Роҳҳои маҳаллии шаҳри Левакант ҳолати ногувор ва ниёз ба таъмиру азнавсозии ҷиддӣ доранд, ки ин вазъ ронандагонро сахт нигарон кардааст.

 

Ташвиши ронандагону сокинон

Холобой — як ронанда аз шаҳри Левакант нигаронӣ аз он кард, ки “ҳамасола мо аз воситаҳои нақлиёти худ андоз месупорем, аммо ҳоли роҳҳои маҳаллии ин шаҳро бинед, чи гуна аст. Фасли баҳор расиду боришот зиёд мешавад, ки ҳаракат дар ин роҳҳоро барои воситаҳои нақлиёт дучанд мушкил мекунад”.

Сокинони шаҳр сабаби болоравии роҳкирои мусофиркашро дар вазъи ногувори роҳҳои маҳаллӣ медонанд. Зокир Субҳонқулов — сокини шаҳри Левакант бо нигаронӣ гуфт, новобаста аз он, ки нархи сӯзишворӣ поён фаромадааст, вале роҳкирои мусофиркашҳо арзон намешавад. Ронандагон сабаби паст накардани нархи хизматрасониашонро дар вазъи роҳҳои маҳаллӣ арзёбӣ менамоянд. Ӯ мегӯяд, ки “мо се-чор км роҳро 5-10 сомонӣ дода, то хонаҳоямон меравем, ки дар шароити имрӯза барои мо гарон аст”.

 

50 дарсади роҳҳо ба талабот ҷавогӯ нестанд

Дар ҳамин ҳол, Наҳтулло Олимов — сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант афзуд, ки дар ихтиёри ин муассиса зиёда аз 111 километр роҳ буда, аз ин 53 километрашро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, давоми соли 2018 аз буҷети шаҳр барои беҳтар кардани роҳҳои маҳаллӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин барои таъмири 2 км роҳ намерасад. “Ин дар ҳолест, ки роҳҳои маҳаллии шаҳри Левакант солҳои 60-и асри гузашта сохта шудаву имрӯз пурра ба таъмири асосӣ ниёз доранд”,- илова кард номбурда.

 

Умеди мо соҳибкоронанд…

Сардори муассиса афзуд, ки соли гузашта аз тарафи соҳибкорон бо харҷи 850 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ сангфарш ва таъмир шудаанд. Дар се моҳи соли равон бошад, ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон корҳо иҷро шудаанд.

Наҳтулло Олимов афзуд, ки “имсол мо нақша дорем вазъи роҳҳои маҳаллиро беҳтар намуда, рафтуомади воситаҳои нақлиётро таъмин созем”.

 

Ҳиммати мақомот — 15 ҳазор сомонӣ

Саидзода Салоҳидин — сардори Раёсати молияи шаҳри Левакант гуфт, ки барои таъмири роҳҳои маҳалӣ соли гузашта аз ҳисоби буҷети шаҳр танҳо 15 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудаасту халос: “Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ҳолати барзиёд иҷро шудани даромад мо метавонем маблағ ҷудо кунем”. Ба гуфтаи ӯ, барои таъмири ин роҳҳо аз тарафи ҳукумати кишвар маблағ ҷудо карда мешавад: “Агар буҷет иҷро нашавад, мо имкони ҷудо кардани маблағ барои роҳҳои маҳал надорем. Ҳоло маълум нест, ки имсол барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо карда мешавад ё не”.

Ӯ гуфт, ки чанд сол пеш бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ 10 км роҳҳои маркази шаҳр пурра асфалтпӯш карда шудаанд. Айни замон бошад, қисми даромади буҷет бо мушкилӣ иҷро карда мешавад. Ба гуфтаи номбурда, дар ду моҳи соли равон қисми даромади буҷети шаҳр пурра иҷро карда нашудааст. Дар чунини шароит ҳиҷ гуна маблағе барои таъмири роҳҳо ҷудо намешавад.

Файзуллозода Насрулло — сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар нигаронӣ аз он кард, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷети шаҳри Левакант барои таъмири 53 км роҳҳои маҳаллиаш ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ таъмири як км роҳ ғайриимкон аст. “Роҳҳои маҳаллии шаҳри Левакант ба таъмири ҷиддӣ ниёз доранд ва маблағҳое, ки мақомоти иҷроияи шаҳр ҷудо мекунад, ночиз аст. Мувофиқи қарори Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №639, бояд роҳҳои маҳаллиро мақомоти маҳал таъмир намоянд, ки мутаассифона онҳо баҳри таъмири ин роҳҳо маблағ ҷудо намекунанд”,- илова кард номбурда.

 

Андоз аз нақлиёт — беш аз 599 ҳазор сомонӣ

Ализода Хайридин — муовини сардори Нозироти андоз дар шаҳри Левакант гуфт, ки аз ҳисоби андоз аз воситаҳои нақлиёт дар соли 2018-ум 599 ҳазору 189 сомонӣ ҷамъоварӣ шудаст.

Агар андоз аз воситаҳои нақлиёт ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуда бошад, пас чаро барои нигоҳдории роҳҳои шаҳр ҳамагӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ин суолест, ки посух мехоҳад.

“Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани се соли оянда аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулиятро назди раисони шаҳру навоҳӣ бештар кардааст. Умедворем, ки роҳбарияти шаҳри Левакант баҳри таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллиашон андеша хоҳанд кард.

 

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here