Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи муқаддимотии Лигаи футболи чемпионҳои Осиё-2019 натавонист, ки бар дастаи ӯзбекии АГМК аз Олмалик ғалаба кунад ва роҳи худро ба даври гурӯҳии ин мусобиқа ҳамвор созад.

«Истиқлол» аллакай дар дақиқаи 2-юм бо голи задаи Муҳаммадҷон Раҳимов ба пеш баромад, аммо соҳибони майдон баъди 23 дақиқа ҳисобро баробар карданд. Ҳамин тавр, қисми якум бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт ва дар қисми дуюм легионери ӯзбеки «Истиқлол» Ҷалил Кимсанов, ки дар ин бозӣ хеле маҳорати хуб нишон дод, дастаашро ба пеш баровард. Сармураббии дастаи АГМК аз чунин ранг гирифтани бозӣ ба андеша афтод ва дарҳол ду тағйирот дар дастааш кард. Маҳз ин тағйирот кор доданд ва соҳибони майдон на танҳо ҳисобро баробар, балки боз ду голи дигар зада, натиҷаро 4:2 карданд.

Бо ҳамин «Истиқлол»-и Душанбе аввалин баромади худро дар Лигаи чемпионҳои Осиё бо нокомӣ оғоз кард ва акнун бояд дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 ширкат кунад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2019. Марҳилаи муқаддимотӣ

АГМК (Ӯзбекистон) — «Истиқлол» (Тоҷикистон) — 4:2

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 2 (0:1). Дилшод Ҷӯраев, 25 (1:1). Ҷалил Кимсанов, 62 (1:2). Санат Шихов, 73 (2:2). Ҷасур Ҳасанов, 78 (3:2). Зафар Полвонов, 82 (4:2).

12 феврал. Олмалик. Варзишгоҳи АГМК.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here