Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон (U-16) дар бозии 1/4-финали Чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки дар Перу доир мегардад, роҳхат гирифт.

Футболбозони тоҷик то дақиқаи 70-ум бо натиҷаи 1:0 баъди голи задаи Рустам Соиров (дақиқаи 14) дар сафи пеш буданд, аммо голи ҷавобӣ аз ҷониби Ри Ҳун (дақиқаи 69) натиҷаро мусовӣ-1:1 кард.

Тибқи низомномаи мусобиқа, барои муайян кардани ғолиб дастаҳо баъди анҷоми вохӯрӣ ба  задани силсилаи зарбаҳои 11-метра рӯ оварданд. Дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мӯҳриддин Ҳасанов ду зарбаро баргардонд ва наврасони Тоҷикистон бе хато чор зарбаро ба анҷом расонданд. Ин имкон дод, ки дастаи Тоҷикистон роҳи худро ба бозиҳои нимфиналӣ ҳамвор кунад.

Дар натиҷа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва ба даври нимфиналии Чемпионати Осиё баромад. Ширкаткунандагони даври нимфинали ин мусобиқа ба таври худкор ба даври финалии Ҷоми ҷаҳонии соли 2019 роҳхат мегиранд, ки наврасони тоҷик дар ин қаторанд.

Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 1:1. Аз пеналтӣ – 2:4

Голҳо: Рустам Соиров, 14 (0:1). Ри Ҳун, 69 (1:1).

Силсилаи пеналтии баъди бозӣ: Ра Нам Хон – 1:0. Шарифбек Раҳматов – 1:1. Ким Ҷин Гук – 1:1 (даврвозабон). Озодбек Панҷиев – 1:2. Чае Ю Сонг – 1:2 (даврвозабон). Ҷонибек Шарифов – 1:3. Ким Ҷин Хиок – 2:3. Рустам Соиров – 2:4.

Тоҷикистон: Мӯҳриддин Ҳасанов, Ҷонибек Шарифов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 84), Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Амадони Камолов (Озодбек Панҷиев, 81), Эмомалӣ Аҳмадхон, Ислом Зоиров, Рустам Соиров.

Огоҳӣ: Ким Вон Ил, Пак Рионг Гвон (Кореяи Шимолӣ), Эмомалӣ Ахмадхон (Тоҷикистон).

Бозингари беҳтарин: Мӯҳриддин Ҳасанов (Тоҷикистон).

Довар дар майдон: Умар Иброҳим Ҳасан Маҳфуз (Баҳайн).

Нозири доварон: Маъсуд Мурадӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Ричард Ҷосон (Филиппин).

30 сентябр. Варзишгоҳи  «Петалинг-Ҷая». 100 тамошобин.

Япония – Уммон– 2:1

Голҳо: Исса Халфон Аннабӣ, 14 –худгол (1:0). Тариқ Хамис Алмашарӣ, 22 (1:1). Шодҷӣ Тояма, 81 (2:1).

30 сентябр. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 267 тамошобин.

1 октябр

13:30 – Индонезия – Австралия.

17:45 – Кореяи Ҷанубӣ – Ҳиндустон

Нимфинал

4 октябр

13:30 – Япония – ғолиби ҷуфти Индонезия/Австралия.

17:45 – Тоҷикистон – ғолиби ҷуфти Кореяи Ҷанубӣ/Ҳиндустон.

Финал

7 октябр

17:45 – Варзишгоҳи миллии  Букит Ҷалил

Добавить комментарий