Ба таваҷҷӯҳи Прокуроратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон

Фахриддин Қаюмов, раиси хоҷагии деҳқонии “Некрӯз” мегӯяд, 11 Га замини дар тавозуни хоҷагии деҳқониаш буда, “гум” шудаасту солҳо боз дар давузоз аст, то баҳси заминаш ҳал гардад, аммо мақомоти марбутаи шаҳри Панҷакент, бо гузашти чандин сол, ба мушкили ин деҳқон расандагӣ намекунанд ва сарҳади заминҳояшро муайян карда намедиҳанд.  Ин нафари корафтода мегӯяд, дигар намедонад ба куҷову ба кӣ муроҷиат кунад то проблемааш ҳал гардад. 

Бино ба иттилои Фахриддин Қаюмов, хоҷагии деҳқонии ӯ, ҳанӯз соли 1999 таҳти рақами №107 ташкил шуда, дар аввал дорои  692,60 га замин аз ҷумла: 21 га обӣ, 2 га боғ, 397,25 га чарогоҳ, 1,55 га зерисохтмон, 2,14 га замини зери обӣ ва 268,6 га дигар заминҳо будааст. Бо гузашти солҳо хоҷагӣ таҷдид шуда, чандин нафар аъзо ба хоҷагиҳои деҳқонии хурди алоҳида ҷудо шудаанд. Ба ӯ аз ин таҷдид чанд га замин, аз ҷумла 13,85 га замини обӣ боқӣ мемонад ва ӯ барои муайян кардани сарҳад ба идораи заминсозии шаҳри Панҷакент муроҷиат мекунад. Аммо онҳо сарҳади заминҳои ӯро то ҳол муайян накардаанд. 

-Баъди муроҷиатам ба Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии  бақайдгирии молу мулки ғайриманқул онҳо ба ман тавсия доданд, ки рӯйхати саҳмдорон ва сертификати заминро пешниҳод намоям, ҳама гуфтаашонро иҷро кардам, аммо боз ҳам корро кашол дода, то ба имрӯз мушкили маро ҳал намекунанд – мегӯяд Фахриддин Қаюмов.

Ашам заду ушам зад…

Раиси хоҷагии деҳқонии “Некрӯз” мегӯяд, борҳо барои ҳалли мушкилоташ ба ҳукумати шаҳри Панҷакент, Корхонаи заминсозӣ, ҳатто прокуратураи шаҳри Панҷакент  муроҷиат намудааст. Ҳафтае чанд маротиба аз пушти ин проблема аз деҳа ба шаҳр 90 километр роҳро тай карда рафта меоям, хароҷоти зиёд кардам, тӯли ин муддат бисёр азоби рӯҳӣ кашидам. Наход касе ба доди ман нарасад?! 

“Болои сӯхта намакоб”,  нозироти андози шаҳри Панҷакент,  барои он, ки хоҷагии деҳқониамро ба қайд намондаам, маро 1500 сомонӣ ҷарима карданд. Ҳарчанд ба онҳо фаҳмондам ва ҷавоби масъулинро нишон додам, ки заминҳои хоҷагиамон баҳсӣ асту ҳоло ҳалли хешро наёфтааст, маро гӯш накарда, ҷарима намуданд.  Президенти кишвар мегӯянд, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода баред, ба деҳқонон шароит муҳайё кунед, мушкили мардумро дар вақташ ҳал кунед, аммо баъзе аз курсишинони дар Панҷакент буда, ин гуфтаҳои сарвари давлатро нодида мегиранд – илова мекунад Фахриддин Қаюмов. 

Аз рӯи ҷавобҳои кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии  бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, ки нусхаи он ба дасти мо расид, дида мешавад, кӣ ин мушкил камаш ҳанӯз 2 сол пеш ҷой доштааст. 

Хоҷагии деҳқонии “Некрӯз” дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент ҷойгир мебошад. 

Бино ба гуфтаи як корманди ҳукумати шаҳри Панҷакент, дар деҳаи Дашти Қозӣ проблемаи вобаста ба замин хеле зиёд буда, худсарона ишғол кардан ва ҳатто дар заминҳои обӣ сохтмон кардани аҳолӣ зиёд ба чашм мерасад. 

Соҳибназарон бар он ақидаанд, ки проблемаи рақами 1 дар шаҳру деҳоти Панҷакент, ин масъалаи вобаста ба замин гардидааст ва гумон аст солҳои наздик ин мушкилот ҳалли хешро ёбад. 

Хуршед Фозилов, МТЖТ

Аз редаксия: “Гум” шудани 11 гектар заминро надидани чашми мақомот, сар карда аз идораи заминсозӣ то ҷамоати деҳоти Ёрии ноҳия, Прокуратураи ноҳия чӣ маъно дошта метавонад? Мақомот ба кадом хотир аз амали “заминхӯрон” чашм мепӯшанд? Дар пушти ин мафияи пурқудрат дар ноҳия кӣ меистад? Мо пайгирии ин масъаларо идома хоҳем дод. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here