Муносибат бо гирифторони коронавирус чӣ гуна аст?

Коронавируси нави навъи COVID-19, ки моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Уҳани Ҷумҳурии Халқии Хитой ба қайд гирифта шуд, дар як муддати кутоҳ тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ҳатто ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии бузургтарин давлатҳо таъсири ҷиддӣ расонид.

Новобаста ба тадбирандешиҳои саривақтӣ (ба карантин фаро гирифтани нафарони аз дигар давлатҳо омада, бастани сарҳадҳо, манъ кардани парвози ҳавопаймоҳо ва ғайра), ин «меҳмони нохонда» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, «ташриф» овард. 29-уми апрели соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории каронавирус – COVID-19, ки зери роҳбарии Сарвазири кишвар фаъолият мекунад, сироят шудани 15 нафарро эълон кард. Ҳанӯз пеш аз эътирофи мавҷудияти коронавирус, дар кишвар якчанд беморхона барои табобати ин бемории ҳамагир мувофиқ гардонида шуд. Мутаассифона, чун дигар давлатҳо, дар кишвари мо низ рӯз то рӯз шумораи гирифторон ба бемории мазкур афзуда, то 11-уми июн ба 4834 нафар расид. Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин теъдод 900 нафар зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар фавтидаанд. То имрӯз 3062 нафари беморон шифо ёфтаанд.

Шумораи гирифторон дар саросари дунё бошад, аз 8,5 миллион нафар бештар шуда, зиёда аз 400 ҳазор нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд.

Албатта, дар мубориза бо коронавирус саҳлангориву фориғболӣ қобили қабул нест. Тамоми давлатҳо бо шаклҳои гуногун ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии босуръати он маҳдудиятҳо ҷорӣ карданд. Бо вуҷуди ин, беморӣ ба пандемия табдил ёфт. Дар кишвари мо низ шурӯъ аз аввали моҳи май тавассути воситаҳои ахбори омма (ВАО) матлабҳои зиёде дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус нашр шуда истодааст. Мутахассисон аслан риояи қоидаҳои санитариву гигиениро роҳи асосии эмин мондан аз сироят медонанд. Аммо дар ин замина, ба таҳлука афтодани мардум ва суистифода кардани як гуруҳ аз ин вазъият боиси ташвиш аст. Пӯшида нест, ки ҳанӯз вирус дар кишвари мо ба қайд гирифта нашуда, мардум ба дӯконҳои ордфурӯшӣ “ҳуҷум” карданд, ки дар натиҷа боиси якбора то 50 дарсад гарон шудани нархи орд гардид. Чун мардум орди зиёде харида захира карданд ва дар ин баробар мақомот тавассути ВАО захираи кофии ордро нишон доданд, як муддат нархи он ба ҳолати аввала баргашт. Пас аз он ниқоби тиббӣ камёфт шуд. Аммо тадбирандешиҳо дар ин самт низ таъсир расонд. Аксари корхонаҳои дӯзандагии кишвар истеҳсоли онро ба роҳ монданд, ки ба фаровонӣ ва нархи он таъсири хуб расонид.

Сипас, ҳамин ки мавҷудияти вирус дар кишвар эълон шуд, мардум аз эҳтимоли сироятёбӣ ба таҳлука афтода, одитарин бемориро чун эҳтимоли сироят ёфтанашон ба коронавирус қабул намуданд. Чунин амалҳо боис шуд, ки дар фазои иттилооти кишвар хабарҳои зидду нақиз пайдо шаванд. Зимнан, як гурӯҳ ба рақамҳои оморӣ бо шубҳа нигоҳ карда, то ҳол шумораи гирифторон ва фавтидагони бемории коронавирусро бештар аз омори расмӣ арзёбӣ мекунанд. Масъалаи дигар боварманд набудани як гуруҳ ба ройгон будани табобати беморон мебошад. Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз ин масъалаҳо мо ба Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» рафтем, ки яке аз калонтарин беморхонаҳои кишвар буда, ба табобати беморони сироятёфта ба коронавирус машғул аст. Тавре директори муассисаи номбурда, номзади илми тиб Хуршед Рустамзода изҳор дошт, як миқдори гирифторшудагон ба илтиҳоби шуш ва коронавирус дар ин маҷмаа ба табобат фаро гирифта шуда буданд. Чун аксари онҳо табобат ёфтаанду дар ин баробар муроҷиати сироятёфтагон хеле коҳиш ёфтааст, нафарони боқимонда низ рӯзҳои наздик пурра ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд.

Оё табобат ройгон нест?

Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» якчанд намуд хизматрасониҳои тиббӣ бо пардохти маблағи муайян амалӣ карда мешавад. Хуршед Рустамзода изҳор дошт, ки ин қарор имрӯзҳо ба сироятёфтагони коронавирус татбиқ намегардад, аз ин рӯ, тамоми хароҷоти беморони гирифторшуда бар он дар беморхонаҳо пурра аз ҷониби давлат пардохт мешавад.

– Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ беморхона бо тамоми шароит таъмин буда, мубталоёни коронавирус пурра бо доруворӣ, хӯрду хӯрок таъминанд. Аз рӯзи аввали бистарикунонӣ, то лаҳзаи охире, ки бемор шифо ёфта ба хонааш рухсат дода мешавад, комилан зери таъминоти давлат қарор дорад,- зикр кард Хуршед Рустамзода.

Бино ба гуфти номбурда, баъзе бемороне ҳастанд, ки берун аз тавсияи табибон аз наздиконашон овардани доруеро хоҳиш мекунанд, ки аслан дар табобати онҳо лозим нест. Чун онро пайдо карда наметавонанд, пас овоза мебароранд, ки гӯё чунин дору дар беморхонаҳо мавҷуд набошад. Ҳол он ки дар анборҳои беморхона ҳамон дору мавҷуд аст, аммо барои табобати чунин намуди беморӣ манфиатбахш, ки нест, истифода намешавад.

Доир ба вафоти шаҳрвандон бошад, ҳамсуҳбатам афзуд, ки бемориҳои зиёде мавҷуданд, ки боиси фавти инсонҳо мешаванд.

– Ҳар сол як теъдоди одамон аз бемориҳои гуногун вафот мекунанд. Имсол низ чунин аст ва ин маънои онро надорад, ки дар замони паҳншавии коронавирус ҳамаи вафотро дар сироят ёфтан ба он рабт диҳем,- зикр кард ӯ.

Бино ба гуфти Хуршед Рустамзода муроҷиати шаҳрвандон хеле коҳиш ёфта, шояд дар рӯзҳои наздик беморхона пурра аз беморони сироятёфта ба коронавирус холӣ шавад. Ӯ изҳор дошт, ки аллакай қисми таваллудхона ва биноҳои 6 ва 7 ба фаъолияти муқаррарӣ омода буда, дар сурати гирифтани дастур аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигар бахшҳоро низ ба фаъолияти муқаррарӣ бармегардонанд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мардум набояд аз коҳишёбии сироятёбӣ ба коронавирус фориғбол бошанд. Тавсияҳои мутахассисонро, ки пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мешаванд, риоя намуда, тарсу ҳаросро аз вуҷудашон дур кунанд, зеро он метавонад боиси хуруҷи беморӣ гардида, ба саломатӣ таъсири ҷуброннопазир расонад.

Муносибат бо беморон чӣ гуна аст?

«Салом кормандон ва табобатгирандагони муҳтарам. Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки пас анҷоми табобат шуморо сиҳату саломат ба хонаҳоятон гусел намояд.

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-ро бо доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин намуда, табобат дар ин ҷо комилан ройгон амалӣ мешавад. Табибон ва кормандони Маҷмаа муваззафанд, ки бо беморон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд. Дар ин баробар, беморонро низ зарур аст, ки бо эҳсоси масъулият ба тавсияи табибон амал намуда, баҳри солимии худ ва атрофиён кӯшиш кунанд, зеро саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама ба худи ӯ, вобаста мебошад.

Бори дигар ба беморон шифои комил ва ба кормандон мувафақиятҳои касбӣ орзу намуда, аз ҳамаи табобатгирандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои одобу рафтор ва муошират аз ҷониби кормандони муассиса ба директори он (рақамҳои директор эълон карда мешавад) муроҷиат намоед».

Ин як намуна аз муроҷиати ҳамарӯза ба табобатгирандагон ва кормандони Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мебошад, ки тавассути системаи хабаррасонии дохилӣ пахш мегардад. Бино ба гуфти директори муассиса ин амал, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани самаранокии кор роҳандозӣ шудааст. – Зеро,- мегӯяд номбурда,- чун гирифторони коронавирус иҷозати берун баромадан аз ҷойи табобатро надоранд, аз ин хотир мо ҳамарӯза чандин маротиба чунин муроҷиатномаро пахш мекунем, то ин ки аз камбудиҳо огоҳ шуда, барои ислоҳи он чораҷӯйӣ намоем.

Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи табобати беморон аз масъулин хоҳиш намудем, ки барои ворид шудан ба биное, ки дар он гирифторони коронавирус табобат мегиранд, мусоидат намоянд. Чунин ҳам шуд. Рӯзе, ки мо вориди бинои рақами 5 шудем (08.06.2020), дар он ҷо 29 нафар табобат мегирифтанд. Ҳуҷраҳо тозаву озода ва бо тамоми шароит муҷаҳҳаз буданд. Аз беморон пурсидем, ки чӣ шикоят доранд? Аммо ҳарфи эшон на шикоят, балки сипосу миннатдорӣ буд. Аз ҷумла, сокини шаҳри Душанбе Саидамир Сафаров бо эҳсосот сухан мекард. Ӯ изҳор дошт, ки дар ҳолати ниҳоят вазнин ба беморхона интиқол ёфта, бо кӯшишу заҳмати табибон вазъи солимиаш хеле беҳтар шудааст:

– Табиби бисёр бузургу ҳозиқи таърихиамон Муҳаммад Закариёи Розӣ гуфтааст, ки «табиб табиб нест, забонаш табиб аст». Духтурони мо ҳамин панди бузургонро сар машқи кори худ намудаанд. Бо забони ширин табобат карда истодаанд. Ҳамааш аз ҳисоби беморхона аст. Аз ягон чиз танқисӣ надорем. Ҳама чиз мерасад. Беҳтарин корашон ҳамин аст, ки забони хуш, муносибати хуб доранд. Бачаҳои хубу донишманданд, мефаҳмидагиву медонистагианд. Худованд нигаҳдорашон бошад. Ягон шикоят надорам. Худоро шукр, рӯ ба беҳбудием. Одам ба умед зинда аст. Умед дошта бошад, Худованд худаш шифо медиҳад,- зикр кард номбурда.

Ҳошимов Акмал низ чунин ҳолро дошт ва дар бораи шароити табобат ва муносибати табибон чунин гуфт:

– Ҳамаашон инсонҳои хубанд. Сари вақт омада хабар мегиранд, се вақт хӯрок медиҳанд. Доруҳо дастрас аст ва ягон камбудӣ надоранд. Бори аввал дар чунин шароит табобат мегирам,- афзуд ӯ.

Масъулин низ зимни суҳбат бо мо изҳор доштанд, ки то ҳол ҳеч шикояти ҷиддие аз ҷониби беморон ба онҳо нарасидааст.

Аз номбурда доир ба мушкили аслӣ дар самти табобати гирифторони коронавирус пурсон шудем. Изҳор дошт, ки мушкили асосӣ боз ҳам тарсу ҳарос ва таҳлукаи беасоси шаҳрвандон аст, ки дар шароити имрӯза одитарин бемориро ба коронавирус рабт доданӣ мешаванд. Бино ба гуфти ӯ, коронавирус ба дараҷае хатарнок нест, ки баъзеҳо фикр мекунанд. То 90 дарсади гирифторшудагон ба он дар шароити хона табобат гирифта, як миқдори камашонро зарурати бистарӣ кардан дар беморхона пеш меояд.

– Аммо, баъзан нафароне барои дар беморхона табобат гирифтан муроҷиат мекунанд, ки аслан зарурати бистарӣ шуданашон нест. Вақте ки табибон мефаҳмонанд, бовар намекунанд ва бо ҳар роҳу восита ба бистарӣ шудан исрор меварзанд,- зикр кард ҳамсуҳбатам.

Чӣ бояд кард?

Мақоли машҳури халқие дорем: “Худованд ранҷ, ки дод, шифоро ҳам медиҳад”. Гарчанде як вируси ба чашм ноаён шаш моҳ боз аҳолии дунёро ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ карда бошад, ҳам он рӯз дур нест, ки ҳаёт боз ба маҷрои пешина баргардад. Аллакай дар аксари давлатҳо реҷаи карантинӣ бекор шуда, корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз кардаанд. Олимону мутахассисон низ аз ихтирои ваксинаҳо хабар дода истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамватанони моро мебояд тавсияи табибонро ба инобат гирифта, ҳангоми гашту гузор фосиларо риоя намуда, пайи беҳбудии рӯзгорашон кӯшанд. Бино ба таъкиди мутахассисон, аз коҳиши сироятёбӣ ба коронавирус хушҳол бояд шуд, аммо фориғболу бепарво на. Дар ин росто, ба омори расмӣ такя намуда, аз овоза ва ахбори бардурӯғ ба таҳлука наафтанд. Ҳар яки моро зарур аст, ки бо рафтору амали оқилона ба ҳарчӣ тезтар нест шудани беморӣ мусоидат намоем.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here