.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Тандурустӣ

Шумо дар Тандурустӣ

Оё “Қарори 600” бори дӯши мардумро гирифт?

Окт 13, 2018 Хонданд: 325
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Оё “Қарори 600” бори дӯши мардумро гирифт?

Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2 декабри соли 2008, таҳти рақами №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ҳаҷми пардохт барои табобату ташхисро муайян кардааст.

Таҳиягарон ва тарафдорони ин қарор, иддао доштанд, ки шарикии давлат ва аҳолӣ мебоист ба рушди ин соҳа, муҳити солим дар табобатгоҳҳо, ташкилу табобати босифати беморон, афзудани ҳавасмандии кормандони тиб, аз байн бурдани  хидматонаи табибон заминаи воқеӣ фароҳам меовард. Оё ҳамин тавр шудааст ва то куҷо ин қарор ба мардум нафъ овард?

Бобоҷон Салоҳов, як  сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, муддате сари болини низдикони бемораш қарор дошт. Ва чанд мушоҳида аз ин беморбониҳо дар бемористони марказии шаҳри Панҷакент бардоштааст, ки ба гуфтаи ӯ, қарори 600 ба дарди мардум намехӯрдааст. 

Ба андешаи Салоҳов, бемореро, ки синнаш аз 80 боло буд ва мадори раҳгардӣ надошт, шаш маротиба, аввал бо аробачаи маъюбӣ, баъдан бо мошин ба ҳуҷраи ташхиси фавқуссадо, ки берун аз ҳудуди бемористон қарор дораду моли шахсӣ аст (яъне аз беморхона нест), бурда, соатҳо интизорӣ кашида, оварданд. Чизи дигар, ки боиси аҷобати онҳо шудааст, ин буда, ки наздикони бемор худ ба ташхисгоҳ рафта, кӯрпаву болишту рӯйҷо ҳам меовардаанд. 

Ба сифати далел аз дорухати (дорухат гуфтан шартӣ аст, варақчае бо номи дорухат)  бемореро, ки мебоист ҷарроҳӣ шавад, иқтибос меорам. Он ҷо скалпел (теғи ҷарроҳӣ), кетгут (ришта барои дӯхтани ҷароҳат), дастпӯшаки резинӣ, дока ҳам сабт шуда, ки соҳибони бемор бояд аз дорухона  харида биёранд. 

Тибқи қарои 600 бемороне, ки синнашон аз 80 боло аст, аз пардохти маблағи табобат озод ҳастанд. 

“Бале, онҳо ба хазинаи беморхона маблағ намесупоранд, вале ҳамаи хароҷоти табобатро ба дӯш доранд. Баъди ҳамаи ин ба шумо мегӯянд, ки арзиши табобатро ба хазина супоред. Ва беморон месупоранд. Ҷои пинҳон кардан нест, ба дасти табибон низ чун “хидматона” маблағ медиҳанд” – мегӯяд Салоҳов. 

Тавре коршиносони масоили молиявӣ  шарҳ доданд, ҳар сол бо назардошти муроҷиатҳои соли пешин нақшаи воридоти маблағ аз ҷониби беморон ва муроҷиаткунандагон тибқи талаботи қарори номбурда бо назардошти арзиши табобат ва ташхисҳои дастрас ва ё маъмулӣ дар муассисаҳои тиббӣ таҳия мегардад. Ҳарчанд на ҳамеша сухани хона ба бозор рост меояду маблағҳои пешбинишуда пурра ҷамъ мешаванд.

 Маблағҳое, ки тибқи қарори №600 дар муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент ҷамъоварӣ шудааст.

Мутобиқи чунин нақшабандӣ соли 2018 бояд беш аз 4,5 миллион сомонӣ ба суратҳисобӣ махсуси хазинадории раёсати молияи шаҳр ворид гардад. 

Зимнан, ҳамаи маблағҳое, ки аз ҳисоби татбиқи қарори мазкур ҷамъоварӣ мегардад, дар суратҳисоби махсуси раёсати молияи шаҳр ғун шуда, пасон мутобиқи хароҷот гуруҳбандӣ шуда, масраф мегардидаанд. Аммо саволи асосӣ: ин маблағҳо бо чӣ мақсадҳо масраф мешаванд?

Дар ҷадвали зер сарфи ин маблағҳо тибқи гуруҳбандии иқтисодӣ дар се маврид - пардохти музди меҳнат, захираҳои моддию молӣ, ки ба он дорувор низ ворид аст, харидории таҷҳизоти тиббӣ дар солҳои 2016-2017 оварда мешавад. 

Аз ин ҷадвал ва нишондодҳои дигар муассисаҳои тиббӣ бармеояд, ки тақрибан 23-33 фоизи маблағҳои ғайрибуҷетии онҳо барои пардохти маоши кормандон, аз 17 то 50 фоизаш барои захираҳои моддӣ-молӣ ва қисми хеле ночизаш барои харидории таҷҳизоти тиббӣ масраф мегардад. Масалан, дар дармонгоҳи стоматологии шаҳри Панҷакент соли 2016-ум 31 фоиз барои пардохти маош, 50 фоиз барои захираҳои моддӣ-молӣ ва харидории таҷҳизот, дар беморхонаи марказии марказии шаҳр, 25 фоиз барои пардохти маош, 54 фоиз барои захираҳои моддию молӣ, 2,2 фоиз барои харидории таҷҳизот, дар муассисаи давлатии ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) 23 фоиз барои маош, 44 фоиз -захираҳои моддию молӣ ва ҳамагӣ 5,4 фоиз барои харидории таҷҳизот масраф шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки тавре ёд шуд, масалан дар калонтарин муассисаи тиббии госпитали шаҳри Панҷакент - беморхонаи марказии шаҳр як дастгоҳи ташхиси фавқуссадо нест ва таҷҳизоти рентгенӣ кайҳост, ки носоз буда, дар ин шаҳр ягон дона дастгоҳи МРТ мавҷуд намебошад. 

 

Аз ин маблағҳо тибқи гурӯҳбандии иқтисодӣ барои пӯшонидани дигар хароҷот, аз ҷумла, таъмир, хидматҳои коммуналӣ, эҳтиёҷоти иҷтимоӣ низ истифода мешавад. Ҳамчунин, тибқи муқаррароти Қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018” аз маблағҳои суратҳисоби махсуси муассисаҳои тиббӣ 5 фоиз ба буҷет низ ворид карда мешавад. 

Бо қабули ин қарор мардум умедвор буданд бо пардохти маблағ аз ташвиши хариди дорувор, хароҷоти дигари ташхису табобат озод мешаванд. Мутаассифона, ин ташвишҳо ҳанӯз побарҷоанд. 

Шоҳини Равшан, коршиноси маҳаллӣ аз Панҷакент барои самаранок ва ба фоидаи мардум истифода бурдани маблағҳои аз ҳисоби қарори 600 ҷамъшаванда пешниҳоде дорад:

- Ба назари ман, истифодаи маблағҳои тибқи қарори маълум пардохтшаванда бояд зери назорати ҷиддии мақомоти марбута қарор гирад, истифодаи онҳо дигаргуна шавад. Он танҳо барои пардохти иловагӣ ба маоши кормандон ва харидории дорувор ва таҷҳизоти соҳа пешбинӣ гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бароварда шавад. 

Инро аз тариқи ҳамчун моддаҳои ҳифзшаванда ба гурӯҳбандии иқтисодӣ ворид карда, танҳо бо ин мақсад ба муассисаҳои тиббӣ барои масраф ҷудо кардани маблағҳои тибқи қарори 600 воридшуда ба роҳ мондан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир дар бисёр маврид бемор ҳам тибқи қарори мазкур барои ташхису табобат маблағ мепардозад, ҳам барои ин хидматҳо ва дастмузди табибон маблағи иловагӣ сарф мекунад. 

Баъдан, бояд бемор ва ё муроҷиаткунанда ба муассисаҳои тиббӣ, хоса муассисаҳои тиббии госпиталӣ донад, ки ба ивази маблағе, ки расман пардохт мекунанд, ба онҳо чӣ хидмат расонида мешавад. Ҳоло бошад ин ҳам дар беморхонаи марказии шаҳр  сирри давлатӣ аст.

 

Хуршеди Фозил,

 Ҷӯраи Мулло, МТЖТ

Тағйироти охир Шанбе, 13 Октябр 2018 17:37
Хонданд 325
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.