Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимни суҳбат сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров Анваршоевич иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар самтҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон корҳои ободиву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии вилоят низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат- боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи арҷгузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ВМКБ суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд. Тавре Ф. Музаффаров дар идомаи суҳбат афзуд: “Фаъолияти Раёсати тандурустии вилоят дар соли 2019 баҳри амалӣ гардонидани нақшаи корӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаҳои соҳавӣ, Қарорҳои Раиси ВМКБ, ки дахлдори соҳаанд ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба ин самт равона гардида, кормандони соҳа баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят бо масоили баланд бардоштани сатҳу  сифати хизматрасонии  тиббӣ, одоби муошират, вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешгирӣ  ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз қабили  ВНМО,  сил,  вараҷа, ҳамчунин, бемориҳои ғайрисироятӣ, пурзӯр намуда, дар баробари ин, корҳои таргиботиву ташвиқотиро ҷиҳати ташакулли тарзи ҳаёти солим бо ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа хуб ба роҳ монда, ба чорабиниҳои солимгардонӣ ва тавонбахшӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд”. Тавре сардори Раёсати тандурустии ВМКБ дар идомаи суҳбат зикр намуд, «Ба касе пӯшида нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, ҳамасола маблағгузории соҳаро афзоиш медиҳад. Қабули қонунҳо оиди соҳаи тандурустӣ, Барномаҳои соҳавӣ, Нақша ва Стратегияҳои соҳавӣ, сол аз сол зиёд гардидани маблағгузории соҳа, беҳтар гардидани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, дастгирии фаъолияти тибби хусусӣ аз таваҷӯи беназири Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ, шаҳодат медиҳад. Бубинед, агар дар соли 2018 барои соҳаи тандурустии вилоят 67449454 сомонӣ пешбинӣ гардида бошад, ки ин нисбати маблағгузории соли 2017- 7,7% зиёд аст, пас, дар соли 2019 дар ин самт 75056865 ҳазор  сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин нисбати соли 2018-14% зиёдтар мебошад”.

 

Самараи бунёдкориҳо

Чуноне аз суханони Ф. Музаффаров бармеояд, дар аввали  моҳи марти соли ҷорӣ дар машварати васеи назди Раиси вилоят рафти иҷрои Қарори раиси вилоят аз 19.05.2011, №179 «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.04.2011, №169  «Дар бораи тасдиқи Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» мавриди  муҳокима  қарор дода шуда, оид ба амалӣ  гардонидани барномаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид. Дар моҳи майи ҳамин сол бошад, Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии ВНМО/БПНМ, бемории сил ва вараҷа бо иштироки муовини Раиси вилоят, сарпарасти соҳа баргузор гардид. Дар рафти шӯро таҳлили сатҳи мубталошавии аҳолӣ ба ин намуди беморӣ ва мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳа баҳри паст кардани сатҳи беморишавӣ дар вилоят мавриди муҳокима қарор дода шуд. Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва созмонҳои байналхалқӣ (ғайридавлатӣ), сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таббобатию профилактикии вилоят барои соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома ёфта истодаанд. Дар ин раванд бо маблаггузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Беморхонаи замонавӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон барои 70 кат ба маблағи 22 миллиону 778 ҳазор сомонӣ идома ёфта истодааст. Ба ҳолати ҳозира корҳои  сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба андозаи 2 миллиону 661 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.  Ҳамчунин, сохтмони бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии МИМҲД-и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 779 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида  шуда, бо таъҷизотҳои муосири тиббӣ ва асбобу анҷоми корӣ таъҷизонида шуд. Дар баробари ин, муассисаи мазкур бо 2 адад мошини ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER таъмин гардида, он бо иштироки Раиси вилоят дар маросими тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар идомаи бунёдкориҳо барои сохтмони Коллеҷи тиббии замонавӣ бо толори варзишӣ  барои 240 донишҷӯй ва  хобгоҳ барои 70 ҷой дар маҳаллаи Бар Хоруғ бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. 300 сомонӣ ҷудо гардида, дар соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри идома додани корҳо 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин, таъмири толори ҷарроҳӣ ва Озмоишгоҳи клиникии Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 миллиону 567 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ ба андозаи 1миллиону 487 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ идома ёфта истоданд. Сохтмони бинои  нави беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 миллиону 300 ҳазор  сомонӣ  оғоз  гардида, дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ 600 000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Таъмири асосӣ ва сохтмони марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Вранг ба маблағи 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ  ва Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим ба маблағи 1 миллиону 415 ҳазор сомонӣ  бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ идома ёфта истодааст. Дар доираи дастгирии лоиҳаи  “Бехатаркунии хизматрасонии тиббӣ” барои марказҳои номбурда 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардонида шуд. Барои беморхонаи минтақавии Вранг мошинаи ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER бо дастгирии Сафорати Амрико ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмин гардонида шуд. Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷорӣ 7 адад нақлиёти НИВА ВАЗ 2014 ва як адад нақлиёти боркашонии махсусгардонидашуда аз ҳисоби ГАВИ дастрас гардида, дар нақшаи вазорат иловатан харидории 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ (Амбуланс) аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи таъмири муассисаҳои эҳтиёҷотдоштаи дигар ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла, ноҳияҳои  Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри  Хоруғ дар назар аст ва то охири сол амалӣ хоҳанд гашт.

 

Таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ

Иҷрои супоришҳои Нақшаи чорабинӣ оиди ҷиҳозонидани муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва  инвеститисонӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии вилоят маҷмуи муайяни автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултарасадо, лавозимоти луобикаш, яхдонҳо, катҳои беморӣ, рахтҳои хоб ва ғайра  таъмин карда шуданд.  Айни замон   барои  муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷиктсон  таҷҳизотҷои муосири тиббӣ   бо маблағи   2 миллиону 646196   сомонӣ  дастрас гардонида шуданд. Феълан ба аҳолӣ дар 400 муассисаҳои шифоиву пешгирӣ, ки зиёда аз 227 адади  онҳо муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 36 адад муассисаҳои  Хадамоти бистарикунонӣ, 9  адад марказҳои назорати  давлатии санитарию эпидемологӣ ва 62 адад муассисаҳои тиббӣ, ки фаъолияти ҳамгироӣ доранд, хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

 

Сатҳи муассисаҳои табобатию профилактикӣ

Бояд гуфт, ки барои назорати фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар вилоят, Хадамоти  назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунад. Дар вилоят дар давоми соли 2018 — 9 муассисаи фаъолияти хусусидошта фаъолият намуда, аз онҳо 3 муассисаи фаъолияти хусусии дандонпизишкӣ, 2 муассисаи ташхисӣ, 1 муассисаи кори ҳамширагӣ ва 58 адад дорухонаҳои шахсӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят 491 нафар табибон ва 1971 нафар кормандони миёнаи тиб машғули коранд. Нишондоди таъминоти аҳолӣ бо табибон (ба 10 000 аҳолӣ) 22,6 ва  кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ ба 90,2 баробар аст. Ба ҳолати ҳозира 12 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди хатми донишгоҳ дар заминаи беморхонаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои табобатию профлактикии вилоят аз зинаи интернатура гузашта истодаанд ва 32 нафар хатмкунандагони ДДТТ ба номи Сино баъд аз хатми интернатура дар муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки аз ин теъдод 12 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ ДДТТ -ро хатм намудаанд.

 

Сатҳи таъминот бо мутахассисон

Бо назардошти супориши Протоколии “Накшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоби ВМКБ аз 11 то 15 сентябри соли 2018”, дар  соли 2019 барои хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумии вилоят дар маҷмӯъ 92 квота аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ муқаррар гардида, ҷиҳати истифодабарии мақсаднок, самарабахш ва интихоби хатмкунандагон ва довталабон ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ ва ташвикотӣ рафта истодааст. Дар баробари ин, вобаста ба иҷроиши банди 85, таъмини эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии вилоят ба мутахассисони соҳибкасб пурра таҳлил гардида, маълум гардид, ки дар муассисаҳои  тиббию профилактикии вилоят аз 760 басти воҳидҳои корӣ, 491 табиб бо банди 701 воҳиди корӣ фаъолият дошта, ҳамагӣ 59 басти воҳиди корӣ холӣ мебошанд. Бояд зикр намуд, ки 71 нафар мутахассисони фаъолиятдошта дар муассисаҳои тандурустӣ ва профилактикии вилоят дар синни нафақа қарор доранд. Айни замон дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 219 донишчӯӣ ва дигар муассисаҳои таълимию илмии зертобеи вазорат 37 нафар муҳассилини баъдидипломӣ таҳсил доранд. Аз 219 донишҷӯи ДДТТ 109 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 51 нафар ба тариқи шартномавӣ ва 59 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил доранд. Соли 2019 37 нафар муҳассилини баъдидипломӣ таҳсилро хатм намуда, шомили муассисаҳои тиббӣ профилактикии вилоят мешаванд. Аз онҳо  9 нафар хатмкунандаҳои ординатураи клиникӣ, 25 нафар интернҳо, 2 нафар аспирантҳо ва 1 нафар доктори илмҳои тиб мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, муассисаҳои Хадамоти бистарикунонии вилоят дорои 1918 кати табобатӣ-профилактикӣ мебошанд. Нишондоди таъминоти аҳолӣ ба катҳои табобатӣ ба 86,0 кат дар 10 000 аҳолӣ баробар аст. Аз тарафи муассисаҳои табобатӣ — профилактикии вилоят дар шаш моҳаи соли 2019  ба 17033 нафар беморон ёрии статсионарӣ, ба 167028 нафар ёрии амбулаторӣ,  ба 16265 нафар ёрии таъҷилӣ, ба 103652 нафар ёрӣ дар хонаҳо расонида шуд.

 

Самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ

Рушди соҳаи тандурустӣ ба қабули қонунҳои вобаста ба соҳа, таҳияи барномаҳои дарозмуҳлат ва миёнамуҳлате, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааанд, инчунин, сол аз сол зиёд гардидани маблағгузории соҳа вобастагии амиқ дорад. Чунончӣ:

— беҳтар гардидани заминаҳои моддиву техникиии муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ҷудо гардидани маблағгузории муассисаҳои КАТС аз бахши бистаринамоӣ ва равона гардидани 60% маблағҳои буҷаи соҳаи тандурустӣ барои муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ;

— ривоҷу равнақ ёфтани фаъолияти тибби хусусӣ дар қаламрави вилоят, фароҳам овардани шароит барои бозори хизматрасониҳои ҳарчи беҳтари тиббӣ ба аҳолӣ;                            -иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2016 сол, № 317 дар бораи “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ”  аз рӯйи принсипи тибби оилавӣ дар ҶТ барои солҳои 2016-2020;

-қарори Раиси вилоят аз 2 апрели соли 2013 оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №676, «Дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023»;

-ба истифода дода шудани бинои нави Беморхонаи бемориҳои руҳии вилоятӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва бо таъҷизоти замонавии тиббӣ таҷҳизонида шудани онҳо ба маблағи зиёда аз 25 миллион сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ;

— Ба истифода дода шудани бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ, ки бо дастгирии МИҲД-и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 779 ҳазор сомонӣ ва бо таъҷизотҳои замонавии тиббӣ таъҷизонида шуда, он аз сӯи Сафорати Амрико ва МИҲД-и вилоят бо 2 адад мошинаҳои ёрии таъҷилии тамғаи Tayota LAND CRUISER таъмин гардонида шуд;

-таъмири асосии шӯъбаҳои кӯдакона ва хизмати муттаҳидаи Беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ, ки бо дастгирии Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон ва маблаггузории Сафорати Ҷопон бо маблағи 894,0 сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд;

-супоришҳои Нақшаи чорабинӣ оиди ҷиҳозонидани муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҷиҳати бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва  инвеститисонӣ баҳри таъмини эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии вилоят маҷмуи муайяни автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ташхиси ултарасадо, лавозимоти луобикаш, яхдонҳо, катҳои беморӣ, рахтҳои хоб ва ғайра таъмин карда шуданд.  Айни замон   барои  муассисаҳои  табобатию профилактикии вилоят  аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ба маблағи 2 миллиону 646196   сомонӣ  дастрас гардидаанд. Ҳамзамон, нақшаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси табибон ва кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ таҳия ва тасдиқ гардида, он бо Донишкадаи таҳсили баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардид. Ба ҳолати имрӯз зиёда аз 40 нафар ҳамшираҳои тиб аз шӯъбаҳои кӯдакона ва бемориҳои дарунаи  муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз курси сайёри такмили ихтиссос дар шаҳри Хоруғ гузаштанд. Инчунин, давраи такмили ихтисоси сайёри табибони асабшинос,  бемориҳои  пӯст ва узвҳои таносул ва табибони соҳаи саратоншиносӣ дар маркази вилоят гузаронида шуд. Ин чанд рақами зикргардида рӯйхати нопуррае буд, ки баҳри нишон додани сатҳи рушди соҳаи тиб дар ВМКБ оварда шуд. Зимнан, боиси хушнудист, ки ба истифода дода шудани Маркази ташхисии ғайритиҷоратию хусусии Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон дар маҳаллаи Бар Хоруғ ба маблағи беш аз 24 миллион доллари амрикоӣ ва бо таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамони муосири ташхисӣ ва таъмин гардидани он бо дастгоҳи компютери томографӣ, ангиограф, момограф аз дастовардҳои беназири соҳа ба шумор меравад. Маркази мазкур моҳи апрели соли 2019 ба кор оғоз намуда, он муҷаҳҳазтарин бемористон дар самти ташхису табобат ва пешгирии бемориҳо на танҳо дар собиқ Шӯравӣ, балки дар қитъаи Осиё ба шумор меравад. Қобили тазаккур аст, ки феълан ин марказ ба аҳолии вилоят ва Бадахшони ҳамсаради Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хизматрасонии баландихтиссоси тиббӣ расонида истодааст. Вобаста ба сатҳи хизматрасонии Маркази ташхисии ғайритиҷоратию хусусии Хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон зимни суҳбат бо хабарнигори МТЖТ Мирзомуҳаммади 30– cола, сокини вулусволии Шуғнони Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки муҳандиси сохтмон будааст, чунин ибрози газар кард: Ман ба маризии қалб мубтало шудам ва фикр кардам, ки умрам ба поён расидааст. Вале вақте маро ба бемористони Оғохон, ба Хоруғи Тоҷикистони азиз интиқол доданд, дар кӯтоҳтарин муддат табибони шифокори ин даргоҳ, ки фикр дорам, беҳтаринҳо дар соҳаи худ ҳастанду дар баробари ин, шарту шароити бемористони мазкур дар ҷаҳон беҳамтост, хеле зуд маро ба пой хезонданд. Сипоси фаровон ба сардухтуру табибони муолиҷавӣ ва ҳукуматдорони Тоҷикистон! Бешак чунин нафарони илоҷёфта ва табобати оҷилёфта дар вилоят, саросари ҷумҳурӣ ва умуман, минтақа андак нестанд, ки худ далели пешрафтагии тибби тоҷик аст.  Дар маҷмуъ, зикр намудан бамаврид аст, ки: “Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва зерсохторҳои он бо мададу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои худ ба натиҷаҳои чашмрас ноил гашта бошанд ҳам, вале аз ин дастовардзо ҳанӯз қонеъ нестанд. Ва минбаъд низ баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард”,- бо итминон иброз дошт дар фароварди суҳбат сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Фарид Музаффаров Анваршоевич.

 

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

Добавить комментарий