Ангор замона шунавандаи набзи дили миллати тоҷик ва ҳоҷатҳояш аст, ки дар ҳар давру замон фарзандоне ато менамояд, ки тавассути ин гуна фарзонафарзандон миллат бардавому безавол дар баробари таҷовузкориҳои аҷнабиён мемонад. Дар арсаи илму ҳунар дар охири асрҳои 19 ва аввали 20 фарзандони миллати тоҷик бо ҳамон ҷавҳари азалӣ зуҳур намуданд. Ҳарчанд сохти давлатдории болшевекӣ иҷозат намедод, ки арзишҳои миллӣ ба таври амиқ ковишу баррасӣ шаванд, аммо равшанфикрони миллат бештар мекӯшиданд, ки осори тайи чанд ҳазорсолаҳо дар зери идеалогияи аҷнабиён парокандагаштаи худро тадқиқ бибаранд ва эҳё намоянд. Албатта, то андозае ба муроди хеш расиданд. Рӯшанфикрони вақт Аҳмади Дониш ва Садриддин Айнӣ саркардагони ин ҷараён буданд.

 Пас аз эшон арбобони илму ҳунар, аз ҷумла Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Борис Кимёгаров, Зиёдулло Шаҳидӣ ва амсоле аз инҳо барои эҳё ва такмили ганҷинаи осори гузаштагон хидматҳои шоён намудаанд. Кофист, ки ҳар каси худогоҳ тадқиқотҳои илмӣ ва бадеии Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Намунаи адабиёти тоҷик» -и Садриддин Айниро аз назар гузаронад ва воқиф гардад, ки эшон чи хидматҳо дар ин замина намудаанд.

Пас аз солҳои 60-уми асри гузашта як гуруҳ ҷавонҳои лаёқатманд ва ҳувиятгарои миллӣ (Акбар Турсон, Муҳаммад Осимӣ, Бӯринисо Бердиева, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор Сафӣ, Маҳмудҷон Воҳид, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Тоҳир Собиров ва ғ.) дар арсаи илму адаб ва ҳунари тоҷик зуҳур намуданд, ки дар осмони илму хиради миллат ҳар кадом ситораи дурахшон ҳастанд. Эшон дар барқарории худшиносии миллӣ ва таърихи он нақши боризи худро гузоштанд. Онон фазое офариданд, ки дар он ҳамагуна риштаҳои илму адаб фарогир буд ва ҳар кадом дар ихтисоси хеш забардаст ва тавоно буд. Дар нисбати фаъолияту хидматҳои ин гуруҳи ҷавонони созанда наметавон бо ду се сафҳа навиштаҷот иктифо кард, балки дар фаъолияти ҳар кадоми онҳо шоиста аст, ки китобҳои илмиву таълимӣ ва дастурӣ эҷод намуд, то ҷавонони имрӯз аз он бархӯрдор гардида ва дар фаъолияти касбии хеш мавриди истифода қарор бидиҳанд. Бояд мо дар шинохти аввали ин шахсиятҳо аз манбаъҳои донишу омӯзишии эшон истифода бурда ва барномаҳои таълимиашонро таҳқиқ намуда, барои насли ҷавон пешниҳод намоем.

Мусиқии касбӣ дар як замони кӯтоҳ дар собиқ ҶШС Тоҷикистон рушду пешрафт намуд. Ҳарчанд асбобҳои аврупоӣ барои ромишгарону бастакорони мо бегона буд, вале ба зудӣ тавонистанд, ки бо ҳама нафосату нозукиҳояш аз худ намоянд ва ҳам асбобҳои миллиро низ бо онҳо омезиш гардонанд. Мусиқии навини касбии тоҷик қисми муҳиму таркибии фарҳанги миллии мо буда, бо таҷассуми муҳимтарин ҷанбаҳои олами эҷодиёти бадеӣ фарҳанги асили халқи моро ба тамаддуни башарӣ муаррифӣ месозад.

Асосгузорони мусиқии касбии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, Абдуфаттоҳ Одина, Фирӯз Баҳор ва дигарон тавонистанд, ки роҳи минбаъдаи рушди мусиқии касбиро асос гузоранд. Дар ин миён, як гуруҳ ҷавонҳои болаёқат зуҳур намуданд, ки мусиқии касбии тоҷикро аз нигоҳи касбият ба дараҷаи олии худ расониданд.

Дамир Дӯстмуҳаммадов аз ҷумлаи чунин ҷавонҳои боистеъдод буд, ки барои рушди мусиқии касбии миллӣ саҳми арзандаи хешро гузошт. Бастакори маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов аллакай дар вақташ гуфта буд: «Имрӯз ӯ (Дамир Дӯстмуҳаммадов — З.С.) чун оҳангсози соҳибистеъдод на танҳо дар диёри худ, балки берун аз он шуҳрат дорад. Операю симфония, асарҳои вокалӣ-симфонӣ, достону кантатаҳо, суруду романсҳои ӯ мусиқии тоҷикро бою ғанитар гардонида, дар хазинаи мусиқиамон мавқеи хоса доранд. Дамир Дӯстмуҳаммадов ҳунарварест, ки дар инкишофи ҳаёти мадании ҷумҳуриамон таъсири амиқ мегузорад. Ҳар асари вай шаҳодати инкишофи мусиқист ва дар зарбу шаклҳои мусиқӣ чун сухани тоза садо медиҳанд ва аз ин рӯ ҳаводорони мусиқӣ ӯро бо хушнудӣ истиқбол мегиранд». Дамир Дӯстмуҳаммадов тавонистааст, ки дар ҳама жанрҳои мусиқӣ маҳорати худро бисанҷад ва муваффақ ҳам бигардад.

Дар эҷодиёти Д.Дӯстмуҳаммадов жанри драмаи мусиқӣ мавқеи хоса дошта, драмаи мусиқии «Модар нигарон буд» (аз рӯи асари Файзулло Ансорӣ), «Суруди нотамом» (А.Атобоев), «Суруди Бахтиёр» (Н.Исмоилов), «Гули сиёҳ» ва монодрамаи «Ишқи зиндагӣ» рӯи саҳнаи театрҳои кишвар омаданд, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардаанд.

Моноспектакли манзумавии «Ишқи зиндагӣ», ки дар асоси ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст ва мусиқии онро бастакор Дамир Дӯстмуҳаммадов офаридааст, лозим аст, ки сари он таваққуф намоем.  Дар театри муосири тоҷик моноспектакл тамоман жанри нав буд, ки заминаи онро дар театри касбии тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов гузоштааст. Чи гунае, ки театршиноси номвари тоҷик Низом Нурҷонов дар ин хусус нигоштааст: «Воҳидов дар ин моноспектакл низ ҳам муаллифу коргардон ва ҳам нақшофар буд». Барои чунин як намоиши баландмазмун мебоист бастакори донишманде пайдо кард, ки то умқи фалсафаи эҷодиёти Ҳофизи Шерозиро ба осонӣ дарк бикунад ва ҳам хостаҳои муаллифу коргардонро низ. Моҳият ва ҷавҳари мақсади намоишро М.Воҳидов чунин шарҳ додаст: «Барои гуфтани ғояи ашъори Ҳофиз дар саҳна Хуршед зарурат дорад. Марди хирад шефтаи табиат ва зебоӣ буд. Дар ашъораш гимни зиндагии башарро тарғиб мекунад ва месарояд. Ё дигар хел гӯем, аз ашъораш нидои авлоди қадима меояд, ки ҳамеша зебоӣ ва офтобро мепарастиданд…. Ана барои чӣ Хуршедро мағзи эҷодиёти Ҳофиз меномем». Лузуман барои чунин як асари саршор аз тасаввуф мусиқии малакутӣ ва дар ниҳоят шарқиёна мебояд офарид.

Дар китоби «Маҳмудҷон Воҳидов» — и устод Низом Нурҷонов таҳлили нисбатан муфассали моноспектакли “Ишқи зиндагӣ” (соли 1971), ки аз қироати ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ иборат буд, таҳия гардидааст. Дар он профессор Нурҷонов дар бораи кулли ҷузъиёти театрӣ — аз матни пйеса сар карда то режиссура, ҳунари актёрӣ, ороиши саҳна ва рамзҳои дар радифи назми Ҳофиз эҷодкардаи М.Воҳидов сухан меронад: “Воҳидов дар ин моноспектакл низ ҳам муаллифу коргардон ва ҳам нақшофар буд” . Бо сабаби он, ки дар бораи ҳасбу ҳоли шоири ҷаҳоншинохта маълумоти кофӣ набуд, аммо ба ин нигоҳ накарда, Воҳидов дар асоси ғазалиёти интихобкардааш  риштаи умри Ҳофизро аз ҷавонӣ то бузургсолӣ рӯи саҳна меорад. Устод Нурҷонов бар он ақида аст, ки асари саҳнавӣ марбут ба эҷодиёти Ҳофиз ба пуррагӣ дархӯри завқу ниёз ва равонии Маҳмудҷон Воҳидов аст.

Аммо дар мавриди мусиқӣ аз ҷониби муҳаққиқ ишораи мушаххасе дарёфт намешавад, ба ҷуз таъкиди он нукта, ки мусиқӣ дар ин моноспектакл нақши бориз дорад ва он ҳамрадифи маънӣ ва амиқии назми оламгири Ҳофиз аст. Дигар ҳуҷҷатнигорие ё ному насабе дар ороиши мусиқии спектакл дида намешавад. Ҳарчанд устоди варзида дар асарҳояшон ҳамеша кӯшиш бар он дошт, ки маълумоти пурраву муфассал сари ҳар як асари саҳнавӣ пешниҳод намояд, аммо дар ин таҳлил эшон дар мавриди мусиқӣ маълумоти мустанад надодааст. Аз матни устод маълум нашуд, ки истифодаи мусиқӣ ва умуман композитсияҳои рақсиву созӣ, овозӣ ва ҳам симфонӣ — интихоби компилятивии Воҳидов, ҳамчун басаҳнагузоранда аст, ё ин ҳама бо ташаббусу фаъолияти бастакоре сурат гирифтааст.

Низом Нурҷонов танҳо ишора мекунад, ки дар рафти спектакл ҳам мусиқии созӣ, ҳам овозӣ ва ҳам рақсӣ вобаста бо рафти драматургияи сохтаи Воҳидов пешниҳод мешавад. Дар рафти таҳлил муҳаққиқ ишора мекунад, ки “Баъди эпиграфи спектакл суруде дар иҷрои ҳофизи хушилҳон Барно Исҳоқова садо медиҳад, гӯё ин овоз овози модарзамин, ё овози шоир аст.” Минбаъд дар матни таҳлилии устод Нурҷонов чанд ишораи дигар низ дида мешавад: “Шеър ба охир мерасад ва суруд cap мешавад. Он ҳамчун акси садои шеърҳо ба гӯш мерасад. Боз шеър садо медиҳад. Шоир, (ки нақши онро худи басаҳнагузоранда мебозад — З.С.) даме аз хусуси ишқ сухан меронад, даме ба зебоии он маҳду сано мехонад, даме назди соҳибҷамоли моҳталъат, ки раққосае дар симои ӯ аз паси сутун бо ҳаракоти мавзун пайдо мешавад ва руҳи шеъри Ҳофизро таҷассум мекунад, ба зону афтода, гарму ҷӯшон изҳори ишқ менамояд… раққоса — олиҳаи санъат, манбаи илҳом ӯро сӯи хурсандиҳои дунё ҷалб мекунад”.

Жола Бадеъ дуруст қайд кардааст: «Ин нақши рамзолуди шоирона ҳам намудори чеҳраи зани дақиқшавқи зебои заминист, ҳам даричаест ба дунёи розолуди орзуҳои шоир, ҳам илҳом аст ва ҳам даъват барои шод зистану офаридан…»

Худи устод Нурҷонов аз спектакл ба ваҷд омада иқрор мешавад: “Ашъори Ҳофиз дар иҷрои Воҳидов чун симфонияи руҳнавоз садо медиҳад ва гоҳе оҳанги инқилобӣ пайдо мекунад. Ин бахш аз беҳтарин бахшҳои намоиш аст”.

Яъне аз ин ишораҳо мо метавонем ба чунин хулоса биёем, ки моноспектакл баробари бозии актёрӣ, ороиши хоси саҳнавӣ боз композитсияи мусиқии хосеро доро будааст, ки ҳамрадифи эҳсосот ва маонии назми Ҳофиз будааст. Боз суол меояд, ки оё ин мусиқӣ компилятивӣ буд ё чизи дигар?

Таваҷҷуҳ мекунем ба сарчашмаҳои дигар ва хушбахтона баъди ҷустуҷӯи тӯлонӣ ба чунин як гуфтугӯи радиоии устод Дамир Дӯстмуҳаммадов вохӯрдем, ки дар бораи ҳамкории худ бо Маҳмудҷон Воҳидов дар намоиши «Ишқи зиндагӣ» чунин ёдовар шудааст: «Маҳмудҷон дар кор нисбат ба худ ва дигарон ниҳоят серталаб буд. Бо Маҳмудҷон ҳар кас кор карда наметавонист. Ниҳоят фидокор буд ва дар оянда ҳатман як ҳунарманди олитарини ҷумҳурии мо мешуд… Вақте ки сенарияи «Ишқи зиндагӣ»-ро бо Маҳмудҷон ҳамроҳ хондем ва он кас мақсадашонро фаҳмониданд, ман дарҳол Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Муродов ва якчанд навозандагонро номбар кардам. Ва мо дар он ҳамфикр будем, ки мусиқӣ бояд ба мусиқии замон ва зодгоҳи Ҳофиз наздиктар бошад. Баъди чанд рӯз ман ба хонаи эҷодии оҳангсозон «Иваново» рафтам. Дар он ҷо аз Маҳмудҷон мактуб гирифтам. Дар мактуб Маҳмудҷон мақсади худро аз мусиқӣ боз ҳам равшантар карданӣ шуда, менавишт, ки мусиқӣ ва хусусан суруди «Муғаннӣ» бояд чун парвози уқоб байни замину осмон бошад, шунавандаро ба ваҷд орад. «Ишқи зиндагӣ» — намоиши дуввуми Маҳмудҷон дар жанри навтаъсиси ӯ дар театри тоҷик — «Театри як актёр» буд ва Маҳмудҷон бисёр кӯшиш мекард, ки намоиш ҳаматарафа хуб барояд. Дар масъалаи суруде, ки гуфтед — «Муғаннӣ», ман бисёр андеша кардам, кор кардам, мувофиқи талаби Маҳмудҷон якчанд варианти ин сурудро эҷод кардам. Ва охирин вариант бо «даромад»-и рубоб сар мешуд. Барои интихоби варианти беҳтарин Маҳмудҷон артисти театр Зайналпурро ҳам даъват карданд. Вақте ки гӯш кардем, Зайналпур оҳангеро, ки бо рубоб сар мешуд, интихоб карда, гуфтанд, ки «Ана ҳамин, Маҳмудҷон, ана ҳамин вариант, дигараш даркор нест» ва ҳамин тавр суруди «Муғаннӣ» пайдо шуд».

Ҳамин тавр муайян шуд, ки барои офаридани мусиқии намоиш Маҳмудҷон Воҳидов ба Дамир Дӯстмуҳаммадов муроҷиат менамояд. Дар таҳияи композитсияи мусиқии “Ишқи зиндагӣ” устод Дамир Дӯстмуҳаммадов мустақим иштирок кардааст. Мусиқии моноспектаклро бастакори забардаст Д.Дӯстмуҳаммадов бо касбияти ба худ хос офаридааст. Ҳарчанд он замон Д. Дӯстмуҳаммадов ҷавону навқадам дар роҳи эҷодиёт буд, аммо дониши баланди мусиқидониаш собит намуд, ки ӯ новобаста аз синну солаш аллакай ҳамаҷониба дар баҳри беканори мусиқӣ чун ғаввоси моҳир фаъолияти эҷодӣ хоҳад кард. Ва бурди асосии Д.Дӯстмуҳаммадов дар ин асари саҳнавӣ ва умуман дар аксарияти эҷодиёташ дар он буд, ки ӯ асбобҳои Ғарбу Шарқро синтез карда, асбобҳои миллиро низ фаровон истифода менамуд. Яке аз душвории шеъри Ҳофиз дар он буда, ки сужети муайян надоранд. Яке аз файласуфони оламшумули Олмон Георг Велгелм Гегел дар мавриди ғазалиёти Ҳофиз фармудааст: «Аммо дар ашъори ӯ (яъне Ҳофиз — З.С.) на ягон хел мавзӯи вежае, на тасвири олами воқеие, на Худо, на устурае дида намешавад… Аз як шайъ ӯ ба дигараш мегузарад, ба куҷое хоҳад, меравад. Аммо дар ҳамаи ин саҳнаи томе зуҳур мекунад, ки тавассуташ шоир худро ба мо муаррифӣ намудааст — рӯ ба рӯ, чашм ба чашм, бо ошкоргӯии малеҳе. Дар ин ҳама инсони комил зуҳур ёфта, бо шаробу базмҳояш, дӯшизаҳояш, бо хилвату ғайраҳояш. Ва ин ҳама мунъакис шуда, бе ҳеҷ гуна хоҳишу худпарастиҳо, дар фазои кайфияту лаззати холис… Дар ашъори Ҳофиз мо шикваю шикояти зиёдеро аз маъшуқу соқӣ дар меёбем, аммо дар ин вазъ низ ӯ чун дар ҳолати хушбахтӣ фориғу беғам аст…»

Ғазалиёти Ҳофиз шабеҳи мусиқӣ аст, ки кайҳонист. Аз ин лиҳоз, мусиқии симфонӣ, ки Дамир Дӯстмуҳаммадов яке аз дастболотарин бастакорони тоҷик дар ин намуди мусиқии муосир буд, тавонист бо тамоми ҳашамату нерӯ ва тавоноӣ ҳамин кайҳоншабеҳии ғазалиёти Ҳофизро инъикос намояд.

Барои офаридани мусиқии намоиш Д.Дӯстмуҳаммадов маълум, ки хеле заҳматҳо кашидаанд, то мувофиқи хоҳиш ва завқи ҳунарманди шаҳир М. Воҳидов эҷод гардад. Тибқи гузориши профессор Нурҷонов спектакл Ҳофизро дар рушду балоғат муаррифӣ мекунад — дар рушду инкишофи синнусолӣ ва ҳам дар раванди камолоти зеҳниву маънавӣ. Ва бастакор кӯшидааст, ки ҳамин идеяи спектаклро ба воситаи мусиқӣ ифода намояд.

Ҳамкории ду ҳунарманд, ки дар касби худ аллакай ҳамон замон устод буданд, шаҳодат бар он медиҳад, ки ҳар кадом рисолати касбии хешро амиқ дарк намуда ва дар пеши миллат бо сарфарозӣ ва бо муваффақият адо намудаанд.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки дар он замони беҳувиятсозии миллатҳо, ки сиёсати давлатии Ҳукумати Шӯравӣ буд, фарзандони миллатдӯст Д. Дӯстмуҳаммадов ва М.Воҳидов сарфи назар аз сиёсат ва идеалогияи Шӯравӣ карда, рӯ овардаанд ба осори аҷдодӣ ва суннатҳои он, ки ин аз далерӣ ва шуҷоати эшон гувоҳӣ медиҳад.

Кантатаҳои якқисмаи «Нишони Оли Сомон» (шеъри Гулназар), «Фарзанди ин миллат манам», «Чу Фирдавсӣ бистез» (шеъри Лоиқ Шералӣ) ва «Гимни Анҷумани тоҷикони ҷаҳон» (шеъри Гулназар) аз эҷодиёти солҳои охири устод худ далели ин гуфтаҳо аст, ки ҳувияти миллии он кас дар асарҳояшон низ инъикос гардидааст.

Дар фарҷом барои шинохти бештари бастакор Дамир Дӯстмуҳаммадов, ки албатта ба суди бастакорони ҷавон ва мусиқии касбии мо аст, чанд пешниҳод менамоем:

Зиндагинома ва фаъолияти эҷодии касбии Дамир Дӯстмуҳаммадов бо ҳама паҳлуҳояш таҳқиқ карда шавад;

Замон, муҳит ва марҳалаҳои фаъолияти бастакории ӯ ба таври васеъ омӯхта шавад;

Осори эҷодии Д.Дӯстмуҳаммадов аз назари касбият аз ҷониби композиторон ва мусиқишиносон баррасӣ карда шавад;

Ба таври густурда омӯзонидани асарҳои Д.Дӯстмуҳаммадов ба композиторони ҷавон ба роҳ монда шавад;

Дар мактабҳои мусиқӣ барномаи таълимии махсус аз эҷодиёти Д. Дӯстмуҳаммадов таҳия ва омӯзонида шавад.

 

Адабиёти истифодашуда:

Воҳид Маҳмуд. Мусаввадаҳои нотамом», ҳозиркунандагони китоб Баҳор Хуррамзод, Дилрабо Саидмуродова. — Душанбе, 2005. Дафтари бисту панҷум, аз 8 июли с.1970;

Нурҷонов Н. «Маҳмудҷон Воҳидов», — Душанбе, нашриёти Маориф ва фарҳанг, 2009, 384с. Дафтари бисту панҷум, аз 8 июли с.1970;

Гегель. «Эстетика», В 4-х тт., М.: Искусство, Т. 3, 1971;

«Дамир Дӯстмуҳаммадов» (маҷмуи мақолаҳо). — Душанбе, 2001;

Жола Бадеъ. «Ишқи Ҳофиз», — нашрияи «Маориф ва маданият», 27 майи соли 1971.

 

Зоҳири Сайфулло

Добавить комментарий