Замоне аз корҳои ӯ раҳбарони вилояту ҷумҳурӣ, бахусус шахси Эмомалӣ Раҳмон, ифтихор мекарданд. Худи ӯ ба як одами хос ё фармондеҳи нерӯи вижа табдил ёфта буд, ки барои амалиётҳои фаврии фарҳангии ҳукумати Тоҷикистон ҷалб мешуд. 

Гуруҳи таҳти раҳбарии ӯ намунаҳои боризеро аз кандакорӣ — ҳунари миллии тоҷик дар бӯстонсарои президентии Пуғуси Варзоб (2009), чойхонаи миллии Хоруғ, Боғи Камоли шаҳри Хуҷанд (2015), Боғи миллии Суғд (2012), чойхонаи миллии Қасри Арбоб (2013), сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ва дигар гӯшаву канори Тоҷикистону хориҷ аз он ба ёдгор гузоштааст. 

Комилҷон Зуҳуров, маъруф ба Усто Комилҷони Хистеварзӣ, соли 2010 аз Президенти Тоҷикистон дастур гирифт, ки як чойхонаи миллиеро дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бино кунад. 22 июни соли 2011 сомонаи ҳукумати вилояти Суғд аз ин чойхонае, ки бо маблағи шахсии Усто Комилҷон сохта мешуд, ба унвони “ифтихори миллӣ” ёдоварӣ кард. 5 августи ҳамон сол ин чойхона бо ширкати шахсан Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Зимни суханронӣ президент гуфт: “Ба бунёдкорони ин чоӣхонаи мӯҳташами миллӣ ва ҳамаи онҳое, ки ин кори хаӣру савобро ба анҷом расонидаанд, хусусан ба устои гулдаст ва соҳибкори баландҳиммат Комилҷон Зуҳуров миннатдории худро иброз менамоям”.

Худи ҳамон рӯз президент дар расми ифтитоҳи мактаби ҳунарҳои миллӣ, ки дар канори чойхона ва ҳам корхонаи Устод Комилҷон сохта шуда буд, ширкат кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки ин мактаб барои Тоҷикистон устоҳои хуберо омода мекунад ва онҳо дар сохтмонҳои иншооте, ки симои меъмории кишварро миллӣ мекунанд, саҳм мегиранд.

Мутаассифона, ин мактаб на фақат интизориҳои президентро бароварда накард, балки умуман натавонист фаъолият кунад ва касе ҳам ба президент ин хабарро набурд…

Ин қисса ба ҷуз Усто Комилҷон ду қаҳрамони асосӣ дорад, ки бо хоҳиши ин марди ҳунар ва инсони наҷиб номҳои онҳоро шартӣ ёдоварӣ мекунем. Яке “А”, мансабдори сатҳи баланди ҳукумат ва соҳиби як бонки бузург ва дигаре “Б” низ мансабдори сатҳи баланди ҳукумати вилояти Суғд буданд, ки Усто Комилҷонро ба маънои том фирефтанд ва ӯро ба як гирдоби мушкилот тела доданд.

 

“Ман чӣ?”

Кандакорӣ бо чӯб касби бобоии Усто Комилҷон аст. Дар оғоз ӯ ҳамроҳи аҳли оилааш дар манзили зисташон дар Хистеварз кор мекарданд. Вақте муштариёнашон зиёд шуданд, соли 2009 тасмим гирифтанд, ки корхона бино кунанд ва афроди бештареро ба кор гуморанд. Ҳамин тавр, дар Хистеварз корхонаи кандакорӣ ба вуҷуд омад, ки то соли 2011 теъдоди коргаронаш аз 10 ба 400 нафар расид ва қисмати бештари онҳоро занон ташкил мекарданд. Дар бораи ин корхонаи муваффақ матбуоти Тоҷикистону хориҷӣ матлаби зиёд таҳия кардаанд ва он ба як ифтихори санъату меъмории Тоҷикистон табдил ёфт, то он рӯзе, ки ҳамон ду мансабдор қадам ба ин даргоҳ нагузоштанд.  

Соли 2010 овозаи корхона ба президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам расид. Зимни як мулоқоте, ки Усто Комилҷон ба тасодуф бо президент дошт, ӯ ваъда супурд, ки як чойхонаи бузурги миллиеро ба ҷашни 20 – солагии истиқлолият аз ҳисоби худ ҳадя хоҳад кард. Ҳамин тавр, ӯ пушти сохтмони ин чойхона шуд ва ин иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷӯҳи раҳбарони вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ қарор гирифт.

1 марти соли 2011 барои ошноӣ бо рафти сохтмони чоӣхонаи миллӣ аз Душанбе “Ҷаноби А” бо иттифоқи “Ҷаноби Б” омаданд. Онҳо як саре ба корхонаи кандакорӣ зада, ҳамаи сехҳоро дида баромаданд. Корхона ҳудуди 400 шогирд дошт, ки ҳам кор кор мекарданд ва ҳам ҳунар меомӯхтанд. “Ҷаноби А” аз кори корхона ба ваҷд омада, корашро хеле ситоиш кард. Ӯ дар шоҳидии “Ҷаноби Б” ва дигар аъзои ҳукумати вилояти Суғду ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 400 шогирди корхона пешниҳод кард, ки “муҳтарам “Ҷаноби Б”, Усто Комилҷон ҳунари бисёр доштааст, чӣ хел мешавад, ки дар канори чойхонаи миллӣ як мактаби ҳунарҳои миллӣ созад? Назар ба чойхона мактаби ҳунарҳои миллӣ ба муҳтарам Президент хеле писанд меояд”. 

“Ҷаноби Б” гуфт, ки аз пешниҳоди “Ҷаноби А” пуштибонӣ мекунад, аммо Усто Комилҷон чойхонаро аз ҳисоби худаш месозад, сохтмон ҳам хеле маблағи калон хӯрда истодааст. “Ман маблағ дода наметавонам, зеро ин маблағи буҷет аст. Чойхонааш шахсӣ аст. Хулоса, усто Комилҷон барои сохтани мактаби ҳунарҳои миллӣ имконият надорад” – гуфт “Ҷаноби Б” ва худро халос кард.

“Ҷаноби А” кам наомад ва гуфт: “Ман чӣ? Усто Комилҷон шогирди ман ку. Ман бо маблағ таъмин мекунам! Раиси муҳтарам барои сохтани мактаби ҳунарҳои миллӣ чӣ қадар маблағ даркор?” Ҳамин дам собиқ масъули сохтмонҳои ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки барои сохтани мактаб 300 ҳазор доллари ИМА лозим аст.

“Ҷаноби А” ба раиси филиали як бонк (минбаъд “Бонк”) дар вилояти Суғд гуфт: “Ба Усто Комилҷон 300 ҳазор доллари ИМА оварда деҳ. Ман ба ту пагоҳ аз маблағи худам 300 ҳазор доллар мефиристам. Усто Комилҷон мактабро барвақтар cap кунад, ки вақт хеле кам мондааст”. 

Усто Комилҷон ҳайрону безобита шуд. Ба “Ҷаноби А” рӯ оварда, гуфт: “муҳтарам Раис, ин маблағи бонк аст, ман инро гирифта наметавонам, зеро пули бонк, ки шуд, фоиз дорад ва ман имконияти пардохт кардани онро надорам”. “Ҷаноби А” дар ҳузури ҳамаи дар боло зикршудагон гуфт: “Усто Комилҷон, ин маблағи бонк не, ин маблағи худам ва ба ту ёрдам! Бе фоиз, зеро ҳозир ту 3 супориш (заказ) — и маро иҷро карда истодаӣ ва ман боз супоришҳои бисёр медиҳам. Аз ҳамин роҳ маблағи маро дар байни 6 ё 7 сол соф мекунӣ”. Он замон “Ҷаноби А” се шипанги бо кандакории дараҷаи олӣ (11 ба 11, 16 ба 8 ва 6 ба 6) ба маблағи умумии 150 ҳазор доллар супориш дода буд.

Ин дам “Ҷаноби Б” ба кӯмаки “Ҷаноби А” омад ва мехи охиринро кӯфт. Вай гуфт: “Усто Комилҷон, не нагӯ. Ин суханҳои муҳтарам раисро ба ту ҳеҷ кас, ҳатто падару бародарат намегӯянд ва ин хел ҳам ёрдам намекунад”. Бародари бузурги Усто ба ӯ маслиҳат дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба гирифтани қарз розӣ нашавад. Аммо ӯ на ба бародараш, балки “Ҷаноби Б” бовар кард.

Хулоса, Усто Комилҷонро бовар кунонданд ва ӯ розӣ шуд. “Ҷаноби А” фотеҳа дод, фотеҳае барои шурӯъи мушкилоти давомдоре, ки ҳеҷ дар фикру зикрҳои Усто Комилҷон набуд, оғоз гузошт. 

20 март маблағи 300 ҳазор долларро оварданд ва Усто Комилҷон сохтмони мактаби ҳунарҳои миллиро шурӯъ кард. Баъди як моҳ намояндаҳои “Бонк” омаданд ва гуфтанд, ки мехоҳанд барои маблағе, ки додаанд, бо ӯ шартнома банданд ва гарав (залог) гиранд. Усто Комилҷон ба онҳо гуфт, ин маблағи муҳтарам “Ҷаноби А” аст ва шарт ин аст, ки ягон шартнома нахоҳад буд ва ӯ ин маблағро кор карда, ба худи “Ҷаноби А” медиҳад. Намояндагони “Бонк” рафтанд. 

Усто Комилҷон безобита шуд. Он рӯзҳо дар назди сохтмони чойхонаи миллӣ ситоде бо роҳбарии раиси вилояти Суғд ва аъзоёни ҳукумати вилояту ноҳия ташкил шуда буд. Ҳар шаб аъзои ситод ҷамъ меомаданд ва аз рафти корҳо саволу ҷавоб мешуд. Усто ба Комилҷон ба “Ҷаноби Б” гуфт, ки “намояндаҳои бонк омада, мегӯянд, ки барои маблағи гирифташуда шартнома мебандем, гарав мегирем ва фоизашро месупорӣ, чӣ кор кунам? Маслиҳат чунин набуд ку?” 

“Ҷаноби Б” шӯрид ва гуфт: “Номаъқул кардааст!” Ӯ ба “Ҷаноби А” занг зада, гуфт: “Муҳтарам Раис, намояндаҳои бонк омада, усто Комилҷонро ташвиш додаанд. Шартнома баста, гарав мегирем, гуфтаанд. Чӣ гап аст?” “Ҷаноби Б” баландгӯяки телфонашонро фаъол кард. “Ҷаноби А” аз он сӯи хат гуфт: “Бигзор, Усто Комилҷон бо бонк шартнома бандад. Ман баъди як моҳ мераваму 300 ҳазор доллари бонкро пардохт мекунам. Ҳуҷҷатҳои Усто Комилҷонро шахсан бурда, ба дасташ медиҳам. Ман кафил. Вақт хеле кам мондааст, боз маблағ лозим бошад, гиред”. “Ҷаноби Б” ба Усто Комилҷон гуфт: “Ба писарат гӯй, ки шартномаро бастан гирад. Муҳтарам “Ҷаноби А” ваъда карданд ку!” 

Усто Комилҷон боз ҳам ба қавли ҷанобон “А” ва “Б” бовар карда, ба писараш гуфт, ки шартномаро омода кардан гиред. Ӯ худ бо сохтани чойхонаю мактаб овора шуда, ба талаботҳои “Бонк” нигоҳ накард ва ҳар чӣ оварданд, имзо гузошт. Вақт хеле кам монда буд. Ӯ бояд тайи 4 моҳ сохтмони мактабро, ки дар ҳеҷ нақша набуд, анҷом медод… 

 

Доми ҷанобон

Усто Комилҷон ба ваъдае, ки ба президенти Тоҷикистон ва ҷанобон дода буд, вафо ва қавлашро иҷро кард. То муҳлати муайяншуда сохтмони чойхонаи миллӣ ва мактаби ҳунарҳои миллӣ дар Хистеварзро ба анҷом расонд. 

5 августи соли 2011 дар расми ифтитоҳи чойхонаи миллӣ ва мактаби ҳунарҳои миллӣ худи Президенти Тоҷикистон омад. Аз кори Усто Комилҷон ва ҳамкоронаш ситоиш намуд. Як маъракаи кори калон барпо карданд, ки то ҳанӯз дар ёди мардуми Хистеварз мондааст. 

Аммо шаш рӯз пас аз рафтани Президент намояндаҳои “Бонк” омаданд. Усто Комилҷон бо шартнома шинос шуд. Бино ба он, барои 300 ҳазор долларе, ки “Ҷаноби А” ваъда дода буд, “Бонк” ҳамон корхонаи кандакорӣ, 4 участкаи наздиҳавлигии мутааллиқ ба худашу фарзандонаш ва се бародараш, 100 куб тахтаи садр (кедр), 100 куб тахтаи коҷ (сосна), 50 куб тахтаи чинор, 10 кати кандакоришудаи 2 ба 3, 10 шипанги кандакоришудаи 6 ба 6, 11 дастгоҳи дуредгарӣ, 1 дастгоҳи чӯббурӣ, 4 дарвозаи кандакоришуда, 11 сутуни чойхонаи миллиро бо нархи арзон, балки ними нарх  ба гарав гирифта, Усто Комилҷон, тибқи шартнома, муваззаф шуда буд, ки моҳона 7500 доллар ба бонк супорад. 

“Бонк” қиматҳоро хеле бераҳмона кам муқаррар карда буд. Масалан, Усто Комилҷон танҳо 50 сотих замини корхонаи кандакориро ба 120 ҳазор доллар харида буд ва бо тамоми сохтмонҳояш тақрибан 170 ҳазор долларро ташкил медод, аммо “Бонк” онро 70 ҳазор доллар нархгузорӣ кард. Дигар амвол низ бо ними нарх, дар умум 480 ҳазор доллар ҳисоб шуда буданд. 

Ба болои қарзи “Бонк” Усто Комилҷон аз сохтмони чойхонаи миллӣ 250 ҳазор доллар қарздор шуда буд. Ӯ акнун аз ду тараф мавриди фишор қарор мегирифт. Ҳамоно умедвор буд, ки ҷаноби “А” ниҳоят ҷавонмардӣ мекунад ва сари ваъдааш мардона меистад.

Усто Комилҷон ба “Ҷаноби Б” муроҷиат кард ва ҳодисаро баён намуд. Вай бо “Ҷаноби А” тамос гирифт. Ахирӣ Усто Комилҷонро ба Душанбе хост. Соати 8 субҳ ӯ ба пойтахт омад ва соати 11 бо “Ҷаноби А” мулоқот кард. Ӯ ба “Ҷаноби А” гуфт, агар шарт ҳамин бошад, ҳеҷ гоҳ наметавонад, ки қарзи бонкро пардохт кунад ва лутфан, ба қавле, ки додааст, устувор бошад. Ҷаноби “А” боз ӯро мутмаин кард, ки ҳатман мушкилашро ҳал мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ иқдоме накард. Ҷаноби “Б” инчунин. 

Ҳамин тавр, ин ду мансабдор ӯро ба панҷаи қарзе, ки бидуни ихтиёри ӯ дода шуда буд, гирифтор карданд. Ӯ ноилоҷ ба пардохтани пули “Бонк” шуруъ намуд. Ҳамин тавр, то охири соли 2014 ӯ ба “Бонк” 300 ҳазор доллар (120 ҳазор худи қарз ва 180 ҳазори дигар фоиз) пардохт намуд. Аммо ин ҳанӯз аввали кор буд. 

 

Суд ба суд

Ҳарчанд ҷаноби “А” ба “Бонк” занг зада, гуфта буд, ки “Усто Комилро ғам надиҳед!”, 2 декабри соли 2014 филиали он дар вилояти Суғд ба суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аризаи шикоятӣ навишта, хостори ба тавозуни бонк гузаронидани моликияти Усто Комилҷон ва наздиконаш шуд. Дар ҷараёни мурофиаи судӣ маълум шуд, ки қарзи ӯ пеши “Бонк” ба 674 ҳазор доллар расидааст. Ӯ 300 ҳазор доллареро, ки аз “Ҷаноби А” гирифт, дода буд, акнун 384 ҳазор доллар, натиҷаи на фақат қарз, балки беқавлии ӯро низ бояд пардохт мекард. Аммо “Бонк” мехост онро аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда ҳосил кунад. Чунин ҳам шуд. Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳсро ба нафъи “Бонк” ҳал намуд. 10 апрели соли 2015 суди иқтисодии вилояти Суғд варақаи иҷрои онро навишт. 1 октябри ҳамон сол истеҳсоли иҷро оғоз шуд, аммо ду боре ҳам, ки музоядаи оммавӣ эълон карданд, ҳарду дафъа ҳам барпонашуда арзёбӣ шуданд. 

Ҳамин тавр, суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи кандакорӣ ва 4 участкаи наздиҳавлигии Усто Комилҷон ва наздиконашро ба тавозуни филиали “Бонк” дар вилояти Суғд гузаронд. “Бонк”, дар навбати худ, ҳуҷҷатҳои ба гарав гирифтаро аз номи онҳо бекор карда, ба номи худ кард. Усто Комилҷон ва 100 шогирдаш бе ҷои кор, ӯву аҳли оилааш ва оилаи се бародараш амалан бе хонаю дар ва бе ҷои зист монда буданд. 

Танҳо коре, ки суди иқтисодии вилояти Суғд кард, ин буд, ки ҳисобу китоби “Бонк” – ро сахт мавриди санҷиш қарор дод. Маълум шуд, ки “Бонк” фоизҳоро бо доллар ҳисоб карда, онро аз рӯи қурби тағйирёфта ба ҳисоб гирифтааст ва ҳамин рақами 364 ҳазор доллар ҳосил шудааст. Суд ин ҳисобу китобро бекор карда, аз рӯи қурби доллар ба сомонӣ дар соли 2011 фоизҳоро ҳисоб намуд. Рақами 160 ҳазор доллар ҳосил шуд. Усто Комилҷон ба “Бонк” пешниҳод кард, ки корхона ва манозили наздиконашро ба ӯ баргардонанд ва ӯ тайи 7 сол ин қарзро ба онҳо баргардонида медиҳад. “Бонк” розӣ нашуд ва гуфт, беш аз 3 сол наметавонад муҳлати пардохтро дароз кунад. Аммо фишорҳояшро болои Усто Комилҷон афзуд.

Соли 2017 кормандони “Бонк” онҳоро огоҳ карданд, ки то як моҳи дигар корхона ва ҳавлиҳоро холӣ кунанд, дар акси ҳол, бонк огоҳии хаттӣ хоҳад дод, ки агар талаботи хаттиро ҳам иҷро накунанд, ба суд муроҷиат карда, рафта онҳоро бо зӯр пеш мекунанд. 

Усто Комилҷон чунин ранг гирифтани корро интизор набуд. Аз ин пеш чандин бор ба “ҷаноби А” муроҷиат намуд. Ҳар дафъа “ҳал карда медиҳам” гуфта, гусел мекард. Ӯ дар ин муддат ба қабули “ҷаноби А” рафта, пушти дари утоқи кориаш аз 5 то 45 рӯз интизор мешуд. Баъди қабул карданаш, “ман рафта, дар шаҳри Хуҷанд ҳал карда медиҳам” мегуфт, аммо коре намекард.

Ӯ маҷбур шуд 6 ноябри соли 2017 ба Президент нома нависад. Ӯ дар номааш тамоми ҳодисаро нақл карда, хостори кӯмак шуд. Вай навишт: “Агар аз дастгирии Шумо бенасиб монем, на ин ки аз ҷойҳои корӣ, балки аз хонаҳои истиқоматиамон ҳам маҳрум ва дар назди халқ шарманда мешавем. Имрӯз танҳо ва танҳо Шумо метавонед ба доди мо расед ва ман ҳамчун устои номдори вилояти Суғд бо сари баланд бо шогирдонам меҳнати софдилонаамонро барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон давом медиҳем”.

Усто Комилҷон намедонад, ки ин мактуб ба Президент расидааст ё хайр. Аммо пас аз ин ҷаноби “А” ӯро ба Душанбе даъват кард. Маслиҳат карданд, ки “Бонк” корхона ва манзилҳоро ба Усто Комилҷон бармегардонад ва ахирӣ 160 ҳазор долларро тайи 7 сол ё 84 моҳ пардохт мекунад. Шартнома бастанд. Усто Комилҷон аз моҳи декабри соли 2017 ҳар моҳ 16 ҳазору 220 сомонӣ ба бонк пардохт мекунад.

 

Орзуҳои барбодрафта

Усто Комилҷон то ҳанӯз он чиро, ки аз сараш гузашт, дуруст дарк накардааст. Пеш аз ҳама инро, ки чӣ тавр инсонҳои муътабар дар ҷомиа тавонистанд бо ӯ чунин рафтор кунанд? Гап сари пул ҳам набошад, сари лафзи мардӣ ку ҳаст. Бахусус, ки онҳо ҳама инсонҳои аз 50 – сола боло ҳастанд ва ҳамчунин белафзиҳо аз нуқтаи назари ахлоқӣ айби калон аст. Ӯ бовар дорад, пулро рӯзе ҳатман хоҳад пардохт, аммо оё захм ё зиёни маънавие, ки аз ин ҳамкорон ба ӯ расид, ҷуброн хоҳад шуд?

Ӯ аз мо хеле хоҳиш кард, ки номҳои ин афродро зикр накунем ва баъзе гапҳои дигарро нанависем. Аммо на аз тарс. Бо вуҷуди он ки чунин иттифоқ афтод, обрӯи инсонҳо муҳимтар аз пулу мол аст.

Корхонаи ӯ, ки 400 шогирду коргар дошт, натавонист маош пардохт кунад. Пуле, ки кор мекарданд, аксаран барои қарз харҷ шуд. Маҷбур шуданд, маошро коҳиш диҳанд. Коргарону шогирдон аз ин вазъ маҷбур ба тарки корхона шуданд.  

Усто Комилҷон аз ин ҳам бештар аз барҳам хӯрдани кори мактаби ҳунарҳои миллӣ таассуф мехӯрад. Аз орзуҳои худ ва даҳҳо шогирде, ки мехостанд дар он таҳсил кунанд ва ҳунар омӯзанд. Ӯ 19 синф барои 19 касб — оҳангарӣ, чӯянгарӣ, кашидадӯзӣ, кулолгарӣ, наққошӣ, кандакорӣ… тайёр карда буд, аммо шогирде то остонаи онҳо нарафт. Мехостанд устодонро ҷалб кунанд, ки нашуд.  

Ӯ мехост санъату ҳунарҳои миллии тоҷикро рушд диҳад ва ба мардуми Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя муаррифӣ кунад. Мехост дар дохилу хориҷ мардум фаҳманд, ки халқи тоҷик ҳунарманд аст ва корҳое мекунад, ки халқи ҷаҳон ба ҳайрат афтад, тавре аз кандакориҳои ӯ борҳо ба ваҷд омадаанд. Ӯ мехост ноболиғонеро, ки орзуву ҳаваси омӯхтани ҳунарҳои миллии аҷдодонро доранд, ба орзуҳояшон расонад. Аммо…

Бардошти мо аз суҳбат бо Усто Комилҷон ин аст, ӯ аз уҳдаи иҷрои ҳама кор мебаромад ва ҳоло низ хоҳад баромад. Ҷанобон “А” ва “Б” ҳамоно метавонанд гуноҳи худро пеши таърих бишӯянд, агар ҳамин қарзи боқимондаро низ бекор кунанд. Чунин қудратро доранд, агар хоҳанд, албатта, боз ҳам агар афкандани чунин дом қасдан ва ба манзури шикасти Усто Комилҷон набуд. Ин маҳз он чӣ аст, ки Усто Комилҷон мехоҳад, ки Президент донад.  

“Фараж”

P.S. Номҳои аслии ҷанобон “А” ва “Б” пеши мо маҳфуз аст. Дар ҳоли расидагӣ накардани онҳо ба мушкиле, ки худашон барои Устод Комилҷони Хистеварзӣ халқ кардаанд, ин номҳо ошкор хоҳанд шуд.

Добавить комментарий