Имрӯз раиси Ҳукумати Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор амру фармонҳои худ роҳбарони оҷонсиҳо ва дигар корхонаҳои давлатиро аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигарро таъйин кард.
Аз ҷумла, бо фармони президент Лоиқзода Қаноатшо аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод гардида, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъйин гардидааст.
Тибқи Қарорҳои Ҳукумат Раҳмонзода Лолахон Футур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Савзаалӣ Назирзода директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.
Файзуллозода Хуршед Мирзо бо сабаби ба вазифаи Директори генералии Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин гардидан, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” озод шуда, ба ҷой ӯ Нориён Парвиз Исматулло директори телевизиони “Варзиш” таъин гардидааст.
Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Нурулло Ғаффор директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ таъйин гардидааст.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳои сатҳи роҳбарии дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Рӯшон ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод, Нуробод, Лахш, шаҳрҳои Роғуну Норак, Хуҷанд, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҷайҳуну Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон нав шудаанд.
Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахшу Шаҳритуси вилояти Хатлон иваз гардида, дар сохтори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омадааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here