муҳимме дар самти мубориза бо бемории сил хонд ва гуфт: -“Ҳамкории инноватсионӣ метавонад ҳаётро наҷот бидиҳад».

Аслидин Раҷабзода, Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар иртибот ба аҳаммияти имзои ин созишнома зикр кард, ки: «Рифапентинро метавон як дастоварди беназири илми тиб унвон кард. Масалан, ба воситаи доруҳои қаблӣ муолиҷаи пешгирикунандаи сил аз 6 то 36 моҳро дар бар мегирифт, ки табиист истеъмоли дарозмуддати дору паёмадҳои номатлубро ҳам ба бор меовард. Аммо рифапентин муҳлати муолиҷаро 12 ҳафта ва ҳамзамон истифодаи якҷоя бо дигар навъи доруҳоро имконпазир кард.”

Дар ҳамин росто Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон коҳиши нархи доруи мазкурро хуш пазируфта, гуфт: “Барои бемороне, ки аз доғгузорӣ башиддат метарсанд, ин дору имкони хуби муолиҷаи кӯтоҳмуддатро фароҳам оварда, гаронии истеъмоли доруҳоро, ки аксар вақт боиси кандашавии табобат мегардад, бартараф менамояд. Умедворем, ин дору ва реҷаҳои нави табобати бидуни сӯзандору, ки аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия шудаанд,  ҳарчӣ зудтар ба ҳама дастрас мегарданд.”

Ҳамчунин натиҷаи санҷишҳои ваксинаи ҷадиди зидди сил, маъруф ба М72/AS01E, ки аз ҷониби ширкати GlaxoSmithKline истеҳсол шудааст, муаррифӣ карда шуд. Дар сад соли ахир ин нахустин ваксинаест, ки барои пешгирии бемории сил кашфу истеҳсол шудааст.

Ҳамчунин барои баррасиву ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкили доғгузорӣ ва ё стигма ба конфронс чанд тан аз фаъолоне, ки аз ин беморӣ пурра шифо ёфтаанд, даъват шуданд. Дар рафти конфронс ба мушкили доғгузориву ҳуқуқи инсон аҳаммияти махсус зоҳир мешуд. Дар ҳамин росто гурӯҳи махсусе аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф ва барҷастаи кишварҳои мухталиф ба унвони “Сафир” дар конфронс ширкат карданд. Нозияи Кароматулло, сарояндаи маъруфи тоҷик, ки яке аз фаъолони мубориза бо доғгузории бемории сил аст, зимни суханронӣ таъкид кард: -“Гирифторӣ ба бемории сил набояд боиси шарми инсон бошад. Ин як беморист ва табобатшаванда аст. Аммо вақте чунин беморӣ дар ин асри пешрафти илму техника хоҳ ба сабаби ноогоҳӣ ва ё хоҳ ба далели камбизоатӣ боиси ранҷу машаққат ва ҳатто марги инсон мешавад, пас барои тамоми башар шармовар аст.”

Бояд қайд намуд, ки 51-умин Конфронси ҷаҳонии солимии шуш рӯзҳои 21-24 октябри соли 2020 дар шаҳри Севили Испания баргузор хоҳад шуд. Дар конфронси оянда мавзӯъҳои марбут ба пешгирӣ аз афзоиши сирояти бемории сил, стратегияи асосии хотима додани сил, коҳиш додани истеъмоли сигор, саломатии шуш ва пешгирӣ аз сироят мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Шаҳноз Комилзода,

Ҳайдаробод, Ҳиндустон

Добавить комментарий