Ё чӣ гуна фарҳанги Ғарб моро нотавон кард

 Омадани фарҳанги ғарбиро ҳамчун як зилзила бояд донист. Зилзилае, ки на ба ихтиёри мо меояд, на ба ихтиёри мо меравад ва на қобили пешбинӣ ва фолбинӣ аст. Зилзилае, ки нозил шудааст ва бояд дар интизор ва изтироби он нишаст, ки бори дигар ҳам меояд. Ин далел, дар фалсафаи Гегел – ҷабри таърихӣ ном дорад, ки шабнигару рӯзнигар аст, ки одамро дар пазириши ҷабри он таслим мекунад. Одамро дар баробари таърихи худ дасту по мебандад ва имрӯз касе мехоҳад ё намехоҳад – ғарбзадагӣ як сарнавишти ҷабри мо аст.

Вуҷуди фарҳанги миллӣ ва бархурдорӣ бо фарҳанги ғарбӣ воҷиби имрӯзи мо аст. Вуруди фарҳанги ғарбӣ ва арзишҳои миллӣ ҳодисаи иҷтимоии ҷомеаи мо дар ду даҳсолаи охир – маҳсули ин ду бархӯрди бузурги таърихӣ аст. Ҳарчи дар таърихи навини мо рух дод, ихтилофоти ақидавӣ ва фикриро ба вуҷуд овард.

Хуб медонем, ки дар гузашта ҳам (давраи шӯравӣ) фикру амали суннатҳои миллии мо, дар ҷомеаи мо ҳоким набуд, зеро низоми муайян ба мо фармонфармоӣ мекард. Бо гузашти замон ва бар асари бархӯрд бо фарҳанги шӯравӣ онро нисбӣ фурӯ бурдем, бо вожаи дигар ба тан кардем. Ин талотумҳо оқибат барҷо фурӯ нишаст, ки имрӯз ҳам таърихи онро дар даст дорем. Албатта, таваҷҷӯҳ доштан ба фарҳанги шӯравӣ ба ин маъно аст, ки мо дар дили ин талотумҳо зиндагӣ кардем ва онҳо барои мо ҳодисаофарин буданд ва дар натиҷагирии мо, амали мо, ҳатто муяссар шуданд.

Айёме мо фарҳанги тавонои миллӣ доштем, бо фарҳанги ғарб, хусусан юнониҳо ошноӣ доштем. Ин давра, ки фарҳанги мо қудрату тавоноӣ дошт, дар бархурдорӣ, бевоҳима, бо дасти тавоно андешаҳои он қавмро бо худ гирифт ва зеҳни онро ҷилва дод, олудаҳои онро дур андохт ва покиҳову накӯиҳои онро ба худ гирифт ва аз онҳо баҳра ҷӯст. Пас аз он давра «ин сел»-и хурушон сифати рукуд гирифт ва аз ҳаракату серобгароӣ бозмонд. Бори дигар мо ба сифати миллат ва соҳибихтиёрӣ бо фарҳанги ғарб ошно шудем, мо сахт нотавон мондем. Ин дафъа, ин фарҳанг дар байни мо миёнадавонии худро пайдо кард ва чи дар дохили кишвар ва чи дар беруни кишвар касоне пайдо шуданд, ки роҳи наҷоти миллатро дар қофилаи фарҳанги ғарб мешуморанд. Ба он сар супурданд, ба сӯяш саҷда карданд ва аз он роҳи илоҷ дар мушкилотҳои худ ҷӯстанд. Ин бархурди як фарҳанги қавӣ бо як фарҳанги рукуд ва ранҷур, ба ҷуз чанд одобу одату суннати хушки миллии мо чизи дигаре боқӣ намонд. Бехабарӣ, бенавоӣ ва андешаҳои хушки чанд дар байни мо зистанд, он қадар нодору ранҷур ҳастанд, ки чизе тавлид намекунанд. Бо ин сабаб, вақте, ки андешаҳои фарҳанги ғарбӣ пурқувват, ороста ва бузург гаштанд, илм ва технология вориди кишвари мо гардид, ки бе  ҳеҷ монеа ва муқовимат роҳи худро кушоданд. Ғарбгароӣ чун оташ рехт ва дурахшид. Ин фарҳанг ба мо коре кард, ки имрӯз ба он ғарбгароӣ мекунем. Андешагароёни ғарбӣ ҳам пайдо шуданд ва бо омадани технология (одоб ва русуми ғарбӣ) дар пояи одоб ва суннати мо боқӣ монд.

Сухан гуфтан бо забони онҳо ва андешаҳо, бо мағзи сари онҳо назар доштан, бо чашми онҳо фарёд задан, муқовимат, мухолифат ва таҷлил кардан бо тақлиди онҳо оғоз гардид. Имрӯз чораи мо дар баробари ин тундбод, ки аз ҷониби ғарб меварзад ин аст, ки бо дастгирии суннатҳои миллӣ, ки фарҳанги «бешахсият» аст ва ҳуввияти мо дар онҳост, ин суннатро бояд ҳифз кунем. Вале, чи гуна ва бо кадом усул? Ҳаминаш маълум аст, ки агар мо суннатҳои миллиамонро ҳифз накунем бо ҳар гуна шиору хитобаҳои бо ном фарҳангии дар дару девор ва нақлиёт навишташуда, ки ҳурмат надоранд, дар ҳошияи фарҳанги ғарбӣ хоҳем монд. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ фармудааст:

Ҳоли ман акнун бурун аз гуфтан аст,

Ин чи мегӯям, на аҳволи ман аст.

Зикр кардем, вақте, ки илми юнониҳоро мегирифтем, аз он бархӯрдор шудем, ки дини ислом ин илмро аз олудагиҳо пок кард ва илми онҳоро баҳри тамаддун ва тараққӣ истифода намуд. Танкашидани саноати ғарбӣ дар аҳди ислом чунон таҷдид карда шуд, ки ҳеҷ зиёну зараре надошт. Имрӯз, ки фарҳанги ғарбӣ сар кашид, одобу русуми шарқиёнаи (тоҷиконаи) мо об шуд ва маҳол гардид. Ҳоло сухан, расидан ба даврае аст, ки ин миллат (агар миллат шуда бошад) метавонад, ин давраро паси сар кунад. Аз ин лиҳоз, ғарбзадагӣ на як беморӣ, балки як ҳолати тақдири таърихӣ аст, мисле, ки мода ба нар менигарад. Мабодо фикр кунем, ки агар ғарб намеомад, мо мумкин буд, танҳо ба худамон бимонем ва ҷомаи кӯҳнаи худамонро бипӯшем, чунин чиз ваҳм ва хаёли маҳз аст. Агар фарҳанги ғарб намеомад, зинда кардани фарҳанге, ки мутлақ на ба имрӯз, балки ба гузашта аст, магар ваҳм ва хаёл нест? Зеро ӯ бузург аст, пурҳашамат аст ва дар ҷомаи танги навини мо намеғунҷад. Ин балое, ки ба сари мо омадааст, дар баробари он набояд дасту по зад. Набояд дучори таназзулу изтироб шуд ва набояд ба он тақлид дошт, яъне барои муқобилият бояд ба суннати миллӣ даст зад, фарҳанги хуфтаро (агар дар ҷомаи навини мо ғунҷад) бедор кард.

Омадани фарҳанги ғарбиро ҳамчун як зилзила бояд донист. Зилзилае, ки на ба ихтиёри мо меояд, на ба ихтиёри мо меравад ва на қобили пешбинӣ ва фолбинӣ аст. Зилзилае, ки нозил шудааст ва бояд дар интизор ва изтироби он нишаст, ки бори дигар ҳам меояд. Ин далел, дар фалсафаи Гегел – ҷабри таърихӣ ном дорад, ки шабнигару рӯзнигар аст, ки одамро дар пазириши ҷабри он таслим мекунад. Одамро дар баробари таърихи худ дасту по мебандад ва имрӯз касе мехоҳад ё намехоҳад – ғарбзадагӣ як сарнавишти ҷабри мо аст.

Пайванд шудан ба фарҳанги бегона ва ба ранги қавми дигар даромадан ва ҷомаи фарҳанги дигаронро пӯшидан ва фарҳанги пешини худро дар пушт доштан, зоҳиран дарди имрӯзи мо аст, ки бозсозии иҷтимоиро тақозо дорад ва «бозгашт ба хеш» мехоҳад. Ботинан фарҳанги ғарбӣ довари дарде аст, ки «бозгашт ба хеш» аст. Аммо, бояд аз худ пурсид, ки магар омӯхтан аз дигарон қабеҳ аст? Оё бозгашт ба гузаштаи мутлақ мумкин аст? Магар ҳар рӯй овардан ва ҳар бозгаштан ба гузашта ҳуввият меоварад? Аслан «бозгашт ба хеш» марҳами кадом дарди мо аст? Ҳақ ин аст, ки то мо ҳуввиятро, аз ҷумла ҳуввияти фарҳангиро амри нодир надонем, посухи ҳеҷ яке ин саволҳоро пайдо нахоҳем кард, яъне муодил овардани ҳуввият ва рукуд ҳамаи мушкилотро падид овардааст. Тасҳеҳи ҳуввият айни ҳуввиятдорӣ аст, «шудан» ҳам порае аз «будан» аст ва чун чунин аст, эҳёи худ ва эҳёи фарҳангӣ зуд ба маънои «ҳаракат» додан ба худ ва фарҳанг аст. Он чи мо ҳарос аз фарҳанги дигар дорем, надоштани фарҳанги қавмӣ ва номуносиб аст, ки гӯё ҳар фарҳанг таҷзиянопазир аст ва пазируфтани он баробар ба пазируфтани тамоми касратҳои он аст.

«Ҳаракат» (пешрафт, тараққӣ) ҳама гуна баракат аст, ҳаракат маънои ҷузъӣ ва тақлидӣ надорад: хоҳ тақлид аз фарҳанги ғарб, хоҳ тақлид аз гузаштаи хеш. Аз гур берун кардани пораҳои суннат ва афкори ботил ва эҳёи он мушкил аст. Дар гури гузашта оромидан бозёфт ва «бозгашт ба хеш» нест.

Эҳёи гузашта ин аз ватан то ҳифзи одобу русуми миллӣ, дида кушодан ба «худ», ки «худ»-и нав тавлид мегардад ва «худ» ба ҷои он, ки битарсад, дигарон аз ӯ чизеро нагиранд, бояд хонарӯбӣ кунад. Ин ки ҳанӯз тафовути фарҳанги ғарбӣ дар ватани мо хайма надорад, одобу русум, таърих ва забону адаб, ҳунар ва тасвир аз мардуми дигар ва фарҳанги дигар дар замири мо нақш набастааст, ҳар чӣ мегӯем, мебинем, мефаҳмем ва мечашем, хулосааш аз фарҳанги мо аст. Ӯро посухҳо ва ҳоҷате нест. Ӯ «худӣ» дорад, сохташ таърихи хеш аст. «Худ» собити қавмӣ надорад, ин ҳуввият аст, ки метавон онро бо дили далер ва дасти тавоно бо ҳам пайваст кард ва метавон носозгории байни онҳоро пур кард.

Тоҷикон нажоди аврупоӣ ҳастанд ва дар Осиё тавлид шудаанд. Миллати мо имрӯз дар пироҳани зардуштӣ дар хонаи ислом аст. Мо ҳам аврупоӣ ҳастем ва ҳам тоҷик ва ҳам мусулмон ҳастем, оташпарастӣ ҳам дар мост. Ин ҳама омилҳои фарҳангии мо аст ва ҳеҷ чизеро ба далели он, ки дорем ва дар домони он парварида шудем, наметавонем онҳоро чун дифоимутлақ аз бархурд бо фарҳанги ғарбӣ бидонем ва имрӯз тамоми ҳуввияти худро ба онҳо тақвият диҳем. Албатта, ҳар касе дар ҳар фарҳанге парварида мешавад ба ӯ ишқ меварзад. Фарҳанги ғарбӣ ҳам ишқ дорад, зебоиҳо, завқҳо, адабҳо, оинҳо ва ифтихороти рангоранг дорад, ки ҳар кадомаш ҷилваи ширин дорад. Ҳифзи ҳуввияти миллӣ маънои эҳё ва идомаи одоб аст, ки аз мусиқии классикӣ ё аз шеъри Рӯдакӣ лаззат бурдан, хона оростан, санъат офаридан, фикр кардан ва амсоли инҳо одобу русуми худро дорад. Лаззат бурдан аз дастовардҳои фарҳанги миллӣ, беҳтар кардани он аст, зеро ҳама офатҳо аз тақлид аст. Фарҳанге, ки маҷоли табиӣ надорад, рангоранг ва фаррох нест, монанди он аст, ки бо рангҳо ва нигоҳҳои гуна дида мешавад.

Афтодан – хестан аст, аммо набояд гумон дошта бошем, ки ба ҷои тақлид кардан сар то по ғарбзада бошем. Ғарбиён (муҳаққиқон) моро метарсонанд, ки гӯё илм ва ақлонияти шарқиён ҳар ҷо дарояд, ҳамон натиҷа хоҳад дошт, ки дар Шарқ дошта аст. Ин тавсеа дуруғ аст. Оё ақлонияти шарқӣ дар Аврупо тасвири навин надошт? Оё тибби Закариёи Розӣ ва Ибни Сино, китоби Хоразмӣ «Ҷабр ва муқобила» дар Аврупо реша надошт? Оё аврупоиён решаҳои фарҳангӣ ва ақлии шинохти  худро ба фарҳанги шарқӣ таҳлил намекунанд? Онҳо маҳз нақши идеологияи сиёсии худро ба мо тавсеа мекунанд? Аврупоиён идеологияи сиёсиро аносири фарҳангӣ мешуморанд. Илму фарҳанги пешоҳанги мо то асри XIV дар тиббу риёзӣ вомдории хешро дар Аврупо нигоҳ дошта буд, ки ин ҳиммати миллати мо ба аврупоиён аст. Ҳамин саҳм буд, ки тавсеаи тамаддуни аврупоиён гардид ва мояи пешрафти илмӣ ва моддиро муяссар сохт. Дар ҳақиқат ҳамин илму фарҳанг буд, ки тавсеаву такомули санъати илмии аврупоиёнро осон кард. Ҷаҳони қавмиву нажодӣ рӯҳи тоза гирифт ва таассуби қавмиву нажодӣ ба «ҷаҳонватанӣ» тавсеа гардид. Дар воқеъ, ренессанси Аврупо аз вақте оғоз шуд, таассуби қавмӣ ва маҳаллӣ фурӯ рафт. Илму фарҳанги кӯҳани мо «ҳамзисти»-ро бо «аҳли китоб» муяссар сохт ва бо ин таъкид аҳамият ва арзишҳои илмиро афзун намуд. Ин тамаддун бад ин гуна васила вориси фарҳанги ҷаҳон гардид. Агар тамаддунҳои юнонӣ, ҳиндӣ ва чинӣ дар сохтмони фарҳанги аврупо саҳмгир бошанд, вале таркибдиҳанда ва такмилсозандаи он миллати мо аст. Бад – ин сабаб илму фарҳанги мо салтанати азими Аврупоӣ шуд, меросҳо ва адабҳои бениёз сохт. Фарҳанги тозае бунёд кард, ки ҳудуду сарҳад намешинохт. Аз ин фарҳанг имрӯз ҳар ҷое, ки нишонае мондааст, ранги хос дорад. Дар Аврупо Закариёи Розӣ муаллифи китоби «Ховӣ» — Разес шинохта мешавад. Муаллифи китоби «Комил-ас-саноъа» Маҷуси Алӣ ибн Аббоси Аҳвозӣ чун Аббас эътироф карда мешавад. Аз соли 1088 дар шаҳри Франкфурти Олмон «Қонун»-и Ибни Сино китоби дарсӣ аст. Аз асри XVII то ҳол дар Аврупо табибоне ҳастанд, ки корашон дар асоси китоби «Қонун»-и Ибни Сино аст.

Дар ҳар ҳол Хоразмӣ аз муассисони ҷабр, ки ба унвони як илми мустақил аст, аввалин китобро дар боби «Ҷабр ва муқобила» таълиф кард. Номи ӯ дар Аврупо ба шакли Алгорисм ва номи китоб низ дар шакли «алгебра» — унвони илми ҷабр боқӣ монд. Қиссаҳои Луқмони ҳаким дар Аврупо мисли Эдипи юнонӣ пазируфта шуд. Дар Фаронса анвои шеър, ки ба василаи трубадурҳо суруда мешуд, дар шакл ва сурат аз заҷал ва азҷол гирифта шудааст. Худи лафзи трубадур дар шеъри аврупоӣ ба маънои як пораи шеър аз маънои лафзи байт ба маънои хона аст.

Арзиш ва ҳайсияти илму фарҳанги гузаштаи мо дар Аврупо ба қавли Фон Грюнебаум «мисли он чи дар боби фарҳанги Фаронса иддао кардаанд, як фарҳанг аст, ба қадри қомати инсон». Ин муҳтаво маънии он аст, ки фарҳанги мо дар тайи асрҳо фарҳанги пешрав будааст ва касоне, ки ба дунёи илм ва фарҳанги мо ошноии дуруст доранд, дарк мекунанд, ки такомули инсоният бо ин қомати инсонӣ эҳтиёҷ дорад.

Ҳоло ҷаҳонишавӣ ихтилофоти байни фарҳангии миллӣ ва фарҳанги ғарбиро меафзояд. Дар ин боб мулоҳизаҳо бисёранд, аммо мақсади мо ин аст, дар боби таъсири фарҳанги ғарбӣ ба фарҳанги миллӣ сухан бигӯем. Пӯшида ҳам нест, ки ҷаҳони мо ҷаҳоне аст, ки муттафовит бо ҷаҳони пешин аст. Ин тафовут дар арсаҳои ҳунар, илм, саноат … ташхис мегардад. Воқеан, агар яке аз гузаштагон имрӯз сар аз хок бадар оварадва ба дунёи нав бингарад ваҳшатзада ва ҳайратзада хоҳад шуд ва бовар нахоҳад кард, ки ҳамон замине аст, ки ӯ дар он мезистааст. Ҳатто ақли имрӯз ҳам тафовут бо ақли пешин дорад. Ҷаҳони гузашта, ҷаҳони динӣ буд, башар ба осмон бештар нигоҳ мекард ва аз он ҷо ҳоҷати худро талаб менамуд ва бештар вуҷуди худро дар он ҷо медид, дар ҳоле, ки дар ҷаҳони нав башар иртиботи худро бо осмон қатъ кардааст. Ҷаҳони нав, ки аслан танинандозии фарҳанги ғарбӣ аст, «нав» шудани мо, «дигар» шудани моро дорад. Дар ин вазъ, ки мо дар ҳолати тағйири ахлоқ, расму оин ҳастем; таваҷҷӯҳ намоед, мо, ки бештар аз фарҳанги миллӣ сухан мегӯем, аз он дур шудаем (ин воқеияти имрӯзи мо аст, ки дар ҳадди нолоиқ, ва «баҳри ифтихор» аз фақат фарҳанги миллӣ сухан мегӯем). Вақте, ки дар бораи тақвияти фарҳанги миллӣ сухан мегӯем, мавзӯи баҳси мо нотавонӣ дорад ва риштаи мавзӯи баҳсро гум мекунем.

Гузаштагони мо бо ақл кор мекарданд, аммо аз ақл намепурсиданд ва дар бораи он чандон баҳс намекарданд. Дар дин ғуттавар буданд, аммо диншиносӣ намекарданд. Маърифат доштанд, аммо маърифатшиносӣ намекарданд. Пас, тафовути аслии ҷаҳони пешин ва ҷаҳони имрӯз дар он аст, ки гузаштангони мо дар дин, ахлоқ, идеология, суннат, маърифату ақл ғуттавар буданд. Ин қадар бо муҳити худ қарин буданд, ки ҳеҷ фосилае байни худу ӯ эҳсос намекарданд. Бо ҳамин сабаб, зиндагии худро табиитар мепиндоштанд ва андешаҳои худро саҳеҳтар ва бадеитар менигоштанд ва инсонҳои атрофи худро бечунучаро таърихи мумкин медонистанд. Бо ҳамин сабаб, муҳимтарин хулосаи гузаштагони мо, яқин, бедағдаға буд. Яъне, баҳси имрӯз дар бораи фарҳанги миллӣ, бо истилоҳи фалсафӣ айният аст, аз ҷумла баҳсе аст, ки ихтисос ба тарбияи инсони нав, дар ҷаҳони нав, ки маърифати нав дорад. Мо имрӯз дар бораи ақл ё дар бораи илм ё дар бораи суннат, ахлоқ, дин ва …. баҳс мекунем, вале фаромуш мекунем, ки ҳангоме дар бораи чизе, ки фикр мекунем, муҳимтарин кор нисбат ба он нақд кардан аст.

Баъди истиқлолияти давлатӣ ва ҳоло ҳам андешаҳои пеш аз пеш дар мавриди эъмори давлати миллӣ гуфта мешаванд. Мегӯянд; эъмори давлати миллӣ миллатро ба ҳушёрӣ мепайвандад ва ба низоми иҷтимоӣ медарорад. Баъзеҳо ҳушдор медиҳанд, ки эъмори давлати миллӣ пешрафти моддии миллат ва ҳатто монеи ҳалли масъалаҳои гуногуни ҳамкории байналмиллалӣ мегардад. Ва ниҳоят, тазаккур медиҳанд, бо воридшавии фарҳанги ғарбӣ чи гуна метавон дар кишвар давлати миллӣ бунёд кард ва низоми иҷтимоии мардумро танзим намуд.

Дар тули ду даҳ соли охир фарҳанги ғарбӣ то андозае фикру амалро тағйир дод. Мо кӯшиш кардем бо эҳёи суннатҳои миллӣ, мисли ҷашни Наврӯз ва амсоли инҳо бо мардум либоси миллӣ ба тан кунем, бо ҷашни ин санаҳои кӯҳан ба тан кардани либоси миллиро ҳам чунон барпо кардем, ки ҳад надошт ва оқибат мо ба як миллати ғайриахлоқӣ табдил шудем. Қатъан ахлоқи мо ба маънои таҳриф кардан ва аҳволпурсӣ нест. Маълум шуд, ки баҳраи мо аз ахлоқ, рафтору кирдор дар кадом дараҷа аст.

Фазилати одам аз ҷое шурӯъ мешавад, ки ӯ аз худписандӣ берун бошад. Ин маънои онро дорад, ки одам набояд ҳамеша дар фикри худ бошад, балки дар ҳамзистӣ бо дигарон бошад. Сирфан дар фикри худ будан ғайриахлоқӣ аст. Ба ҷои дигарон андешидан, дахолат кардан ба дигарон, риоя накардани ҳуқуқи дигар ҳам феъли ғайриахлоқӣ аст.

Ҳамчунон дар мавриди муошират забони худро ба даст гирифтан риояи ахлоқи иҷтимоӣ аст. Агар дар муносибату муошират ҳар чӣ бештар лавзи гуворо бошад, эҳтироми мардум маҳбуб хоҳад шуд. Дуруғ, ғайбат, бадгӯӣ, таҳқир ҳама ин нишондиҳандаи он аст, ки баҳраи мо аз ахлоқ ҳусни чандон зебо надорад. Ин рафторҳои бади ахлоқӣ чизе аст, ки имрӯз байни мо тавсеа мешавад.

Яке аз иллатҳои костагии ахлоқи мардум ин аст, ки мо акнун дар зиндагиииҷтимоӣ ду тафаккур дорем, яке суннатӣ, дигаре берунӣ: ибораҳои суннатӣ ва берунӣ ҳам калимаҳои мадҳ нестанд, балки тавсифманданд. Тафаккур, яъне иброзҳо, мафҳумҳое, ки инсон бо инҳо зиндагӣ мекунад ва барои шинохт ва амали зиндагӣ ба худ мегирад.

Гузаштагони мо аз мафҳумҳои чун сабр, ризо дарки мушаххас доштанд ва бо ҳамин сабаб андеша ва робитаи худро дар рӯзгор медиданд. Мо имрӯз ҳам дар дили суннатҳои миллӣ зиндагӣ мекунем, вале дар ҷодаи дигар фикр мекунем. Пас, имрӯз вазифаи кишвари мо ахлоқи иҷтимоии мардумро бунёд кардан аст. Ҳама гуна эъмори давлати миллӣ, эҷоди идеология барои давлат андешаҳои сохташудаву бофташудаанд, ки сафсата номида мешавад.

Кадом аст, роҳҳои бунёди ахлоқи иҷтимоии мардум? Ин фақат як роҳ дорад, бунёди фарҳанги шаҳрвандӣ.

Асре, ки мо зиндагӣ мекунем, ними аҳолии ҷаҳон дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Пешбинӣ аст, ки то соли 2050 нархи шаҳрнишинӣ дар дунё то 45 фоиз меафзояд. Ин воқеан эҷоди як модели зиндагии шаҳриро тақозо дорад. Моделе, ки метавонад, тафовути байни фарҳанги шаҳрӣ ва деҳотиро барқарор намояд. Моделе, ки метавонад шаҳрнишину деҳотнишинро дар партави ҳуқуқи шаҳрвандӣ таҷассум намояд. Ҳама гуна давлат мисли ниҳоле аст, ки бояд обёрӣ шавад, вагарна пажмурда хоҳад гардид. Ин маънои онро надорад, ки дар ҳар гуна марҳилаи зиндагӣ аз худ қиссаҳои ғафлатзадагӣ офарем.

Мо ба муҳите расидем, ки сокинони ин кишвар амали исломӣ доранд. Ҳамчунин мо кишвари мустақил дар ин дунёи кӯҳна ва нав дорем, вале ба ҷузъи кишварҳои пешрафта маҳсуб нашудем. Аз ин сабаб мо ба омӯзиши кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон (ғарбӣ) мӯҳтоҷ ҳастем. Ин мӯҳтоҷӣ – муҳтоҷии иҷтимоии мо аст. Як мутақобилияти кишварҳои пешрафта ва кишварҳое, ки аз он пешрафт бархӯрдор нестанд, ҳамин аст. Сабаб ин нест, ки мо доираи ахлоқӣ надорем. Сабаб ин аст, ки барои мо рӯзгори баланди иқтисодӣ лозим аст. Ин беморие аст, ки илоҷи муолиҷа дорад ва саҳми азими ин бемориро бояд ҷӯст. Барои решакан кардани ин беморӣ, набояд аз ин беморӣ ғофил бимонем. (ҳама гуна давлат ҳам ба қудрат ва ҳам ба сарват эҳтиёҷ дорад).

Дар ҳоли ҳозир, барои мо, таърихи мо як таҷриба аст. Мо намехоҳем нусхаи дуюми гузаштаи худ бошем. Давраи ҳасрати таърихи мо гузашта аст. Имрӯз, медонем, ки ин пораи таърихи башариятро (фарҳанги ғарбӣ) нодида мегирем. Аммо нодида гирифтан ба маънои нусхабардорӣ нест, ба маънои дарс омӯхтан аст.

Имрӯз, ки мо соҳиби истиқлол шудем, бояд дубора нақши ҷаҳонии фарҳанги худро эҳё кунем (агар тавонем), бояд чунин шароити муҳим падид оварем (агар оварем): тозаҷӯӣ ва дигаргунӣ дар пажуҳишҳои осори фарҳангии гузашта бо умеди раҳоӣ аз таъсири фарҳанги ғарбӣ; баҳрагирӣ аз фикру андешаҳои илмӣ ва технологии аврупоӣ; дигаргунии тафаккур баҳри эҳёи фарҳанги ғании гузашта ва зуҳури тафаккури ҳокимияти давлатӣ дар истифодаи шоистагӣ ва тавоноии фарҳанги гузашта дар ҳаёти иҷтимоӣ. Дар воқеъ, бояд идеологияи имрӯзи давлатдорӣ дар бозсозии ҳаёти иҷтимоӣ дар муаррифӣ ва арзёбии фарҳанги гузашта қарор дода шавад.

Каримҷон Қодиров, профессор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here