Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дастгирӣ ёфт.

Тибқи маълумоти дастрасгардида, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, № АП-1365 «Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) » дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси ноҳияи Ховалинг аз 08.04.2020, №195 барои иҷро ва роҳбарӣ қабул гардида, дар ин замина Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Ховалинг таъсис дода шудааст.

Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омӯгозорон таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд, вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур, санаи 4-уми апрел бо иштироки бевоситаи роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, Рамазон Раҳимзода — вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрам дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони ҳамаи панҷ ҷамоат, вакилони маҳаллаҳо, эмомхатибҳо, духтурон ва омӯзгорон вохӯрии пешгирикунанда оид ба бемории сироятӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид.

Дар баробари ин, бо пешниҳоди Ситоди ноҳиявӣ, бо мақсади пешгирӣ ва таъмини беморхонаи марказии ноҳия, муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва раёсати маорифи ноҳия бо маводҳои зарурӣ, аз ҷониби раёсати молияи ноҳия 134 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин, ба наздикӣ барои гузаронидани хати кислород 24 ҳазор сомонии дигар ҷудо карда мешавад.

— Дар ин марҳила, мувофиқи ҳисоботҳои беморхонаи марказии ноҳия, барои омодагӣ ва қабули шаҳрвандон барои 86 кат ҷои хоб, барои гирифторони бемории короновирус дар БМН як биноаш алоҳида ҷои махсус омода карда шудааст. Ҳоло се нафар бемор дорем ва онҳо карантин шуда, ба табобат фаро гирифта шудаанд. Дар ҳолати зарурат мо боз имконияти 60 кати дигарро ҷо кардан дорем. Барои ин палатаҳо ҳаст, танҳо кат лозим. 140 адад либоси махсус, 1200 ҷуфт дастпӯшаки яккарата, 270 кг хокаи хлор, 100 литр хлори моеъ дорем. 800 дона ниқоб, 20 дона маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%), 30 адад собуни моеъ, 27 адад айнак, 30 адад шит, 3 ҷуфт пойафзоли резинӣ ва 500 адад бахилак захира карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд,- мегӯяд ҷаноби Ҳасанзода — сартабиби БМН.

Илова бар ин, санаи 02.05.2020 дар асоси дастуру супоришҳо аз маҷлиси назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроия гуруҳи корӣ бо ҷалби сохторҳои қудратии ноҳия барои бурдани корҳои ташфиқотӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, барои гаштани хона ба хона таъсис дода шудааст.

Дар ин раванд, бо мақсади тақвият бахшидани самти зикргардида, вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои безараргардонӣ дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳо, марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва бинои мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бомаром идома доранд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ховалинг, муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам, ҷиҳати дастрасӣ ва таъмини аҳолии ноҳия бо ниқоб бо ташаббуси Ситод мулоқот бо соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ ва занони ҳунарманд доир гардида, имрӯз аҳолии ноҳия пурра бо ниқоб таъмин мебошанд. Новобаста ба ин, дар ин марҳила аз ҷониби соҳибкорон 100 либоси махсуси тиббӣ (формаи 30), 10000 дона ниқоб ройгон ба беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дастрас карда шуда, илова бар ин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ 3200 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тиб ёрдами яккарата карда шудааст. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва ВКД ба оилаҳои камбизоати ноҳия дар умум 400 халта орд, 2000 кг шакар, 500 кг равған, 1500 кг биринҷ, 1500 кг макарон ва 600 кг гӯшт кӯмак карда шудааст.

— Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг қарор дорад,- мегӯяд раиси ноҳия.

Маводҳои доруворӣ маротибаи аввал дар ҳаҷми 36 номгӯй ҳамчун туҳфаи намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия, вазири корҳои дохилӣ дар беморхонаи марказӣ гузаронида шуда, маротибаи дуюм маводҳои доруворӣ дар ҳаҷми 19 номгуй ҳамчун туҳфа ба беморхонаи марказии ноҳия ирсол гардидааст.

Маводҳои доруворӣ дар ҳаҷми 4 номгуй ҳамчун туҳфа аз ҳисоби ОАО «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба беморхонаи марказӣ, инчунин маводҳои 10000 дона ниқоб, либоси махсуси муҳофизатӣ барои табибон — 100 дона, 100 даспӯшаки тиббии резинӣ, 100 адад айнак интиқол дода шудааст.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Ховалинг тибқи қарори Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, таҳти №94 «Оид ба гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.02.2020, таҳти №93 «Оид ба назорати минбаъдаи нафарони дар карантин қарордошта ва алоқаманд», вобаста ба паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 фаъолият бурда истодааст.

Дар якҷоягӣ бо маркази безараргардонию профилактикӣ ва маркази бемориҳои тропикӣ корҳои безараргардонӣ дар муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, тандурустӣ, масҷидҳо, нуқтаҳои савдо, корхонаҳою ташкилотҳо, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷумла, дар муассисаҳои соҳаи маориф 15500 метри мураббаъ, соҳаи тандурустӣ — 12000 метри мураббаъ, масҷидҳо — 8850 метри мураббаъ, маҳаллаҳои ҷамоатҳо — 7000 метри мураббаъ ва дар дигар муассисаҳо (марказҳои савдо, корхонаҳою ташкилотҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳҳо) ба масоҳати 24000 метри мураббаъ буда, ҷамъи умумии корҳои профилактикӣ то имрӯз 67350 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Барои пешгирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ дар ноҳия, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳлули гипохлориди натрий ба ҳаҷми 1680 литр ёрӣ расонида шудааст. Инчунин, аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои безараргардонӣ ба МНДСЭ-и ноҳия ба қадри имкон ёрӣ расонида шуда, маҳлули гипохлориди калсий 156 кг, маҳлули гипохлориди натрий 400 литрро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки то охири соли равон ё ин ки муҳлати ба анҷом расидани пандемияи ҷаҳонӣ, оид ба гузаронидани чорабиниҳои иловагии санитарию зиддиэпидемикӣ (профилактикӣ) ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар ҳудуди ноҳия корҳои оммафаҳмонӣ бурда мешавад.

Дар асоси нақшаи Ситоди ноҳиявӣ аз ҷонниби бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия ва бахши кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба 6890 хоҷагии ноҳия, хона ба хона рафта, суҳбатҳо оид ба ин мавзуи доғи рӯз бо мардум гузаронида шуда, инчунин буклетҳои иттилоотӣ оид ба СОВИД-19 низ ба мардум тақсим гардидаанд. Дар вақти хона ба хона гаштан оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини обӣ ва бекорхобида, истифодаи мақсадноки ҳар як ваҷаб замини назди МТМУ-ҳо, дармонгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ ва идораву муассисаҳо таъкидҳо шудааст.

Ҳамчунин, аз ҷониби Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солими ноҳия ва 30 нафар волонтёрҳо тариқи баландгӯяк корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ аз короновирус дар ноҳия гузаронида шудааст.

Билоли ШАМС, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here