Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии Тоҷикистон

 

Соли 1984 ҳамроҳи  бародаронам, ки дар дуюм ошёнаи ҳамин бино зиндагонӣ доштанд аз Ховарони Шарқӣ масолеҳи сохтмониро оварда, дар миёни хонаҳои №1 ва № 4  ду ошёна сохтмонҳои худсарона сохтем. Шароити муҳити зист бунёд кардем. 

Соли 2008-ум ҳайати комиссияи қонунигардонии молу мулк ба ин суроға омадагӣ буданд, сохтмонҳои худсаронаи солҳои 1990-1994 сохтмони тамому нотамоми ману бародаронамро қонунӣ гардонида, эътироф намуданд.  Намедонам, дар кадом асос ё сабаб бошад, ки ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ кардани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ҳуқуқшиноси н. Шоҳмансур эътирофи комисcияро ба назар нагирифта, дар шаҳодатнома як қисмати сохтмонҳоро дарҷ кардаасту қисми дигарро не. Хонаҳои иловагии худсарона сохтаамонро ҳам ба номи ман ва ҳам ба номи писарам шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк менависад. Дар натиҷаи амалӣ намудани сохтмонҳои иловагӣ (соли 1994) масоҳати умумии квартираи зикршуда №1 ба микдори 57,7 метри мураббаъ зиёд гардида, даромадгоҳи хонаҳо аз дигар қисмати бино таъсис ёфта буд хонаи № 4 дуюм ошёна даромаду баромадаш аз зинаи бетонӣ буд, ки соли 2008 қонунӣ гардонида шуда буд. Ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ кардан дар  шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк ҳуқуқшиноси Мақомоти Иҷроияи Маҳаллии Ҳокимияти Давлати н. Шоҳмансур Қосимов Х. сохтмонҳои тамому нотамомро, ки дар замини 392 квм, ки комиссияи қонунигардонии молу мулк ба ин сӯроға омада буданд, эътироф карданд. Дар кадом асос сохтмонҳои давраи пешин, ки ба дигарон таъалуқ доранд ба номи писарам, ки ҳанӯз мактабхон буд  навишт?  

Муҳлати қонунигардонии молу мулк 6 моҳ буд пурра 6 моҳ аз паси ҳуқуқшиноси ҳокимият Қосимов Х. давидам, ки ҳуҷҷатгузориатон ғалатанд, молу  мулки мардумро ба номи писарам кардаед, аммо писанд накард. Дар ин хона писарам 51,1 квм туҳфа дораду халос.  Онро ҳамчун ҳамсоя соли 2003 ҷудо карда будем. Вай чун ҳамсоя аст, хонаҳои навсозро дар шаҳодатомаи қонунигардонии молу мулк , ки ба номи писарам, ки дар ин замину ин бинои хонаи авлодӣ дар замини 491 квм, ки  сохтмонҳои бародарон ва дигар ҳамсояҳоянд, хонаҳои навсози 57,7 квм, ки ба ман ва дигар фарзандҳоям таалуқ доранд, ҳам ба номи падар ва ҳам ба номи писар  ШАҲОДАТНОМАИ ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК дарҷ кардааст, ки ҳамаи ин ғайри қонунӣ аст ва молу мулки мардуманд.

 Тайи панҷ сол аст, ки дар ин хонадон оромӣ нест. Фарзандам монеъагӣ дорад. Соли  2003 –юм барои начаспидани модару писар дар ин хонаи авлодӣ, бо дигар хешовандон як қисмати биноро 51квм 3 ҳуҷра, ки  дар он хона то аз навсозии хонаҳо  5 нафар аз соли 1984-ум то соли 2013 зиндагонӣ мекардем, бо молу амволашон ба писар дода, туҳфа шудааст. Замини назди ҳавлигӣ  491,6 кв  заминаш умумӣ буду пойгаҳи истиқоматкунадагони ҳамин бино. 

Ҳамчун сардори оила ба онҳо пешниҳод намудам, ки дари даромадгоҳу баромадгоҳатонро аз тирезаи дигар қисмати бино кушода, ҳуҷраатонро фурӯхта равед. Духтарҳоям гарчанде дар хориҷа зиндагонӣ дошта бошанд ҳам, барои онҳо шаҳри Душанбе ва хонаи падар хело азиз аст.           

Аз нимаи моҳи  марти соли 2013 ҳуқукшиносҳо Раҳимова Ш.К. ва Шарипов П. Р. аз модару писари даъвогар Вознисенская Т. Л. ва писараш  Муҳаммадиев А. М.  ваколатномаи судӣ мегиранд. Ҳамон рӯз 22 май ба КФБТ- и ш. Душанбе рафта ба хонаҳои навсоз, ки ман шиносномаи техникӣ дорам боз ба болои шиносномаи техникии ман шиноснома ба номи писар гирифтанд. Ҳуқукшиноси ҳокимияти н. Шоҳмансур ин қисмати замин ва сохтмонҳои навсозро дар шаҳодатномаи молу мулки падар  дарҷ накарда буд боз ба ин қисмати замину сохтмонҳо ба номи писар  шиносномаи техникии дигар сохтанд. 

Мардум молу амволашонро аз ман талаб доранд. Писарам молу мулки муфти дигаронро ёфта, ки ба номаш қонунӣ гардонида шудааст, монеагӣ дорад ва аз як сар молу мулки мардумро дуздида, фурӯхта ба манфиаташ сарф карда истодааст.

Соли 1994 – ум, ки сохтумонҳои иловагӣ карда будам, писарам ноболиғ буд. Синфи даҳум мехонд, 16 сола буд. 

Бо дасти писари номукаллафи нашъамандам ҳадафи ин гурӯҳи муташакили ҳуқуқшиносон, ки ҳаммаслаки писарам мебошанд, ғалат кардани шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулкро асос карда,  фурӯхтани ҳуҷраи №1-и бино мебошад, ки масоҳаташ 103 м2 ва замини зери бино 491 м2 мебошад. Ҳуқуқшиносҳо – ваколатдорҳояшон Раҳимова Ш.К., Шарипов П.Р. ва модари писарам Вознисельская Т.Л. барои фиреб додани Судҳо чӣ гуна сохтакориҳо кардаанд.

Бубинед, ки ҳуқуқшиносҳо-намояндагони ваколатдори писарам қонунҳо ва ҳуқуқи граждании истиқоматкунандагони сӯроғаи ш.Душанбе кӯчаи У. Зоконӣ 20/4 квартираи 1 ва 4 – ро поймол кардаанд.

Соли 1990-ум гуё, ки ман дар ҳуҷраи № 4 суроғаи ш.Душанбе кӯчаи У.Зоконӣ| 20/24 зиндагӣ дорам. Роҳам аз подъезд ба дуввум ошёна будааст. Ордери хонаи №4 соли 1991-ум, ки ба Светлана Равкина ин ҳуҷра тааллуқ дорад, ман он занро надидааму намешиносам. Баъдан соли 1992-юм модарамон ба бародари хурдиямон он хонаро аз дигар ҳамсоя харидорӣ карда будаанд.

Ваколатномаи хариду фурӯш аз 23-юми октябри соли 1992-юм ин сӯроға фақат ордер дошт. Аввалин бор соли 1996-ум Шиносномаи техникӣ ба ин хонаҳо ман гирифа будам.

 Намояндаҳои ваколатдори писарам ва модараш Шарифов П.Р. ва Раҳимова Ш.К. , бо дасти писарам дар шиносномаи техникии КФББТИ ш. Душанбе  дар кадом асос дар ҳуҷҷати шиносномаи техникии як шахси бегона фамилияи ман пайдо шуд. Шиносномаҳои техникиро аввалин бор ба ин бино соли 1996 – ум  ба ҳар ду ҳуҷраҳои №1 ва № 4 гирифта будам.

Бубинед, ки чӣ  гуна соли 1996-ро соли 1990 сохтаанд, шашро сифр  карданд, чунон моҳирона сохтанд, ки то ҳатто экспертиза муайян карда наметавонад, ки шаш аст ё сифр.  

Ин сохтакориҳо ва ҳуҷҷатҳои ғалатшударо ба суд ариза ирсол мекунанд. Суд ҳамаи ин сохтакориҳоро ба назар мегирад.

Аз ҲАЛНОМАИ СУДӢ, ки намояндаи писарам Шарипов П. Р. намояндаи ҳокимияти н. Шоҳмансур Қосимов Х. ва судя Хаётов М. Ч. Чи гуна бофтаҳову сохтакориҳо кардаанд. Гӯё, ки собиқ ҳамзистам , ки умуман ба ин баҳси судии ману писарам ягон хел иртиботе надорад, дар маҷлиси судӣ гуфта бошад, ки маҷлиси судӣ панҷ дақиқа буду ҳангоми ҷанҷол писарам маро таҳқир кард, фишорам баланд шуд аз маҷлиси судӣ баромада рафта будаам.Падари собиқ хамзистам, ки дар зиндагиаш ин сӯрогаро надида буд соли 1984-ум уро ҳамроҳи духтараш дар шаҳри Тошканд ба хок супорида будем. АРВОҲ аз ш. Тошкент ба шаҳри Душанбе омада, ду хона мехарад. Духтараш  як хонаро ба писараш ва дигарашро ба собиқ ҳамзисташ туҳфа мекунад. Писари мактабхон хонаи ду ошёна месозад. Худаш дар ш. Москов ба Душанбе наомада шаҳодатномаи қонунии молу мулк гирифтааст шахсе ,ки на мол дораду на мулк. Соли таввалуди писар 1978 соли 1990 писар 12 сола аст, замин ва сохтмонҳои иловагӣ дошта будааст.  Бубинед, ки бо дасти писари носолимам ин гуруҳи ҳуқуқшиносҳо чӣ гуна меҳнату заҳмати 50 солаи маро ғорат кардаанд…

Бо эҳтироми самимӣ,

Аризадиҳанда М.Муҳаммадиев  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here