Вебгоҳи Parstoday бо пахши як хабар аз забони устоди як донишгоҳи Русия аз зинда будани Гулмурод Ҳалимов ва эҳтимоли истиқрори ӯ дар Афғонистон хабар дод. Дар ҳамин ҳол, дар вебгоҳҳои мақомоти маҳаллии баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон вокунише бо номи «Изҳороти бардурӯғи Хопёрская Ё ки «кори ҳар буз нест хирман куфтан» ба нашр расид, ки аз иғво будани ин иттилоъ мегӯяд.

Parstoday менависад, ки устоди донишгоҳи славянӣ-қирқизӣ-русӣ Лариса Хопёрская дар ҳаштумин кунгураи саросарии улуми сиёсии Русия, дар Пажӯҳишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилали Маскав гуфт: «Гулмурод Ҳалимов тоҷике, ки дар миёни террористҳои ДИИШ ба мақоми олии фармондеҳӣ расида, дар Афғонистон мустақар шудааст».

Ӯ афзудааст: «Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ҳалимов дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил кардааст ва бо созмони CIA иртиботи наздике дорад, мумкин аст бо хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида, ки ҳамчунон ба бозии худ дар минтақа идома медиҳад, ҳамкорӣ кунад, зимни ин ки бисёре аз шавоҳид иртиботи ДИИШ ва хадамоти иттилоотии Амрикоро таъйид мекунад».

«Борҳо гуфта шуда, ки Ҳалимов кушта шудааст, аммо чанд рӯз пеш хабари зинда будани ӯ дубора мунташир шуд ва зоҳиран ӯ фаъолиятҳои худро идома медиҳад», — гуфтааст Хопёрская .

Ба гуфтаи Хопёрская, эҳтимоли такрори сенарияи Сурия дар Афғонистон ва таҳдиди Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон комилан воқеӣ аст ва бесуботии Тоҷикистон яке аз аҳдофи аслии террористҳои ДИИШ, ба манзури ҷилавгирӣ аз якпорчагии АвруОсиё аст.

Дар вокуниши мақомоти Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «ба симои хабарсози расонаӣ табдил ёфтани Гулмурод Ҳалим ҳам ҳадафнок аст. Агар ҳадафи аввалӣ барои расонаҳо тавассути ахбори ҳангомабарангез ҷалби таваҷҷуҳи хонандагону корбаронро ба даст овардан бошад, аз тарафи дигар, ба ҷомеа ва мақомоти қудратӣ расонидани паём аст. Паёми тарсу ваҳшат ва даҳшату ноамнӣ. Ин навъ муборизаҳои иттилоотӣ ва расонаӣ дар бисёр кишварҳои дунё ба назар мерасад ва интишордиҳандагони маводи хабарӣ мекӯшанд, ки фазои маҷозӣ ва иттилоотиро таҳти контроли равонӣ дароваранд ва аз даҳшату ваҳшатро созмон бидиҳанд».

Дар идомаи ин вокуниш гуфта мешавад, ки «овозаҳои кушта шуданаш (Гулмурод Ҳалимов.-ред) дар ҳарбу зарби гурӯҳҳои тундрав чандин маротиба паҳн гардидаанд, вале барои баъзе гурӯҳҳо ва доираҳои сиёсӣ паҳн кардани хабарҳои зиддунақиз дар атрофи Гулмурод Ҳалим манфиатовар аст. Аз ин рӯ, исми Гулмуродро дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи омма ва хонандагони расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мекунанд ва авзоъро омӯхтанӣ мешаванд».

Добавить комментарий