ГУФТОРИ АВВАЛ:

Нигоҳи бинанда

Раҳималӣ НУРИДДИНОВ, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор:

— Дар Тоҷикистони имрӯз, ки кишвари мо дар рӯ ба рӯи паёмадҳои сангини иттилоотӣ ва ҳасодати бегонагон қарор дорад, маҳз барномаи сиёсиву таҳлилие ба монанди «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони Тоҷикистон метавонад ҷомеаи ҷавони кишварро ба маҷрои дуруст ва шинохти воқеияти зуҳуроти асри XXI ҳидоят намояд. Зеро муаллиф ва ровии барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» Фатҳиддини Замон донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони арабӣ, англисӣ ва русиву форсӣ мебошад, ки барои як журналист донистани чунин забонҳои ҷаҳонӣ худ дастоварди бузурге дар роҳи муаррифии Ватан ва саодати хештан аст.

Худойбердӣ ХОЛИҚНАЗАР, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Дар роҳи пешбурди сиёсати иттилотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» мавқеи махсусро ишғол намуда, дар ғояи ин барнома ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, якпорчагии Ватан, ҳифзи мероси фарҳангиву таърихӣ қарор дорад. Ин барнома худ дастоварди замони соҳибистиқлолӣ дар фазои расонаҳои давлатии Тоҷикистон аст.

Гулбаҳор НАЗИРӢ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Мо дар барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони Тоҷикистон таҳлил ва баррасии муҳимтарин масоили рӯзи ҷаҳон, вазъияти кишварҳои зери сояи ҷанг, муҳоҷирату паноҳҷӯии сокинони кишварҳои ҷангзада ва поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои паноҳҷӯёни бесарпаноҳро ба осонӣ мушоҳида менамоем. Воқеан, ин барнома дар фазои расонаҳои Тоҷикистон як таҳаввулотеро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло вақте расидааст, ки шумораи чунин барномаҳо дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ зиёд карда шавад ва дар ин раванд сокинони кишвар, бахусус ҷавонон ба иттилооти саривақтӣ ва мубрами вазъи ҷаҳон таъмин гарданд.

Абдураҳмон ХОНОВ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон:

— Воқеан, дар фазои расонаҳои Тоҷикистон барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон» мавқеи хосро ишғол намуда, ин барнома ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии журналистӣ ва воқеънигорӣ таҳия мегардад. Дар шароити имрӯз мо ба чунин барномаҳои таҳлилӣ ва маърифатӣ сахт эҳтиёҷ дорем.

 

ГУФТОРИ ДУВВУМ:

Дар саргаҳ

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки то имрӯз зиёда аз 500 нашраш манзури бинандагон ва ҳаводорон гаштааст…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки ҳар нашраш дар баробари чанд маротиба такрор пахш шудан, боз бо дархости сокинони вилоятҳои Суғд ва Бадахшон моҳе як маротиба дар телевизионҳои давлатии Хуҷанд ва Хоруғ пахш мегардад…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки тавассути яке аз шабакаҳои бонуфузи Афғонистон — “Тулуъ” пахш шудааст…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки ба ҷуз аз телевизионҳои дохилию хориҷӣ боз ба воситаи фиттаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳу донишкадаҳо, марказҳои динӣ, қисмҳои низомӣ, ҷамоатҳо, ҳамоиш ва конфронсҳои марбут ба обу экология, терроризму ифротгароӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки нусхаҳои зиёдаш барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба кишварҳои дуру наздики сайёра, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, давлати Қувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, кишвари Ҷопон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва ғайра фиристода шудаанд…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки ба ҷуз дар дохили ҷумҳурӣ боз дар шаҳри Сеули Куриёи Ҷанубӣ, шаҳрҳои Ҷопон, аз ҷумла Токио, Хиросима, Киёто, Нагасакӣ, шаҳри Москваи Федератсияи Россия, шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Дубай ва Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб, шаҳри Масқати Салтанати Уммон ва ғайра таҳия ва манзури бинандагон гардидааст…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки баъзе нашрҳояш дар шакли моқолаҳои илмӣ, илмӣ-омавӣ бо таҳриру иловаҳо дар нашрияҳои ҷопӣ ва интернетӣ чоп шудаанд…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки тӯли 7 соли фаъолият ҳар ҳафта аз 45 то 60 дақиқа бе танаффус ҳар шоми сешанбе пахш мегардад…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки айни ҳол аз ДМТ се нафар магистрон ва як нафар аспирант доир ба он кори илмӣ бурда истодаанд…

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» равшанкунандаи ҳақиқатҳои зери соя монда, таҳлилкунандаи масоили доғи рӯз, қиёскунандаи вазъияти ногувори Шарқи мусалмонӣ, пешгирикунандаи терроризму ифротгароӣ, гӯяндаи сухани дирӯзу имрӯзи аҳволи кишварҳои ҷангдидаву ситамзада, талқинкунандаи суботу оромӣ ва истиқлолу озодӣ, муаррифгари фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ мебошад.

«Тоҷикистон ва ҷаҳон» барномаест, ки арзиши диданро дорад!

 

ГУФТОРИ САВВУМ:

Тавлиди садое ё дирӯзу имрӯз

— Аз гузаштагон, зодгоҳ, бӯйи деҳа, сандалии хона, дарахтони бешумори куҳистон бигӯед

— Шодам, ки дар Суғди қадим ба дунё омадам. Тибқи шаҷараномае, ки аз бобоҳоямон ба мо расидааст, аҷдодонамон тӯли ҳазорсоли охир сокини водии Зарафшон ва Бухоро будаанд. Бобои Обидам (ва ё Бобои Мулобобо ҳам мегӯем) аз охирон хатмкардагони Мадрасаи Мири Араби Бухорои Шариф будаанд, ки аз он кас осори зиёди дастнавис, китобҳои қадим ба мо расидааст.

Дар хусуси зодгоҳ бошад, то ҳол бӯйи кӯчаҳои деҳа аз димоғам нарафтаанд, ҳар кӯчаву паскӯчааш дар дил ҷойгаҳи худро дорад. То ҳол ба ёду хаёли сандалии кӯчакамон худро гарм мекунам. То ҳол дарахтони он куҳистонро ёд мекунам ва хумори онҳо маро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад.

— Чаро баробари калимаи “аҷдодонамон”ро ба забон овардан ранги чеҳраатон тағйир ёфт?

— Гузаштаи мо, хусусан аз ман, ифтихори ман ҳастанд. Китобҳо, дафтарҳо, калому суханҳое, ки дар замони кӯдакӣ мешунидам, марбут ба асолати гузаштагони мо буданд. Бо ин сабаб месазад, ки беандоза шукргузор бошему ранги чеҳраамон дигаргун шавад.

— Яъне гуфтанӣ ҳастед, ки Шумо бо қаламу сухан ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ошноӣ доштед?

— Албатта. Муҳити оилавии мо бо китоб, сухан, калом, шеър ва умуман маънавиёт бисёр алоқаманд буд. Ман аз ҳамон давра мехостам ояндаам бо қаламу калом пайванд бошад. Ва шукр, ки ҳоло ҳамин тавр аст.

— Омӯхтан ва донистани забони арабӣ бароятон ягон сабаби махсус дошт ё не?

— Аз сабабе, ки наздики 60%-и калимаҳои забони тоҷикии мо аз забони арабӣ иқтибос омадаанд, бе донистани забони арабӣ фикр мекунам ҳар нафаре, ки ба сухан сарукор мегирад, нопурра аст. Ва пеш аз он, ки ман ба омӯзиш пардохтам, мақсади муайян доштам. Он мақсаде, ки маро то ин рӯзҳо расонд. Мақсаде, ки бо тамоми вуҷуд хонда, ба халқу ватан хизмат мекунам…

— Як фарқияти донишҷӯйиатонро аз дигарон бигӯед

— Ман 5 соли таҳсил дар донишгоҳ як ғоиб ҳам надоштам.

— Роҳи телевизионро чи гуна ёфтед?

— Аввалан, шукри Худо, пасон, бо дастгирии собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов ман аз замони донишҷӯйӣ ба Телевизиони Тоҷикистон омадам. Эшон гуфта буданд, ки ҳар нафаре сухани гуфтанӣ, малакаи нигориш, қобилияти дарки масоили сиёсию иҷтимоӣ дорад, бе ягон восита метавонад дар телевизион ва радио фаъолият кунад. Ҳамин тавр, ман бо Телевизиони “Тоҷикистон” ҳамкориро оғоз карда, барномаи “Паргор”-ро таъсис додам ва соли 2012 номашро ба “Тоҷикистон ва ҷаҳон” иваз кардам.

— Сабаби аз “Паргор” ба “Тоҷикистон ва ҷаҳон” табдил додани номи барнома дар чӣ буд?

— Калимаи “Паргор” барои бисёриҳо нофаҳмо буд ва мо маҷбур шудем, ки номи барномаро содатару фаҳмотар монем, то ки дар миёни мову бинандагон нофаҳмие набошад.

— Мо медонем, ки ба монанди барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар дигар шабакаҳои телевизионии кишварҳои хориҷӣ барнома вуҷуд дорад. Лутфан, мегуфтед, ки худи Шумо аз арзи ҳастӣ доштани ин барнома чӣ мехостеду мехоҳед?

— Дуруст гуфтед. Дар ҳама шабакаҳои давлатии мамолики дунё барномаи махсусе ба мисли барномаи мо, яъне “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ҳаст. Мақсади ин гуна барномаҳо мавқеъ ва вуҷуд доштани кишвареро дар арсаи байналмилалӣ инъикос менамоянд. Мо ҳам бо мақсади аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз бохабар намудани аудиторияи кишвар ва бори дигар тасдиқи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва дар ҳама ҳолат бо бошандагони сайёра алоқаманд аст, ин барномаро ба Телевизиони “Тоҷикистон” пешниҳод кардем.

 

ГУФТОРИ ЧАҲОРУМ:

Чакида

— “Тоҷикистон ва ҷаҳон” барои як нашр аз Фатҳиддини Замон чанд рӯз талаб мекунад?

— Як ҳафта. Албатта, баъзан вақт мешавад, ки тӯли ҳафта ду нашри барномаро омода мекунам, вале одатан меъёр як барнома аст ва ҳама вақти дар ихтиёр доштаамро сарф мекунам.

— Модоме, ки кор зиёд аст, чаро шогирд ё ёрдамчие намегиред?

— Барои сабту таҳия ва умуман омода кардани барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” як не, балки чанд шогирд лозим аст. Ва дар ин баробар бачаҳои телевизион ба ман кӯмак мерасонанд. Вале мутаассифона, бисёр корҳое ҳастанд, ки наметавонам ба дигарон вогузор кунам. Масалан, навиштани сенария, танзими барнома, ҷустуҷӯи мавод… инҳо корҳоеанд, ки бояд худам анҷом диҳам. Барои як барномаи хуб таҳия кардан бо шавқу завқ ва ҷиддӣ кор кардан лозим аст.

— Пас ин тавр то кай давом меёбад?

— То вақте ки ману барнома зинда ҳастем.

— Барои мо номаълум аст, ки Шумо чӣ гуна дар хориҷи кишвар барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”ро сабту таҳия мекунед. Лутфан, як сафаратонро мухтасар нақл мекардед

— Аслан, барои нафаре чун ман, ки дар сафарҳои хориҷиям барои таҳияи барнома нақши ҳам коргардон, ҳам оператор ва ҳам журналистро мебозам, бисёр мушкил аст. Яке аз сафарҳои ман ба кишвари Ҷопон буд, ки ҳоло кӯтоҳ қисса мекунам: мо ба кишвари Ҷопон бо даъвати худи сарвазири он давлат сафар карда будем. Аз кишвари Ҷопон журналистони Осиёи Миёнаро, ҳамонҳоеро, ки матну қалам, забондонию ҷаҳонбинии васеъ доранд, даъват карда буданд. Мақсадашон аз даъвати журналистони фаъоли Осиёи Миёна андеша ва дидгоҳи онҳоро дар хусуси Ҷопон фаҳмидан буд. Бар ивази сафар аз ҳар як журналист мақолаи илмӣ дар ҳаҷми 25 саҳифа талаб карда мешуд. Хулоса, дар иртибот бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи Ҷопон мо ба он кишвари ормонҳо, ҷангзада, ситамдида, гиряолуду ҳуқуқпоймолшуда… сафар кардем. Дар фурудгоҳ аз мо суол карданд, ки ба куҷоҳо рафтан мехоҳем? Ман дар он ҷо сенарияи сафарро омода кардам ва ҳама журналистон аз рӯйи барномаи тартибдодаи ман сафарашонро анҷом доданд. Дар интиҳои кор, ман дар ҳаҷми 25 саҳифа мақолаи илмӣ навиштам, ки ҳам дар матбуоти худамон ва ҳам дар рӯзномаи “The Japan News” нашр гардид. Иловатан, барномаамро сабту таҳия намудам, ки яке аз шумораҳои беҳтарини “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба шумор меравад.

 

ГУФТОРИ ПАНҶУМ:

Аз ин то он

— Шумо то кадом андоза ба илм наздикӣ доред?

— Шукр, ки баробари пеш бурдани барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” боз унвонҷӯи ДМТ ҳастам ва рисолаи номзадиам дар мавзуи “Аҳамияти экологӣ ва сиёсати минтақаи Осиёи Марказӣ” омода аст ва ҳоло онро роҳбарам хонда истодааст. Худо хоҳад, ҳимоя мекунам.

— Чаро мавзуи кори номзадиатонро ба забони арабӣ наздиктар интихоб накардед?

— Сабаб он аст, ки ман чанд сол мешавад ба омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯйи калимаҳои тоҷикӣ дар Қуръони карим, ҳадисҳо ва шеъри арабӣ машғулам ва дар ин хусус барои тартиб додани китобе маводи кофӣ ҳам ҷамъ овардаам. Ният дорам, ки дар фосилаҳои наздик таҳқиқамро дар шакли китоб дароварда, нашр кунам.

— Номи китоб чӣ мешавад?

— “Вожаҳои тоҷикӣ дар Қуръони карим, ҳадис ва шеъри арабӣ”.

— То ҷое хабар дорем, аллакай шеърҳоятонро ҳам дар шакли як маҷмуа омода кардаед…

— Бале. Баъзан-баъзан шеър ҳам менависам ва шукр, ки ононро ҷамъ овардаам, аммо то ҳол чоп нашудаанд.

— Одатан, нафароне, ки донандаи чанд забон ҳастанду табъи шоирӣ доранд, бо дигар забонҳо ҳам шеър менависанд. Шумо чӣ?

— Ман ҳам аз ин ҳолат истисно нестам, ҷуз бо забони тоҷикӣ, боз бо забонҳои арабӣ ва англисӣ ҳам шеър менависам.

 

ГУФТОРИ ШАШУМ:

“Дафтари нокуҷообод”

“Дафтари нокуҷообод” зеботарин андешаҳои фалсафии Фатҳиддини Замонро дар бар мегирад. Дар ин китоби то ҳанӯз дафтар ҷавоб ба саволҳои «дар дунёи имрӯз чӣ ҳодисаҳое дар ҷараёнанд?», «чӣ ҳаводис дар сарнавишти мо ва аҳли башар ба вуқуъ пайвастааст?», «чӣ чизҳое моро интизор аст?», «чӣ орзуҳое, ки бисёриҳо доштанду ба онҳо расида натавонистанд?», «чӣ инсонҳое, ки муҳоҷир шуданду дигар ба ватан барнагаштанд?», «чӣ модароне, ки дар кулбаҳои тангу тори куҳистон бемор буданду касе аз ҳоли онҳо хабар наёфт?», «чӣ кӯдаконе, ки ҷавониро надида пир шуданд?», «чӣ инсонҳое, ки дар ҷангҳои Сурияву Афғонистон ҳалок шуданд?», «Чӣ бегуноҳоне, ки дар зиндонҳо солҳои зиёд озоб кашиданд?», «чӣ одамоне, ки ҷони худро дар талоши зиндагӣ аз даст доданд?»… мавҷуд аст.

Дар куҷое, ки кӯдаки фақир ва ятиму гуруснаеро мебинед, бидонед, ки сарватманде, худкомае, сиёсатмадоре, террористе ва ифротгарое ҳаққи ӯро хӯрда, хонаи ӯро вайрон кардааст.

***

Андар шаби ман ҳаёт боронӣ гузашт,

Умрам ҳама ҷо ба ёди инсонӣ гузашт,

Дар бодияи сагони сад рангу сифот,

Шому саҳарам шамолу туфонӣ гузашт.

***

Диёри хастадилам, водии шаҳидон аст,

Замини кӯдакиям хоки мустамандон аст.

Работи рабти дилам, вожаи куҷообод,

Умеди рафтаи ман, Юсуфе зи Канъон аст.

***

Ман аз шоми ғариби бенавоён, зи аҳволи ғарибат гиря кардам,

Куҷоободи ин дунёи вайрон, зи офоқи ҳазинат гиря кардам.

Баҳору тирамоҳ ҳамзод гаштанд, даруни пусти шаҳри захмии ман,

Аз инҷо дар мазори хоки инсон, ба номи он каримат гиря кардам.

(Аз “Дафтари нокуҷообод”)

 

ГУФТОРИ ҲАФТУМ:

“Маҳтоби беватан”

“Маҳтоби беватан” ба “Дафтари нокуҷообод” хеле зиёд монандӣ дорад. Ин китоби то ҳанӯз шакли китобро надида яке аз паҳлуҳои муҳими эҷодиёти Фатҳиддини Замонро ташкил медиҳад. Ин китоб андешаҳоро дар хусуси дунёи беватанӣ, дунёе, ки одамон ба якдигар зулм мекунанд, дунёе, ки ранҷу ситезаҳояш ба аҳли башар ҳамарӯза расида истодааст, дунёе, ки аз дурӯғ буданаш ҳамагон огаҳӣ доранд, вале боз ба доми фиребаш медароянд, дунёе, ки дар чашми мардум лӯхтаки зебоеро мемонад…, фаро мегирад. Муаллиф аз дунё, дунёе, ки ба ҷойи муҳаббат нафрат, ба ҷойи ишқ хиёнат, ба ҷойи ростӣ дурӯғ, ба ҷойи адолат ноадолатӣ, ба ҷойи озодӣ бардагӣ, ба ҷойи зебоӣ зиштӣ, ба ҷойи дӯстӣ душманӣ, ба ҷойи хотирҷамъӣ парешонхотирӣ, ба ҷойи беҳбудӣ мушкилӣ… дорад, сахт андуҳгин буда, ҳамдарди аҳли башар буданашро ба воситаи ибораву ҷумлаҳои кӯтоҳаш баён кардааст.

Замоне, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои пешрафтаи олам вориди майдони ҷанг ва қудратозмоӣ мешаванд, кишварҳои фақиру ғарибу ятим фақиртару ғарибтару ятимтар мешаванд. Зеро вақте ки кӯчактарин Шаҳобсанги кайҳонӣ дар фазои лоятаноҳии ҷаҳон бар фарози Уқёнуси Атлантика фуруд меояд, лаппиши он ҳама нукоти Уқёнусро фаро хоҳад гирифт.

***

Эй Шарқи мусалмонӣ! Хуб медонам, ки фарзандонат аз шимол то ҷануб ва аз шарқ то ғарби вуҷудат аз дахолати бегонагону душманон ранҷ мебаранд. Ҳоло вақте расидааст, ки аз хоби гарон бархезӣ ва ояндаатро бо дасту бозувонат обод бисозӣ, ки вақт хеле танг аст. Бешак, мо ҳамагон сарнавишти худро бо қалами хеш хоҳем навишт.

(Аз “Маҳтоби беватан”)

 

ГУФТОРИ ҲАШТУМ:

“Оятҳои хокистарӣ

Дар ин маҷмӯа, ки ин ҳам рӯйи чопро надидааст, зиёдтар андешаҳои фалсафии Фатҳиддини Замон ҷой гирифтаанд. Хусусияти хос ва фарқкунандаи “Оятҳои хокистарӣ” аз “Дафтари нокуҷообод” ва “Маҳтоби беватан” дар кӯтоҳ будани шеъру тарона ва андешаҳояш аст.

Инсонҳо ба қадри ҳамдигар дер мерасанд, рӯзе ба қадри ҳамдигар мерасанд, ки ҷойи ин рӯзҳоро рӯзи дигар гирифтааст. Ҷойи ин кӯчаҳоро кӯчаҳои дигар, ҷойи ёдҳоро ёдҳои дигар ва ҷойи шодиҳоро шодиҳои дигар гирифтааст.

***

Ҳоло вақти бедории ҷавонон фаро расидааст. Бедорӣ барои худсозӣ, бедорӣ барои ҳифзи шарафи поки хештан, бедорӣ баҳри дифои муқаддас барои рӯзи хуше аз поёни ҳаёт, бедорӣ барои сохтани шаҳри ободе бо деворҳои баланди адолат барои он кӯдаконе, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.

ГУФТОРИ НУҲУМ:

7

— 7 кишвари писандида…

— Ҷопон, Сингапур, Кореияи Ҷанубӣ, Қатар, Олмон, Дания ва Фаронса.

— 7 минтақаи зебоманзари Тоҷикистон

— Инкандаркӯл, Чорчамани ноҳияи Дарвоз, Кӯли Сарез, шаҳри Душанбе, Куҳҳои Фон, Куҳҳои баланди Бадахшон ва дарёи Зарафшон.

— 7 журналист…

— Дмитрий Киселёв, Владимир Соловёв, Аҳмад Мансур, Дориюши Раҷабиён, Касро Ноҷӣ, Стефан Сокур ва Хуршеди Атовулло.

— 7 нависанда…

— Николо Макиявелӣ, Артур Ҷеферӣ, Томас Мур, Достоевский, Аҳмад Шавқӣ, Алӣ Шариатӣ, Абдукарими Суруш.

— 7 вохӯрӣ

— Вохӯрӣ бо Пешвои миллат ҳангоми кушодашавии телевизионҳои “Варзиш”, “Синамо” ва Академияи ВАО, вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии кишвари араб, вохӯрӣ дар ҳамоиши байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028”, вохӯрӣ дар конфронси байналмилалии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, вохӯрӣ бо сарвазири Ҷопон, вохӯрӣ бо профессорону донишҷӯёни Донишгоҳи Малайзия ва вохӯрӣ бо як миллионери тоҷиктабори муқими давлати Қатар — Мукраки Дарвозӣ.

— 7-солагии барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба Шумо ва тамоми мухлисону ҳаводоронаш муборак бошад ва Худо кунад, ки дар паҳлуи рақами 7 боз чандтои дигар рақами 0 илова шавад.

— Ташаккури бепоён!

Мусоҳиб: Сино ТОҲИРОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here