Амрико тасмим гирифтааст, ҷангҷӯёни ифротиро дар қолаби ДИИШ ва ба саркардагии Гулмрод Ҳалимов аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистон интиқол диҳад. Инро як маркази таҳлилӣ дар Русия маълум кардааст.

Ба тозагӣ як маркази таҳлилӣ ба номи Бунёди фарҳангҳои стратегӣ дар Русия бо истинод ба манобеи амниятӣ дар сатҳи минтақа, муддаӣ шудааст, ки Амрико ба таври ҷиддӣ барои амалӣ кардани барномаи интиқоли ДИИШ аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтааст.

Бино бар эъломи ин марказ, Тоҷикистон ва Узбекистон ҳадафи нахуст дар иҷрои барномаи Ғарб барои нуфузи бештар ба ҳаёти хилвати Русия дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд ва ҷумҳуриҳои дигар, аҳдофи баъдӣ хоҳанд буд.

Бар асоси таъкиди ин маркази таҳлилии русӣ, фармондеҳи ДИИШ барои кашондани ҷанг ба Осиёи Марказиро сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, аз фармондеҳони пешин ва фирории Дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар ӯҳда доштааст.

Маркази таҳлилии Бунёди фарҳангҳои стратегӣ дар Русия гуфтааст, ин фармондеҳи ҷангии тоҷик ҳамакнун бо шаш ҳазор нирӯ дар шимоли Афғонистон мустақар ва мунтазири дарёфти дастур аз созмонҳои истихборотии ғарбӣ барои вуруд ба Бадахшони Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин бинобар иддаои ин марказ, амрикоиҳо бо намояндагони Толибон вориди музокира шудаанд, то роҳро барои убури ҷангиёни ДИИШ таҳти фармондеҳии Ҳалимов боз кунанд.

Гуфта мешавад, ҳайати музокиракунандаи Толибон муташаккил аз панҷ фармондеҳи ин гурӯҳ аст, ки соли 2014 аз зиндони Гуантанамои Амрико озода шуда ва роҳии Қатар шудаанд.

Ин афрод баъдан иҷоза ёфтанд, то дафтари Толибонро дар Қатар таъсис диҳанд ва акнун омодаи маъмурияти нав шудаанд.

Добавить комментарий