Аз 14 ҳазору 500 кӯдаки ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки бояд ба кӯдакистон ҷалб шаванд, ҳамагӣ 75 нафарашон ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта шуда, боқӣ дар орзуи кӯдакистонанд.

 

“Маҳваш” ва камбудиҳояш

Аз шумораи умумии кӯдакони аз 2 то 6-солаи ноҳия, ки бояд бо мақсади таълиму тарбияи дуруст ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб шаванд, аз сабаби дар тамоми ноҳия мавҷуд будани ҳамагӣ як кӯдакистон, фақат 05 дарсадашон шомили боғчаи бачагонаи «Маҳваш»-анд. Аммо инҳо ҳам дар чӣ ҳоле?! Чунончи, хобидани ду кӯдак дар як кат, кам ва куҳна будани рахти хоб, маблағгузории нокифоя барои ғизои кӯдакон ва надоштани ҳавз аз мушкилоти умдаи ин кӯдакистон ҳастанд.

 

“Ихтироъ” аз беилоҷӣ — як кату ду кӯдак

Фарзонаи Давлатхӯҷа — мураббияи боғчаи мазкур зимни суҳбат гуфт, ки «аз набудани шароит мо маҷбурем ду кӯдакро дар як кат хобонем. Ман зидди ин кор ҳастам. Зеро онҳо ба хобу истироҳати якдигар хоҳ-нохоҳ халал мерасонанд. Дар гуруҳи зери роҳбарии ман 25 тарбиятгиранда ва ҳамагӣ 18 рахти хоб аст».

Барои тасдиқи ҳарфҳои боло Паригул Тӯраева — мудири кӯдакистон илова кард, ки айни замон онҳо ба 20 кати хоби иловагӣ ниёз доранд. “Талаботи падару модарон ба кӯдакистони мо хеле зиёд аст, аммо ҷой надорем. Фақат дар ҳашт моҳ беш аз 25 кас ба мо муроҷиат карда, ноумед шуданд”,- тазаккур дод ӯ.

 

“Кӯдакон ояндаи моянд”? Пас, киро фиреб дорем?

Мушкили ҷиддии дигар, ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар як рӯз сари як кӯдак ҷудо шудани маблағи хеле кам, яъне ҳамагӣ се сомониву ҳафтод дирам аст. “Ин миқдор пул аз рӯйи ҳисоби нархҳои имрӯзаи бозор басанда нест. Мо мехоҳем ба кӯдакон ғизои хуб диҳем, аммо натавониста истодаем”,- гуфт вай.

Барои рафъи мушкилоти мавҷуда масъулон тӯли чор соли охир ба тарзи хаттию шифоҳӣ борҳо ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва раёсати молия муроҷиат кардаанд.

“Ваъда медиҳанд, “ҳал мекунем” мегӯянд, аммо кай, маълум нест”,- зикр кард мудири кӯдакистон.

Зоирзода Гулмаҳмад — сардори Раёсати молияи ноҳия иттилоъ дод, ки барои таъмини кӯдакон бо ғизо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои як рӯз фақат ду сомонию панҷоҳ дирам пешбинӣ ва ҷудо карда метавонанд. Дар маҷмуъ барои кӯдакистони “Маҳваш” аз буҷети маҳаллӣ имсол 45 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда будааст.

Норасоии маблағро, ба қавли мудири кӯдакистон, волидони кӯдакон ногузир ба қадри имконоти худ ҷуброн мекунанд. Онҳо барои як кӯдак 50 сомонӣ моҳона месупоранд. Тасмимоту дастгириҳое, ки ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд. Чунки ба бачаҳо дар як рӯз се дафъа ғизо дода мешавад ва воқеияти талх ин аст, ки агар ин маблағи якрӯза барои харид ва таъмини яктоӣ тухм бирасад ҳам, ба нону равғану дигар навъи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ намерасад.

 

Қонеъ нестанд, аммо шитоб надоранд

Роҳбари бевоситаи соҳа дар ноҳия — Нафиса Сафарова — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ки аз фарогирии ками кӯдакон ба кӯдакистон қонеъ нест. Ва барои то ҷое бартараф кардани ин ноҷӯрӣ соли гузашта дар назди мактабҳо 42 маркази инкишофи кӯдак ташкил карда, беш аз 620 кӯдакро ба таълим фаро гирифтаанд. Ҳамзамон, онҳо тасмим доштаанд, ки муассисаи таълимии навбунёди воқеъ дар ҷамоати деҳоти “Шугнов”-ро ба муассисаи томактабӣ табдил диҳанд. Вале шигифтангез ин аст, ки аз шаш иншооти дарнақшабудаи муассисаҳои нави томактабӣ дар доираи истиқболи шоиста аз 30-юмин солҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳанӯз сохтмони ягонтои онҳо ҳатто шуруъ нашудааст.

 

Раиси вилоят: Муассисаҳои томактабӣ беҳбудӣ мехоҳанд

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон гуфт, ки “ҳарчанд солҳои охир таъмини муассисаҳои томактабӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вобаста ба талаботи рӯзафзун вазъият беҳбудӣ мехоҳад. Ашёҳои таълимии як қисм муассисаҳо фарсуда шуда, ба мизу курсӣ, кати хоб, ҷевон барои либос ва намудҳои гуногуни бозича эҳтиёҷ доранд. Маблағҳои аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои хариди таҷҳизот ҷудошуда кифоя нестанд. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 10 дарсадро дар бар мегирад. Ҳамзамон, кам ҷудо шудани маблағ барои таъмини ғизои тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, кам будани теъдоди муассисаҳои томактабӣ, нарасидани мутахассисон ва дастурҳои методӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки монеи рушди низоми тарбияи томактабӣ мешаванд”.

Диловаршо Исозода, сардори Раёсати маорифи вилоят дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки яке аз мушкилоти ҳалталаби дигар дар як рӯз се вақт бо хӯроки серғизо таъмин кардани кӯдакон аст. “Сарчашмаи асосии таъмини хӯрок маблағҳои буҷетӣ ва худи волидон мебошад. Маблағҳои бо ин мақсад ихтисосёфтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хеле ночизанд. Инчунин, аз сабаби коҳиш ёфтани ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои томактабӣ ба талабот ҷавобгӯ нест”,- илова кард Д. Исозода.

 

Мушкилро набояд саҳл ангошт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда буданд, ки «мо бояд пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварем». Лекин, мутаассифона, масъулони ноҳияи Ховалинг ба ин масъалаи муҳим аз рӯйи мақоли “сарам, дилам” муносибат карда истодаанд. Бинобар ин, вазъи мавҷуда таваҷҷуҳи сареъ ё худ “дасти ислоҳхоҳ”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here