Ё чаро мушкилоти мерос бояд дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шавад?

 

Солҳои охир тақсими мерос ба як мавзӯи доғ табдил меёбад. Ҳиссаи хешро аз мероси волидон талаб кардан байни додару хоҳар ва дигар хешовандони наздик оқибатҳои нохуш, ҳатто то ба куштор ва худкушӣ меоварад.

Сабоҳат (ном иваз шудааст) ном сокини шаҳри Хуҷанд баъди чиҳил соли издивоҷ, бо ин сабаб, ки фарзандаш муфлис шуду манзилашро фурӯхт, бо аҳли оила ба хонаи падару модар баргашт ва талаби ҳаққи мерос намуд. Ӯ аз ҳавлии волидайн, ки дар он ду оила — бародару ҳамсараш бо келину писараш зиндагӣ доштанду ҳамагӣ се садяк (сотиқ) масоҳат дошт, талаби ҳаққи мерос аз падару модар намуд. Бародар ва ҳамсари ӯ норозигӣ баён карданд ва кор то суд рафт. Қариб 1,5 сол мурофиаи судӣ идома ёфт. Рӯз аз рӯз шароит вазнинтар гашт ва билохира, бародар аз зиқӣ афтоду гирифтори бемории инсулт шуд. Нуҳ моҳ бемордорӣ ва маъракаи судӣ ин оилаи тинҷу оромро хаста кард. Ниҳоят аз дасти ин хоҳари ҳамхун бародар фавтид. Пас аз ин аз рӯи ҳалномаи суд ҳавлии иборат аз се сотиқ ду ҳиссаи баробар шуд.

Ба гуфти судяи Суди шаҳри Хуҷанд Савриддинзода Акмалҷон Одилҷон, тибқи қонун фарзандон барои тақсими мерос баробарҳуқуқанд, новобаста аз ҷинс.

— Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз мардум ба хотири гирифтани ҳиссаи худ аз манзили волидайн ба ҳар роҳ мераванд. Парвандаҳои вобаста ба тақсимоти мерос бисёр тӯл мекашанд. Дар як сол танҳо ду-се чунин парвандаҳоро дидан мумкин асту халос. Ҳоло як парванда дар даст дорам, ки аз соли 2012 инҷониб баррасӣ мешавад ва тарафҳо ҳеҷ ба мувофиқа намеоянд. Сабаби асосӣ саривақт, яъне ҳангоми зинда будани волидайн ҳалли худро наёфтани мерос аст. Сабаби дигар ба масъалаҳои додарию хоҳарӣ дахли манфӣ кардани ҳамсарони онҳост. Ба хотири он, ки падару модарро ғам надиҳанд, барои риояи ҳурмату эҳтироми онҳо фарзандон ба ин кор даст намезананд, вале пас аз мурдани волидайн муаммо сар мезанад,- мегӯяд ӯ.

Сабоҳат духтари ягона буда, фарзанди дӯстдоштаи падару модараш буд. Ба қавли додарарӯсаш, ду чашми волидайн фақат Сабоҳатро медиду халос. Бинобар гуфти равоншинос Муҳаррама Раҳимова, ҳастанд волидайне, ки фарзандонро ҷудо мекунанд ва барои фарзанди дӯстоштаашон тамоми молу мулкашонро ҳадя мекунанд, ки ин рафтор нодуруст аст. Масъалаи тақсими мерос вазъиятро дар ин ҳолат боз ҳам мураккаб мекунад. Аз ин хотир, равоншиносон ва ҳуқуқдонҳо тавсия медиҳанд, ки муносибати якхела бо фарзандон ва тақсими мерос вақти дар ҳаёт буданашон масъаларо хеле осон мегардонад.

Ҳамсари бародари Сабоҳат ҳамчун келини фармонбардор боре ҳам барои талоши хона ё ҳиссааш фикр ҳам накардааст ва танҳо хизмати хусуру хушдоманашро то охири умрашон ба иҷро расонида, онҳоро бо риояи ҳамаи маросиму анъанаҳо дафн кардааст.

Раиси маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд Ҳусейн Азизов мегӯяд, ки дар давоми қариб як соли фаъолияташ дар ин маҳалла дар 15 низои тақсими мерос иштирок кардааст. Аксарият бе иштироки суд дар доираи оила ҳалли худро ёфтаанд.

Бонуи куҳансол ва яке аз фаъолони маҳалла Сабоҳат Раҳимова шоҳиди чандин баҳсҳои аҳли оила дар ин робита будааст: «Аксар вақт мерос муайян нашуда, волидайн ин дунёро падруд гуфтаанд. Сабаб он аст, ки барои ҳуҷҷатҳоро омода кардан дар нотариус ва идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул маблағи калон — қариб то 10 ҳазор сомонӣ ғайрирасмӣ талаб мекунанд, вале корафтодагон бинобар сатҳи пасти зиндагӣ ин маблағро пайдо карда наметавонанд. Дар ин миён падару модари пир аз дунё мераванд, аммо ҷанҷол байни фарзандон оғоз мешавад».

Сархатиб аз вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода мегӯяд, мерос аслан ин чизест, ки баъди фавти инсон боқӣ мемонад ва моликияти номуайян аст. “Агар дар вақти зинда будан молу мулк тақсим шуда бошад, вай аллакай мерос ҳисоб намешавад. Мутаассифона, солҳои охир додару хоҳар меросро байни ҳам аз рӯи адолат тақсим намекунанд. Мушкилоти мерос бисёртар имрӯз дар шаҳри Хуҷанд дида мешавад, чунки аҳолӣ зиёд шуда истодаасту шаҳр барои зист тангӣ мекунад. Дар ноҳияҳо ин масъалаҳо қариб ки дида намешавад”,- мегӯяд ӯ.

Ин ҳам дар ҳоле, ки баҳси тақсими мерос на танҳо ҷанҷолу ҳамдигарнофаҳмӣ, балки ҷиноятҳоро ба вуҷуд овардааст. Аз рӯи хабарҳо, ду сол пеш дар шаҳри Хуҷанд баъди ҷанҷоли чандсола додар хоҳарашро ба қатл расониду худаш зиндонӣ шуд. Хабари дигаре ҳам ба нашр расида буд, ки баъди ҷанҷоли ду додар барои тақрибан ду сотиқ замини ҳавлӣ яке аз онҳо, ки дар он ҷо иқомат дошт, бемории сактаи дил мешаваду худи ҳамон рӯз ба ҳалокат мерасад. Ҳатто ҷанозаи ин нафарро дар кӯча хондаанд, чун имконияти дар рӯи ҳавлӣ мондани тобут набудааст. Мегуфтанд, ки додари ин нафар марди доро буду муҳтоҷи ин хона ҳам не.

Муҳаббат Ҷӯраева — сарвари Маркази ҳимояи ҳуқуқии «Адвокати шумо» дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар як моҳ қариб даҳто чунин баҳсҳоро ҳаллу фасл менамояд.

— Солҳои пеш ин мушкилот қариб ба назар намерасид. Ҳолатҳое ҳастанд, ки духтарон баъди солҳои тӯлонии ба шавҳар баромадан, пас аз вафоти падару модар мерос талаб менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарият барои ба даст овардани “моликияти муфт” сари ин масъала бармегарданд,- мегӯяд ӯ.

Сабоҳат низ баъди соҳиб шудани ҳиссааш аз ҳавлӣ бо хотири ҷамъ ба ҳуҷраи сехонагӣ, ки аз хонаҳои навбунёд гирифта буд, шаби соли нави мелодӣ кӯчида рафт.

Пас сабаби низоъ дар тақсими мерос чист? Таҳлилгарон чанд омили калидиро зикр менамоянд. Аз ҷумла, гаронии нархи манзил, то ҷое коҳиш ёфтани муҳаббати байни пайвандон, “дигар” шудани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва дониши амиқи динӣ надоштани одамон, ки ин масоилро танзим намудааст. Аз ҳамин хотир, тавсия медиҳанд, ки мақомоти ҳукумат дар ин росто бояд барномаҳои мушаххас таҳия намоянд, дар акси ҳол, дар оянда метавонад мушкилоти ҷиддиро ба бор орад.

 

Маликаи МОҲРӮ

Добавить комментарий