Дар навиштани ягон очерк ё мақола перомуни ин ё он шахсият чунин азоб накашида будам. Мушкил сари он набуд, ки ҳарфи гуфтанӣ надоштам, балки мушкил он буд, ки хотираҳою лаҳзаҳои гоҳе тақдирсоз бо устод Усмонов ончунон зиёд буданд, ки намедонистам кадомеро гӯям, аз кадоме оғоз кунам. 

Ниҳоят, ба ин хулоса омадам, ки аз аввал оғоз намоям:

 Аз рӯзе, ки бо ин ном шинос шудаму аз рӯзе, ки бо ин чеҳра ошно гаштам. Ва аз нақшҳое, ки шояд дар ёди устод намонда бошад.

***

Соли 1990. 

Имтиҳони қабул ба факултаи ҳуқуқшиносӣ идома дошт. Мани довталаб ҳангоми супоридани имтиҳони забон ва адабиёти тоҷик талош мекардам то баҳои «панҷ» гирам. Имтиҳонро аз ман шахси ҷавону мӯйҷингила мегирифт. Баъдтар фаҳмидам, ки Иброҳим Усмонов будаанд. Он кас ҷавоби маро ба суолҳои додашуда, бодиққат гӯш мекарданд. Баъди ба итмом расонидани посух ба суолҳо «баҳои шумо чор» гуфтанд. Ман эътироз кардам, ки саволи иловагӣ диҳанд, зеро ман баҳои панҷ мехоҳам. Бо табассум пурсиданд:

— «Дар достони Комде ва Мадан  кадоме мард буд ва кадоме зан?»

— «Комде мард ва Мадан зан» — бо боварӣ посух додам ман.

— «Чаро ин қадар дилпурона мегӯед? Шояд баръакс бошад» — табассум карданд Усмонов.

— «Не! Ҷавоби ман қатъӣ аст» — гуфтам…

Устод бархостанду китоби адабиёти тоҷикро аз куҷое оварданд ва ба ман нишон доданд, ки хонам. Ман хато карда будам ва бо сари хам ба баҳои чор розӣ шуда, баромадам.

Ин ҳодиса тақдирсоз гардиду ман ҳуқуқшинос нашудам. Соли дигар ба шӯъбаи рӯзноманигорӣ ҳуҷҷат супорида, ба Донишгоҳ дохил шудам.

***

Соли 1996. 

Пеш аз ҳимояи рисолаи дипломӣ ман ҳеҷ наметавонистам имтиҳон аз Иброҳим Усмоновро супорам. Аниқтараш, устод ба фаъолияти сиёсӣ машғул гардиданду ба ҷойи он кас шогирдашон Аъзамҷон Азимов имтиҳон қабул мекарданду муносибати мо он замон хуб набуд. Аъзамҷон раҳнамои курси мо буданд ва мани он замон шӯху бебок , дар куҷое эшонро сахт ранҷонида будам. 

Ҳозир намедонам, аммо он солҳо то имтиҳонро намесупоридӣ, ба супоридани имтиҳонҳои хатм, минҷумла ҳимояи рисолаи дипломӣ роҳ намедоданд. Як рӯз пеш аз имтиҳони аввалини давлатӣ бори ёздаҳум ба назди Азимов рафтаму боз ҳам аз имтиҳонро насупоридам. Ноумед  аз назди бозори «Баракат» мегузаштам, ки садое маро ба худ овард:

— Хуршедҷон! Тайёрӣ ба имтиҳони давлатӣ чӣ хел?

Пас гаштам. Устод Усмонов буданд. Он кас ҳамаро аз рӯйи ному насаби дар журнал сабтшуда, ёдовар мешуданд. Ва гарчи барои ҳама «Хуршед» будам, барои Устод «Хуршедҷон».  

— Ман имтиҳонҳоро супорида натавонистам. Ба Русия меравам. Мардикорӣ, — маҳзунона посух додам.

  — Чӣ хел? Аз кадом фан? – таваҷҷӯҳ карданд устод.

— Аз Шумо. Азимов бори ёздаҳум баҳои маро нагузошт…- бо ғазаб гуфтам.

— Ҳамагӣ ба ду саволи ман посух диҳед, — гуфтанд устод ва тезу пайиҳам ду савол аз фанни «Таърихи матбуоти тоҷик» доданд. Ман, ки дар ин ёздаҳ бори кӯшиши имтиҳонсупорӣ ба ҳама савол ҷавоб доштам, зуд посух гуфтам.  

— Дафтарчаи имтиҳониатон канӣ?

Дафтарчаро хушҳолона дароз кардам. Ба ман баҳои панҷ гузоштанд ва каме бо оҳанги ҷиддӣ гуфтанд:

— Бо Азимов ман ҳоло худам гап мезанам!

Ҳамин тавр, ман ниҳоят имтиҳонҳои давлатиро супорида, Донишгоҳро хатм кардам.

***

Соли 2000.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҷашни 70- солагӣ дошт. Аввал масъулияти омода кардани маҷмӯаро ба дигарон супориданд. Чун дигарон танбалӣ карданд, масъулияти омодасозии онро ду-се моҳ пеш аз ҷашн ба ман супориданд. Баъде ки маҷмӯаи «Пайванди пайкараҳо» омода шуд, сармуҳаррири он замони нашрия Раҳим Сайдалиев гуфт:

— Дар навиштаи ту атрофи шахсиятҳое чун Отахон Латифӣ, Муҳиддини Олимпур, Додоҷони Атовулло  андешаҳои таърифӣ ҳастанд. Ҷой додани зиндагиномаи ин шахсиятҳо, бойиси гапу калочаи зиёд мешавад, чунки ҳоло дар «боло» ба шахсияти онҳо баҳои якгуна надодаанд.

— Чӣ кор кунем? Охир, бе онҳо таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» маъние надорад- ғамгинона гуфтам.

— Роҳи ҳал ҳаст. Бо Иброҳим Усмонов муносибати ту чӣ хел аст? – пурсид Раҳим Сайдалиев.

— То ба вазифаҳои сиёсӣ рафтанашон, хуб буд. Ҳозир намедонам, чунки он касро намебинам.

— Агар Усмонов дар китоби ту пешгуфтор нависанд, касе эрод намегирад. Дар журналистикаи имрӯз дар сатҳи Ҳукумат касе бо эшон баҳс ҳам карда наметавонад. Агар ҷуръат карда, пешгуфтор нависанд, китоб бетаҳрир чоп мешавад. Шояд аз назари он кас барои Латифию Олимпур монеае набошад, аммо барои Додоҷони Атовулло шояд эрод гиранд. Чунки Додоҷон зидди устод дар солҳои навадум маводи танқидии тунду тезе бо сарлавҳаи «Уштура гуфтам, ки ғамза кун, полиза вайрон карду рафт» навишта буд.

— Бахт таваккал! Дигар роҳе надорем – гуфтам ман.

Сайдалиев ба ман рақами утоқи кори устодро пайдо кард. Устод он бегоҳ дастнависи маро гирифтанду гуфтанд:

— Рӯзи душанбе барои пешгуфтор биёед…

Усмонов пешгуфтори аҷибе навиштанд, ки як ҷумлаи аҷиб дошт:

— «Бар падари Хуршедҷон ҳазор раҳмат!».

Дар мавриди журналистони дар боло зикршуда ҳангоми сӯҳбат ёдрас шудам. Устод посух доданд:

— Мо ҳуқуқи таҳрифи таърих надорем! Онҳо, махсусан Додоҷон, номи худро дар таърихномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои абад навиштааст…

Китоб нашр шуду то ба имрӯз касе ба он эроде надорад…

***

Соли 2010.

Бо пойфишориҳои вазири мудофиаи он замон якбора чандин нашрия, минҷумла «Фараж» аз нашр бозмонданд. Чопхонаҳо онро нашр намекарданд, аммо ман онро дар шакли варақи А-3, дастӣ чоп мекардам.

Дигар аз фазои фишору таҳдид ба тақдири нашрия дилгир шуда будам. Чунин иттифоқ уфтод, ки он шабу рӯз бо устод ва чанд нафари дигар ба сафари шаҳри Варшава барои ширкат дар як конфронс рафтем. Дар он ҷой қазияи баста шудани ин нашрияҳо ҳам баррасӣ гардид. Бегоҳи он рӯз нафаре ба назди ман омаду худро аз созмони байналмилалие муаррифӣ кард ва гуфт, ки метавонад дар гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ кумак кунад. Аммо барои ин ман бояд аз Варшава ба Тоҷикистон барнагардам…

Назди устод омадаму ҳамраҳ ба боғи назди меҳмонхона рафтем. Аз он сӯҳбат дар боғи Варшава аксе ҳам ба ёдгор дорам. Устод маро то охир шуниданд ва гуфтанд:

— Шумо агар дар Ғарб бимонед, то охири умр фақат як паноҳҷӯ, як овора ҳастеду бас! Хуршеди Атовулло дар Тоҷикистон Хуршеди Атовулло аст! Ӯро дар Душанбе мешиносанд, дар Тоҷикистон касе ӯро мехонаду касе эҳтиром қойил аст. Шумо метавонед чун паноҳҷӯю овораю гурезаю фирорӣ аз Ватан зиндагӣ кунед? 

— Не!, – қатъиян гуфтам ман.

— Пас, дигар дар мавриди паноҳгоҳ ҳатто фикр накунед! 

Ва ман ҳам то ҳол дар ин мавзӯъ дигар ҳатто фикр накардаам..

***

. Ин чаҳор лаҳзае буд аз нақши тақдирсози Иброҳим Усмонов дар хати тақдири ман.

Тақдири яке аз камтарин шогирдони Усмонов.

 Тақдири яке аз ҳазорон ҳазор… 

Зиҳӣ устоде, ки тавонистаӣ нақши тақдирсози хешро дар зиндагии ҳазорон ҳазор бигзорӣ!

…Садҳо лаҳзаҳое буданд, ки маҳз маслиҳату раҳнамоии устод маро аз хатое, аз лағжише, аз балое раҳо додааст…

Имрӯз ҳам дилам, ки аз чуну чароҳои рӯзгор гирифт, ба суроғи устод мешитобам ва ҳазорон бор шукрона мекунам, ки гурезгоҳе дорам…

Шукри буданатон Устод! МОНед ва бо МОНед!

Ҳафтодсолагӣ муборак!

 

Хуршед Атовулло,

Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here