Роҳбарияти Маркази исломшиносии Тоҷикистон вобаста ба изҳороти раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода дар бораи он ки «ба ҷои зиёд намудани ҷавонони масҷидрав, бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд карда шавад» гуфт, «он ҷо нофаҳмӣ шудааст».

Директори маркази мазкур Файзулло Баротзода имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, бо Иноятзода суҳбати телефонӣ доштааст ва ӯ гуфтааст, ки аслан дар ин шакл баромад накардааст.

— Баҳром Иноятзода гуфт, шояд зимни суханронӣ ягон ҷиҳати масъала нодуруст фаҳмонида шудааст, вале мо медонем, ки дар масъалаи таълиму тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон ва умуман шаҳрвандон ҳам мактабу мадраса ва ҳам масҷиду меҳроб ҷойгоҳи сазовори худро доранд. Аллакай аз тариқи васоити ахбор огоҳ ҳастед, ки раиси муҳтарами шаҳри Истаравшан узри худро дар бораи нодуруст таъбир ё тафсир кардани ин масъала баён доштанд, — гуфт Баротзода.

Бино ба иттилои расонаҳо,  ҳафтаи гузашта, раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода зимни нишасти хабарӣ дар мавриди қатъи фаъолияти 36 масҷид аз ҷониби мақомоти шаҳр дар ду соли охир гузориш дода, гуфтааст, ки «аз масҷид касе бо фикри солим набаромадааст».

“Касе масҷид даромада бо фикри солим аз он ҷо набаромадааст. Аксар ҷавононе, ки имрӯз ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ҳамааш аз фикрҳои носолим сарчашма гирифтаанд ва ин гуна фикрҳо ҳамааш аз масҷид дар сари онҳо ҷой шудааст”, — гуфтааст Иноятзода.

Вай таъкид кардааст, ки «ба ҷои зиёд намудани ҷавонони масҷидрав бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд карда шавад».

Иноятзода ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки “Танҳо соли гузашта 120 нафар ҷавоне, ки ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуда натавонистанд, бекор мондаанд.  Аз ин рӯ масҷид не,  мактабро бояд зиёд кард”, — афзудааст Иноятзода.

Добавить комментарий