Дар кишваримо, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи авҷи созандагӣ ва рушди соҳаҳои гуногун қарор дорад, шаҳрвандони кишвар дар рифоҳ, саодат ва боварӣ ба фардои неки худу фарзандонашон зиндагӣ доранд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо мақомоти маҳаллӣ ва ё шахсони алоҳидае, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, бо аъмолу қарорҳои мухолиф бо қонунҳои кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ин боварӣ ва қонунсолориро зери суол мебаранд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳалномаи аҷоибу ғароибест, ки Суди ноҳияи Мастчоҳ содир кардаву як нафар кампири 86-соларо маҷбур намудааст, ки ҳар моҳ қисме аз нафақаашро барои як нафар хешаш ба ивази қарзи “дар асл мавҷуднабуда” пардохт намояд.

Холбибӣ Ашӯрова, сокини кӯчаи Сулҳи ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ аз он шикоят дорад, ки Суди ноҳияи Мастчоҳ ба далелсозиҳои бардурӯғи як нафар бовар намудаву далелҳои ӯро ба инобат нагирифт. Зимни суҳбат ӯ нусхаҳои ҳалномаи суди ноҳия, шикояти кассатсионӣ, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғдро ба мо нишон дода, гаштаву баргашта мепурсид, ки чаро суди марҳилаи аввал ва ҳамин тавр, зинаи болоӣ — Суди вилояти Суғд далелҳои ӯ ва сохтаву дурӯғ будани даъвои ҷониби дигарро ба назар нагирифт? Чаро суд дидаву дониста ҳуқуқҳои ӯро поймол кард? Агар суд аз ҷониби даъвогар манфиат надида бошад, чаро адолати судиро татбиқ накард?

Барои он, ки хонандаро ба саргумӣ набарем, эшонро аввал бо даъвои даъвогар Неъматов Исроил Наҷмуддинович ошно намуда, сипас далелҳои Х. Ашӯроваро баррасӣ мекунем.

Неъматов И. Н., сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, ки бо Холбибӣ Ашӯрова муносибати хешутаборӣ низ дорад, ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, талабашро бо он асоснок намудааст, ки “санаи 01.10.2006 сол бо хоҳиши шаҳрванд Ашӯров Шамсӣ, ки ҳамдеҳааш мебошад, бо шоҳидии писараш Ашӯров Ҳасан Шамсиевич ба охирон маблағи қарз ба миқдори 8200 доллари ИМА медиҳад. Ашӯров Ш. оид ба гирифтани маблағи қарз забонхат навишта медиҳад ва писараш Ашӯров Ҳ. Ш. низ дар забонхат имзои худро мегузорад. Новобаста аз ин, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти №0139007 (мағозаи сабзавотфурӯшиаш) воқеъ дар бозори “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гарав медиҳад. Ҳамчунон, дар забонхаташ қайд намудааст, ки дар ҳолати маблағи қарзро барнагардонидан мағозаи мазкур бо сертификаташ ба ӯ дода мешавад. Муҳлати баргардонидани қарзи мазкур аз ҷониби Ашӯров Ш. то санаи 30.10.2006 муайян карда шуда буд. Вале ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия меравад. Миёнаҳои сол як ё ду маротиба ба Тоҷикистон бармегардад. Ашӯров Ш. соли 2008 ва писараш Ашӯров Ҳ. соли 2014 вафот мекунанд. Вақте ки даъвогар соли 2015 аз Федератсияи Россия бармегардад, огоҳ мешавад, ки мағозаи бар ивази қарз дар гарав гузоштаи Ашӯров Ш. аз ҷониби дигар шахсон гирифта шуда, мавриди истифода қарор дорад. Баъдан мефаҳмад, ки ҳамсари марҳум Холбибӣ Ашӯрова пас аз вафоти шавҳар ҳамчун вориси дараҷаи аввал мағозаро ҳамчун мерос қабул намуда, қисме аз онро ба номи наберааш Абдуғаффор Ашӯрзода ва писараш Расул Ашӯров дар асоси шартномаи ҳадя гузаронида, қисми дигарашро тибқи шартномаи хариду фурӯш ба шаҳрванд Ориф Бобоев фурӯхтааст. Даъвогар боз ба Федератсияи Россия рафта, бо ҳамин санаи 09.04.2016 ба ватан бармегардад.

Пас аз 10 сол Неъматов И. ба суд ариза навишта, хоҳиш кардааст, ки маблағи қарз ва фоизҳои он, ки ба Ашӯров Ш. дода будааст, аз ҷониби ҳамсараш Х. Ашӯрова баргардонида шаванд. Аммо тарафи дигар чӣ мегӯяд?

Холбибӣ Ашӯрова мегӯяд, ки шавҳараш аз ҳеҷ кас қарздор набуд, зеро дар ин бора то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ чизе нагуфтааст.

— Мо ҳамаамон мусулмонем ва медонем, ки қарз гирифтану напардохтан гуноҳи вазнин аст. Ҳатто муллоҳо ҷанозаи одами қарздорро намехонанд, то замоне, ки яке аз ворисони марҳум уҳдадор нашавад, ки қарзҳои майитро пардохт кунад,- мегӯяд Х. Ашӯрова.

Дар идомаи суханони худ мавсуф далелҳоеро пеш овард, ки ба қавли ӯ аз ҷониби суд ба инобат гирифта нашудаанд. Ӯ гуфт:

— Хуб, фарз кардем, ки шавҳари ман қарздор буд, 1-уми октябри соли 2006 қарз гирифт ва бояд то охири моҳ пардохт мекард. Чаро И. Неъматов дар муҳлати муайяншуда қарзашро талаб накард? Чаро қарзашро нагирифта ба Россия рафт? Хуб, ӯ мегӯяд, ки дар як сол як ё ду маротиба ба ватан меомадааст. Чаро боре ҳам дар зинда будани марҳум наомад? Одаме, ки пул додааст, ҳамеша дар фикри баргардонидани он аст. Вале шавҳари ман соли 2008 вафот кард. Дар ҷаноза И. Неъматов ҳузур дошт. Чаро ба мо пайвандони марҳум аз ин бора чизе нагуфт? Охир, шахсе, ки ӯ шоҳид медонад, яъне писарам Ҳасан Ашӯров, он замон зинда буд, дар ҳаёт буд. Барои чӣ ҳатто ба ӯ нагуфт? Чаро он вақт ба суд муроҷиат накард? Соли 2014 писарам, шоҳиде, ки ӯ мегӯяд, Ҳасан Ашӯров низ аз дунё рафт. Магар қарзхоҳ наметавонист, ки ба мо муроҷиат кунад, ё ба суд дар ҳамон вақт ариза диҳад? Тибқи моддаи 221 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати умумии даъво се сол муқаррар шудааст. Чаро ин ҳама далелҳоро суд нодида мегирад? Барои чӣ суд намехоҳад адолат татбиқ шавад? Як нафаре, ки бо роҳи фиребу найранг ва туҳмат кардану пул гирифтан зиндагӣ дорад, наход аз қонун боло ва ба суд таъсиргузор бошад? Пас Конститутсия ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрванд чӣ мешаванд?

Аммо ҷониби даъвогар, И. Неъматов низ далелҳои худро дорад. Сабаби дер муроҷиат карданаш агар сафарҳои мунтазами ӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Россия бошанд, ягона далел ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи вай, ки исбот мекунад, дар воқеъ Ш. Ашӯров бо шоҳидии фарзандаш Ҳ. Ашӯров аз ӯ 8200 доллар гирифтааст, забонхати бо қалами оддии сиёҳ навишатшуда мебошад. Забонхати мазкур дар воқеъ шаҳодат медиҳад, ки Ш. Ашӯров дар шоҳидии писараш Ҳ. Ашӯров аз ҳамдеҳааш И. Неъматов маблағи мазкурро ҳамчун қарз гирифтаву мағозаи сабзавотфурӯшиашро ба гарав гузоштааст. Вале фарзанди Ш. Ашӯров — Расул Ашӯров бовар дорад, ки ин забонхат сохта аст ва ҳеҷ гоҳ аз ҷониби падараш навишта нашудааст. Ӯ мегӯяд:

— Қоғазе, ки гӯё беш аз 10 сол пеш падарам дар он бо қалам забонхат навиша бошанд, нав аст, ақаллан каме зард нашудааст. Ҳол он ки, дар ин муддат он бояд сифаташро дигар мекард. Ин як. Дуюм, ранги қалам ҳам тоза аст ва ҳеҷ имкон надорад, ки бо гузашти беш аз 10 сол хира нашуда бошад. Сеюм, хате, ки дар забохат аст, бо хати падари мо ҳеҷ монандӣ надорад, мо инро муқоиса кардем. Чорум, модоме, ки И. Неъматов ин қадар маблағи калонро қарз дода бошад, чаро тавассути нотариус, ё ақаллан кормандони ҷамоати деҳот пеш аз гирифтани забонхат онро расмӣ ва тасдиқ накард? 

Бо исрори пайвандони Ш. Ашӯров суд ба забонхати мазкур низ экспертизаи судӣ — хатшиносӣ таъин кардааст. Тибқи хулосаи №01/905/2017-и ташхиси судӣ — хатшиносӣ аз санаи 17.07.2017 муайян шудааст, ки “имзоҳои дар забонхат, ки бо калимаҳои Ман Ашӯров Шамсӣ оғоз шуда, бо калимаи гирифтанд, анҷом ёфтааст, дида мешавад, аз номи Ашӯров Шамсӣ гузошта шуда, эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда шудааст”. Дар ин хулоса ба таври возеҳ маълум аст, ки “эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда шудааст” ва модоме, ки эҳтимол аст, пас дақиқ аст, ки эҳтимол аз ҷониби Ашӯров Шамсӣ иҷро карда нашуда бошад. Ё не? Пас чаро суд эҳтимоли дуюмро сарфи назар мекунад? Ё суд дар дидану надидани эҳтимолҳо суд мебинад?

Биёед акнун ба паҳлуи дигари масъала менигарем. Даъвогар И. Неъматов дар аризааш навиштааст, ки дар баробари забонхат “сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти №0139007 (мағозаи сабзавотфурӯшиаш) воқеъ дар бозори “Ваҳдат”-и ҷамоати деҳоти Оббурдон, ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гарав медиҳад”. Модоме, ки чунин бошад, пас чи гуна Х. Ашӯрова тавонистааст қисмате аз мағозаи мазкурро ҳадя кунад ва қисмати дигарашро фурӯшад? Ба ҳама маълум аст, ки чунин муомилот бидуни сертификат ғайриимкон аст. Чаро даъвогар ба суд сертификати дар гарав бударо пешниҳод карда натавонист? Чи гуна сертификате, ки дар дасти И. Неъматов будааст, аз ҷониби Х. Ашӯрова истифода шудааст?

Саволе, ки на танҳо оилаи Ашӯровҳо, ҳатто ҳамсояҳову аҳли маҳалларо ба ташвиш овардааст, ин аст, ки дар кадом асос И. Неъматов пас аз 10 соли вафоти Ш. Ашӯров оилаи онҳоро туҳмат намуда, бо роҳи фиребу тақаллуб мехоҳад пули муфт ба даст орад?

Суди ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамин тавр пас аз шикояти кассатсионӣ Суди вилояти Суғд бошад, огоҳона ва ё ноогоҳона аз кирдорҳои И. Неъматов ҳамсари Ш. Ашӯров — Х. Ашӯроваро вазифадор кардааст, ки барои пардохти малағи қарзи мавҷуднабуда — 8200 доллари ИМА баробар ба 27716 сомонӣ (бо қурби пешӣ) ва маблағи фоизҳои ҳисобшуда — 7760 сомонӣ ҳар моҳ аз нафақааш, ки 205 сомониро ташкил медиҳад, 40 сомониву 60 дирам ба даъвогар И. Неъматов диҳад. Инак, давоми як сол аст, ки як ҷавонмарди ҳузарб, ки бо карру фарри зиёд ва мошинҳои бадвоҳима мегардад, аз нафақаи кампири барҷомонда Холбибии 86-сола, ки 205 сомониро ташкил медиҳад, ҳар моҳ 40 сомонию 60 дирам мегирад. Ҷавонмардӣ куҷост? Оини хешутаборӣ чӣ шуд? Оё он кирдор аз рӯи имону виҷдон аст?

Шояд пас аз хондани ин матлаб И. Неъматов аз кирдори худ шармидаву дасти талаб аз домани кампири Холбибӣ мегирад? Агар чунин шавад, чи хуб, агар не, пас аз Суди Олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои татбиқи адолат, ҳифзи обрӯи давлат, таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ва тантанаи ҳақиқат парвандаи мазкурро зери назорати худ гирад. Мо ба адолати судӣ бовар дорем!

 

Масъуд ҲАБИБ,

Душанбе — Мастчоҳ — Душанбе

Добавить комментарий