Бузурге мефармояд: Чун офтоб ғуруб кунад, рӯшноӣ намонад. Пас офтоб бояд шудан то хавфи ҷудоӣ намонад. Ҳақ ба ҷониби муаллифи ин суханон аст. Тӯли зиёда аз 6 соли фаъолият МД БҶК-и ноҳияи Данғара ба мардуми ноҳия, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хизмати калоне карда истодааст.

МД БҶК-и ноҳияи Данғара дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри соли 2012 таҳти № 575 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиники ноҳияи Данғара» бо Фармоиши Вазорати тандурустӣ аз 12.06.2013 №361 таъсис ёфтааст. Беморхона фаъолияти касбиашро аз 22-юми марти соли 2014 бо буридани лентаи рамзӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд.

Сохтмони Беморхона бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ ба иҷро расонида шудааст. Сохтмон ва таҷҳизотҳои МД БҶК-и ноҳияи Данғара ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Аз ҷумла, таҷҳизотҳо: ангиография, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени Сиремобил С -дуга, рентгени мамограф, ортопантомограмма, ултрасадо Siemens, Acuson Х300 1 адад, Ултрасадо Siemens Acuson P300 1 адад, Эндовидео Аескулар, дастгоҳи диализ, дастгоҳи таъминкунии оксиген (оксигенераиор).

МД БҶК-и ноҳияи Данғара бисёрсоҳавӣ буда, дорои шуъбаю бахшҳои зерин мебошад: маъмурият, муҳосибот, шуъбаҳои қабул, ёрии таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, озмоишгоҳ, дармонгоҳ, таваллуд, бемориҳои занона, бахши ҷарроҳию безараргардонӣ, шуъбаҳои наҷот ва баъди ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон, бемориҳои даруна, пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, бемориҳои дил, бахши офият, хоҷагӣ.

Беморхона ба беморони фаврию нақшавӣ ва ба тамоми муроҷиаткунандагони ҷумҳурӣ ва берун аз он ёрии тиббии худро мерасонад. Фаъолияти муассиса ва хизматрасонии он мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қарори №600 дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарии ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар беморхона 293 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 49 нафарашон табибони маълумоти олидор буда, аз ин шумора 28 нафар дараҷаи касбии олӣ, 8 нафар дараҷаи касбии якӯм ва дигаронашон дараҷаи касбии дуюм мебошанд. Кормандони миёнаи тиббӣ 135 нафар, кормандони хурди тиббӣ 62 нафар, дигар кормандон 47 нафар, мувофиқи маълумоташон олӣ 56 нафар, миёнаи махсус 145 нафар, миёна 92 нафар, Беморхона бо бисёр муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз қабили Россия, Белорусия, Шветсария, Олмон ва ғ. ҳамкорӣ дорад.

Сартабиби МД БҶК-и ноҳияи Данғара Қаҳрамон Камолов мегӯяд, соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо хизматрасонии сифатноки тиббӣ ба аҳолии ноҳия ва берун аз он дар Муассисаи Давлатии Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникии ноҳияи Данғара хеле хуб ба роҳ монда шудааст. БҶК-и ноҳияи Данғара дорои 105 кат мебошад, ки аз ин 20 каташ ба шуъбаи бемориҳои дил, 20 каташ ба шуъбаи бемориҳои узвҳои дарунаи калонсолон ва наврасон, 10 каташ ба шуъбаи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, 15 каташ ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолон, 10 каташ ба шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ, 9 каташ ба шуъбаи бемориҳои амрози занона, 13 каташ ба шуъбаи таваллудӣ, 8 каташ ба шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ рост меоянд.

Шуъбаи қабул

Дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ дар бахшу шуъбаҳои БҶК ноҳияи Данғара 6196 нафар муроҷиат намудаанд, ки 1235 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиат 1256 нафар барои ташхис ва табобати пурра ба бистарӣ фаро гирифта шуд. Ба 2171 нафар кӯмаки ёрии тиббии амбулаториӣ расонида шудааст. Аз шумораи умумии бистаришудагон шумораи ҷарроҳиҳо ба 290- нафар расид. Аз инҳо 7 нафарашонро пайванди гурда ташкил медиҳад. Шумораи хатна бошад ба 113 нафар расид.

Бистарикунонӣ дар беморхона

Дар чор моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи бемориҳои дил -167 нафар, шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна -129 нафар, шуъбаи ҷарроҳии калонсолон -155 нафар, шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ — 100 нафар, шуъбаи бемориҳои амрози занона -102 нафар, шуъбаи таваллудӣ — 578 нафар, шуъбаи пайвандсозӣ — 22 нафар ва шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ — 3 нафар бистарӣ кунонида шудаанд. Ҳамчунин,152 нафар ба тариқи гузариш аз дигар шуъбаҳо дар ин муддат дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Нуқтаи шикастабандӣ

Қабули беморон ва расонидани ёрии тибии амбулаторӣ дар нуқтаи шикастабандӣ 669 нафарро ташкил медиҳад, ки 483 нафарашон аз ҳудуди ноҳия 186 нафарашон аз дигар шаҳру ноҳияҳо аз шумораи умумии қабул 28 нафарашон дар шӯъбаҳои ҳамин беморхона бистарӣ карда шуд. Амалиётҳое, ки бо ёрии таҷҳизоти С-duga гузаронида шуд 8 нафарро ташкил медиҳад. Гузаронидани ҷарроҳиҳои хурд 35 нафарро ташкил медиҳад.

Бахши ташхиси нурӣ ва ултрасадоӣ

Томографияи компютери 576- нафар. Рентгени рақамӣ 1325- нафар. Рентгени Сиремобил — S-duga бо монитор 8- нафар. Рентгени мамограф 9- нафар. Ортопантомограмма 22- нафар. Ултрасадо (Акузон Х300) 329 нафар. Ултрасадо (Акузон Х300) 763 нафар. Эндовидео Аескулар 7 нафар.

Шуъбаи озмоишгоҳ ва дармонгоҳ

Дар озмоишгоҳ 12444 таҳлилҳои лабораторӣ гузаронида шуд. Аз шумораи умумӣ таҳлилҳо барои беморони статсионарӣ 1844 муоина, барои беморони амбулаторӣ 10600 муоина. Дар «Дармонгоҳ» зиёда аз 3506 нафар беморон муоина ва муолиҷа карда шудааст, ки аз инҳо беморони бистари шуда ба 373 нафар расид.

Шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ

Бемороне, ки бистари шудаанд ва ба дигар шуъбаҳои ҳамин беморхона гузаронида шудааст 152 нафарро ташкил медиҳад. Эҳёгарӣ ва мадҳӯшгардонии умумӣ 284 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо Мадҳӯшгардонии В/В 48 нафар. Мадҳӯшгардонии В/В бо ДНС 116 нафар. Мадҳӯшгардонии В/В бо ДНС ва Эндотрохеалӣ 24 нафар, Мадҳӯшгардонии дохили ҳароммағзӣ 96 нафар. Фавти беморон дар шуъба 8 нафар.

Шуъбаҳои таваллудӣ ва бемориҳои амрози занона

Қабули таваллуд дар шуъбаи таваллудхона 578 нафар. Сабти умумии таваллуд 577 нафар. Дар шуъбаи таваллудӣ ба 90 нафар амалиёти фаврии ҷарроҳӣ бо усули буриши қайсарӣ гузаронида шуд. Ҳомиладорон бо камхунӣ 341 нафарро ташкил медиҳад. Ба 481 нафар кӯдакони навзод БЦЖ гузаронида шуд. Эмгузаронӣ зидди бемории полиомиелит 572 нафар. Эмгузаронӣ зидди бемории Ҳепатити В572 нафар. Кӯдакони мурдатаваллуд 10 нафар. Фавти баъди таваллуди навзодон 9 нафар.

Қабул ва бистарии беморон дар шӯъбаи бемориҳои амрози занона ҳамагиӣ 102 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи ҷарроҳиҳои гузаронидашуда 10 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 7 нафар нақшавӣ 3 нафари дигар фаврӣ мебошанд.

Шуъбаҳои бемориҳои узвҳои даруна ва ҷарроҳии калонсолон

Қабул ва бистарии беморон дар шуъбаи бемориҳои даруна ҳамагӣ 129 нафарро ташкил медиҳад. Дар шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон тамоми намуди бемориҳои шадиди ҷароҳӣ фаврӣ ва нақшавӣ гузаронида мешаванд. Қабули беморон дар шуъбаи ҷарроҳӣ 155 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии бистарӣ 108 нафар бемор ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз ин миқдор 38 нафар фаврӣ ва 63 нафар нақшавӣ ва 7 нафар бо усули «Эндовидео Аэскулар» инчунин табобатҳои консервативӣ 49 нафарро ташкил медиҳад.

Шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ

Дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ 100 — бемор бистарӣ шудаанд. Аз шумораи умумии бистарӣ 70 нафар бемор ҷарроҳӣ шудаанд, ки аз ин миқдор 14 нафар фаврӣ 56 нафари дигараш нақшавӣ, инчунин табобатҳои консервативӣ 39 нафарро ташкил медиҳад. ЪЪЪШуъбаҳои бемориҳои дил ва тавонбахшӣ (Физиотерапия)

Қабули беморон дар шуъбаи бемориҳои дил 167 нафар мебошанд. Фавти беморон дар шӯъба 2 нафар. Қабули беморон дар шуъбаи тавонбахшӣ (Физиотерапия) 220 нафар амбулаторӣ 106 нафар, статсионарӣ 114 нафарро ташкил медиҳад, ки муоина ва муолиҷа карда шудааст. Ба беморони амбулаторӣ ва статсионарӣ 4544 намуди табобат (процедура) амбулаторӣ 537 статсионарӣ 4007 гузаронида шуд.

Шуъбаи пайвандсозӣ

Қабули беморон дар шуъба 22 нафарро ташкил медиҳад. Ба 12 нафар амалиётҳои ҷарроҳӣ ба таври нақшавӣ гузаронида шуд, ки аз ин шумора 7 нафар амалиёти пайвандсозии гурда ба ҳисоб меравад. Фавти беморон дар шӯъба ба 2 нафар мерасад.

Шуъбаи ёрии таъҷилӣ

Ба 173 нафар беморон ёрии таъҷилӣ расонида шуд аз инҳо 74 нафарашон барои бистарӣ фаро гирифта шуд. Аз ҷумлаи: Бемории фишорбаландӣ — 41 нафар, БСП халазании гурдаҳо — 15 нафар, ҳомиладорон — 9 нафар, дистонияи неросикулярӣ — 11 нафар, бемории шадиди роҳҳои нафас -53 нафар, энтерокалиди шадид -18 нафар, беморони осебдида ва латхурӣ -28 нафар, интиқолдодагон — 8 нафар, невралгияи байниқабурғавӣ — 2 нафар, газаки шадиди рӯдаи кирмшакл — 2 нафар.

Истифода аз маводҳои гиёҳдармонӣ

Ҳамагӣ шахсоне, ки дар чор моҳи сол 2020 аз гиёҳдармонӣ истифода бурдаанд шумораи онҳо ба 1031 нафар расид. Аз ҷумла: тавонбахшӣ (Физиотерапия)- 254 нафар, шӯъбаи бемориҳои дил — 70 нафар, шуъбаи бемориҳои узвҳои даруна -110 нафар, шуъбаи ҷарроҳии калонсолон -121 нафар, шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона ва урологӣ -160 нафар, шуъбаи бемориҳои амрози занона — 47 нафар, шуъбаи пайвандсозӣ — 76 нафар, дармонгоҳ — 64 нафар ва шуъбаи қабул ва нуқтаи шикастабандӣ бошад- 129 нафар.

Билоли ШАМС, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here