Ба таваҷҷуҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Халқро такягоҳи давлату ҷомеа мегӯянд! Пас чаро дархосту хоҳишҳои аҳолии деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор аз Вазорати нақлиёти кишвар даҳсолаҳо боз роҳи ҳал намеёбанд?

Деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор 25-30 км дуртар аз маркази шаҳри Ҳисор ҷойгир шудааст. Барои рафтуомад ба бозори марказии шаҳри Ҳисор ё ин ки ба шаҳри Душанбе ва ё худ барои харидории молу лавозимоти рӯзгор аҳолии ин деҳот душворӣ мекашанд. Зеро набудани нақлиёт ба занону духтарон ва пиронсолони деҳа мушкилӣ эҷод менамояд ва дар вақтҳои зарурӣ бо истифода аз қаиқҳо дарёи Кофарниҳонро убур карда, ба деҳаи ҳамсоя (деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ) гузашта, аз нақлиёти он истифода мебаранд.

Аҳолии деҳаи мазкур 127 хоҷагиро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор аксарият ҷавонону мардони хонаводаҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд. Мардуми деҳаи Шерхонӣ бештар ба зироаткорию чорводорӣ машғуланд. Тайи 20-солаи охир ягон духтари ин деҳа натавонистааст, ки ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, таҳсили худро идома дода, дар ягон соҳа кору фаъолият намояд. Чунки мактаби деҳаи мазкур то синфи 9 мебошад ва барои идомаи таҳсили синфи 10-11 маҷбуранд то деҳаи ҳамсоя 6 километрро тай кунанд. Ва ҳамин мушкилиҳост, ки духтарони ин деҳа таҳсилашонро то синфи 9 идома медиҳанд.

Мушкилии асоси ин деҳа пули (кӯпрук) одамгузар мебошад. Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, миёни деҳаи Шерхонии шаҳри Ҳисор ва деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ дарёи Кофарниҳон мегузарад. Ин дарё айни замон мушкилии аҳолии деҳаи Шерхониро сабук менамояд. Яъне сокинон айни замон тариқи балонҳо, камераҳои резинӣ ва қаиқҳо аз дарё мегузаранд. Аз деҳоти Сарикиштӣ то шаҳраки Гипрозем 10-11 км масофа мебошад. Мардум тариқи дарё борҳои худашонро мегузаронанд ва роҳашонро каме ҳам бошад, кӯтоҳ менамоянд.

Тибқи маълумотҳое, ки сокинони деҳаи Шерхонӣ ба мо доданд, пештар миёни ин ду деҳа (Сарикиштӣ ва Шерхонӣ) пули одамгузар мавҷуд будааст. Дар солҳои нооромӣ дар ҷумҳурӣ дар фасли баҳор сели дарёи Кофарниҳон пули одамгузарро ба пуррагӣ канда бурдааст ва аз ҳамон сол то ба имрӯз пул барқарор нашудааст. Баъзан ҳолатҳо нафароне, ки аз тариқи қаиқҳо дарёро мегузаранд, ғарқ мешаванд. Ногуфта намонад, дар лаби дарёи Кофарниҳон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90 низ мавҷуд аст. Дар пайи омадани сел дар дарё қисми зиёди замини мактабро сел шуставу хароб кардааст ва ин барои хонандагони мактаби мазкур бениҳоят хатарнок мебошад. Як тарафи масъала набудани пули одамгузар бошад, дигараш ин ки дар деҳаи Шерхонӣ бунгоҳи тиббӣ низ нест. Тасаввур кунед, ки дар нимаи шаб зани ҳомилае корафтода мегардад ва умуман дар кадом ҳолате, ки набошад, як нафар бемор мешавад, ёрии аввалини тиббӣ ба ӯ низ муҳим аст. Дар ин ҳолат мардум ба куҷо муроҷиат мекунанд? 

Раиси маҳаллаи деҳаи Шерхонӣ Саидов Абдулҳабиб мегӯяд: “Чандин маротиба ҳамроҳ бо аҳолии деҳа бо мактубу дархост ба Вазорати нақлиёт, Ҳукумати шаҳри Ҳисор, Дастгоҳи Президент барои дастгирӣ намудан ва кӯмак барои сохтани пули одамгузар муроҷиат намудем, вале ҳамааш бенатиҷа. Танҳо ваъда медиҳанду халос, ягон чораандешӣ дида намешавад. Ҳамеша ҷавоби мактубҳоямон бо як мазмун бармегардад — “маблағ пайдо шавад, чораандешӣ менамоем ва ё хазинаи ҳукумати ноҳия маблағи сохтани пулро надорад”. Агар ҳукумати шаҳр барои мо кӯмак намояд, қувваи кориро аз тарафи аҳолии деҳа ташкил менамоем”.

Ҳамчунин, Саидов Абдулҳабиб иброз дошт, ки худ узви ташкилоти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ташкилоти байналмилалии башардӯстона) мебошад ва чандин маротиба ба онҷо низ дархосту пешниҳодҳо намудааст, аммо инаш ҳам бенатиҷа.

Сокини дигари ҳамин деҳа Азизов Сайидазам мегӯяд, ки худаш шахсан чандин маротиба ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат намудааст, аммо боз ҳам тамоми кӯшишҳояшон бенатиҷа.

Мардуми деҳаи мазкур аз соли 1999 то ба имрӯз ба мақомоти дахлдор мактубу дархост пешниҳод менамоянд, вале меоянду як аз назар мегузаронанду мераванд ва дигар ба инҷо қадамашонро намегузоранд. Сайидазам Азизов дар давоми суҳбат бо мо афзуд, ки “агар як пул (кӯпрук) сохта диҳанд, дигар духтарони мо ҳам метавонанд ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шаванд”. 

Мавсуф гуфт, ки аз оилаи худи ҳамин шахс ҳамсар, духтар, келин ва писараш ҳангоми бо қаиқ аз дарё гузаштан ғарқ шудаанд. Хушбахтона, бо кӯмаки мардуми деҳа онҳоро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд. Вале ҳар сол чандин нафарон аз деҳаҳои боло ба об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҷасади онҳо аз деҳаи Шерхонӣ ва деҳаҳои ҳамсоя ёфт мешавад.

Мо барои бардоштани масъалаҳои ҳалталаби деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисор ба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода муроҷиат кардем. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки ҳукумати шаҳр барои сохтмони пули одамгузар имконият надорад, вале то ҷашни 30-солагии Истиқлолият сохтани пул ба нақша гирифта мешавад.

Интизор мешавем!

 

Шуҳрати АЛИМАРДОН,

Салима МУСОЕВА,

Мактаби рӯзноманигории назди МТЖТ

Добавить комментарий