.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Тандурустӣ

Шумо дар Тандурустӣ

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд: ҳамқадами замон

Нояб 03, 2018 Хонданд: 112
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд: ҳамқадами замон

Муассисаи давлати таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юcуф Баширхонович Исҳоқӣ» дар нишонии шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҷӯра Зокир 29 ҷойгир мебошад. Коллеҷ аз соли 1932 ҳамчун Техникуми тиббӣ фаъолиятро оғоз намудааст. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон 28 июли соли 1954 ба ӯ номи академик И.П.Павлов гузошта шудааст. Соли 1954 Техникуми тиббии ба номи академик Павлов ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд табдил дода шуда, ба тобеияти Вазорати танудурустии РСС Тоҷикистон дохил карда шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон 16 марти соли 1999 таҳти №100 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ба Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд табдил дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 таҳти №835 Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Ю.Б.Исҳоқӣ номгузорӣ карда шудааст. Бо назардошти таҷдиди соҳаи тандурустӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 Коллеҷи тибби шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ» табдил дода шудааст.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тибии шаҳри Ҳуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ таълимгоҳи миёнаи касбии тиббӣ буда, байни дигар коллеҷҳои тиббии кишвар мақоми хосаро соҳиб аст. Коллеҷ тӯли фаъолияти худ зиёда аз 32 000 нафар донишҷӯро ба воя расонидааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд. Шакли таълим дар Коллеҷ рӯзона ва шабона буда, шумораи муҳассилини коллеҷ 4226 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумлаи онҳо  689 нафарашон писарон ва 3537 нафарашон духтарон мебошанд, 1228 нафар тариқи буҷавӣ ва 2998 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар коллеҷ 12 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил менамоянд.

 

Устодони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

 

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ» айни замон 272 нафар кормандон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 226 нафар омӯзгорони асосӣ ва 350 нафар омӯзгорони ҳамкор фаъолият мебаранд.

То имруз 8 нафар омӯзгорони Коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон», 6 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар бо Ифтихорномаи кумитаи Иттифоқи кормандони соҳаи маориф ва соҳаи тандурустии вилояти Суғд, 8 нафар бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар Коллеҷ 1 нафар номзади илмҳои тиб, 3 нафар докторантони PHD, 2- унвонҷӯ, 5 нафар магистрантон фаъолият мебаранд. 

Дар соли таҳсили 2018-19 аз 70 нафар омӯзгорони асосӣ-38 нафарашон (54,2%) дорои дараҷаи тахассусӣ буда, аз ин миқдор 25 нафар (35,7%) дорои дараҷаи олӣ, 10 нафар (14,3%) дорои дараҷаи 1 ва 3 нафари дигар (4,3%) дорои дараҷаи 2-юм мебошанд.

Дар панҷ соли охир аз курсҳои такмили ихтисос 135 нафар омӯзгорон дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ва соҳаи маориф гузаштаанд.

 

Шуъба ва кафедраҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

 

Дар коллеҷ 6-шуъба: умумитиббӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ, дорусозӣ-дандонсозӣ, тибби-офиятӣ, тиббӣ-ташхисӣ ва тиббӣ-профилактикӣ амал мекунад.

Таълим дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои 2-790101–“Кори табобатӣ”, 2-790102–“ Кори момодоягӣ”, 2-790108–“Кори фарматсевтӣ”, 2-790106-«Кори ҳамширагӣ», 2790133-«Кори дандонсозӣ», 2-790104-«Кори тибби ташхисӣ», 2790103-«Кори тибби-профилактикӣ» ва “Кори тибби офиятӣ” гузаронида мешавад. Инчунин, дар заминаи таҳсилоти миёнаи асосӣ аз рӯи ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ” ва “Кори фарматсевтӣ” гузаронида мешаванд. Ғайр аз ин 15 кафедраи фаннӣ (ҷамъиятшиносӣ, забони давлатӣ, забонҳои ҳориҷӣ, ҷарроҳия, касалиҳои амрози дарунӣ, момоӣ ва амрози занона, педиатрия, тибби оилавӣ, кимиё ва биология, анатомия ва физиология, микробиология ва беҳдошт, информатикаи тиббӣ, дорушиносӣ ва стоматологӣ) дар коллеҷи тиббӣ фаъолият доранд.

Инчунин, созмонҳои ҷамъиятӣ: иттифоқи касабаи донишҷуён ва омӯзгорон, шӯрои занон ва духтарон, бахши кор бо ҷавонон мавҷуданд.

 

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимию лаборатории коллеҷ

 

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дорои 2-бинои таълимӣ, 1-бинои хобгоҳ, 1– китобхона, 1 – қироатхона, 1– толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1– бунгоҳи тиббӣ, 1– толори маҷлисгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо, ошхона, устохона, кабинети методӣ, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва маъмурӣ мебошад.

Масоҳати умумии коллеҷ 10406 метри мураббаъ, аз он ҷумла масоҳати маъмурӣ ва ёрирасон-156 метри мураббаъ, масоҳати таълимию лабораторӣ 7850 ва хобгоҳ 3500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Инчунин дар заминаҳои таълимии мазкур: Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, Беморхонаи клиникавии вилоти Суғд (18 синфхона бо масоҳати 1130 м2), Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона (11 синфхонаю 1 толор бо масоҳати 770 м2), Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд (8 синфхона бо масоҳати 360 м2), Беморхонаи клиникавии №2 шаҳри Хуҷанд (4 синфхона ва 1толор бо масоҳати 510 м2), Марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд №№ 1,2,3,4,5,6 (48 синфхона ва 1 толор бо масоҳати 2655 м2), таввалудхонаи вилоятӣ, таввалудхонаи шаҳрӣ (4 синфхона бо масоҳати 580 м2), Беморхонаи микроҷарроҳии чашм (2 синфхона ва 1 толор бо масоҳати 255 м2), Диспансерҳои саратоншиносӣ(1 синфхона ва 1толор бо масоҳати 182 м2) ва амрози пӯст (4 синфхона бо масоҳати 262 м2), эндокринологӣ (1 синфхонаю 1толор бо масоҳати 205 м2), стоматологии бачагона, Маркази дилшиносии вилоятӣ (7 синфхона бо масоҳати 344 м2), дармонгоҳи стоматологии бачагона (2 синфхона бо масоҳати 125 м2), Беморхонаи шаҳрӣ ва маркази саломатии Бустон (6 синфхонаю 1толор бо масоҳати 540 м2), Маркази саломатии шаҳри Бӯстон (6 синфхона бо масоҳати 375 м2), Беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров (9 синфхона бо масоҳати 533 м2), Беморхонаи марказии №2-и ноҳияи Б.Ғафуров (5 синфхона бо масоҳати 302 м2), Беморхонаи физиотерпевтии ҷумҳуриявӣ (1 синфхонаю 1 толор бо масоҳати 220 м2) ҷамъ 101 синфхонаҳои таълимӣ, 37 ҳуҷраҳои корӣ, 8 толори лексионӣ, 3 кафедраи соҳаи тиб дар ин муассисаҳо ҷудо карда шуда машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ гузаронида мешаванд, ки масоҳати онҳо 9348 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ масоҳати умумӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ 19754 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати таълимӣ 17198 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ба ҳар як донишҷӯ (миқдори донишҷӯён 4160 нафар) 6,2 метри мураббаъ рост меояд.

 

Синфхонаҳои компютерии коллеҷ

 

Дар коллеҷ 3- синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки дорои 130- компютер, дар кабинетҳои маъмурӣ 63 – компютер ҷамъ 198 компютер, 29 адад проектор, 30 адад доскаи электронӣ, мизу курсиҳо мебошад. Тибқи меъёрҳои муайянкунанда барои муассисаи таълимӣ бояд 6 компютер ба 100 нафар донишҷӯ рост ояд, барои коллеҷ 182 адад компютер барои 3448 нафар донишҷӯ мувофиқи меъёр рост меояд. Дар айни замон коллеҷи мазкур дорои 198 адад компютер аст, ки ин ба 100 нафар донишҷӯ 5,7 адад компютерро дар бар мегирад. Инчунин, коллеҷ бо 33–принтер таҷҳизонида шуда, ҳамаи компютерҳо бо хати интернет пайваст мебошад

 

Китобхонаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

 

Китобхонаи коллеҷ дар бинои якошёнаи алоҳида дар саҳни ҳавлӣ ҷой гирифтааст. Масоҳати он 182 метри мураббаъ (қабулгоҳ–30, китобхона-105, қироатхона-72 метри мураббаъ), бо 26 адад мизу 52 адад курсӣ, 4 адад ҷевони китобгузорӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар дохили китобхона барои 60 ҷои нишасти донишҷӯёну омӯзгорон қироатхона дорад, ки он 72 метри мураъббаро ташкил медиҳад. Китобхона дорои 28 адад компютерҳо бо ҷойи нишаст мебошад. Дар китобхонаи Коллеҷ 2 нафар кормандон (мудири китобхона ва китобдор) фаъолият менамоянд, ки як нафар дорои маълумоти олӣ ва 1 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошад. Китобхона бо рӯшноии табиӣ ва сунъӣ таъмин мебошад. Кироатхонаю кироатхона бо гармидиҳакҳои барқӣ гарм карда мешавад. Ба донишҷӯён дар асоси карточкаи инфиродӣ бо пешниҳоди билети донишҷӯӣ, ки аъзои китобхона буданашро тасдиқ менамояд, китоб дода мешавад. Гардиши китоб 80%-ро ташкил медиҳад. Китобхона 2800 нафар аъзо аз ҳисоби донишҷӯёнро дорад. Китобхонаи коллеҷ соли ҷорӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳои зерин: «Омӯзгор», «Садои мардум», «Чумҳурият», «Минбари халқ», «Сухани халқ», «Чавонони Тоҷикистон», «Народная газета», «Хақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Шуълаи умед», «Адабиёт ва санъат», «Ваҳдат», «Саломат бошед», «Илм ва ҳаёт», «Садои шарқ», «Бонувони Тоҷикистон», «Ноҳид», «Паёми Суғд», «Тирози ҷаҳон», «Фирӯза», «Тоҷикистон», «Халқ овозӣ», «Ахбори маҷлиси олӣ», «Ризқофарин», «Суғд ҳақиқати», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор», «Русский язык  и литература в школах Таджикистана», «Масъалаҳои маориф» обуна мебошад. Китобхона дорои анбори китобнигаҳдорӣ мебошад. Анбор аз ҳуҷраи алоҳида иборат буда, дар 38 рафҳои 8 ошёнаи китобдорӣ китобҳо тибқи фанҳои гуманитарӣ, тахассусӣ, бадеӣ, илми-методӣ, сиёсӣ ва ғайра ҷобаҷо гузошта шудаанд.

 

Донишҷӯёни коллеҷ ва гуруҳҳои мақсаднок

 

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд имрӯз дар шуъбаҳои рӯзона ва гуруҳҳои мақсаднок дар маҷмуъ 4226 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 ихтисос таҳсил менамоянд, ки аз ин миқдор 3995 нафар дар заминаи худи коллеҷ ва 231 нафар дар заминаи гуруҳҳои мақсаднок таҳсил менамоянд. Ҳамаи донишҷӯёни коллеҷ дар шуъбаи рӯзона ба таври буҷавӣ ва шартномавӣ хонда истодаанд. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд идрорпулӣ ба донишҷӯёни аълохон ба маблағи 128,70 сомонӣ ва донишҷӯёни хубу аълохон ба маблағи 91,26 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Мувофиқи шартнома дар коллеҷ мутахассисони  миёнаи касбӣ тайёр карда мешаванд. Машғулиятҳои амалӣ бо донишҷӯён дар заминаи ҳамаи муассисаҳои тиббии дар шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, сурат мегиранд.

Заминаҳои мазкури дар боло зикр гардида, бо қадри қаноатбахш бо мизу курсиҳо муҷҷаҳаз мебошанд. Аксари омӯзгорони кафедраҳои дар боло номбар карда шуда дорои малакаҳои хуби касбӣ ва педагогӣ буда, бисёри онҳо собиқаҳои бисёрсолаи омӯзгорӣ доранд ва аз уҳдаи вазифаҳои касбии худ баромада, ҳаракат менамоянд донишҷӯёнро бо малакаҳои касбӣ хуб омода созанд.

Қисми таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзии коллеҷ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳадди ақал тамоми имконият ва шароитҳои мувофиқро барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва қабл аздипломии донишҷӯёнро дар муассисаҳои табобатӣ ва профилктикӣ фароҳам оварад. Қайд намудан зарураст, ки оид ба ҳар 3 зинаи таълими амалӣ (машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ- истеҳсолӣ ва қаблаздипломӣ)- и донишҷӯён ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода карда шудаанд ва аз рӯи онҳо ҷараёни гузаронидани таълими амалӣ сурат мегиранд.

 

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

 

Ҳама гуна таҷрибаомӯзиҳо ба донишҷӯён дар асоси фармони вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.04.2009, таҳти № 253муайян шуда, мувофиқи он дар тамоми пойгоҳои табобатӣ-пешгирикунандаи шаҳри Хуҷанд дар асоси шартномаи байниколлеҷ ва муассисаҳои тиббӣ ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи нақшаҳои таълимии коллеҷ донишҷӯён дар ҳамаи курсҳо таҷрибаомӯзиҳои гуногун мегузаронанд. Масалан, дар ихтисосҳои умумитиббӣ, кори ҳамширагӣ ва дандонсозон таҷрибаомӯзии таълимӣ аллакай аз курси аввал оғоз шуда, то курси чорум давом мекунад. Онҳо боз таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ ва қаблаздипломиро низ мегузаранд.

 

 

Адабиётҳои таълифнамудаи омӯзгорони коллеҷ

 

Адабиётҳое, ки тайи солҳои охир аз тарафи омӯзгорони коллеҷ таҳия гардиданд инҳоянд: Комилов И.Ҳ., Почоев Б.Ҳ. “Асосҳои психологияи умумӣ ва тиббӣ”, с.2016; Хоҷаев Б., Почоев Б.Ҳ. “Асосҳои методии коркарди муаррифии мавзуъҳои дарсӣ”, с.2016; Ҷӯрабоева М., Деҳқонова М. “Дастури методӣ барои дарсҳои амалӣ аз фанни гистология”, с.2017; Бобоева Ш., Почоев Б. “Психологияи умумӣ ва тиббӣ” с.2015.

 

Дастовардҳои Коллеҷи тиббии Хуҷанд

 

Дар асоси мактуби ташкилоти ҷамъиятии “Пайванди Ҷавонони Тоҷикистон” (Enactus Tajikistan) санаи 16 майи соли равон дар шаҳри Душанбе байни муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни миллии лоиҳаҳои соҳибкорӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ягона муассисаи миёнаи касбӣ буд, ки дар ин озмун аъзо буда фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи 4-ум гардид, бо ифтихорнома ва 1 роҳхат барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Enactus World Cup”, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сан-Хосеи ИМА баргузор гардид, сарфароз гардид.

 

Ҳафтаи кафедраҳо дар коллеҷ

 

Таи чанд соли охир гузаронидани ҳафтаи кафедраҳо дар коллеҷ анъана гардидааст. Яке аз муваффақиятҳои гузаронидани ҳафтаи фаннӣ дар он аст, ки дар давоми ҳафта як миқдор маводҳои дидактикӣ, лавҳаву плакатҳои замонавӣ, таблитсаҳои фаннӣ, намунаҳои тестӣ, буклету коркардҳои методӣ тартиб дода мешаванд ва якчанд чорабиниҳои таълимиву тарбиявӣ ва берун аз синфӣ сурат мегиранд.

 

Ғамхорӣ нисбати донишҷӯён

 

Директори коллеҷ Комилов И.Ҳ. барои дастгирии моддиву маънавии донишҷӯёни ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат мунтазам тадбир андешида, ҳамасола онҳо дар арафаи ҷашнҳои миллӣ бо мадади моддӣ, бо стипендияи моҳона дастгирӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, ин қабил донишҷӯён соли хониши нав бо хилъатҳои таълимӣ ва лавозимоти хониш ройгон таъмин шуданд. Чун анъана дар ошхонаи коллеҷ хӯроки яквақта ройгон дастрас мегардад. Дар хобгоҳи коллеҷ донишҷӯдухтарон ва ятимони кулл бо тариқи ройгон ва донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат бо тариқи 50 % пардохти маблағ фаро гирифта мешаванд.

Дар хобгоҳи коллеҷ маҳфили “Дастони моҳир” амал карда, барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо дастгоҳи адрасу атлас ва гилембофӣ таъмин карда шудааст, ки донишҷӯёни хоҳишманд метавонанд ин ҳунарҳоро ройгон аз худ кунанд. Ҳамчунин дар хобгоҳ ба хоҳишмандон барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дарсҳои иловагӣ таълим дода мешаванд. Аз ҷониби Итттифоқи касабаи коллеҷ дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ятимон туҳфаҳо ва маблағҳо аз 50 то 200 сомонӣ тақдим карда мешавад.

 

Ба ҷои охирсухан: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд яке аз куҳантарин муассисаи таълимӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ ба шумор рафта, 86 сол инҷониб ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғул мебошад. Ҳангоми дидан кардан аз коллеҷ як камбудии ҷузъӣ ба назар расид. Барои бартараф кардани ин мушкилоти ҷузъӣ МИҲД-и шаҳри Хуҷандро зарур аст, ки даромадгоҳи асосии ин муассисаи таълимиро аз ҳар гуна фурӯшгоҳову нуқтаҳои тиҷоратӣ озод намояд, то онҳо ба раванди таълим халал нарасонанд ва ҳамчунин бинои хуштарҳи муассиса ба ҳусни Хуҷандшаҳри бостонӣ ҳусн зам намояд.

 

“МТЖТ”

Тағйироти охир Шанбе, 03 Ноябр 2018 10:21
Хонданд 112
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.