Аз ҳодисаи нангини ҳуҷум ба сайёҳони хориҷӣ ва қатли чор нафари онҳо як сол сипарӣ шуд

 

Хонаводаи Ёрмаҳмад Нахудов аз деҳаи Селгаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон то ҳанӯз бовар надоранд, ки фарзанди онҳо даст ба ҷинояти мудҳиши куштори сайёҳони хориҷӣ зада бошад.

Асомиддин Маҷидов соли гузашта ҳамагӣ 19 сол дошт, ки даст доштанаш дар ҳамлаи террористӣ ва куштори сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ошкор ва зимни боздошт дар муқовимат бо мақомоти амниятӣ кушта шуд.

Падар, ки ӯро рӯи кати ҳавлӣ бо сари хаму хотири парешон дарёфтем, мегӯяд ҳеҷ бовараш намеояд, ки писараш ба чунин амали разилона даст зада бошад.

Хонаводаи Ёрмаҳмад Нахудов аз 5 писар ва 2 духтар иборат аст. Асомиддин дар оила писари 4-ум ва ба гуфтаи падар, «бачаи орому ботамкин» будааст.

 

Асомиддин мехостааст духтур шавад

Падар мегӯяд, ки писараш ягон бор ҳам ҳатто то маркази ноҳия танҳо нарафта буд.

— Соли 2017, пас аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар супорида, мехост духтур шавад. Ӯ ба дониши худ бовар дошт ва ҳама ихтисосҳоро ройгон интихоб кард. Аз ихтисосҳои шартномавӣ ягонто интихоб накард. Мутаассифона, балаш нарасиду сазовори унвони донишҷӯӣ нашуд. Шабу рӯз худамро маломат мекунам, ки агар маслиҳаташ медодам, ихтисосҳои шартномадоштаро ҳам интихоб мекард, шояд алҳол донишҷӯ мебуд,- ба ёд меорад Ёрмаҳмад Нахудов.

Ба гуфтаи падар, дар хона ҳама корҳоро писаронаш бо маслиҳат анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, писараш Асомиддин аз падар хоҳиш кардааст, ки ба ӯ иҷозати ба Русия рафтан бидиҳад, то кор кунаду маблағ ба даст орад ва соли дигар ихтисосҳои шартномадорро интихоб намоя.

— Ман ҳам қабул кардам. Хеле мехостам дар оила духтур дошта бошем, то дар сари пирӣ дастнигари табибон нашавем. Бо ҳамин мақсад, охирҳои моҳи феврали соли 2017 ӯро ба назди писари калониам, ки дар як ширкати сохтмонӣ бо белорусҳо кор мекард, ба Русия фиристодем. Пас аз чанд моҳи ба Русия рафтани Асомиддин акааш Исматуллоро «депортатсия» карданду ӯ ба Тоҷикистон баргашт. Пас аз баргаштани Исматулло, тез-тез ба Асомиддин занг мезадам, аз кору бораш мепурсидам. Ӯ мегуфт, ки ҳамааш хуб аст, ташвиш нашавем. Дигарашро намедонам, пас аз панҷ моҳ, шаби 29-уми июл кормандони шуъбаи милисаи ноҳия ба хона омаданд ва моро аз ҳодисаи рухдода хабардор карданд. Ҳеҷ боварам намеояд, ки писари ман ба чунин кори ваҳшиёна қодир бошад, охир ба куштани мурғ ҳам ҷуръат намекард,- гуфт падар.

Ёрмаҳмад Нахудов мегӯяд, деҳқон аст ва зиндагиашро аз ҳисоби 1 гектару 35 сотих замини фермерияш, ки аз боғу замини пахта иборат аст, пеш мебарад: «Се писари калонам оиладоранд ва дар як ҳавлӣ, якҷоя зиндагӣ мекунем. Аз субҳ то шом бо замин овораем. Аз рӯзе, ки ин ҳодиса шуд, касе дар фикри замин нест, ҳама бесоҳиб мондааст».

Исматулло, писари сеюми хонадон, ки дар Русия сохтмончӣ шуда кор мекард ва додараш Асомиддинро ба наздаш хонда буд, мегӯяд, бо додараш се моҳ ҳамроҳ кор кардааст.

— Ӯ забони русиро намедонист. Чӣ коре, ки ман мафармудам, иҷро мекард, аз маҳалли сохтмон берун намерафт. 8-уми июни соли 2018 маро «депортатсия» карданд ва ба Тоҷикистон баргаштам. Бачаҳои тоҷик, ки онҳоро дар сохтмон роҳбарӣ мекардам, аз ҳисоби ҷойи хоб, хӯрока ва маош танқисӣ намекашиданд. Ба хотири наафтидан ба дасти милисаҳо роҳбарони ширкат ҷойи хоби коргаронро дар ҳудуди сохтмон омода карда буданд. Бе иҷозат касе аз маҳалли сохтмон на баромада метавонисту на даромада. Танҳо корти иҷозатдиҳӣ лозим буд,- мегӯяд Исматулло.

Ба гуфтаи номбурда, Сафаров Зафар (нафари дуюми дар куштори сайёҳон дастдошта) писари аммааш мешавад ва ӯ ҳам он замон дар Русия қарор доштааст, вале аз ҷои кори Асомиддин дур будааст. Зафар дар вилояти Новосибирски Русия дар як сехи яхмосбарорӣ кор мекардааст, аммо Исматулло ва додараш бошанд, дар вилояти Маскав будаанд.

Ин хонавода мегӯянд, намедонанд пас аз 1,5 моҳи «депортатсия» шудани Исматулло бо Асомиддин чӣ гузаштааст? Ҳарчанд зуд-зуд бо Асомиддин тамос мегирифтаанд ва аз ҳолу аҳволаш пурсон мешудаанд.

Оилаи Нахудовҳо мегӯянд, аз чизе хабар надоранд, агар медонистанд,  ки фарзандашон ба ин роҳ меравад, мисли саг занҷирбандаш мекарданд.

Ёрмаҳмад Нахудов мегӯяд, пас аз панҷ моҳи дар Русия қарор доштани писараш, дигарбора рӯяшро дар ноҳияи Данғара вақте дид, ки ӯро мақомот барои шиносоии ҷасад бурда буданд, аммо модар рӯи фарзандашро бори охир 5 моҳ қабл, ҳангоми ба Русия гусел кардани ӯ дида буд.

 

Ҳусейн Абдусамадов кист?

Салиева Сафаргул, модари Асомиддин дар ҳаққи Ҳусейн Абдусамадов, ки ин ҷавононро ба доми фиреб гирифтор карда, оқибат ба ҳалокат расонд, дуои бад мекунад. Модар мегӯяд, ҳарчанд бо хонаводаи Абдусамадовҳо робитаи наздик надоштанд, вале бовар дорад, ки маҳз Ҳусейн фарзанди онҳоро ба роҳи бад бурдааст. Видеои бо сардории Ҳусейн ба номи «Давлати исломӣ» қасам ёд карданашон гувоҳи ин гуфтаҳост. Дили модар, бо гузашти беш аз як сол ба марги фарзандаш бовар надорад. Ӯ мегӯяд, ки дар сӯги фарзанд ҷигархун аст, вале бо овози баланд нола карда наметавонад. Танҳо дар хилват бо ёди ӯ паст-паст мегиряду месӯзад.

Ӯ мегӯяд, ҳеҷ бовараш намеояд, ки фарзанди ӯ ба содир кардани чунин ҷиноят қодир бошад: «Ӯро ҳатман фиреб дода, бо ин роҳ бурдаанд».

Модар аз фарзандаш ҳамчун бачаи босаводу фаъоли мактаб ёд оварда, мегӯяд, ки дар синфи 9-умияш мисолу масъалаҳои синфҳои 11-ро ҳал мекардааст.

Ҳусейн Абдусамадов писари марҳум Абдусамад Нахудов — амаки Ёрмаҳмад Нахудов будааст. Бино ба гуфтаи ахирӣ, амакаш Абдусамад аз зани якумаш чанд духтар доштааст, вале писар надоштааст. Соли 1978 зани дуюм мегирад ва соҳиби чор фарзанд — ду писар ва ду духтар мешавад. Абдусамад Нахудов охири солҳои 80-ум мефавтад ва занаш соли 1993 хонаву дарро фурӯхта, ба Душанбе кӯч бастааст ва фарзандон дар он ҷо бетарбия калон шудаанд.

Ёрмаҳмад Нахудов мегӯяд, бо хонаводаи дуюми амакаш Абдусамад умуман рафтуомад надоштанд. Танҳо соли 2002-юм, ҳангоми сафари муҳоҷират ба Русия ҳамагӣ ним соат бо онҳо дидор кардааст.

Волидон аз писарашон Асомиддин ҳамчун ҷавони сарфакор ёд мекунанд ва мегӯянд, ки ягон сомониро беҳуда харҷ намекардааст. Ҳангоме аз эшон хоҳиш кардем як акси фарзандашонро нишон диҳанд, ягон акс пайдо карда натавонистанд. Гуфтанд, ки ӯ аксгириро дӯст намедошт. Ҳатто аксҳои умумие, ки бо номи «винетка» миёни ҳамсинфон ҳангоми хатми мактаб маъмул аст, надоштааст.

Падар ифтихорномаву сипосномаҳоеро, ки барои хониши хуб ва рафтори намунавӣ ҳангоми дар синфи 8-ум хондани фарзандаш аз мактаб додаанд, ба мо нишон дод.

Хеле кӯшиш кардем, то бо Сафаров Муҳаммаднабӣ, ки бевосита ҳамчун роҳбари синфи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар фаъолият кардааст, аз наздик суҳбат намоем, вале бо вуҷуди талошҳои зиёд ӯро дар хонааш пайдо карда натавонистем.

 

Раиси деҳаи Селга: Ҳусейн ду сол пеш ба деҳа омада буд

Раиси деҳаи Селга Меҳроб Хоҷаев дар бораи Асомиддин Маҷидов ва Зафар Сафаров, ҷавони роҳгумзада ёд оварда, мегӯяд, ки онҳо дар деҳа шахсони бетараф буданд, дар чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятии деҳа, маҷлису вохӯриҳое, ки барои ободонии деҳа баргузор карда мешуд, бо ҳар баҳона иштирок намекарданд.

— Аз оилаи Нахудовҳо танҳо як фарзандаш — Неъматулло дар ободонии деҳа иштироки фаъолона мекарду алҳол ҳам мекунад. Ман яқин мекунам, ки ҷавонон таҳти таъсири равонии Ҳусейн Абдусамадов қарор гирифта буданд. Ӯ ду сол қабл, замони беморӣ ва ҷанозаи амакаш Маҷид дар деҳа пайдо шуда буд. Ҳама хислату амалҳои бади ӯро медонистанд ва касе ба ҷуз хонаводаи амакаш ӯро ба хонааш роҳ надоду ҳарфе ҳам назад. Шояд ана дар ҳамин муддат, вақти дар деҳа буданаш, Зафар ва Асомиддин — хешони наздикашро ба доми фиреб афтондаасту нақшаҳои нангини худро тарҳрезӣ кардааст. Баъд аз дафни амакаш дигар ӯро дар деҳа надидам,- мегӯяд раиси деҳа Меҳроб Хоҷаев.

 

Директори мактаб: Бачаҳо камгап буданд

Алимардон Хоҷаев сокини рустои Селга аст ва ба ҳайси директор дар мактаби миёнаи рақами 8-и деҳа, ки Маҷидов А. ва Сафаров З. онҷо зиндагӣ мекунанд, фаъолият мекунад. Номбурда ҳодисаи нангини марговарро, ки бо иштироки хатмкардагони мактаб дар ноҳияи Данғара рух дод, “доғе ба рӯи деҳа, ноҳия ва умуман Тоҷикистон” унвон ва маҳкум кард.

Номбурда гуфт, ки ҳангоми дар синфи 10-11 хондани бачаҳо бобояшон Маҷид бемор буд ва таваҷҷуҳи волидон бештар ба ӯ нигаронида шуда буд. Аз ин рӯ, волидон шояд он вақт ба таълиму тарбияи фарзандон камтар аҳамият зоҳир кардаанд.

Алимардон Хоҷаев мегӯяд, дониши онҳо ба дараҷаи аъло набуд, вале бад ҳам набудааст. Дар мактаб мисли дигар хонандагон шӯх набудаанд, мисли падаронашон камгап ва пӯшида будаанд, аз муносибат бо коллективи ҳамсинфон дурӣ меҷӯстаанд ва доим дар алоҳидагӣ якҷоя мегаштаанд.

— Гоҳ-гоҳ дар соати шашуми дарс иштирок намекарданд ё дер меомаданд ва сабабашро ба бемории бобояшон рабт медоданд. Мо ҳам аз бемории раҳматии бобои Маҷид огоҳ будем ва дигар чизе ҳам намегуфтем. Ман фикр мекунам, ки бачаҳо саркардагони асосии ин амали разилонаву бераҳмона нестанд. Касе онҳоро бо фиребу найрангу дурӯғ ба ин роҳ бурдааст, ки ба сазои аъмолаш хоҳад расид. Абдусамадов Ҳусейн, ки роҳбари ин гуруҳ ба ҳисоб меравад, ҳарчанд зодаи ҳамин деҳа ҳам бошад, вале дар мактаби мо таҳсил накардааст. Модари ӯ пас аз марги шавҳараш, вақти хеле хурд будани фарзандон, ба Душанбе кӯчида рафтааст,- гуфт директори мактаб.

 

Овоза ва ҳақиқат: Ҷасадҳоро дар як чуқурӣ зери хок кардаанд?

Тӯли як сол аст, овозаҳо, ки гӯё ҷасадҳо дар як чуқурии алоҳида, берун аз қабристон, боло ҳам гӯронида шудаанд, зиёд шунида мешавад. Аммо пайвандон ин сарусадоҳоро рад мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки ҷасадҳоро ба таври маъмулӣ, бо кандани лаҳад, ҳар якеро дар алоҳидагӣ ба хок супурдаанд.

Мо ҳам ба хотири он, ки ҳарфи мардум ҳақиқат дорад ё сухани волидон, бо яке аз писарони Ёрмаҳмад Нахудов роҳ сӯи оромгоҳи деҳаи Селга пеш гирифтем. Қабристон аз деҳа дар масофаи хеле дур, дар болои куҳ ҷойгир будааст. Пас аз ворид шудан ба қабристон мутмаин шудем, ки ҳарфи наздикон ҳақиқат дорад. Ҷасадҳо дар як қабристон, ҳар яке дар алоҳидагӣ ба хок супорида шуда буданд.

Аммо суоли беҷавоб барои волидон, аҳли деҳа ва ҳатто барои хонандаи ин сутур ин аст, ки чаро ҷавонон ҷабр ба ҷони ҷавони худ карданд? Чаро фикри падару модар, ёру бародарони худро накарданд? Ва чарову чароҳои дигар…

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018, тахминан соати 15:30 дақиқа гуруҳи мусаллаҳе бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара ба 7 нафар сайёҳони дучархасавори хориҷӣ — шаҳрвандони ИМА, Шветсария, Нидерландия ва Франсия, ки бо воситаи велосипедҳо аз самти Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Дар натиҷа 4 нафар сайёҳони хориҷӣ — Аустин Ҷей, Лаурен Анне Мунотз — шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Воке Рен Виллем — шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус — шаҳрванди Шветсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар — Ким Айрис ва Дименд Мари Клер — шаҳрвандони Шветсария дар ҳолати вазнин дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуданд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.

Ҳангоми чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо ёрии сокинони ноҳияи Данғара автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳияи Данғара пайдо карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуд. Ҷинояткори дигар — Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар сабаби нишон додани муқобилияти мусаллаҳона безарар гардонида шуд.

Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафар, зода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт гардид.

Добавить комментарий