Ё нуктае чанд оид ба як тақриз

… Соли 2013 бо таклифу маслиҳати раиси ҳамонвақтаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, аз ҷамъи 48 китоби кӯдаконаи худ бо унвони «Кафсан аз хирман» аз 3 ҷилд гулчин тартиб дода, барои ба аъзогии Иттифоқи нависандагон дохил шудан, бо ҳуҷҷатҳои лозимӣ пешниҳод намудам.
Ба ин китобҳо як зумра шоиру нависандагон, мунаққидон, устодони донишгоҳҳо, рӯзноманигорон ва як гуруҳ муаллимону хонандагон, аз қабили Мирзо Муллоаҳмадов, Аҳлиддини Ҳисорӣ, Зиё Абдулло, Шаҳрияи Аҳтамзод, Ато Мирхоҷа, Ҳикмат Раҳмат, Сафар Амирхон, Нур Табаров, Истади Қосимзод, Халифабобо Ҷумъазода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Бибиҳафиза Маҷидова, номзадҳои илмҳои педагогӣ М. Юсуфова, З. Турғунова, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Саидраҳмон Саидов, номзадҳои илмҳои филологии Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд Файзулло Баҳриев, Шоира Пӯлодова, мудирони боғчаҳо ва мактабҳои шаҳри Душанбе Н. Мирзоева, З. Сарварова, М. Диловарова, Ҷ. Муҳсинова, Ҷ. Пӯлодова, Н. Каримова, рӯзноманигорон Э. Саҳобӣ, Ҳ. Сайёҳ, З. Атобоева ва боз бисёр дигарон мулоҳизаҳои хешро баён намудаанд.
Бо сабаби он, ки синну солам аз 50 боло буд (ба аъзогӣ то ҳамин сол қабул шудан мумкин будааст), дар Иттифоқ маро бовар кунонданд, ки баъзе истисноҳое ҳастанд, ки синну солро сарфи назар менамудаанд.
Қариб чор сол бо ваъдаҳои «имсолу соли дигар» аз як тараф ва хусумату дасисабозиҳои баъзе аъзои шӯро (аз рӯи шунидаам ва хабарҳо) масъалаи қабул амалӣ нашуда, аъзои садорат (Иттифоқи нависандагон) аз хизмат сабукдӯш гардида, ҳайати дигар ба сари кор омаданд, ки миёни онҳо собиқ мудири шуъбаи назми Иттифоқ, рафиқ ва шиноси деринаи банда Атои Мирхоҷа ба ҳайси муовини аввали раис таъин шуд. Ба ӯ, ки соли 2008 ҳафт китоби кӯдаконаи маро хондаву таҳрир карда, мулоҳизаҳои хешро баён намуда, ҳарчи тезтар нашри онҳоро зарур дониста буд, вохӯрда, қазияро баён намуда, аз минбаъд чӣ кор кардан ва чӣ чора андешиданам, маслиҳат пурсидам. Ӯ арзи маро бодиққат шунида, якнусхагии китобҳои «Кафсан аз хирман»-ро гирифта, «мебинем, сонитар хабар гир» гӯён, умедвор намуд.
Чанде пас барои фаҳмидани натиҷаи маслиҳат ба наздаш омадам. Вай изҳор дошт, ки аз ин 3 ҷилд китоб дар ҳаҷми як китоб беҳтарин шеърҳоро бо ёрии ягон каси аз адабиёти кӯдакон ба хубӣ огоҳу бохабар гулчин омода намуда, пешниҳод намоям. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳамин корро худаш, ки бо китобҳои банда шинос аст, ба зимма гирад. Ӯ бошад, серкорӣ, шоири кӯдакон набудан, шеъри бачагона нанавиштан ва ба нозукиҳои адабиёти бачагон «балад» набуданашро сабаб оварда, пас аз рад кардани чанд нафари пешниҳодкардааш, ки ман аз ботини онҳо хуб огоҳӣ доштам, ниҳоят номзадии адиб ва шоири шинохта Салими Зарафшонфарро ба забон гирифта, ба ӯ таклиф ва хоҳиш карданро маслиҳат дод. Ман, ки Салимро ҳам мешинохтам, таклифи Аторо расондам ва ӯ тӯли 2-3 моҳ аз 26 китоб дар ҳаҷми як китоб гулчине тартиб дода, бо сарсухани устод С. Саидов дар нашриёти «Истеъдод», ки худ муҳарририи онро ба зимма дошт, нашр намуд ва ман чанд нусхаи китобро бо номи «Баҳори орзу» ба Ато манзур доштам.
Азбаски дар Иттифоқ ҳайати шӯрои нави адабиёти кӯдакон ташкил ва таъин нашуда будааст, кори муҳокима ва баррасии китобҳо хеле тӯл кашид ва ниҳоят баҳори соли гузашта (2018) аз Иттифоқ хабар доданд, ки бо сабаби гузаштани синну солам маро ба аъзогӣ қабул кардан мумкин набудааст.
Ин ҷавоб маро ба ҳайрат овард, зеро худи Ато ҳам ба ман оид ба баъзе истисноҳо, ки пеш аз М. Бахтӣ шунида будам, хабар дода буд.
Бо мақсади аниқ кардани ин хабар бо маслиҳати чанд адиби шиносу дӯст ба раиси Иттифоқ муҳтарам Низом Қосим муроҷиат карда, «чӣ аз ҳама муҳим — самараи эҷод ё синну сол?» гӯён, пурсон шудам. Раис ҳам нахуст ҷавоби аввалро шафеъ оварда, пас аз эътироз аз ман барои аз нав баррасӣ кардан пешниҳоди чанд китобамро хоҳиш карданд ва ман се китоб — ҷилдҳои 2-3-и «Кафсан аз хирман» ва китоби нави гулчини «Баҳори орзу»-ро, ки ҳамроҳ доштам, пешкаш карда, гуфтам, ки «агар лозим бошад, аз 72 китобе, ки тӯли 14 сол — 2004-2018 таълиф намудаам, боз метавонам ҳозир намоям». Раис «не, ҳамин ҳам кифоя» гуфта, изҳор намуданд, ки ин китобҳоро ба шахсони салоҳиятнок нишон дода, аз натиҷааш маро огоҳ менамоянд.
Ниҳоят, 24-уми декабри соли 2018 ба ман аз Иттифоқ хабар доданд, ки тақризе аз натиҷаи баррасии китобҳо тайёр асту рафта гирам. Тақризро гирифта, хондаму дар ҳайрат мондам.
Он аз тарафи муовини аввали раис, шиноси банда Атои Мирхоҷа иншо шудааст. Аз тарафи нафаре, ки қаблан 7 китоби маро хонда, таҳрир карда, мулоҳизаашро чунин баён карда буд (айнан): «Ҳафт маҷмуаи ашъори барои тифлону наврасон навиштаи Раҳмони Боборо мутолиа ва мулоҳиза намудам. Дар замоне, ки барои атфоли тоҷик шеъру достон ва қиссаҳои аҷоиби замонавӣ ниҳоят кам чоп мешаванд ва сафи ин қабил адибон ҳам хеле кам шудааст, ҷиддан ба адабиёти кӯдак рӯ овардани Раҳмони Бобо иқдоми нек мебошад. Дар 7 китобаш — «Алифбои тасвирӣ», «Алифбои омехта», «Чароғи ақл», «Ганҷи дунё», «Очагию бачагӣ», «Падарию писарӣ» ва «Алифбои таълимӣ», ба андешаи банда, шеърҳо мувофиқи завқи бачаҳо осонфаҳм ва омӯзанда буда, аз ҷиҳати риояти қавонини шеър низ дар аксар маврид хубанд. Боз як ҷиҳати хуби кори муаллиф он аст, ки вай дар бисёр мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо омӯзгорону талабаҳо шахсан вохӯрда, маслиҳату машварати муаллимонро ба назар гирифтааст. Аз ин рӯ, ашъори манзури чопи Раҳмони Бобо аз ҷиҳати мазмун корхӯрда буда, дар онҳо шаклҳои нави ба табъи кӯдакон мувофиқ ба кор гирифта шудаанд. Ба назари инҷониб, агар ин китобҳо ба чоп раванд, боиси истиқболи гарми мактаббачагон, волидон ва омӯзгорон хоҳанд буд.

Мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа
27 феврали соли 2008».

***
Тақриз бошад, аз ибтидо то интиҳо оид ба маслиҳатношунавӣ, гапногирӣ ва бисёр дигар суханҳои бофтаю беасос ва дар амал буҳтону туҳматҳои беҷо иборат буда, Ато на пеш ва на баъд оид ба норасоӣ ва камбудиҳои китобҳоям ягон панду насиҳат ва нуктагирии забонию хаттӣ изҳор надоштааст. Инчунин, ӯ бо мақсади тафриқаандозӣ байни ману Алӣ Бобоҷон, ки гӯё 6 китоби «Кафсан аз хирман»-ро, ки аслан аз 3 китоб иборат аст, хонда, «ҳамаро шеъргуна, назми ахбори мақолаҳои матбуотӣ буда, шеърият надошта» гуфта бошад, хабар медиҳад.
Ман бо Алӣ Бобоҷон ҳам шиноси дерин ва як вақте дар матбуоти бачагон — «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» ҳамкор ва дар бисёр вохӯриҳо бо мактаббачагони шаҳру ноҳияҳо ҳамроҳ иштирок ва шеъру суханрониҳо карда, муносибати дӯстона ҳам дорем, ҳеҷ гоҳ на хаттӣ ва на шифоҳӣ эроде нашунидаву нахондаам. Дар тақризи Ато бошад, аз номи ӯ як идда изҳороти дигар баён шудааст, ки дар ҳайрат афтодам. Ато дар 5 саҳифа тақризаш 4 саҳифаро аз рӯи гуфтаю бофтаи Алӣ Бобоҷону Ҷӯра Ҳошимӣ баён дошта, ин се шоир ҳамроҳ аз шеърҳои китобҳои «Алифбо» ва «Наврӯзи Тоҷикистон» яктоӣ як банд ва байтеро пасу пеш омехта, «дар онҳо ягон сухани нав нест» гӯён изҳор медоранд. Масалан, аз банди якуми шеъри «Наврӯз омад» ду мисраи аввал:
Наврӯз Соли нави мо,
Наврӯз ҳоли нави мо,- ро ҷудо карда, бо 2 мисраи банди дуюм:
Наврӯз дари биҳишт аст,
Наврӯз мавсими кишт аст, ки маънии ҷудогона доранд, банди аз худашон бофтае сохта, «дар назми бачагона ин сатрҳо нав нестанд» мегӯянд ва Зиё Абдулло — собиқ мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Нашриёти «Адиб»-ро сарзаниш менамоянд, ки муҳарририи китоби «Наврӯзи Тоҷикистон»-ро ба зимма гирифта, бо чопи он «ба ман роҳ кушодааст».
Шеъри «Наврӯзи омад» дар асл аз 3 банд, 12 байт иборат буда, ҳар банд боз 2-мисрагӣ (якбайтӣ) суханҳои василавӣ (хулосакунанда) дошта, маъниҳои гуногун доранд, ки чунин аст:
Наврӯз — Соли нави мо,
Наврӯз — ҳоли нави мо.
Наврӯз — истиқлоли сол,
Наврӯз — истиқболи сол.

Хуш бошад омаданаш,
Муждаи худ доданаш!

Наврӯз дари биҳишт аст,
Наврӯз мавсими кишт аст.
Наврӯз — кору амалхез,
Наврӯз — ҷаҳду ҷадалхез.

Хуш бошад омаданаш,
Муждаи худ доданаш! Ва ғайра.
Зиё Абдулло шоири тавоно ва аз адабиёти кӯдакон ба хубӣ огоҳ, ба китоби банда — «Наврӯзи Тоҷикистон», ки аз 30 шеъри беамсол иборат аст, сарсухан навишта, чунин баҳо додааст (мухтасар): «Ин баҳор (соли 2014) шоир Раҳмони Бобо рӯи каф «Наврӯзи Тоҷикистон»-и худро наврӯзӣ оварда. Аксари сурудаҳояш бо оҳанги шеъри кӯдаконаанд, аммо чунин Наврӯзӣ дар шакли як китоб аз як шоир бори аввал чоп мешавад. Хонандагони азиз, ҳамроҳи ин наврӯзсарои худ наврӯзӣ кунед!» («Кафсан аз хирман», қисми 2, саҳифаи 2, соли 2014, нашриёти «Адиб»).
Доир ба китобҳои «Алифбо», ки аз 3 номгӯ — «Алифбои тасвирӣ», «Алифбои таълимӣ» ва «Алифбои омехта» иборатанду худи Ато онҳоро «осонфаҳму омӯзандаанд ва бо маслиҳати омӯзгорон таълиф ёфтаанд» гуфта буд, акнун «як бому ду ҳаво» гуфтагӣ барин, ҷомаро чаппа пӯшида, ««Луғати тафсирӣ»-ро мемонд» мегӯяд.
Ин се китоб, ки ҳар яке 2-3-борӣ нашр шуда, паҳн гашта, то ҳол дархост доранд, аз тарафи муаллимон ва мураббиёни боғчаҳои кӯдакон хуш пазируфта шудаанд, ба гуфти ӯ ва аз ҷониби Алӣ Бобоҷону Ҷ. Ҳошимӣ боиси хӯрдагирӣ шудаанд.
Ба ин китобҳо, ки доктори илмҳои педагогӣ, профессор Б. Маҷидова, лектори маркази такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ З. Турғунова, номзади илми педагогӣ М. Юсуфова, методистон, мудирони боғчаю синфҳои ибтидоии мактабҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Н. Мирзоева, З. Сарварова, М. Диловарова, Ҷ. Муҳсинова, Н. Каримова, Ҷ. Пӯлодова ва даҳҳо дигарон чун (нигаред ба ин китобҳо) «Мавод ва воситаи хуби ёрирасон ба инкишофи нутқ, овоз ва шиносоӣ бо ҳарфҳо, машғулиятҳои синфӣ ва беруназсинфӣ дар мактаб ва боғчаҳо хизмати босазо менамоянд» гуфтаанд, мунаққиз нобоварона шак меорад.
Як боби китоби «Алифбои омехта», «Шиносоӣ бо овозҳо» тариқи барномаи телевизиони бачагон «Баҳористон» аз соли 2006 инҷониб чун маводи омӯзишӣ намоиш дода, тарғиб мешавад. Акнун худ қазоват кунед, ки мутахассисон чӣ мегӯянд….
Солҳои 2011-2013 ҳафтаномаи «Ҳомии Ватан»-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар чанд шумораи худ силсилаи шеърҳои ба аскарбачаҳо ва хизмати ҳарбӣ бахшидаи маро нашр намуда, хуш пазируфта буд. Бо тавсияи ҳафтанома ва Вазорати мудофиа пас аз муҳокима ва баррасӣ дар ҳафтаномаи бачагонаи «Анбоз» ва Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти ҷумҳурӣ, ки мусбат арзёбӣ гаштаанд, бо сарсухани шоираи борикбин А. Шаҳрия бо номи «Аскари Ватан» алоҳида ба табъ расид. Муқарриз аз ин китоб ду шеър — «Ҷангҷӯ» ва «Рӯзи ғалаба»-ро, ки ҳамто надоранд, ҷудо карда, дар онҳо «бозёфти шоирона нест» гӯён, жожхоӣ менамояд ва ҷумлаи маҷозии «чашму гӯши ҷангҷӯён раҳгум бод»-ро нафаҳмида, соддалавҳона «Оё чашму гӯш раҳгум мезананд?» мегӯяд. Ҳол он ки, шоираи мумтоз Шаҳрияи Аҳтамзода — модар ва бибии меҳрубони чанд набера ба шеърҳои ин китоб чунин баҳо додаанд: «Ин китоби шеърҳо раҳнамоест барои ҷавонон, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд. Кулли ашъор дар сифати сарбози Ватан, афсари Ватан, хизмати шоистаи он ва чандин вазифаҳои муқаддаси онҳо борикбинона навишта шудааст. («Кафсан аз хирман», қ. 1, саҳ. 216).
Ҳамин гуна суханҳоро Ато ба шеърҳои «Мактаб» ва «Касб» баён дошта, ба пиндори камина, ки «Касб» асоси зиндагии осоишта ва ифтихору ба қадру қимат аст ва ба ибораи «аспи дулдул» тавсиф шудааст, маънии «аспи дулдулаш чист» гӯён худро чун соддалавҳи гузаро нишон медиҳад. Вай ба шеъри «Мактаб» се байти тақлидкорона бофта, «ҳар хонандаи оддӣ чунин гапҳоро бофта метавонад» мегӯяд ва аз ёд мебарорад, ки ҳар гуфтаи тақлидӣ боиси истеҳзо ва масхара мегардад.
Ман нисбати «Алифбо», мактаб, муаллим, аҳамияти китоб, хонишу дониш, сулҳу ваҳдат ва Ватану модару падар даҳҳо шеърҳо гуфтаам, ки ба ҷуз унвонашон ба гуфтаи дигарон монанд нестанду беамсоланд.
Ғайр аз ин, Ато ҷой ва мавқеи қофияи банди як шеър:
Турнаи дилҳост шеър,
Нағмаи ҷонҳост шеър.
Оби дили мост шеър,
Тоби дили мост шеър-ро нодида гирифта, «дил» ва «ҷон» қофия нест» мегӯяд ва дар байти 2 калимаҳои «мост»-ро, ки ба тақвияти байти аввал гуфта шудаанд, хурдагирона менигарад.
Дар китобҳои «Кафсан аз хирман» се китоби чистонҳо бо унвонҳои «Чистонҳои нав», «Чистонҳо бо тартиби «Алифбо» ва «1221 чистон ба хурду калон», ҷамъ зиёда аз 1500 чистонҳо дарҷ шуда, Ато ба 2 чистон:
То нашканад, короӣ,
Чун бишканад, партоӣ… чӣ? (асбобҳои шишагӣ) ва
Аз ҳама ҷинси ҳайвон
Қаноатпеша… чӣ? (Юрмон)
эрод гирифта, «амсоли онҳо боз даҳҳо ашёи дигар ҳам мешаванд» гӯён, Юрмонро ба қатори «ашё» дохил менамояд.
Дар тақриз боз як амали туҳматангез зикр ёфтааст, ки Ато Мирхоҷа беасос изҳор медорад, ки китобҳои маро гӯё нашриёти «Адиб» маблағ рӯёнда, чоп карда бошад. «Адиб имрӯз муҳтоҷи адиб нест, муҳтоҷи пул аст. Пул гирифта равӣ, китобатро чоп карда ба дастат медиҳад»,- мегӯяд ӯ, ки ин паст задани қадри кормандони нашриёти «Адиб» аст ва бояд ба ӯ ҷавоби сазовор диҳанд.
Мунаққиз аз 16 китоби дар ду ҷилди «Кафсан аз хирман» ва «Баҳори орзу», ки қариб 500 шеърро фарогиранд, 10-12 шеърро, ки ишора намудам, канда ва ноқиз интихоб карда, боқимондаҳоро ба онҳо баробар медонад, ки ҳадди баланди дурӯягӣ буда, гуфтаи худашро, ки «Ман ба шеъри бачагона «балад» нестам» аст, тасдиқ менамояд.
Тақризро хонда, аз як хулосае, ки нисбати ӯ дар «Дилномаҳоям ба эҳтироми муҳаррирону мунаққидони одили китобҳоям» номашонро зикр намуда будам («Масалҳои зиндагӣ», китоби 4, саҳ. 109), баргашта ва пушаймон шудам…

Раҳмони БОБО,
Корманди Шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1968 ва узви Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон №27, аз 12-уми октябри соли 2018

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here