Ба таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

Бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритуз, ки соли 1986 сохта шуда буд, бар асари зилзилаи соли 1998 вайрону валангор гардид. Ин бинои харобгардида 21 сол боз бекор хобидааст. Дохили он пур аз партов гашта, бӯйи ғализ беморонро басо нигарон кардааст. Аммо дар тӯли ин солҳо касе барои босозии он иқдом накардааст.

 

Агар масъулон мехостанд…

Ҳар нафаре, ки ба ноҳияи Шаҳитузи вилояти Хатлон сафар мекунад, бо дидани бинои валангори беморхонаи ноҳия пеши худ суол мегузорад, ки наход дар муддати беш аз 20 сол раисони ноҳия ва дигар масъулон онро босозӣ ё таъмир карда натавониста бошанд? Агар қисм-қисм ҳам таъмир мекарданд, ҳоло он ба як беморхонаи замонавӣ табдил меёфт.

 

Як мутасаддӣ: натиҷа нест, хаста шудем

Орзу Содиқов, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия иброз дошт, ки ҳарчанд аз ҳоли бино аз МИҲД-и ноҳия ва вилоят то масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ огоҳ ҳастанд, аммо дар ин солҳо барои азнавсозии он камари ҳиммат набастанд.

— Дар ин бинои валангор пеш шуъбаҳои таваллуд, амрози даруна, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва қалб фаъолият мекарданд. Мутаассифона, баъди ба ҳолати садамавӣ расидани бинои он замон навсохт боз ҳамаи ин шуъбаҳо ба бинои пешинаи беморхона, ки солҳои 1968 сохта шуда буд, гузаронида шуданд. Бинои мавриди истифода низ таъмирталаб мебошад. Мо аз ноилоҷӣ дар бинои мазкур кор мекунему ба мардум хизмати тиббӣ мерасонем. Ҳоло талабот ба ҳуҷраҳои иловагӣ зиёд аст. Барои ҳамин, зарур аст, ки шароит барои муолиҷаи беморон хуб карда шавад. Аммо муроҷиатҳои хаттию шифоҳии бешумори беҷавоби мо — масъулону табибон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят, Раёсати тандурустӣ ва ҳатто Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моро хаста кардааст. Дигар намедонем, ки ба куҷо муроҷиат кунем, то ба доди мо расанд,- илова кард О. Содиқов.

Ҳоло, ба қавли ҳамин манбаъ, шумораи аҳолии ноҳия ба зиёда аз 120 ҳазор нафар расида, ҳамзамон, талабот ба катҳои хоби иловагӣ афзудааст. Дар натиҷа, беморхона наметавонад муроҷиати беморонро қонеъ намуда, ҳамаи онҳоро сари вақт бистарӣ кунад. Шуъбаи бемориҳои қалб дар он бинои садамавии мавриди назар ҷой карда шудааст, ки ин хилофи ҳама қонунҳою меъёрҳост.

 

Бояд вазир ояд…

Ба қавли Меҳринисо Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳритуз, барои бунёди беморхона маблағи калон даркор аст. Яъне, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои азнавсозии бинои садамавии сеошёнаи беморхона наздики 10 миллион сомонӣ лозим аст. Ба гуфти муовини раиси ноҳия, аз вазъи беморхона ҳама, аз ҷумла роҳбарони воломақоми вазоратҳо, ки ба ҳайати тадорукоти иншооти ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ноҳия сохташаванда шомиланд, пурра огоҳанд. Фақат ҳамин мондааст, ки вазири тандурустӣ Насим Олимзода шахсан омада, бо вазъи беморхона шинос шавад.

 

Аз маслиҳати масъулон: раис ваъда дод

Раҷабзода Миралӣ, роҳбари навтаъйини Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки аз вазъи беморхонаи ноҳияи Шаҳритуз огоҳ аст ва оид ба ин масъала бо раиси ноҳия суҳбат дошт. “Айни замон раёсати мо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қудрати таъмир намудани он биноро надоранд. Аммо раиси ноҳия Оймаҳмадзода Рамазон ваъда дод, ки талош мекунанд, то ташкилотҳои хориҷиро ҷалб намоянд”,- афзуд ӯ аммо нагуфт, ки ин тасмимашон кай амалӣ хоҳад шуд.

 

Ҳалли мушкилро мехоҳанд ё не?!

Тибқи иттилои расида, айни замон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Шаҳритуз сохтмону барқарорсозии зиёда аз 300 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Вале боиси тааҷҷуб аст, ки азнавсозию таъмири бинои куҳнавалангори беморхонаро ба рӯйхати сохтмонҳои ҷашнӣ ҷой накардаанд.

 

Воқеияти имрӯзии беморхона — “хоре дар чашм”

Ноҳияи Шаҳритуз яке аз сераҳолитарин ноҳияҳои вилоят ва маркази се ноҳияи ин минтақаи ҷануби кишвар ҳисоб меёбад. Аз ин хотир, азнавсозию таъмири куллии ин беморхона мушкили хизматрасонии на як ноҳия, балки се ноҳияро ҳал хоҳад кард. Ва умедворем, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки баъди таъйинаш ба ин маснад аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамарӯза дидан менамояд, дар рӯзҳои наздик шахсан бо вазъи ногувори ин беморхона шинос шуда, бобати роҳандозии корҳои сохтмонӣ чораҳои қатъӣ меандешад. Зеро воқеияти имрӯзии ин муассисаи тандурустӣ бозгӯи он аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри ислоҳи мушкили рақами яки ин ҷо эҳсоси ҷиддии масъулият намекунад. Агар не, пас чаро дар муддати беш аз ду даҳсола ҳатто оқибатҳои зилзиларо бартараф карда натавонист?

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here