Соли дуввум аст, ки муҳассилини Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ соли хонишро дар синфхонаҳои тангу тор оғоз мекунанд. Ҳарчанд муаллимони литсейи мазкур гуфтанд, ки дар самти таълим ягон камбудию норасоӣ надоранд, вале мушоҳидаҳо зимни як сафар ба ноҳияи Панҷ нишон дод, ки дар ин таълимгоҳ на ҳама дар сатҳи олӣ қарор дорад.

Гап сари он меравад, ки тирамоҳи соли 2017 бо мақсади бунёди як таълимгоҳи наву замонавии сеошёна бинои Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ, ки ҳудуди 200 нафар касбомӯз дорад, пурра аз байн бурда шуд. Қарор буд, ки ба ҷои он бунёди бинои сеошёна оғоз мешуд, вале танҳо чуқурии зербино канда шуду бо ҳамин кор ба муддати номуайян ба таъхир афтод. Устодон мегӯянд, бо он ки кандани бинои литсей ба таври таъҷилӣ сурат гирифт, гумон доштанд, сохтмон зиёд тӯл накашида, дар муддати кӯтоҳ ба ҷои бинои қаблии аз солҳои 60-уми асри гузашта боқимонда, ки то чанд соли охир ҳамчун «ПТУ-51» маъруф буд, бинои замонавӣ қомат хоҳад афрохт. Муаллимони ин боргоҳи ҳунар хеле мехоҳанд иншооти мазкур ба рӯйхати иншооти ҷашнӣ ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти кишвар ворид мешуд, вале мегӯянд, осемасарӣ дар бунёди бино ба пастсифат шудани сохтмон оварда мерасонад.

Директори литсейи мазкур Худоёр Салмонов дар суҳбат гуфт, ки масъалаи қафо партофтани сохтмони биноро дар мақомоти маҳаллии ноҳияи Панҷ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар борҳо матраҳ кардааст, вале ҷавоби қонеъкунанда нагирифтааст. Ба қавли номбурда, «дар рӯзи шамол фарёд беҳуда аст».

— Муҳлати бунёди иншоотро то соли 2022 тахмин мезананд, вале чуноне мебинем, агар кор чунин ранг дошта бошад, дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани сохтмон имконнопазир аст. Ҳар вақт, ки ба мутасаддиёни иншоот аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тамос мегирам ва ё бевосита ба худи вазорат оид ба ин масъала муроҷиат мекунам, ваъда медиҳанд, ки ҳафтаи оянда корро сар мекунанд, вале мутаассифона, ин ваъдаҳо ду сол боз идома ёфта истодаанд,- гуфт директори Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ Худоёр Салмонов.

Роҳбари муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Дилшод Саидзода дар як суҳбати телефонӣ сабаби ба муддати тӯлонӣ ба таъхир афтидани оғози сохтмон ва бунёди литсейро дар ноҳияи Панҷ шарҳ дод. Ба гуфтаи номбурда, онҳо бе лоиҳакашӣ ва ташхиси давлатӣ «катлован»-и биноро кандаанд ва пудратчӣ барзиёд кор фармуда шудааст.

— Хароҷоти сохтмони иншооти мазкур тахминан ҳудуди 13 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба монанди ин дар ноҳияи Балҷувон ва Қубодиён ҳам вобаста ба сохтмон мушкилиҳои зиёд дорем. Ҳарсола аз ҳисоби буҷаи давлатӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, лекин 13 объекти сохтмонӣ дорем. Хароҷоти ҳар як объектамон на кам аз 12-13 миллион сомонӣ мешавад. Бо ҳафт миллионе, ки аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷудо карда мешавад, наметавонем дар як-ду сол сохтмонҳоро анҷом диҳем. Мо маблағҳоро марҳила ба марҳила ба сохтмони иншоот равона мекунем. Дар ноҳияи Балҷувон ба ҳамин монанд як литсей доштем. Вақте Ҷаноби Олӣ ба ин ноҳия сафар карданд, дастур доданд, ки сохтмони ин иншоот ба зиммаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Аз ҳолати литсей дар ноҳияи Панҷ огоҳ ҳастам. Сохтмони онро ширкати ватании «Стройкомпания» ба уҳда дошт. Дар масъалаи муҳлати бунёди иншоот дар ин ноҳия ягон чиз гуфта наметавонам. Ман мехоҳам як бало карда, бунёди литсейи Панҷро ба зиммаи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ гузаронем, зеро онҳо маблағ доранд. Барои 13 объект, ки на кам аз 12-13 миллион сомонӣ хароҷот доранд, ба мо 7 миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Мо намедонем онро чӣ тавр тақсимот кунем. Бинобар ҳамин, мо наметавонем дар муҳлатҳои муайяншуда бунёди иншоотро ба анҷом расонем,- гуфт Д. Саидзода.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Абдуғаффор Каримов дар суҳбат гуфт, ки алҳол вобаста ба бунёди Литсейи касбии техникӣ дар ноҳияи Панҷ чизе гуфта наметавонад, зеро ба наздикӣ вазифаи сармуҳандисиро қабул кардааст.

— Мо ҳафтае қабл ба ноҳияи Панҷ рафтем, сурат гирифтем, ҳаҷми корро ҳисоб кардем. Феълан макони сохтмон аз экспертиза нагузаштааст. «Катлован»-и биноро ду сол пеш канда буданд, вале бо сабаби набудани маблағ ҳамон хел монд. Ман аз моҳи март вазифаро қабул кардам, пештар чӣ кор гузаштааст, намедонам. Мо мактубҳояшро тайёр карда рафтем. Бояд шартҳои техникияшро (техусловия) гирифта, ба институт оварда диҳем ва баъд институт бурда ташхис гузаронад. Бе гузаштан аз ташхис корро сар намекунем, зеро пагоҳ аз ман сифати кор талаб карда мешавад,- гуфт А. Каримов.

Тавре роҳбари Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ Худоёр Салмонов мегӯяд, масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфтаанд, ки аз рӯи нақша бояд сохтмони бино то соли 2022-юм ба анҷом расонида шавад, вале сармуҳандиси Раёсати сохтмони вазорат Абдуғаффор Каримов мегӯяд, бунёди иншооти мазкур то соли 2022 ғайриимкон аст, зеро ҳаҷми иншоот калон аст.

— Инҷо ҳам корпуси таълимӣ, ҳам хобгоҳ ва ҳам устохонаи таълимӣ бунёд карда хоҳад шуд, ки аз маблағгузорӣ вобастагӣ дорад. Айни ҳол ба уҳдаи Раёсати сохтмони вазорат 13 объекти нотамом мавҷуд аст. Ба қарибӣ иншооти Балҷувону Раштро супоридем. Шояд акнун маблағгузорӣ ба иншооти дигар, ба монанди литсейи ноҳияи Панҷ зиёдтар гардад. Ҳаҷми иншооти мазкур бо назардошти хобгоҳу устохонаи таълимӣ тахминан 13-14 миллион сомонӣ аст. Агар ҳар сол тахминан 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шавад, барои бунёди иншоооти мазкур ба ҳисоби миёна 6 сол дар кор аст,- гуфт сармуҳандис А. Каримов.

Ба гуфтаи Каримов, корҳои сохтмониро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ аз соли 2020 оғоз хоҳанд кард. Пас чаро масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ устодон ва касбомӯзони ин таълимгоҳро сарсону саргардон карда, 3 сол пеш бинои литсейро кандаанд? Аз рӯи нақша сохтмони иншоот то соли 2022 бояд ба анҷом расонида мешуд, вале тавре аз суҳбат бо масъулини вазорат огоҳ шудем, онҳо наметавонанд дар ин муҳлат сохтмонро сомон диҳанд.

Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди иншооти муҳим, ба монанди таълимгоҳҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳоро, ки омили муҳими босаводсозӣ, касбомӯзӣ ва пешрафти ҳар як ҷомеа мебошанд, дар мадди аввал гузоштаанд. Магар мешавад нисбат ба ин масъала хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ нишон дод?

Феълан касбомӯзони Литсейи касбии техникии ноҳияи Панҷ дар бинои пасту қадимӣ ва синфҳои аз ҷониби худи устодон таъмири сар-сарӣ кардашуда таълим мегиранд. Имсол тибқи нақша ба литсей 200 нафар хонанда қабул карда шудааст, ки аз ин ҳисоб 75 нафарашон хатмкунандагони синфи 9-уми мактабҳои миёна мебошанд.

— Аз 75 нафар касбомӯзоне, ки пас аз синфи 9-ум ба литсей ҳуҷҷат супоридаанд, 31 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Духтарон низ дар баробари писарбачаҳо барои гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ касбҳои тракторчӣ, ронанда, дӯзанда, кафшергари барқӣ ва компютерро интихоб кардаанд. Бархе аз духтарони маҳаллӣ, ки қаблан касби ронандагиро аз худ карда буданд, ҳоло мошин меронанд ва мусофиркашонӣ карда истодаанд. Аз касбашон фахр мекунанд,- гуфт директори литсейи мазкур Х. Салмонов.

Салмонов мегӯяд, таҳсил дар литсейи онҳо ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад: “Бо вуҷуди он ки борҳо дар мавриди қабули хонандагон тариқи шартнома таъкидҳо шунидам, вале қабул накардам, зеро алҳол шароити мардум вазнин аст, ҳатто баъзеҳо нони хӯрдан надоранд. Маблағи шартномаро аз куҷо месупоранд?”.

Бино ба маълумоти роҳбарият, дар литсейи мазкур 26 нафар омӯзгор фаъолият карда истодаанд. Аз ин ҳисоб 24 нафар дорои маълумоти олӣ, 2 нафар олии нопурра, 13 устои таълимии дорои маълумоти миёнаи техникӣ ба таълимгирандагон касб меомӯзонанд.

 

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Добавить комментарий