Қатли пурсарусадои ду журналист дар моҳи октябр ҷаҳонро ба ларза овард

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ ҷаҳон шоҳиди ду куштори пурсарусадои журналистони озодандеш гардид, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дод. Яке дар Булғористон ва дигаре дар Туркия. Гарчанде ҳар сол дар дунё даҳҳо журналистон вобаста ба фаъолияти пурхатари худ ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо ин ду кушторе, ки дар бораи онҳо нақл намуданием, аз дигар маргҳои журналистон бо хусусиятҳои хоси худ фарқ дорад.

Куштори ин ду журналист на дар майдони ҷангҳои Сурия, Ироқ, Яман ва ё Фаластин ҳангоми ба наворгирӣ ва ё таҳияи гузориш, балки марги ин ду журналисти барҷаста  дар ду кишваре, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишварҳои орому демократӣ ба қайд гирифта шудаанд, рух додааст.

Ин ду қаҳрамони мо, ки ин ҷо дар бораашон ҳарф мезанем, яке журналисти булғорӣ Виктория Маринова ва дигаре рӯзноманигори араб -Ҷамол Хошуқчӣ мебошад, ки ҳар ду ҳам ба таври ваҳшиёна дар моҳи октябри ҳамин сол кушта шуданд. Нахуст дар бораи Виктория Маринова.

Виктория Маринова.  

Виктория Мариноваи 30 сола — барандаи барномаи «Детектор»-и телевезиони TVN  дар кишвари Булғористон рӯзи 6 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Русеи  ҳамин кишвар сараввал латукӯб гардида, баъд ба номусаш таҷовуз сурат гирифт ва сипас, бераҳмона кушта шуд. Гуноҳи Виктория Маринова ин буд, ки ӯ дар барномаи телевизионии худ бар зидди фасод ҳарф мезад ва фасодкоронро ошкор месохт. Дар барномаи охирини худ Виктория ду журналистеро муаррифӣ намуд, ки онҳо рафти фасодкорӣ ва ғайримақсаднок истифодабарии маблағҳои аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҷудошударо пайгирӣ намуда буданд.

Ҷасади Викторияро дар ҳоле дарёфт намуданд, ки он нимурён буд ва бархе аз амволи шахсияш, аз қабили айнак, пул, телефон, калидҳои ӯ дар ҷайбаш набуданд. Қисмате аз ашёи шахсии ӯ каме дуртар аз ҷасадаш пайдо гардиданд. Пулиси шаҳри Русе муайян намуд, ки пеш аз кушта шудан Виктория таҷовуз ва сипас буғӣ гардидааст. Ҷинояткорон бо таҷовуз намудан ва ғорати пулу ашёи журналист хостаанд, ин корро ҳамчун як аъмоли авбошонае нишон диҳанд. Аммо дар асл онҳо Викторияро барои ошкор намудани тарҳҳои фасодӣ дар сохторҳои кишвари Булғористон, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегарданд, куштаанд.    

Куштори ваҳшиёнаи ин журналисти мубориз дар кишваре, ки аъзои Иттиҳоди Аврупост, сурат гирифт ва на танҳо дар Булғористон, балки дар саросари ҷаҳон аҳли оламро такон дод. Хабари куштори мазкур дар сархати хабарҳои расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Мардуми Аврупо куштори журналистеро ба чунин ваҳшоният дар таърих хабар надоштанд ва ин буд, ки ба ҳар навъ эътирозоти худро болои ин қазия баён менамуданд… 

Имрӯз парвандаи Виктория Маринова дар сатҳи олӣ аз тарафи додситонҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва аллакай чандин гумонбаршудагони қатли номбурда дастгир ва бозпурсӣ мешаванд. Ҳукумати Булғористон ваъда додааст, ки қотилони Виктория ҳатман дастгир ва муҷозот хоҳанд шуд.

Ҷамол Хошуқчӣ

Куштори дигари ваҳшиёнаи журналист, ки дар бораи он ин ҷо мехоҳам нақл кунам, ин қатли рӯзноманигори дар арсаи ҷаҳонӣ номвари Арабистони Саудӣ — Ҷамол Хошуқчӣ мебошад.

Ҷамол Хошуқчӣ 2 октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони амниятии Арабистон Саудӣ дар консулгарии ҳамин давлат дар Туркия ба таври ваҳшиёна кушта гардид. Ӯ барои гирифтани санади издивоҷ дохили консулгарӣ шуда, аз он ҷо барнагашт.

Ҷамол Хошуқчӣ соли 1959 дар Мадинаи Арабистони Саъудӣ таваллуд шуда, муддатҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои машҳури Арабистон ба ҳайси сармуҳаррир кору фаъолият намудааст. Ӯ баъди интиқоди шадидаш аз ҳукумати Амрико, валиаҳди шоҳ — Муҳаммад бин Салмон, ҷанги Арабистони Саудӣ бо Яман ва дахолати Арабистони Саудӣ ба давлати Қатар ба унвони як рӯзноманигори нотарсу мунаққид машҳур гардид. Соли 2017 ҳукумати Арабистон фаъолияти журналистии ӯро барои танқиди рӯирости Доналд Тромп манъ намуд. Ин буд, ки ӯ ба Амрико ҳиҷрат намуд ва дар рӯзномаи машҳури «Вашингтон Пост» сутуннависи ин рӯзнома гардид. Дар мақолаҳои худ ӯ сиёсати ҳукумати Арабистони Саудӣ, бахусус валиаҳди шоҳ — Муҳаммад бин Салмонро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

Тавре расонаҳои ҷаҳонӣ хабар медиҳанд, қатли ин рӯзноманигори варзида дар дохили консулгарии Арабистони Саудӣ, воқеъ дар шаҳри Истанбул аз тарафи 15 нафар агентҳои ҳукумати Оли Сауд сурат мегирад. Қотилон, ки аз афташ кайҳо боз дар ҷустуҷӯ ва қатли Хошуқчӣ буданд, имконияти хубро барои нест намудани ӯ пайдо намуданд, вале онҳо натавонистанд сирри ин амалиёти ғайриинсониашоро пинҳон доранд. Чунки Ҷамол Хошуқчӣ пеш аз даромадан ба консулгарӣ соати ҳушманди худро (Apple Watch) ба кор дароварда буд ва он сабти рафти мусоҳибаи ӯро дар дохили консулгарӣ ба телефони  (iPhone)-и ӯ, ки дар дасти номзадаш — Хадича Чингиз қарор дошт, интиқол менамуд. Хадиҷа Чингиз ӯро берун аз консулгарӣ дар кӯча интизорӣ мекашид. Сабтро мақомоти интизомии Туркия дастрас намуда, собит карданд, ки Ҷамол Хошуқчӣ дар дохили консулгарӣ аввал панҷаҳояш, баъд гарданаш бурида шуда, сипас, танаш ба қисматҳо пора- пора гардидааст.  Бо чунин ваҳшоният ба қатл расонидани рӯзноманигореро таърихи башарият то ҳанӯз ёд надорад.

Қатли Хошуқчӣ вокуниши калонеро дар тамоми ҷаҳон ба вуҷуд овард. Ин ҳодиса ончунон Оли Саъудро дар ҳолати ногувор гузошт, ки шояд дар гузашта ба чунин аҳвол наофтода буд. Сараввал мақомоти Арабистон ин ҳодисаро пинҳон доштанд, баъд гуфтанд, ки Хошуқчӣ аз консулгарӣ баромада, ғайб задааст, вале билохира маҷбур шуданд, ки кушта гардидани онро тасдиқ намоянд. Барои дарки пурраи ин ҳодиса рӯзи 15 октябр раиси Вазорати умури хориҷаи Амрико — Майк Помпео ба Ар-Риёз ва баъдан ба Истанбул сафар намуд. Рӯзи 19 октябр 40 конгресмени Амрико ба Президент Доналд Трамп муроҷиатнома навиштанд, ки вобата ба қатли рӯзноманигор – Хошуқчӣ нисбати Ҳукумати Арабистони Саудӣ таҳримҳо ҷорӣ карда шавад. 

Бо гузашти зиёда аз 20 рӯз ҳамарӯза дар сархати хабарҳои расонаҳо қазияи куштори Хошуқчӣ давр мезанад. Ҷаҳон мунтазири сухани охирони Амрико нисбат ба ин қазия аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Амрико нисбати ин иттифоқчии худ, ки харидори асосии аслиҳоти ҷангии амрикоӣ аст, чорае андешиданӣ нест.

Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои бузург ба унвони эътироз аз қатли бераҳмонаи Ҷамол Хошуқчӣ аз иштирок дар анҷумани сармоягузорони иқтисодие, ки бинобар дар миқёси ҷаҳон машҳур буданаш — «Давос дар биёбон» ном дорад, даст мекашанд. Дар байни онҳое, ки аллакай номзадии худро бозхонд намудаанд, роҳбари ширкати «Viacom» Боб Бекиш, президенти ширкати «Uber» Доро Хусравшоҳӣ, сармоягузори соҳибмақом Стив Кокс, соҳиби «Los Angeles Times» — Патрик Сун-Шонг, намояндаи роҳбарияти «HP» — Ҳоа Попер ҳам ҳастанд.

Сару садо атрофи қазияи куштори бераҳмонаи Ҷамол Хошуқчӣ ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар айни замон мақомоти Туркия ҷасади пора-пора шудаи рӯзноманигорро ҷустуҷӯ менамоянд.       

Омори марги журналистон дар ҷаҳон

Ҳар сол даҳҳо журналистон дар гӯшаву канори ҷаҳон кушта мешаванд. Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи журналистон аз соли 1990 ин ҷониб шумораи кормандони кушташуда, рабудашуда ва ё гуму бедарак шудаи васоити ахбори оммаро дар саросари ҷаҳон пайгирӣ менамоянд. 

Нигаред, ба ҷадвали тартибдодаи Созмони байналхалқии журналистон, ки аз шумораи журналистони кушташуда дар саросари ҷаҳон давоми 28 соли охир хабар медиҳад.

 

Дар ҳамин ҳол, Созмони байналхалқии журналистон чордаҳ давлатеро, ки дар онҳо аз ҳама бештар журналистон қурбон мешаванд, нишон додааст.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қатли журналистон дар солҳои охир бинобар сабаби муборизаи онҳо бо фасод ба вуҷуд омадааст.

Журналистон на танҳо куштаву бедарак мешаванд, балки онҳо аз тарафи ҳукуматҳо ба маҳбас низ кашида мешаванд. Танҳо дар соли 2017, тибқи омори Созмони байналхалқии журналистон 262 нафар журналистон дар саросари ҷаҳон пушти панҷара рафтаанд, ки ин шумора дар сӣ соли охир баландтарин аст.

Дар байни давлатҳое, ки аз ҳама бештар журналистонро пушти панҷара мекашанд Туркия (73 журналист), Хитой (41) ва Миср (20) пешсафанд.

Ҷадвали зер аз ҳабсшавии журналистон дар солҳои гуногун хабар медиҳад.

 Олимҷон САФОЛОВ

Добавить комментарий