Қиссае барои Суд ва Прокуратураи вилояти Суғд

 

Ин як қиссаи хеле ҳузнангези ҷавоне бо номи Мирзоҷон Олимов, сокини деҳаи Боботағои шаҳри Истаравшан аст. Мо наметавонем онро бо тамоми ҷузъиёт дар ин матлаб зикр намоем. Он чӣ пешниҳод мешавад, фишурдаи он аст, аммо мақомоти зидахл метавонанд худ вориди ҷузъиёт шаванд. Ӯ ба онҳо чизи зиёде барои гуфтан дорад. Ҳамзамон, шарҳи нафареро низ хоҳем овард, ки қиссаи Мирзоҷонро ба гунаи дигар тасвир мекунад.

 

НАҚЛИ МИРЗОҶОН:

Мирзоҷон хеле барвақт ятим монд. Бо сарпарастии аъзои дигари оила — бародарону хоҳарон ба воя мерасид. Хилофи номеҳрубониҳои сарнавишт ӯ як бачаи зиндадил, чаққон ва коргар буд. Ин хислатҳои ӯ ба ҳамсояашон Абдуқаҳҳор Муҳсинов, ки як тоҷири муваффақи замони худ ба шумор мерафт, писанд омад. Ӯро бо худ ба сайругашт мебурд, дар ҳаққаш меҳрубониҳо мекард. Бо шӯхӣ ё ҷиддӣ ба Мирзоҷон мегуфт, ки агар бузург шавад, ба ӯ духтарашро никоҳ карда хоҳад дод. Ин нияти Абдуқаҳҳор то куҷо ҷиддият дошт? Ин маълум нест, зеро умр ба ӯ вафо накард. 15-уми декабри соли 1997 ӯ дар қатори 85 мусофири “Тоҷик Эйр” дар Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб бо зиндагии фонӣ падруд гуфт ва ба даргоҳи Ҳақ пайваст.

Мирзоҷон ҳам бузург мешуд. Ӯ барои мардикорӣ ба Ӯзбекистон рафт ва ҳудуди ду сол он ҷо монд. Вақте бозгашт, нафари дигаре нақши муассири худро дар зиндагии Мирзоҷон гузошт. Ин кас модари Абдуқаҳҳор — холаи Муҳаррам Муҳсинова буд. Ӯ дар фироқи ҷигарбандаш месӯхт ва аз Мирзоҷон хоҳиш кард, ки ба корҳои рӯзгори хонаводаи Абдуқаҳҳор кӯмак расонад. Мирзоҷон даъвати пиразанро рад карда натавонист. Дар ин миён Мирзоҷон дигарбора ба мардикорӣ рафт ва вақте баргашт, холаи Муҳаррам ҳам дунёро тарк карда буд. Вай мегӯяд, вазъи хонаводаи Абдуқаҳҳор, ки фарзандони ҳанӯз ноболиғ дошт, хуб набуд ва ӯ тасмим гирифт, ба онҳо кӯмак расонад. Зеро он вақт ягона писари Абдуқаҳҳор Муҳсинов ҳанӯз кӯдаки хурдсол буд. Ӯ дар Истаравшан монд ва ба нонвойӣ машғул шуд.

Соли 2008 бародарони Мирзоҷон ба ин қарор расиданд, ки хонаи падариро фурӯшанду пулашро миёни худ тақсим намоянд. Ҳамчунин, тасмим гирифтанд, ки Мирзоҷонро хонадор кунанд. Мирзоҷон мегӯяд, ӯ ин хабарро ба Каромат Муҳсинова, ҳамсари Абдуқаҳҳор расонд. Мавсуф дар навбати худ мегӯяд, ки духтар дар ҳамин хона ҳаст, падари марҳумаш ҳамин ниятро доштанд, чӣ зарурат аст ба ҳамсар кофтани ту, бирав, хоҳаратро биёр, ки маслиҳат кунем. Ҷонибҳо ба таври шифоҳӣ ба ин хулоса мерасанд, ки духтари Кароматро ба Мирзоҷон номзад кунанд.

Аз фурӯши хонаи падарӣ ба Мирзоҷон 150 ҳазор рубли русӣ, муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ расида буд. Вақте маслиҳат ин шуд, ки бо духтари Муҳсинова издивоҷ хоҳад кард, ӯ пурра аз паси омодагӣ ба тӯй шуд. Он 150 ҳазор рубл пулро дар ихтиёри Муҳсинова гузошт ва худ ба Ворухи Исфара барои нонвойӣ рафт.

Аммо даромадҳое, ки дар Исфара мегирифт, кам буданд ва ӯ тасмим гирифт, ба Русия равад. Вақте ӯ дар Русия буд, Каромат Муҳсинова ҳавлиашро фурӯхт. Ӯ ба Мирзоҷон мегӯяд, ки пул ҷамъ карда, як ҳавлии дигар хоҳем харид. Мирзоҷон тамоми пулҳояшро ба ӯ мефиристод, зеро Каромат Муҳсинова ба ӯ гуфта буд (аз аризаи судӣ): “Духтарамро ба ту никоҳ карда медиҳам, ту дар оянда хонадомод мешавӣ. Бинобар ин, ҳамаи маблағҳои ҷамънамудаатро ба ман супор. Молу амволи домодии ту ва духтарамро тайёр карда мемонам».

Ҳамин тавр, чанд сол гузашт. Мирзоҷон шуруъ аз соли 2008 то декабри соли 2015 (бино ба асноде, ки аз бонки “Эсхата” гирифта шудааст) ба Каромат Муҳсинова беш аз 296 ҳазор рубл аз ҳисоби мардикорӣ фиристод. Ин ҳама вақт Мирзоҷон умедвор буд, ки ин пулҳо барои тӯйи ӯ харҷ хоҳанд шуд. Аммо ҳанӯз замони дар Русия буданаш Каромат Муҳсинова ба ӯ тариқи телефон мегӯяд, ки дигар наояд ҳам мешавад.

Ин як зарбаи ғайримунтазира ба Мирзоҷон буд, он чӣ ки аслан ба фикраш намеомад. Ҳамаи орзуҳои ӯ барои соҳиби оила, зану фарзанд ва хонаву дар шудан барбод рафтанд ва сарнавишти маблағҳои бо азобу машаққат дар муҳоҷират кор кардааш номаълум боқӣ монданд. Бино ба даъвои Мирзоҷон, ӯ акнун ба таври нақд дар дасти Каромат Муҳсинова ҳамон 150 ҳазор рубли расида аз хонаи падарӣ ва 296 ҳазор рубли дигар (ҷамъ 446 ҳазор) дошт.

Вай соли 2015 ба Истаравшан бозгашт ва аз Каромат Муҳсинова шарҳ пурсид. Мавсуф ба ӯ посух дод, ки пулҳояшро барои эҳтиёҷоти худ сарф карда, духтари ба ӯ медодагӣ ҳам надорад. Мирзоҷон ба ин натиҷа расид, ки дигар пушти зану хонадоршавӣ гаштан маъно надорад ва бояд маблағашро баргардонад. Муҳсинова аз баргардонидани пул ҳам даст кашид. Ҳамин тавр, Мирзоҷон ҳам аз зан монд, ҳам аз пул.

Ба хотири пул ӯ чандин маротиба ба хонаи Муҳсинова омадааст. Ахирӣ ба милиса шикоят бурда, муваффақ ҳам шудааст, ки ӯро аз дари хона ронад. Ба қавли Мирзоҷон, ӯ як бачаи намозхону ришдор буд ва дар кишвар маъракаҳое дар ин робита аз тарафи мақомот пиёда мешуданд, аз ин хотир, Муҳсинова хостааст ӯро ба милиса дода, аз ҳамин роҳ, аз пардохти маблағҳои ӯ халос шавад. Мирзоҷон мегӯяд, ҳафт рӯз дар бозҷӯии милиса буд ва дар охир маълум шуд, ки ӯ ҳеҷ рабте ба созмонҳои мамнуъ надорад ва танҳо як ҷавонест, ки дину оини худро муроот мекунад. Ӯро раҳо карданд.

Ӯ маҷбур шуд ба Суди шаҳри Истаравшан муроҷиат кунад. Аз замоне, ки ӯ пул фиристода буд, қурби пули русӣ ҳам тағйир карда буд. Мувофиқи маълумотномаи №36 аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон — ”Амонатбонк” дар шаҳри Истаравшан, дар қурбномаи асъори Бонки миллии Тоҷикистон 10 рубли русӣ ба санаи 15.12.2013 ба 0,147 сомонӣ ва 15.12.2015 ба 0,1010 сомонӣ баробар буда, маблағи ӯ 43 000 (чилу се ҳазор) сомонӣ ҳисоб шуд. Ӯ аз суд хост, ки ин маблағро ба ӯ баргардонад.

30-юми августи соли 2018 Суди шаҳри Истаравшан қарор баровард, ки аз Каромат Муҳсинова ин қарз ба фоидаи Мирзоҷон Олимов ситонида шавад.

 

РИВОЯТ АЗ ЗАБОНИ КАРОМАТ МУҲСИНОВА (аз аризаи судӣ):

“Мирзоҷон Олимов дар ҳамсоягии шавҳарам дар деҳаи Боботағои шаҳри Истаравшан зиндагӣ дошт. Вақте мо оилавӣ ба он ҷо кӯчида рафтем, бо ҳамроҳии бародаронаш зиндагӣ мекард. Дар он вақт ӯ 15-16-сола буд. Аз сабаби он, ки бародарон ӯро аз хона ронданд, раҳматии шавҳарам Абдуқаҳҳор Муҳсинов ба ӯ раҳм карда, ӯро ба хона оварданд. Аз ҳамон рӯз сар карда, ӯ дар хонаи мо зиндагӣ мекард. Ин соли 1997 буд. Шавҳарам моҳи декабри соли 1997 вафот карданд. Баъди вафоти он кас хостам, ки Олимовро аз хона барорам. Хушдоманам садди роҳам гашта, нагузоштанд. Ба суханони хушдоманам гӯш карда, ин корро накардам. Соли 1999 Олимов ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, се сол баъд боз ба хона даромада омад. Ҳамагӣ се — чор моҳ бо оилаи мо зиндагӣ карда, соли 2002 боз баромада рафт ва дар ҳар шаҳру ноҳияҳо кор карда мегашт.

Соли 2013 боз Олимов ба хонаи истиқоматиам омада гуфт, ки ба Федератсияи Россия меравад. Бо хушиву хурсандӣ ӯро гусел кардам. Охирҳои соли 2014 ва 2015 Олимов аз Федератсияи Россия қисм-қисм маблағи пулӣ, ҷамъ бо курси асъори миллӣ — 13 820 сомонӣ равон карда, гуфта буд, ки нону намаки шуморо бисёр хӯрдагӣ ҳастам, ин маблағҳоро истифода баред. Дар ҷавоб ман мегуфтам, ки маблағ ба ман лозим нест, ин корро накунад.

Моҳи ноябри соли 2016 Олимов аз Россия бо риши дароз баргашта омад. Пас аз як ҳафтаи омаданаш кормандони милитсия ӯро бинобар риши дароз гузошта гаштанаш дастгир карда рафтанд. Баъди ин ҳодиса Олимов муносибаташро бо ман бад кард. Гӯё ман ӯро ба дасти кормандони милитсия супорида бошам. Ҳарчанд фаҳмонидам, ки ин корро ман накардаам, ба суханони ман бовар накард. Аз ҳамон рӯз cap карда, маблағҳои равон кардаашро аз ман талаб мекардагӣ шуд. Аз тарси он, ки Олимов ба ман ва фарзандонам зарар нарасонад, қисм-қисм маблағ ҷамъ карда, дар давоми як сол маблағҳои ӯро баргардондам. Олимов дар давоми 1 солу чор моҳ қисм-қисм ба номи ман ҳамагӣ 13 820 сомонӣ равон карда буд. Бо роҳи таҳдиду зӯрӣ аз ман аз ин маблағ 5725 (панҷ ҳазору ҳафтсаду бисту панҷ) сомонӣ зиёд гирифт. Оид ба он, ки Олимов аз ман қисм-қисм маблағҳои пулиро гирифтааст, варақаи қайди маблағ дар дасти ман мавҷуд мебошад. Ӯ ҳар боре маблағ мегирифт, имзояшро мегузошт, ки ман онро ба аризаам замима мекунам. Имрӯз бошад, нисбати ман туҳмат карда, мехоҳад ғайриқонунӣ аз ҳисоби ман 43 000 сомонӣ ситонад. Оид ба он, ки Олимов аз ман 19545 (нуздаҳ ҳазору панҷсаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ гирифтааст, бародарам Мунавваров Саидалӣ ва додарзодаи шавҳарам Муҳсинов Шерзод бохабар мебошанд. Як маротиба Олимов 8000 сомонии аз бонк гирифта додаамро аз дасти Муҳсинов Шерзод имзо карда гирифтааст.

Ман умуман аз Олимов М. қарздор нестам. Маблағҳои аз Россия равон кардаашро, ки 13820 сомониро ташкил медиҳад, аз ман барзиёд рӯёнида гирифтааст. Инро имзои гузоштааш ба пуррагӣ тасдиқ карда метавонад. Баръакс, Олимов аз ман 5725 сомонӣ қарздор мебошад ва бояд ин миқдор маблағро ба ман баргардонад”.

Суди шаҳри Истаравшан 2 октябри соли 2018 бар пояи аризаи Каромат Мӯҳсинова тайиноти қаблиашро бекор кард ва Мирзоҷон Олимов мегӯяд, дар ҳаққи ӯ ноадолатӣ шуд.

 

ЧАНД НУКТАИ ҶОЛИБ

Нуктаҳои ҷолибе дар ин баҳс вуҷуд доранд, ки Суди шаҳри Истаравшан таваҷҷуҳ накардааст. Ҳадди ақал Мирзоҷон Олимов мехоҳад, ки онҳо ба баррасӣ гирифта шаванд:

  1. Муҳсинова мегӯяд, ки аз Олимов ҳамагӣ 94 ҳазор рубли русӣ гирифтааст ва ҳуҷҷатеро ҳам аз бонки “Эсхата” пешниҳод мекунад. Олимов ин ҳуҷҷати бонкро, ки Муҳсинова пешниҳод кардааст, қалбакӣ меҳисобад. Ва дар ин бора ҳуҷҷати аслиро, ки бонки “Эсхата” додааст, дар даст дорад.
  2. Олимов мегӯяд, маблағе, ки Муҳсинова дар борааш мегӯяд, ҳамон 5 ҳазор долларест, ки бародарон ба ӯ ва ӯ ба Муҳсинова дода буд. Ба гуфти Олимов, ин маблағ ба пуррагӣ пардохт нашудааст, зеро соли 2008 қурби ин пул дигар буд ва солҳои баъди 2015 дигар. Агар онро ба ҳисоби рӯзҳои мо ҳисоб кунем, як маблағи тамоман дигар ҳосил мешавад.
  3. Олимов мегӯяд, ҳарфи баргардонидани 296 ҳазор рубле, ки аз Русия ба Муҳсинова фиристодааст, умуман дар суд матраҳ нашудааст. Ӯ аз бонки “Эсхата” ҳуҷҷатеро, ки рӯйхати пулҳои фиристодаашро аз Русия тасдиқ мекунад, гирифтааст. Бино ба ин ҳуҷҷат, Олимов ба Муҳсинова беш аз 296 ҳазор рубли русӣ фиристодааст.
  4. Олимов мегӯяд, ки Муҳсинова қудрати баргардонидани ин маблағро дорад, аммо бо баҳонаҳое имрӯзу фардо карда, маблағро намедиҳад.
  5. Муҳсинова мегӯяд, Олимов дар давоми як солу чор моҳ ба ӯ ҳамагӣ 13820 сомонӣ равон карда буд, аммо аз ин маблағ 5725 (панҷ ҳазору ҳафтсаду бисту панҷ) сомонӣ зиёд гирифтааст. Ин маблағи зиёдатӣ чӣ тавр ва аз куҷо омадааст? Суд то куҷо онро собит кард?

Ин ва шояд дигар нуктаҳое дар ин қисса вуҷуд доранд, ки бояд аз сӯи тафтишот ё суд дуруст баррасӣ шаванд ва ҳақ ба ҳақдор расад. Бо он чӣ, ки аз сӯи Суди шаҳри Истаравшан анҷом шудааст, ҳақиқати мавзуъ равшан ва адолат барқарор намешавад.

Он чӣ, ки Мирзоҷон дар ин синну сол дар чунин як вазъе қарор дорад, то куҷо бояд баҳои ҳуқуқӣ ёбад, шояд мавзуи ҷиддитаре бошад. Ҳар чӣ ҳаст, нест, сарнавишти инсон аст ва ӯ адолат мехоҳад. Ӯ ҳоло 36 сол дорад. Агар он чӣ мегӯяд, дар рафти таҳқиқу тафтишот исбот шавад, пас посухи барбод рафтани умри ҷавони ӯро кӣ медиҳад?

 

“ФАРАЖ”

Добавить комментарий