.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Тандурустӣ

МЕВАИ ШАҲДБОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Янв 19, 2019
Хонданд: 45
МЕВАИ ШАҲДБОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо қарори Ҳукумати маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аз 28.02.1992, №22 ва фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.5.1992, №225 таъсис дода шудааст. Муассиси таълимгоҳ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сохтори коллеҷ чунин аст: директор, муовини директор оид ба таълим, муовини директор оид ба тарбия, мудири шуъба, мудири таҷрибаомӯзӣ, мудири шуъбаи таълим, услубшинос, мудири кафедраи тахассусӣ, мудири кафедраи гуманитарӣ, шуъбаи кадрҳо, муҳосибот, бойгонӣ, китобхона, гуруҳҳои мақсаднок дар ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Сангвор ва Нуробод. Дар коллеҷ ба донишҷӯён якҷоя бо гуруҳҳои мақсаднок 106 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба сабақ меомӯзанд.

Дар таълимгоҳ мутахассисони миёнаи тиб аз рӯи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ», дар заминаи таҳсилоти асосӣ ва умумӣ тайёр карда мешаванд. Муҳлати таҳсил дар коллеҷ дар заминаи таҳсилоти асосӣ 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умуми 3 сол муқаррар карда шуда, дар таълимгоҳ талаботҳои Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.

 

Заминаҳои моддиву техникӣ

Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дорои як бинои 3 ошёнаи таълимӣ ва як хобгоҳи 3 ошёнаи замонавӣ мебошад, ки соли 2016 бо ташаббус ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 20-солагии Истиқлолият ба истифода шуд. Он аз 16 синфхона ва 16 кабинет иборат аст. 

Дар заминаи таълими амалӣ дар ҳамаи шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия 15 кабинети таълимӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён он ҷо таҷрибаи амалӣ мегузаронанд.  Байни Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи марказии ноҳия, маркази саломатӣ ва беморхонаҳои маркази ҷамоатҳо, ки дар онҳо таҷрибаомӯзии донишҷӯён гузаронида мешавад, шартнома баста шудааст. Кабинет ва лабараторияҳои таълимгоҳ бо муляжҳо, скелети одам, устухонҳои узвҳои одам, узвҳои дарунии одам, узвҳои сар, гуруҳҳои хун, индикаторҳо, асбобҳои ҷарроҳикунанада, асбобҳои фишорченкунӣ, доруворӣ, лавозимотҳои дорусозӣ ва маводҳои айёни таҷҳизонида шудаанд.

Дарсҳои техникаи информатсионӣ пурра дар синфхонаи компютерӣ гузаронида мешаванд. Айни ҳол дар Коллеҷ 78 адад компютер, 2 адад ноутбук ва 3 адад проектор мавҷуд аст. Дар оянда нақша аст, ки шумораи онҳо ба 105 адад расонида шавад. Умуман оиди Барномаи  давлатии компютеркунонии муассисаи таълимӣ чора андешида мешавад.

 

Самти фаъолияти кафедраи “Фанҳои тахассусӣ ” 

Кафедраи “Фанҳои тахассусӣ” фаъолияти худро тибқи нақшаи таълимӣ  ва як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар ҶТ”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии омодасозии мутахассисони тиббӣ дар солҳои 2010-2020” ва Барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ ба роҳ мондааст. Дар кафедра ба беҳтар намудани сифат, пешрафт ва давомоти таълим дар машғулиятхои таълимии фанҳои тахассусӣ, мустаҳкам намудани малакаву маҳоратомӯзии касбии донишҷӯён, бештар фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз адабиётҳо, модулҳои таълимӣ ва технологияи компютерӣ, ҳамчунин, омодасозии дастурҳо ва адабиётҳои таълимӣ ва роҳандозии корҳои тарбиявию ахлоқӣ дар байни донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Ҳайати кадрии кафедра аз 7 нафар омӯзгорони пуртаҷриба ва 45 нафар ҳамкорон иборат аст. 

 

Сифати корҳои таълимӣ

Кафедра баҳри амалӣ сохтани қарорҳои Шӯрои илмӣ-педагогӣ вазъи мавҷудаи раванди таълиму тарбия, инчунин барои беҳбудӣ бахшидани сифати таълимро ба таври доимӣ мавриди омӯзиш ва назорати ҷиддӣ қарор дода, дар баланд бардоштани сифати таълим корҳои назаррасеро ба сомон мерасонад. Тибқи барномаҳои таълимӣ дар кафедра донишҷӯёни ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” дар чор бахш вобаста ба ихтисосашон усулҳои «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия», «Бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ», «Бемориҳои чашм», «Асосҳои кори ҳамширагӣ оиди парасторӣ», «Анатомия», «Физиология», «Биологияи тиббӣ», «Физикаи тиббӣ», «Асосҳои микробиология», «Бемориҳои пӯст», «Бемориҳои сироятӣ», «Бемориҳои кӯдакона», «Беҳдошти умумӣ», «Патологияи умумӣ», «Ёрии таъҷилӣ дар ҷаррохия», «Ёрии таъҷилӣ дар терапия», «Момоӣ ва бемориҳои занона», «Герантология ва гериартрия», «Қавигардонии солимии аҳолӣ», «Тибби ҳолатҳои фавқулодда», «Генетика», «Гистология», «Таҳқиқоти корҳои лабораторӣ», «Асосҳои эҳёгарӣ» ва «Бемориҳои асабу руҳ»-ро меомӯзанд.

Дар ин робита аз тарафи омӯзгорони фаннӣ санҷишҳо гузаронида мешаванд, ки натиҷаи онхо дар Шӯрои методии коллеҷ мавриди муҳокима қарор мегиранд. Ҳамаи барномаҳои таълимӣ, нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯӣ, фардии омӯзгорон дар кафедра мавҷуданд ва онҳо дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима карда шуда, аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълим, муовини директор оид ба корҳои таълими амалӣ ва мудири кафедра тасдиқ карда шудаанд. Дар кафедра усулҳои анъанавӣ, байналфаъоли (интерактив) машғулиятгузаронӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, ҷараëни таълим бо истифода аз навигариҳои тибби муосир сурат мегиранд. Машғулиятои лексионӣ ва амалии фанни ҷарроҳия тариқи мултимедиавӣ (видеофилмҳои таълимӣ ва рӯнамоиҳо) гузаронида мешаванд.

 

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Барои беҳтар ва самаранок намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кафедраи “Фанҳои тахассусӣ” ҳоло аз ҷониби мудири кафедра дар самти ошкор намудани омилҳои асосии бемориҳо, дастрасии ёриҳои тиббию-санитарӣ, самаранокии диспансеризатсияи маъюбон, ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сабабҳои пайдоиши бемориҳои маъюбии модарзодӣ, аз ҷумла, издивоҷи байни хешу ақрабо, ки боиси пайдошавии насли носолим мегарданд, дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ корҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ гузаронида шуда истодаанд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён ба таври мунтазам истифода бурда мешавад. 

Тибқи нақшаи корӣ байни гуруҳҳо баргузории мусобиқаҳо, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, семинарҳо бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён оиди технологияҳо нави омӯзиш, мизҳои гирд ва соатҳои тарбиявӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 

 

Навоварӣ дар ҷараёни таълим 

Дар Маркази таълимию табобатии ҷарроҳии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт барои беҳтар намудани шароити таълими амалӣ барои донишҷӯён шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар равиши таълим донишҷӯён дар рафти амалиётҳои ҷарроҳӣ ва муоинаи беморон  иштирок менамоянд.

 

Омезиши назария бо амалия

Сифати машғулиятгузаронии омӯзгорон зери назорати роҳбарият қарор дошта, аз рафти дарсдиҳии омӯзгорон ба таври мунтазам назорат бурда мешавад. Мудири кафедра дар 24 машғулияти омӯзгорон иштирок намудааст. Дигар омӯзгорон бошанд, ҷамъулҷамъ дар 26 машғулияти ҳамдигар ширкат намудаанд.

Таҳлили дарсҳо нишон медиҳанд, ки сифати машғулиятгузаронӣ дар дарси омӯзгорон Атоев Р., Аминов С., Давлатов К., Шодиева О., Хушвахтова Г. хуб ба роҳ монда шудааст.

Коллеҷ корҳои назоратиро дар алоқамандии зич бо мудирони шуъбаҳои беморхонаи марказии н. Рашт ва роҳбарони гуруҳҳо ба роҳ мондааст.  

Нисбати гуруҳҳои сатҳи донишандӯзиашон суст, ғоиби бисёрдошта гузориш тартиб дода шуда, дар якҷоягӣ бо мудири шуъба суҳбатҳо гузаронида мешавад. Ҳамаи омӯзгорони асосӣ дар Беморхонаи марказии н. Рашт навбатдорӣ менамоянд ва ҳамарӯза дар корҳои табобатӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамзамон, омӯзгорони коллеҷ Нуров М., Гиёев К., Низомова А., Ҳусейнова С., Саймуродов Х., Раҳмонов Т. ва Содиқов М. беморонро дар шароити дармонгоҳӣ ва статсионарӣ низ қабул намуда, тавсияҳои зарурӣ медиҳанд. 

 

Нақша-чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мудом тадбирҳои судманд андешида мешавад. Чунончӣ, «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими имрӯзаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Баҳри амалӣ гардонидани ин барнома дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, дар ҷараёни таълим ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Тибқи нақша-чорабиниҳо ба муаллимони фанҳои забони русӣ ва англисӣ корҳои дастурдиҳӣ пайваста гузаронида шуда, рафти омӯзиши онҳо аз тарафи шӯрои методӣ мавриди назорат қарор дода  мешавад. Барои муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯён ҳар моҳ як маротиба «Мониторинг» гузаронида шуда, дониши донишҷӯён ба таври  шифоҳӣ (тести) ва хаттӣ муайян карда мешавад. Дар коллеҷ ҳар моҳ як маротиба «Рӯзҳои забони русӣ ва англисӣ» гузаронида шуда, дар ин рӯзҳо донишҷӯён бо якдигар бо забони русӣ ва англисӣ гап мезананд. 

Инчунин, баҳри тезонидани раванди тадбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва « Консепсияи миллии маълумоти  Ҷумҳурии Тоџикистон» дар коллеҷ як қатор корҳои назаррас ба сомон  расонида шуданд. Ҳамаи омӯзгорон нақшаҳои тарбиявии хешро дар асоси консепсияи мазкур тартиб дода, аз рӯи он фаъолияти тарбиявӣ  мебаранд. Онҳо дар дарсҳои тарбиявӣ ҳафтае як маротиба аз зарурат ва татбиқи унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ сухан гуфта, шогирдонро ба тоқатпазирӣ, таҳаммул ва донишандӯзӣ ҳидоят менамоянд.

Тайи солҳои охир якчанд қарору, барномаҳои давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расиданд. “Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ” ва вусъатбахши ҳамин консепсия «Консепсияи роҳнамои касбии хонандагон дар ҶТ» аз қабили онҳост. Дар ин росто, маъмурияти коллеҷ нақша-чорабиниҳои мукамал тартиб дода, баҳри амалӣ гардонидани онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Ба донишандӯзии донишҷӯён баҳои воқеӣ дода, дар ҷараёни таҷриба-омӯзии онҳо дар шуъбаҳои алоҳида аз рӯи фанҳои тахассусӣ назорати  доимӣ бурда мешавад ва баҳри такмили касбиашон чораҳои муфид андешида мешавад.

 

Дастгирии донишҷӯён

Донишҷӯёне, ки хуб таҳсил намудааанд, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ сафарбар карда мешаванд. Омӯзгорон низ барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ роҳнамоӣ карда мешаванд. Албатта дар ҷараёни таҳсил дар коллеҷ донишҷӯёни зиёд ниёз ба ёрии моддӣ доранд. Донишҷӯёни алоҳида новобаста аз натиҷаи ҷамъбасти  санҷишҳо ва имтиҳонҳо, ки аз оилаҳои камбизоат маҳсуб меёбанд, бо идрорпулии яквақта таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷӯёне, ки  сатҳи зиндагии оилаашон паст аст, сарфи назар аз маҳалли зисташон бо ҷои хоб таъмин карда шудаанд. 

Маъмурияти коллеҷ пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд, ки бобати иҷрои саривақтии тамоми амру супоришҳо ва санадҳои муфид андешад. Албатта, баҳри амали гаштани тамоми барномаву ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расида, татбиқи саривақтиро тақозо менамояд, ки ба соҳибмаълумот гаштани аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.  

 

Ва як мушкилот

Феълан коллеҷ ба як мушкилот мувоҷеҳ аст. Ин ҳам бошад, набудани автомашинаи хизматист, ки барои сари вақт огоҳ шудан аз рафти таълим ва таҳсили донишҷӯён дар гуруҳҳои мақсадноки дар навоҳии Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор монеа пеш меорад. 

 

«МТЖТ»

Хонданд 45
Ворисони дармонбахши Сино дар Кӯлоб

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта, нахустин маротиба соли 1953 ҳамчун мактаби тиббии шаҳри Кӯлоб ва соли 1954 чун «Омӯзишгоҳи тиббӣ» бо муҳлати сесолаи таҳсил таъсис дода шудааст.

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуда, дорои 2 бинои таълимии дуошёнаи бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳазгардонида мебошад. Муассисаи мазкур дар тӯли фаъолияти худ даҳҳо ҳазор мутахассисони соҳаи тибро тарбия намуда, дар хизмати халқу Ватан қарор додааст ва алъон низ на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми кишвар маъруфият дорад. Айни замон аз 47 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ донишҷӯён дар он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин худ гувоҳ аз маъруфияти коллеҷ аст.

Дар коллеҷ ба донишҷӯён 5 нафар устодони унвонҷӯй, 2 нафар кормандони Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи медали Хизмати Шоиста, 18 нафар аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 нафар дорандаи дараҷаи тахассуси олӣ; 13 нафар дорои дараҷаи I, 14 нафар дараҷаи II дарс мегӯянд, ки ин худ аз сатҳи баланди таълим дар коллеҷ шаҳодат медиҳад.

 

Шӯъбаҳо, ихтисосҳо ва кафедраҳо

Аз суҳбат бо директори коллеҷ Назаров Ҷумахон маълум шуд, ки дар Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб 5 шуъба - шуъбаи «Кори табобатӣ», шуъбаи «Кори ҳамширагӣ», шуъбаи «Кори момодоягӣ», шуъбаи «Кори фарматсевтӣ, «Кори дандонсозӣ», «Кори тиббӣ - профилактикӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», шуъбаи «Кори фарматсевтӣ ва ҳамширагии шабона» ва гуруҳҳои мақсаднок амал мекунанд. Дар доираи шуъбаҳои номбурда муҳассилин аз рӯи ихтисосҳои зерини миёнаи тиббӣ таҳсил мекунанд:

1.Кори табобатӣ 2 - 790101 (тахассус - ҳамшираи тибби оилавӣ).

2.Кори ҳамширагӣ 2 - 790106 (тахассус - ҳамшираи тиббӣ).

3.Кори момодоягӣ 2 - 790102 (тахассус - момодоя).

4.Кори фарматсевтӣ 2 - 790108 (тахассус - ёрдамчии фарматсевт).

5.Кори дандонсозӣ 2 - 790133 (тахассус - техники дандон).

6.Кори тиббию ташхисӣ 2 - 790104 (тахассус - лаборант).

7.Кори тиббию профилактикӣ (тахассус - ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ).

Ба ғайр аз ин, дар коллеҷ 6 кафедраи фаннӣ - кафедраи фанҳои гуманитарӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи морфологӣ, кафедраи умумитибб ӣ ва биологӣ, кафедраи корҳои ҳамширагӣ ва тибби оилавӣ, кафедраи ҷарроҳӣ амал мекунанд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва касбияти муҳассилин саҳми арзанда мегузоранд.

 

Шумораи устодон ва донишҷӯён

Дар коллеҷ 111 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 72 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорони соатбайъ ва ҳамкор 312 нафар мебошанд. Аз шумораи омӯзгорони асосӣ 51 нафарашон омӯзгорони фанҳои тиббӣ ва 60 нафар омӯзгорони фанҳои ғайри тиббӣ мебошанд. Ғайр аз ин, 212 нафар омӯзгорон дар басти дуҷойягӣ кор мекунанд.

Шумораи умумии донишҷӯён дар коллеҷи тиббӣ дар соли хониши 2018-2019-ум 4011 нафарро ташкил медиҳад (1962 нафар гуруҳҳои буҷавӣ ва 2049 нафар гуруҳҳои шартномавӣ), ки аз ин шумора 3155 нафарашон духтарон буда, аз 47 ноҳияҳои кишвар гирд омадаанд. Коллеҷ инчунин дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин ва Ховалинг гуруҳҳои мақсаднок дорад, ки дар онҳо 483 нафар муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли хониши 2018-2019 дар курсҳои якум Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ карда шудааст.

 

Таҷрибаомӯзӣ чун муҳимтарин бахши таълим

Ба қавли директори коллеҷ Ҷумахон Назаров, дар муассиса таҷрибаомӯзии донишӯён қисми асосии раванди таълимӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён аст. Тибқи нақшаи таълимие, ки аз тарафи маъмурияти муассиса тасдиқ шудааст, таҷрибаомӯзии донишӯён бо се усул гузаронида мешавад:

1. Таълимӣ - (бо таълими назариявӣ).

2. Таълимӣ - истеҳсолӣ (бе таълими назариявӣ).

3. Қабл аз дипломӣ (таҷрибаомӯзӣ дар ҷои кор).

Дар рафти боздид аз синфҳои ихтисос ӣ, лабораторияҳо ва синфҳои тибби оилавӣ мушоҳида намудем, ки тамоми синфхонаҳо бо асбобҳои аёнӣ, муляжҳо ва дигар лавозимоти таълимии тиббӣ комилан муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳама шароит барои азхудкунии касби интихобкардашуда муҳайё карда шудааст.

Бо роҳнамоии муовини директор оид ба таълим Ҳакимова Латофат мо аз тамоми синфхонаҳо ва лабораторияҳо дидан кардем. Дар рафти сайри яксоатаи сифхонаҳо ва лабораторияҳо маълум шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Институти Шветсариягии бемориҳои тропикӣ ва тандурустии оммавӣ 4 ҳуҷраи таълимии амалӣ бо ҳамаи шароитҳои хозиразамон муҷаҳҳаз гардидаанд. Аз ҷумла 4 маникени таълимию амалӣ, ки бо компютер пайваст мебошанд, муляжҳо, тарозуҳои тиббӣ, катҳои бисёрвазифавӣ, глюкометрҳо, ҷабираҳо, тренажёрҳо, барои тазриқи доруҳо, тренажёрҳои акушер-гинекологӣ, термометрҳо ва танометрҳои электронӣ, тобидаҳои хунманъкунанда, сониясанҷҳо барои чен кардани набз, стетоскопҳои таълимӣ, асбобҳои ҷарроҳии гуногун, аробачаҳои тиббӣ барои маъюбон, муляжҳои кӯдакона, зонтҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, проекторҳо, дастпӯшакҳои тиббӣ, қуттиҳои қатрон ӣ дар ҳамаи дарсҳои амалӣ истифода бурда мешавад. Донишҷӯён дар дарсҳои амалӣ бевосита бо онҳо кор мекунанд ва донишу касбияти худро сайқал медиҳанд.

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб дорои кабинетҳои фаннии бо ашёҳои фаннӣ ва овезаҳои таълимӣ муҷаҳҳазгардонидашудаи физика, кори ҳамширагӣ, фалсафа, гигиена, толори лексионӣ, информатика, педиатрия, таърих, кимиё, физиотерапия, асосҳои равоншиносии умумӣ, забони лотинӣ, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ба талаботи барномаҳои таълимии имрӯза комилан мувофиқат мекунанд ва дар онҳо дарсҳои назариявию амалӣ аз тарафи устодони таҷрибадор гузаронида мешаванд.

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб инчунин бо 32 муассисаҳои тиббию табобатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шартномаи  байниҳамдигарӣ ба имзо расонидаааст, ки дар онҳо 60 ҳуҷраҳои таълимӣ вуҷуд доранд. Донишҷӯён дар муассисаҳои номбурда таълими амалӣ мегиранд ва дастурамалҳои заруриро аз худ менамоянд. Дар бинои асосии коллеҷ инчунин шуъбаи дандонсозӣ вуҷуд дорад, ки дар он ҳам ба корафтодагон хизмат расонида мешавад, ҳам донишҷӯён бевосита дар рафти кори дандонсозӣ ва андозагирӣ иштирок намуда, таҷриба мегиранд.

 

Маркази технологияи иноватсионӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб маркази технологияи инноватсионӣ мавҷуд аст, ки дорои 5 синфхонаи компютерӣ ва 100 адад компютер буда, 10 ададаш бо шабакаи интернет пайваст мебошад. Маркази тестии муассиса бошад, комилан нав буда, дар толори он 32 компютер ба шабакаи интернет пайваст карда шуда, донишҷӯён дар рафти супоридани имтиҳонҳо бевосита аз он истифода мебаранд.

 

Китобхона

Китобхонаи коллеҷ соли 1953 таъсис дода шуда, дар бинои таҳхонаи коллеҷ ҷойгир шудааст. Шумораи умумии китобҳо 16659 ададро ташкил медиҳад, ки 5725 адади онро китобҳои тахассусӣ, 2814 ададашро китобҳои бадеӣ ва сиёсӣ ва 8120 ададро китобҳои дарсӣ ташкил медиҳанд. Коллеҷ инчунин дорои китобхонаи электрон ӣ буда, дар умум 2600 нафар донишҷӯён ва 100 нафар омӯзгорон ба он аъзо мебошанд.

 

Хобгоҳ

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дорои хобгоҳи чорошёна буда, дар он 450 нафар донишҷӯйдухтарон истиқомат мекунанд. Донишҷӯёни нимаятим ва ятимони кулл ба таври ройгон бо ҷои хоб таъмин карда мешаванд. Хобгоҳ бо ҳама шароити зист - бо  ҷевон, рахти хоб, мошини ҷомашӯӣ, ташноб, ҳуҷраи оббозӣ, кӯрпа, телевизори замонавӣ, ҷой барои хӯрокпазӣ таъмин мебошад. Инчунин, хобгоҳ дорои ошхонаи хуб аст. Дар нақша аст, ки бинои нави хобгоҳ дар соли оянда ба истифода дода шавад. Дар он сурат муассиса имконият пайдо хоҳад кард, ки ҳуҷраҳои бештареро барои истиқомат ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд ҷудо намояд.

Дар коллеҷ 17 нафар ятимони кулл таҳсил мекунанд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ятимони кулл ҳамеша зери дастгирии роҳбари муассиса қарор дошта, ба онҳо идрорпулӣ аз тарафи муассиса ва соҳибкорон дода шуда, инчунин рӯзҳои ид, ҷашнҳо онҳо бо тӯҳфаҳо ва кӯмакпулиҳои махсус қадр карда мешаванд.

 

Корҳои созандагию бунёдкорӣ

Дар соли 2018 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр пешравиҳо роҷеъ ба созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ба чашм мерасанд, ки мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла аз таъмири пурра баровардани хобгоҳи донишҷӯён, болопӯш кардани биноҳои таълимии коллеҷ, таъмири таҳхонаҳои бинои асосии коллеҷ, тайёр намудани синфхонаҳои таълим ӣ, таъмири китобхона ва ошхона барои донишҷӯёну омӯзгорон дар таҳхонаи бинои асосӣ, ба истифода додани 1 синфхонаи нави компютерӣ бо 35 адад компютер, ба истифода додани маркази таълимӣ - истеҳсолӣ, лабораторияи ташхиси бактериологӣ барои донишҷӯён, таъмин намудани 5 синфхонаи замонавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва таъмини кафедраи кори ҳамширагӣ ва тибби оилавӣ бо воситаҳои айёнӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, коллеҷ дорои як толори калони варзишӣ ва як майдончаи варзишӣ мебошад, ки ба талаботи рӯз комилан ҷавобгӯ аст.

 

Корҳои тарбиявӣ

Аз суҳбат бо директори коллеҷ Ҷумахон Назаров ва омӯзгорону хонандагон маълум шуд, ки сатҳи корҳои тарбиявӣ дар коллеҷи мазкур дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гашта, сифати дарсҳои тарбиявӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз дарсҳои назарявию амалӣ барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани муҳассилин дар коллеҷ бо кормандони мақомоти қудратӣ чандин маротиба вохӯриҳо ташкил карда шуда, дар масъалаҳои доғи рӯз, шомил нашудан ба гуруҳу ҷараёнҳои мазҳабӣ - экстремистӣ - ифродгароӣ, суҳбату баромадҳои ҷолиби диққат гузаронида мешаванд, ки дар шароити кунунӣ гузаронидани чунин суҳбатҳо аҳамияти барҷаста доранд.

 

Нашрияи «Дармонбахш»

Коллеҷ нашрияи шахсии худро бо номи «Дармонбахш» дорад, ки дар он мақолаҳои устодону донишҷӯён ба чоп расида, ҳаёту фаъолияти донишҷӯён, табибон, фаъолияти донишҷуён дар гуруҳҳои мақсадноки ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин инъикос карда мешавад.

 

Иштирок ва ғолибият дар озмунҳои тахассусӣ ва варзишӣ

Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар моҳи май дар олимпиадаҳои фаннӣ ва касбии тахассусӣ дар байни муассисаҳои тахсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон онҳо дар озмунҳои касбӣ ва тахассусӣ байни коллеҷҳои тиббии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият баромад карда, сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд.

Дастовардҳои донишҷӯён дар бахши варзиш хеле зиёд аст. Дар мусобиқаи шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни духтарон ва писарон ҷои 1-ум ва дар баскетбол ҷои 2-юмро соҳиб шуданд. Дар соли 2018 Спартакиадаи XI-уми ҷумҳурияв ӣ аз намуди волейбол дар байни коллеҷ ва донишгоҳҳо гузаронида шуд. Дастаи писарони волейболи коллеҷ дар ин спартакиада сазовори ҷойи 1-ум ва дастаи футболбозони писарона сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Дар чемпионати ҶТ оид ба чавгонбоз ӣ дар соли 2018 Давлатов Комрон  ҷои дуюм, дар чемпионати ҶТ оид ба тенниси рӯимизӣ Раҳматуллоева Бунафша ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Мисолҳои мазкур гувоҳи онанд, ки донишҷӯёни коллеҷи мазкур танҳо бо омӯзиши касби духтурӣ қаноат накарда, дар ҳама соҳаҳо нерӯи зеҳнӣ ва  ҷисмонии худро тақвият бахшида, обрӯи коллеҷро на танҳо дар минтақа, балки дар кулли кишвар боло мебаранд.

 

Омодасозии мутахассисони ба меъёр ҷавобгӯ

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳама нерӯи созандаи хешро баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббии  ҷавобгӯ ба меъёрҳои давлатӣ харҷ намуда, бо мақсади вусъати минбаъдаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ҷабҳаҳои дигари ҳаёти коллеҷ татбиқи чораҳои зеринро шарти асосӣ медонанд:

- дар раванди таълим истифода бурдани усулхое, ки фаъолнокии донишҷӯёнро бедор мекунад;

- ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои фардӣ ва иловагӣ;

- ҷоннок намудани кори таълифи дастуру мақолаҳои илмӣ, методӣ ва таълимӣ;

- ҷалб намудани омӯзгорону шогирдони лаёқатманд ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

- ҷоннок сохтани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар тарбияи донишҷӯён;

- таваҷҷӯҳи махсус додан ба вазъи хобгоҳ ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ байни истиқоматкунандагон ва донишҷӯёне, ки дар хонаҳои иҷоравӣ зиндагонӣ мекунанд;

- иштироки фаъоли маъмурият, омӯзгорон ва тамоми донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ.

Як бартарияти хуби коллеҷи мазкур дар он аст, ки аксари хатмкунандагонаш тибқи шартнома ба кор фаро гирифта мешаванд ва ин обрӯву нуфуз ва рейтинги муассисаро боз ҳам болотар мебарад. Қабул ба коллеҷи мазкур ба воситаи ММТНП ҶТ сурат гирифта, ба онҳое, ки нияти таҳсил дар коллеҷро доранд, кафолати пурраи вориси воқеии Абӯалӣ ибни Сино шудан дода мешавад. 

 

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

Хонданд 352

Пайравони Бӯалӣ

Дек 15, 2018
Хонданд: 454
Пайравони Бӯалӣ

Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар заминаи се муассиса - Омӯзишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Ёвони вилояти Қӯрғонтеппа, базаи филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ва бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон (соли 1988) таъсис дода шуда, сипас дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 Омӯзишгоҳ ба Коллеҷ табдил дода шудааст. Коллеҷ тибқи Стандарти давлатии маълумоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти таълимиро ба роҳ мондааст. Ҳамчунин, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2015-2016-ум ба тобеияти Коллеҷи мазкур фаъолияти гуруҳи мақсадноки дар шаҳри Норак буда вобаста карда шудааст.

 

Заминаҳои моддию техникӣ

Мутобиқи фармони раиси ноҳияи Ёвон аз 10.08.2009, №928 «Дар бораи кӯчонидани Омӯзишгоҳи тиббии ноҳия ба яке аз биноҳои Омӯзишгоҳи касбии техникии №48», коллеҷ аз 01.09.2010 таҳсилро баъди таъмир дар ин бино оғоз намуд. Бинои таълимӣ, ки аз се ошёна иборат аст, бо қувваи омӯзгорон ва донишҷӯён таъмир карда шуд.

Тибқи шартнома, дар беморхонаи марказии ноҳия дар шуъбаҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ, вогиршиносӣ, дармонгоҳ ва умуман ҳамагӣ 13 синфхона ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин утоқҳо асосан дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд.

Айни ҳол дар бинои таълимӣ дар 23 синфхона дарсҳо гузаронида мешаванд: анатомия, момодоягӣ, забони лотинӣ ва фармакология, физиология, педиатрия, 5 синфи «Кори ҳамширагӣ», омодагии ҳарбӣ, риёзӣ ва физика, химия ва биология, биохимия, 2 синфи ҷомеашиносӣ, 2 синфхонаи омӯзиши компютерӣ, забон ва адабиёти тоҷик, кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ ва супоридани имтиҳонҳои давлатии хатмкунандагон, забони хориҷӣ ва забони русӣ.

Дар сохтори коллеҷ шуъбаҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори лабораторӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» мавҷуд мебошанд. Айни замон дар Коллеҷ 4 кафедра фаъолият дорад: Кафедраи «Кори ҳамширагӣ», кафедраи «Умумитиббӣ», кафедраи «Гуманитарӣ» ва кафедраи «Тибби-риёзӣ».

Раванди таълим дар коллеҷ дар ду давра гузаронида мешавад. Дар баробари ин, дарсҳои амалӣ асосан дар синфхонаҳои базавӣ, яъне утоқҳои дарсии шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия гузаронида мешаванд.

Барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шудааст. Инчунин, фаршҳои синфхонаҳо бо линолиум пӯшида шудаанд, ноқилҳои барқӣ ва трансформатор аз нав таъмир карда шудаанд. То ин ҷониб 22 адад компютер дар синфхонаи «Асосҳои информатика» мавҷуд буд. Билохира боз 1 синфхонаи иловагӣ аз фанни «Асосҳои информатика» ташкил ва бо 21 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳоло ин синфхонаҳо бо 26 адад тахтаи электронӣ, 24 адад видеопроектор, 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 124 адад компютер, 10 адад принтер, 10 адад дастгоҳи нусхабардорӣ ва 260 адад курсӣ мавриди истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон қарор доранд.

 

Китобхона

Қироатхонаи китобхонаи Коллеҷи тиббӣ дорои 54 ҷойи нишаcт буда, бо интернет пайваст мебошад. Дар китобхони коллеҷ шӯрои китобхона дар ҳайати 6 нафар ташкил карда шудааст, ки пайваста барои ҷобаҷогузорӣ ва таъмиру тармими китобҳо кӯмак мерасонанд. Ҳамзамон, қироатхонаи китобхона бо 17 адад компютери ҳозиразамон (Pеntiуm-4) таъмин аст, ки донишҷӯён метавонанд аз китобхонаи электронӣ (173 адад китоб) ва шабакаи интернетӣ истифода намоянд. Маъмурияти Коллеҷи тиббӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи китобҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дастрас бошанд. Аз ҳамин лиҳоз, дар китобхона қариб аз ҳамаи фанҳои тиббие, ки донишҷӯён меомӯзанд, китобҳо муҳайё карда шудаанд.

Айни ҳол теъдоди умумии китобҳо ба 15534 адад расидааст. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз китобҳои тахассусӣ ва китобҳои дарсӣ намерасанд. Ҷиҳати иҷрои Қарори ҷаласаи назоратии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2013, №19/1-1 дар бораи ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхона, ҳар моҳ мувофиқи реҷаи муқарраргашта, ҳамаи гуруҳҳои амалкунандаи Коллеҷи тиббӣ ба китобхона ҷалб карда шудаанд. Донишҷӯён аз аввали сентябр то 26-уми ноябр 6239 адад китобро барои мутолиа гирифтаанд.

Маъмурият ва китобдори китобхона минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, барои шароити хуб фароҳам овардан ба донишҷӯён тадбирҳои заруриро андешанд.

 

Кадрҳои омӯзгорӣ

Дар коллеҷ тибқи ҷадвали штатӣ ва тарификатсияи кадрҳо дар соли таҳсили 2018-2019-ум 185 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Аз он ҷумла, омӯзгорони асосӣ - 75 нафар, соатбайъ - 67 нафар, омӯзгорони соатбайъ дар гуруҳи мақсадноки ш. Норак - 43 нафарро ташкил медиҳанд, ки 156 нафарашон дорои маълумоти олиянд. Аз моҳи январи соли ҷорӣ то имрӯз 34 нафар омӯзгор ба кори асосӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Шумораи донишҷӯён

Ҳоло дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон 1411 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 1072 нафарро духтарон ва 339 нафари боқимондаро писарон ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ донишҷӯён таҳсил менамоянд, чӣ аз Душанбеву навоҳии тобеи марказ ва чӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон.

 

Раванди таълим

Раванди таълим дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон аз рӯи 4 нақшаи таълими модулӣ: ихтисоси 2-790106 «Кори ҳамширагӣ», 2-790102 «Кори момодоягӣ» дар заминаи таҳсилоти асосӣ, муҳлати таҳсил 4 сол ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, муҳлати таҳсил 3 сол ва 2-790104 «Кори лабораторӣ» ва 2-790108 «Кори фармасевтӣ» ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимӣ дар заминаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳия гардида, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Дар соли хониши 2018-2019 дар Коллеҷи тиббӣ 2 маротиба машварати Шӯрои омӯзгорӣ гузаронида шуда ва кори таълимӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Шӯро фаъолият кардааст. 

 

Комиссияи қабул

Имсол Коллеҷи тиббии н. Ёвон 434 нафар донишҷӯёнро қабул намуд, ки аз он 242 нафар аз хатмкунандагони мактабҳои миёнаи асосӣ бо тариқи анъанавӣ ва 192 нафари он аз хатмкунандагони мактабҳои миёна бо тариқи Маркази миллии тестӣ, ки дар маҷмуъ аз ҳисоби донишҷӯён дар заминаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 332 нафарашон духтарон мебошанд.

Ҷамъомадҳои комиссияи қабул бо танзим гузашта, пайнавиштҳои он тартиб дода шудааст ва дар ҷузвдони махсус ба миқдори 18 адад навишта шудаанд. Дар ҳар як пайнавишт масъалаҳои доир ба кори комиссияи қабул дида баромада шуда, бо назардошти ин масъалаҳо қарорҳои мушаххас қабул карда шудаанд. Аз болои рафти қабул, батартибандозӣ ва нигоҳдории парвандҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари раиси комиссия ва котиби масъул назорат мебурданд.

Натиҷаи кори комиссияи қабул нишон дод, ки дар баробари нишондодҳои беҳтарин дар кори комиссияи қабул камбудиҳо низ ҷой доштанд. Дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон, махсусан аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ дар пур кардани номаи камол бо қисмати забони русӣ ба хатоҳо роҳ дода шуда буд.

 

Пешниҳод

1. Камбудиҳое, ки дар вақти пур намудани номаи камол (аттестат), ки довталабон дар вақти ҳуҷҷатсупорӣ пешниҳод кардаанд, бахусус мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия, ки ӯзбекзабонанд, ошкор гардид, хуб мебуд масъулини соҳаи маориф ҳангоми пур намудани номаи камол корҳои фаҳмондадиҳиро бо масъулин анҷом медоданд.

2. Бо котибони масъули комиссияи қабул, то оғози кори комиссияи қабул хуб мебуд аз ҷониби масъулини вазоратҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ (семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ) гузаронида шавад.

3. Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ягонаи супоридани ҳисоботҳои комиссияҳои қабул таҳия ва барои корбарӣ ба истифода дода мешуд.

 

Сифати таълим

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои баланд бардоштани назорати сифати таълим дар Коллеҷ гуруҳи назорати сифати таълим аз тарафи директор таҳти рақами 15 аз 02.02.2015 сол тартиб дода шудааст, ки он пайваста амал мекунад. Инчунин, ҳар семоҳа дар Коллеҷ мониторингҳои фаннӣ гузаронида шуда, дар ҷаласаҳои кафедраҳои умумитиббӣ ва гуманитарӣ ва шӯрои омӯзгорӣ дида баромада мешавад. Ҳамчунин, мувофиқи нақша машғулиятҳои иловагӣ, дарсҳои кушоду намунавӣ, конференсияҳо сари вақт гузаронида шуда, байни омӯзгорон нақшаи аёдати дарсҳои байни ҳамдигарӣ ба роҳ мононда шудааст. Барои ҷалби донишҷӯён ба қироати китоб аз тарафи мудири китобхона тартиби гирифтани китоб аз тарафи донишҷӯён дар китобхонаи коллеҷ тартиб дода шудааст. Маъмурият дар оянда барои баланд бардоштани сифати таълим кӯшиши ҳаматарафа карда истодааст.

Тибқи накшаи гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот ва ҷадвали тасдиқшудаи маъмурияти Коллеҷи тиббӣ аз моҳи феврал то имрӯз дарсҳои омӯзгорони Коллеҷи тиббӣ зери назорат қарор дода шудааст. Аз ҷониби ҳайати гуруҳ дарси омӯзгорони ҷавон, ки нав ба таълим фарогир шудаанд, мавриди санҷиш карор гирифт. Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки омӯзгор соҳиби малакаи хуби омӯзгорӣ аст.

Дар вақти санҷиш маълум гашт, ки ҳар як омӯзгор барнома, нақша ва модулҳои дарсии худро дорад. Дарсҳои зери санҷиш қароргирифтаи омӯзгорон дар дафтари махус қайд мешаванд. 

Гузаронидани дарсҳои кушоду намунавӣ низ қобили қабул аст, зеро аксари омӯзгорон ин дарсҳои худро тибқи технологияҳои инноватсионӣ гузаронида истодаанд.

 

Фаъолияти методӣ

Мувофиқи нақшаи кории методии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ” дар нимсолаи дуюми соли хониши 2018-ум оид ба иҷрои бандҳои дар нақшаи корӣ ҷойдошта барои дар сатҳи баланд ва беҳтарсозии сифати таълими донишҷӯён кору фаъолият намуда истодааст.

Ҳамкорӣ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ мунтазам идома дошта, ҳар замон аз барномаҳои таълимӣ истифода бурда мешавад. Тибқи нақша ва ҷадвали тасдиқгардидаи нимсолаи дуюми соли хониши 2018-ум аёдати байниҳамдигарии омӯзгорони коллеҷ низ дар доираи нақша иҷро шуда, машғулиятҳои яксоатаи якдигарии омӯзгорон таҳлилу баррасӣ гашта истодааст.

Донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Чунончи, дар олимпиадае, ки санаи 18-19-уми майи соли 2018 дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ баргузор гардид, донишҷӯёни Коллеҷи тибии ноҳияи Ёвон аз рӯйи фанҳои забони тоҷикӣ (иншо), забони русӣ (нақли хаттӣ), забони англисӣ (диктант, шифоҳӣ), математика (тест), биология (тест), химия (тест), таърихи халқи тоҷик иштирок намуда, аз фанҳои математика, химия, биология ва забони русӣ натиҷаи хуб нишон доданд: Донишҷӯйи гуруҳи 205-и бахши дуюми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Назаров Суҳайлӣ Алиевич аз фанни “математика” ҷои якум, донишҷӯйи гуруҳи 408-и бахши чоруми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Шамсиев Файзалӣ Қурбоналиевич аз фанни “химия” ҷои дуюм, донишҷӯйи гуруҳи 402-и бахши чоруми шуъбаи “Кори ҳамширагӣ” Азизов Орифҷон аз фанни ”биология” ҷои ифтихорӣ, донишҷӯйи гуруҳи 128-и бахши якуми шуъбаи “Кори ташхиси тиббӣ” Боева Фирӯза аз фанни забони русӣ ҷои ифтихориро сазовор шуданд.

Ҳамчунин, Назаров Суҳайлӣ гирандаи стипендияи Президентӣ ва Самадова Сумая, Файзуллоева Марҳабо гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон дар маҷмуъ, дар байни 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мақоми сеюмро ишғол намуд. Албатта, кор дар доираи нақшаи муайян баҳри омода намудани донишҷӯёни Коллеҷ барои боз ҳам ба натиҷаҳои хуб сазовор шуданд.

 

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон барои соли 2018-ум дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи директори Коллеҷ Раҳмиддин Шарифзода ба роҳ монда шуда, тибқи он амалӣ мешавад. Дар коллеҷ рӯйдодҳои сиёсӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ пайваста таҷлил мегарданд. Баргузории чорабиниҳои хотирмоне, чун “Аз паём то паём”, Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи Аҷам, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Дарси Сулҳ, Рӯзи забони модарӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, Рӯзи Мавлоно, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам ва ғайраҳо гувоҳи дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ҷавон аст. Дар ин доира баҳри ба ҳаёти мустақилона омода намудан, инчунин солимии донишҷӯёни коллеҷ озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва касбӣ гузаронида мешаванд.

 

Иҷроиши барномаҳо

Баҳри амалӣ гаштани Барномаи “Тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” маъмурияти Коллеҷи тиббии н. Ёвон мунтазам тадбирҳои судманд андешида, онро зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Коллеҷро соли ҷорӣ 315 нафар донишҷӯ хатм намуданд, ки аз он 234 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамаи хатмкардагон бо қарори комиссияи таъинотӣ ба ҷойҳои кори доимӣ сафарбар карда шуданд. Тайёр намудани кадрҳои ихтисосманд дар Коллеҷи тиббӣ доимо таҳти назорати маъмурият мебошад. Барои ба ҷои кор таъмин шудани хатмкунандагони коллеҷ ҳамасола комиссияи таъинотӣ дар ҳайати директори коллеҷ, менеҷерони сохтори госпиталӣ ва КАТС дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои мазкур таъсис дода мешавад. Инчунин тибқи супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ маниторингҳои фаннӣ гузаронида мешавад ва натиҷаи он мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар Коллеҷи тиббӣ бо омӯзгорони ҷавон семинарҳо гузаронида шуда ва ба омӯзгорони ботаҷриба омӯзгорони ҷавон вобаста карда мешаванд. Таъмини базаи модию техникӣ дар соли хониши 2018-2019 беҳтар гардидааст. Толори варзишӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти варзишии муҷаҳҳаз ба истифода дода шуд. Теъдоди компютерҳо ба 123 адад ва тахтаҳои электронӣ ба 26 адад расонида шуд. Соли ҷорӣ 260 курсӣ бо маблағи 44200 сомонӣ, гемоанализатор ба маблағи 96000 сомонӣ харидорӣ гардид.

- Албатта дар шароити созгори кунунӣ, ки Ҳукумати кишвар барои аҳли ҷомеа, бахусус, омӯзгорон фароҳам овардааст, дарки масъулияти ҳар фарди масъулиятшиносро бештар мегардонад. Ҳоло чӣ омӯзгорон ва чӣ донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон ба воситаҳои таълим таъмин буда, аз технологияи муосир ва усулҳои фаъол самаранок истифода менамоянд ва барои ба шогирдон беҳтар пешниҳод кардани доираи маълумот ҳамаи имконоти заруриро доранд. Чуноне Президенти мамлакатамон - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, “танҳо ташаббус, интихоби дурусти усули таълим, истифода аз аёният, озмоишгоҳҳои фанниву тахассусӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ боиси беҳтар шудани сатҳу сифати таълим дар муассисаи таълимӣ мегарданд. Чунин масъулият омӯзгорро обрӯманд, боэҳтиром ва соҳибқадр гардонида, мақомашро дар ҷамъият боло мебардорад. Танҳо серталабӣ, донишҳои замонавӣ ва гуфтору рафтори шоиста омӯзгорро ба ин дараҷа мерасонад. Ва мо аҳли Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон пайи расидан ба ин ҳадафи созанда пайваста талош хоҳем намуд”,- иброз дошт дар фароварди суҳбат директори коллеҷ Раҳмиддин Шарифзода. 

“ФАРАЖ”

Хонданд 454

Ворисони Сино

Дек 15, 2018
Хонданд: 303
Ворисони Сино

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи  тиббии шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода яке аз беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбии даврони истиқлол буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 таҳти № 460 ҳамчун Омӯзишгоҳи тиббӣ таъсис ва 3 марти соли 2014 ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Боздид аз коллеҷи мазкур нишон дод, ки муассисаи мазкур дар ошёнаи 5-уми бинои Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода воқеъ буда, барои таълимгоҳи тиббӣ хеле мувофиқ аст. Зеро бинои коллеҷ дорои 1 ошёнаи таълимӣ бо масоҳати таълимии 1448,90 м.м буда, мавқеи ҷойгиршавиаш ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки ҳамеша бевосита бо беморон сару кор дошта бошанд, аз наздик бо касби худ шинос шаванд ва таҷрибаи хуб гиранд. 

Ба истиснои он ки муассиса дар ошёнаи 5-и беморхона ҷойгир аст, инчунин тибқи шартнома дар беморхонаи марказии шаҳр, дар беморхонаи шаҳрии сироятӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, гӯшу бинӣ, бемориҳои пуст, таваллудхона, маркази саломатии шаҳр, беморхонаи шаҳраки Пахтаобод ва клиникаҳои шахсӣ 30 синфхона барои коллеҷ ҳамчун утоқи таълимӣ ҷудо карда шуда, беҳтарин шароитҳо барои табиб шудан муҳайё карда шудааст. Коллеҷ дорои Иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимии силсилаи ВТҲИА  ВМИ №0000007, аз 5.08 соли 2014, №30 буда, ба хатмкунандагон дипломи маълумоти миёнаи тиббӣ медиҳад.

Ихтисосҳо

Дар муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» таҳсил аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

«Кори ҳамширагӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи асосӣ;

«Кори ҳамширагӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори лабараторӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Беҳдошт, санитария, эпидем» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори момодоягӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори дорусозӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

«Кори дандонсозӣ» - баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ;

 

Кабинетҳои фаннӣ

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Турсунзода дорои аудиторияҳо, дарсгоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда ва барои таълим махсусгардонидашуда буда, 14 кабинетҳои фаннии физика; информатика; кимиё; физиотерапия; асосҳои равоншиносии умумӣ; забони лотинӣ; педиатрия; таърих; забони тоҷикӣ; забони русӣ; забони англисӣ; кори ҳамширагӣ; фалсафа; гигиена; толори лексионӣ; қироатхонаро дар бар мегирад. Ҳамаи синфхонаҳо ва лабараторияҳо бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, забони тоҷикӣ, забони хориҷӣ, асосҳои кори ҳамширагӣ, таърих, фармакология, физикаи тиббӣ, кимиё, информатика, лабораторияҳои кимиё, физикаи тиббӣ - биологӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд буда, бо асбобу айёниятҳо ва овезаҳои таълимӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи барномаҳои таълимии имрӯза комилан мувофиқат мекунанд.

 

Сохтор ва таҷрибаомӯзӣ 

Дар асоси шартнома ва қоидаҳои амалкунанда Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода ду ошёнаи собиқ сардхонаи БМШ Турсунзода ва як қисмати ошёнаи дуюми озмоишгоҳи беморхонаи марказиро ба тавозуни худ даровард ва дар заминаи бинои сардхона қисми иловагии коллеҷи тиббӣ ҳамчун маркази таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шуд. Масоҳати бинои мазкур 538 м.м. ташкил менамояд ва дар ин бино 1 маҷлисгоҳ дорои 60 ҷои нишаст, 10- синфхона, 2 кабинети корӣ, 2 ҳоҷатхона, 2 анборхона ҷой доранд. Дар синфхонаҳо мизу курсиҳои махсуси замонавӣ, ҷевонҳои махсус барои муляжу воситаҳои техникӣ, доскаҳои электронӣ, воситаҳои аёнӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ мавҷуданд. Маҷлисгоҳ ва ҳамаи синфхонаҳо аз ҷумла кабинети анатомия, кабинети педиатрия, кабинети биология ва микробиология, кабинети кори ҳамширагӣ; кабинети бемориҳои асабу руҳ, кабинети анатомия, кабинети бемориҳои занона, кабинети терапия,  бунгоҳо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин сохтори таълимгоҳ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лабаратория, китобхона, қисми хоҷагӣ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ ва хазина иборат аст. Дар коллечи шаҳри Турсунзода барои тахсили донишҷӯен аз бар кардани нозукихои ихтисос тамоми имконияту шароит фароҳам оварда шудааст. Коллеҷ дар ихтиёраш 1 маркази таҷрибаомӯзӣ дорад, ки ҳамаи ҳуҷраҳои дарсии он бо аёниятҳои тиббӣ таҷҳизотонида шудаанд. Инчунин ҳамаи ҳуҷраҳои дарсии дохили беморхонаи марказӣ бо дастгоҳҳои тиббии муосир, муляжҳо таъмин мебошанд.

 

Таълим бо истифода аз технологияи муосир

Дар коллеҷ раванди таълимро яке аз самтҳои муҳим шуморида, ҳайати омӯзгорон аз рӯи барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мегардад ба роҳ мондаанд. Баҳри ташаккули таъмини барномаҳои таълимӣ ва методӣ услубшинос дар мувофиқа бо маъмурияти таълимгоҳ бо коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии  мазкур ҳамкорӣ менамояд. Машғулиятҳо дар асоси ҷадвали дарсии тасдиқгардида бо роҳи инкишофи фаъолияти инноватсионӣ, истифода аз технологияи муосир гузаронида мешаванд. Машғулиятҳои таҷрибавӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн дар шуъбаҳои беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳр ҷараён мегирад. Барои мукаммалтар омӯхтани фанни забони хориҷӣ машғулиятҳои фанни мазкур дар синфхонаи лингафонӣ гузаронида мешаванд.

 

Шумораи устодон ва донишҷӯён

Дар Коллечи тиббии шахри Турсунзода 57 нафар омӯзгори асосӣ ва 56 нафар омӯзгорони хамкор фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 20 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ ва 10 нафар соҳиби тахассуси дараҷаи якум мебошанд. Инчунин дар ин ҷо се нафар омӯзгори хамкор номзади илми тиб Эркин Муродов, Хайринисо Ҳайдарова ва Юсуф Хушматов ба донишҷӯён сабақ медиҳанд. Омӯзгорони коллеҷ Абдуқодир Ҳаитов, Файзалӣ Холов, Сурайё Абдураҳмонова, Саодат Каримова аълочиёни маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонанд

Дар коллеҷ 2 ҳазору 41 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда аз ин 912 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва як ҳазору 29 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар коллеҷ 4 нафар ятими кулл таҳсил менамояд, ки онҳо ҳар моҳ бо маблағи 120 сомонӣ стипендия (идрорпулӣ) таъмин ва дар арафаи рӯзҳои ид аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Соли хониши 2017-2018 коллеҷро ҳамагӣ 333 нафар донишҷӯ хатм карданд, ки 167 нафари гуруҳҳои буҷавӣ ба ҷои кор тақсим карда шуд ва ҳоло кор карда истодаанд.

 

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Дар асоси фармоишҳои вазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2007 таҳти № 330 «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гуруҳҳои назорати давлатии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2010 таҳти № 2460 «Оид ба истифодаи таҷрибавии Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармоишҳои роҳбарияти коллеҷ дар таълимгоҳ “Бахши идоракунии сифати таҳсилот” таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки барои пешбурди кори гуруҳ Низомномаи гуруҳи идоракунии сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ва баҳодиҳӣ ба сифати таълими донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» ки аз 3 бобу 14 банд иборат аст ва бо қарори шӯрои илми-педогогӣ аз 31 январи соли 2017 №1тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст, ки тамоми нақшаҳои корӣ ва ҷамъомаҳо дар асоси он ба роҳ гузошта шудаанд.

Натиҷаҳои мониторинги таълимӣ нишон дод, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта сатҳи донишандӯзии донишҷӯёни коллеҷ аз ҳамаи фанҳои тахассусию таълимӣ баланд гаштааст. Раванди таълим аз тарафи маъмурият мувофиқи нақшаи тасдиқгардида мунтазам назорат карда мешавад. Маъмурият бо ҳамроҳии роҳбарони иттиҳодияҳои методии фаннӣ дарсҳои назариявии омӯзгоронро дар асоси нақшаи тасдиқгардида ҳамаҷониба таҳлил намуда, натиҷаи онро дар Шӯрои омӯзгорӣ баррасӣ менамояд. 

Ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушод мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, ки дар он методҳои таълимӣ, маводҳои методӣ, методи истифодаи воситаҳои техникӣ ва аёнӣ, методи намоиши таҷриба, ҷамъоварии ҳамаи усулҳои кор дар давоми солҳо ва методи кори лабораторӣ нишон дода мешавад. 

 

Хобгоҳ

Бо сайъу кӯшишҳои зиёди директори муассиса Хуршед Каримов рӯзи 16 сентябри соли 2018 дар коллеҷ як падидаи тоза ба миён омад. Бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф хобгоҳи донишҷӯён ба истифода дода шуд, ки дар он 50 нафар донишҷӯ аз шаҳру навоҳии дурдаст зиндагӣ менамоянд. Барои онҳо тамоми шароитҳои зист муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳо бо ҷевон, рахти хоб, мошини ҷомашӯӣ, ташноб, ҳуҷраи оббозӣ, курпа, телевизори замонавӣ ва нуқтаҳои гармдиҳӣ таъмин мебошанд. Инчунин хобгоҳ дорои ошхонаи хуб буда, 80 ҷои нишаст дорад. Дар дохили хобгоҳ китобхона бо толори хониш барои 30 нафар мавҷуд аст, ки дар он тахтаи электронӣ насб карда шудааст. Гузашта аз ин дар ошёнаи якуми хобгоҳ 10 синфхона, як ҳуҷраи посбонон, як ҳуҷраи омӯзгорон, ҳуҷраи кори декани факулта, хуҷраи ҷойи либосивазкунӣ вуҷуд дошта, бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Алъон дар шафати хобгоҳи донишҷӯён бо ташаббуси директори Коллеҷи тиббӣ Хуршед Каримов ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони боз як иншоот- толори варзишӣ идома дорад. 

 

«Ворисони Сино» ва «Тибби Бӯалӣ» 

Бо ибтикор ва кӯшиши муовини директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» Абдуқодир Ҳаитов ва омӯзгори коллеҷ нависанда, мушовири адабии бахши иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода Файзалӣ Холов (Файзалӣ Шукур) ду қисм китоби «Ворисони Сино» доир ба фаъолияти табибони шаҳри Турсунзода ба нашр расид. Дар назар аст, ки қисми сеюми китоби номбурда дар нимсолаи дуюми соли 2019 ба табъ расонда мешавад. Инчунин ин ду омӯзгор маҷаллаи рангаи «Тибби Бӯалӣ»-ро, ки дар БМШ Турсунзода бо ташаббуси сардухтур Тоҷиддин Ятимов нашр мешавад, роҳбарӣ мекунанд. Дар се соли фаъолияти маҷаллаи «Тибби Бӯалӣ» он бо чор ифтихорномаи раиси шаҳр ва 3 ифтихорномаи сардухтури БМШ қадрдонӣ гардидааст.

 

Ба ҷои охирсухан 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси шаҳри Турсунзодаро сармашқи кори худ намуда, баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи тиб ва солимгардонии ҷомеа ва баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдони соҳибмаърифат, ватандӯсту боистеъдод баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ дода, рисолати худро иҷро карда истодааст.   

 

МТЖТ

Хонданд 303
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.