Башар тӯли таърихи худ бемориҳои зиёдеро аз сар гузаронд. Даҳҳо пандемия дар олам ҷони миллионҳо нафарро рабуд. Миллионҳо тани дигар аз ватан бехонумон шуданд. Ва ин гуна ҳамагириҳо ҳамоно ҳастанд. Инсони асри 21 низ аз ин гуна вогирӣ бенавиб намонд. Вирусе бо номи КОВИД-21 ҳамоно ҷони инсонҳоро мегирад, теъдоди сироятшудагонаш ба миллионҳо нафар расидааст. Вале башар ҳамоно дар илоҷи табобати он бечора аст. То кунун на воксан пайдо шудаву на муолиҷаи ягона. Ин вирус кулли оламро хонанишин кард.

Аммо чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз талошҳои башарӣ барои пайдо кардлани роҳи муолиҷаи бемориҳо будаву ҳаст. Муруре кардем ба зиндагинома ва таҳқиқоти аввалкошиши бемории сил ва вабо Роберт Кох. Олими олмонӣ Роберт Кох, ки солҳои 1843-1910 зистааст, бо кашфиёту пажуҳишҳои муваффақонааш яке аз асосгузорони микробиологияи муосир шуд.

 Вай басо хоксорона комёбиҳои илмиашро шарҳ медод ва мегуфт роҳи расидан ба илм барояш ҳамвор буд, аз ҷумлаи хушбахтоне буд, ки барояшон “тилло дар роҳи ҳамвор мехобид”, аз ин рӯ, дар ин муваффақиятҳо вай саҳм надорад.

Кадом роҳҳо Роберт Кохро ба кушоишҳои аҷоиб ва муфид бурданд?

То як муддате тарҷумаи ҳоли Кох хеле одӣ буд. Дар 23-солагӣ соҳиби дипломи пизишкии донишгоҳи Гёттинг шуда буд. Дар табиату фитрат табиби ҷавон ҷӯяндаи моҷаро буд. Вай орзу дошт, ки ҷарроҳи ҳарбӣ ва ё пизишки киштӣ бошад, ки тамоми оламро гардад. Вале ҳаёти воқеъӣ нисбатан сода буд. Барояш вазифаи пизишки хурд дар девонахона насиб шуд.

Баъдан вай ин ҷойи корашро ба духтурӣ дар деҳот иваз кард. Ин кор барояш танҳо хубие дошт, ки ҳамроҳи ҳамсараш Эмма аз русто ба рустои дигар мерафт ва беморонро муолиҷа мекард.

Ҳаёти онҳо ҳамин минвол идома мекард, агар фрау Кох ба рӯзи таваллуди шавҳараш барои ӯ як микроскоп тақдим намекард. Ин таҷҳизот баногаҳон дари як олами дигарро ба рӯйи Кох боз кард, орзуе, ки гӯё дар ҷангалзорони Ҳинд ва пампасҳои Патагония нопадид шуда буд.

Вай акнун бисёр бегоҳиҳо вақташро ба тамошои микроскоп сарфа мекард. Ин машғулият худ ҷавобгӯи хислати фитрии ӯ буд: табиатан вай мушоҳидаро дӯст медошт, хеле сабур ва ботаваҷҷуҳу мулоҳизакор ва поккирдор буд. Дар оғоз вай бо микроскоп бидуни ягон ҳадафи муайян машғул мешуд.

Аммо боре Кох зери заррабини микроскоп намунаи хуни гӯсфандеро гузошт, ки аз касалии сӯхтанӣ мурда буд. Ва баногоҳ фарқиятро ошкор кард. Дар хуни ҷонвари бемор бактерияҳоеро мушоҳида кард, ки ба чӯбчаҳои хурд шабоҳат доштанд. Баъзан ин чӯбчаҳо ба як риштаи дароз мечаспиданд. Албатта, ин мувофиқат метавонист тасодуфӣ бошад. Вале масъаларо бодиққату ҷиддӣ омӯхта, Кох ба хулоса расид: бактерияҳои мушоҳидакардаи ӯ ҳамон барангезандагони сӯхтанӣ ҳастанд.

Кох талош кард муаммоҳои дигарро ҳам, ки дар бемории сӯхтанӣ буд, фаҳмонад. Миёни деҳқонон боварии қатъие дар “чаманзори манҳус” вуҷуд дошт. Зоҳиран ин марғзорҳо аз чаманзорони маъмулӣ фарқ намекарданд. Вале агар молро дар онҳо чаро диҳанд, гӯё вай ҳатман мубталои бемории сӯхтанӣ мешавад ва мемирад. Дар ин чаманзорон ким-кадом чизи манҳусу малъун вуҷуд дорад. Ин чист? Оё хурофоти деҳқонӣ? Аммо маълум мешавад, ки дар чаманзороне, ки молҳои касал дар он мечаранд, бактерияҳои сӯхтанӣ боқӣ мемонанд.  Кох муайян кард, ки бактерияҳо ба спора (ташкилаҳои одатан якҳучайрагӣ барои бе таносул афзудан, ки баъзан ба организми мукаммал табдил меёбанд; спораи бактерияҳо имкон медиҳанд, ки онҳо дар шароити номусоид ҳаёт ба сар баранд) табдил ёфта, солҳои дароз боқӣ мемонанд ва ҳар сол чорворо сироят мекунанд.

Кох пеш аз он ки натиҷаи кори худро ба арзи умум расонад, дурудароз ва бо ҷидду ҷаҳд онро санҷид. Вай тавонист бактерияи тозаи сӯхтаниро ба даст орад.

Соли 1876 баъди суханрониаш дар донишгоҳи Бреславл кашфиёташ эътироф шуд. Муддати се рӯз вай басо устодонаю моҳирона ба шунавандагон таҷрибаҳои боварибахшаш бо мушҳо ва бактерияҳои сӯхтаниро нишон дод. Ин аввалин музаффарият ва нусрати олим буд.

Баъди ин таҳқиқот ва кушоиш Кох рушди дигар бемории вазнин – силро оғоз кард. Вай зери микроскоп органҳои дарунии одами аз бемории сил фавтидаро мавриди озмоиш қарор дод. Вай барангезандаи ин касалиро он ҷо дурудароз ҷуст, вале пайдо накард.

Баъдан вай ба қароре омад, ки доруҳоро ранг кунад. Соли 1877 барои тиб соли таърихӣ буд. Кох намунаи бофтаи шуши беморро гирифт ва онро дар маҳлули моддаи рангкунанда гузошт. Акнун дар бофтаи шуш зери микроскоп  дақиқан чӯбчаҳои бактерия намудор шуданд.

Махлуқҳои хурдакак, вале мудҳиш, ки аз даҳ сироятшуда 7 нафари онро мекуштанд.  Ва ба шарафи аввалин кашшофи он ин бактерияҳоро “чӯбчаҳои Кох” номиданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд вақт пештарак, солҳои 60-уми асри XIX Академияи илмҳои Порис баъди баҳси сесола иддиои ҳамватани Кох, биологи машҳур Рудолф Вирховро, ки мегуфт сил на аз микробҳо, балки аз модаҳои зараровари одамӣ  пайдо мешавад, қабул карда буд.

24-уми марти соли 1882 дар ҷаласаи ҷамъияти илмии физеологии Берлин Кох дар бораи кашфиёташ хабар дод. Мазмуни асосии маърӯзаи Кох хеле одӣ буд: “Бе бактерия сил ҳам нест!” Аммо барои он ки ин ҷумлаи хеле кутоҳу оддиро шарҳ диҳад, Кох ба ҳозирин дар бораи таҷрибаҳои зиёдаш бо чӯбчаҳои сил нақл кард ва натиҷаву хулосаҳояшро иброз дошт. Вай ин чӯбчаҳоро дар ҳамаи одамоне, ки бо шаклҳои гуногуни сил мубтало буданд, пайдо кард. Вай онро дар воситаҳои ғизоӣ кошт ва дид, ки бактерияҳо дар он афзоиш ёфтанд, баъдан ҳайвоноти таҷрибавиро бо онҳо сироят кард ва он ҳайвонот, ки солим буданд, тадриҷан мурданд.

Зимнан, Роберт Кох аввалин касе буд, ки рахчаҳои желатин (моддае, ки аз устухон ва пӯсти ҳайвон тайёр карда мешавад)-ро барои коштани бактерияҳо истифода кард. Вай аввали н касе буд, ки бо ёрии асбоб ихтироъ кардаи аккосиаш тавонист бактерияҳоро расм гирад.

Ҷомеаи илмӣ тавонист кашфи “чӯбчаҳои Кох”-ро сазовор ва ҳамаҷониба арзёбӣ кунад. Соли 1905 ин донишманд ба дарёфти ҷоизаи Нобел оид ба физиология ва тиб шарафёб шуд.

Аз соли 1883 Кох даст ба ҷустуҷӯи барангезандаи боз як бемории кушандаи дигар – вабо зад. Гуфта мешавад, ки ин беморӣ ба Аврупо дар аввали асри XIX аз Ҳинд омад. Дар мубориза бо вабо ҳатто пизишкон худ қурбон шуданд. Яке аз онҳо корманди ҷавони микробиологи машҳури Фаронса Луи Пастер, ки ин бемориро меомӯхт, худ сироят шуд ва фавтид. Соли 1884 Роберт Кох гӯё, ки тавонист барангезандаи ин бемориро, ки шабеҳи вергул буд, кашф кунад. Аммо барои он ки ин фарзияи худро исбот кунад, Кох ба сафари тӯлонии баҳрӣ ба ватани ин беморӣ баромад. Билохира, барояш муяссар шуд, ки бактерияи ваборо кашф кунад.

Солҳои 1884-1907 Кох барангезандагони боз чандин бемориҳои кушанда, аз ҷумла тоуни хиёрак, касалии хоб, кузозро кашф кард.

Як микроскопи тасодуфан тақдимшуда роҳи васеъи илмро барои як пизишки деҳот боз намуд ва на танҳо як, балки сабабгори кушоишҳои илмии бузурге шуд, ки тадриҷан ҷони миллионҳо танро аз марг наҷот дод. Ва ин насиби Роберт Кох шуд шуда буд.

Таҳияи Б.Шафеъ

Добавить комментарий