Масъулини масҷиди «Қарамиршикор»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи ҳамноми он дар маркази пойтахт, аз надоштани имкони пардохти маблағи барқу об ва маоши ходимони масҷид изҳори нагаронӣ карда, аз намозгузорон хостанд «дастонашонро тарафи сандуқҳои хайрия» баранд.

Имомхатиби масҷиди мазкур Давлат Исоев 29-уми март зимни амри маъруф дар намози ҷумъа ба намозгузорон муроҷиат карда гуфт, имрӯз ходимони масҷид маҷбур шудаанд, дар даст халтача гирифта, байни қатори намозгузорон бигарданд.

— Дигар роҳ нест. Тавре ҷумъаҳои гузашта гуфта будем, агар вақти ба масҷид даромадану баромадан фаромӯш намекардед ва ба сандуқҳои хайрия мувофиқи имкониятатон хайр мекардед, имрӯз аз пешатон бо халтача намегузаштем. Воқеан имрӯз масҷид ба кӯмакатон ниёз дорад, зеро ин моҳ маошу маблағи қувваи барқу ва обро дода наметавонем. Ғайр аз ин, фармоишот барои хайру эҳсон кардан дорем. Ҳатто масҷидҳо ба уҳда доранд, ки бояд ба ятимони кул дар сағирахонаҳо ёрӣ кунанд. Ҳамаи ин аз ҷайби мову шумо — намозгузорон мешавад, дигар ягон ҷое, ки масҷидро дастгирӣ кунад, нест, — гуфт имомхатиб.

Номбурда аз вақти дар масҷиди ҷомеи маҳалли «Гипрозем» фаъолият карданаш ёд оварда гуфт, «саховатмандону тоҷироне буданд, ки хароҷоти масҷидро ба зимма мегирифтанд. Имрӯзҳо чунин нафарон каманд ва ҳатто, ба чашм намерасанд. «Кризис» аст, шояд тиҷоратҳояшон коста шудааст. Дуо кунем, ки «кризисро» аз байни мардуми мусалмон дур кунад, зеро он боис ба хеле вазинини аҳволи мардум гардидааст».

Нишонаи «кризис» дар масҷиди «Каламиршикор» хеле рушан мушоҳида мешуд. Дар ҳоҷатхонааш қоғази ташноб вуҷуд надошт. Фаррош Султон Рустамов гуфт, маошаш 350 сомонист, аммо моҳ тамом шуду то ҳол нагирифтааст.

Мунтақидон мегӯянд, ки бо гузоштани сандуқҳои хайрия дар масҷидҳо ва гардонидани халтача миёни намозгузорон наметавон мардумро ба хайру саховат маҷбур ва ҳамчунин, “кризисро” баҳона кард. Ба назари онҳо, мушкили асосии воъизон дар бархе аз масҷидҳо надоштани ҳунари суханварӣ ва интихоби мавзӯъҳои муассири шариатӣ дар амрҳои маъруфашон мебошад.

Добавить комментарий