Сӯҳбати хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо иштирокчии барномаи “Ну-ка Все вместе”-и шабакаи телевизионии «Россия», зодаи шаҳри Истаравшан Фахриддин Хакимов, ки бо овози марғубаш ҳунармандони шаҳири рус, ба мисли Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигаронро мафтун кард.

— Чӣ Шуморо маҷбур кард то барои аз калимаи “тоҷик” ба қавли худатон, дур кардани тамғаи “сохтмончӣ” дар Русия талош кунед?

— Муддати 11 сол аст, ки ман дар Руся кору фаъолият мекунам. Мебинам, ки мардуми муқимӣ ба мардуми тоҷик тамғаи “сохтмончӣ”-ро гузоштаанд ва ноҳурматӣ мекунанд. Барои ман таҳаммули ин хеле душвор буд ва ман мехостам нишон диҳам, ки мардуми тоҷик ғайр аз сохтмончӣ будан боз ҳунарҳои зиёди дигаре доранд ва метавонанд дар он ҷодаҳо низ муваффақ шаванд. Масалан, ман ба ин муваффақ шудам.

— Чӣ сабаб шуд, ки маҳз ба ҳамин озмун ойед?

— Ман ҳамеша орзу доштам, ки дар ҳамин гуна озмунҳо иштирок намоям, номи миллатам ва парчами давлатамро баланд бардорам. Айни ҳол ба мақсади хеш расидам ва мехоҳам боз аз ин дида пирӯзии бештарро соҳиб шавам.

— Бароятон баромадан ба саҳнаи бузург ва пеши тамошобини зиёд душвор набуд?

— Дар саҳна ягон душвор набуд, вале камтар ҳаяҷон доштам, аммо кӯшиш кардам, ки ҳаяҷони  худро нишон надиҳам.

— Баъд аз ғолибият чӣ гуна эҳсос доштед?

— Хурсандиамро ҳадду канор набуд. Хеле душвор буд озмун. Субҳи барвақт аз хоб бедор шуда, барои сабт рафтам, то нимаҳои  шаб дар он ҷо будам. Қариб, ки хоб накардам, зз ҳамин сабаб хеле хаста шуда будам, вале танҳо як фикр доштам, ки ман  Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам, набояд хаста шавам. Бояд  нишон диҳам, ки халқи тоҷик лоиқи эҳтиром аст.

— Аз чандсолагӣ ба овозхонӣ машғул шудед? Шумо дар барнома гуфтед, ки варзишгар ҳастед…

— Хеле дер аз синни 24-солагӣ ба овозхонӣ оғоз кардам. Овозхонӣ танҳо шуғли дӯстдоштаам буд ва дар вақтҳои бекорӣ суруд месароидам. Аз хурдӣ  ба варзиш машғул будам, ҳамеша орзуи варзишгар шуданро доштам. Чӣ хеле мегӯянд, “ба як мард чил ҳунар кам аст”.

-Дар Тоҷикистон кадом ҳунармандони  касбиро ”ситора”  меҳисобед?

— Ман чун мактаби мусиқӣ нахондаам, наметавонам ба онҳо баҳо диҳам, вале ба ман суруду овози сарояндаҳои машҳури Тоҷикистон Садриддин Наҷмиддин ва Ҷонибек Муродов хеле писанд аст ва орзу дорам, ки бо онҳо аз наздик шинос шавам.

 -Дар варзиш киро “идеал” меҳисобед ва ба кӣ монанд шудан мехоҳед?

— Варзишгарони машҳур хеле бисёранд. Дар  намуди варзиши интихобнамудаи худам Александр Александрович Карелинро идеал меҳисобам.

— Ҳамсари ояндаатонро аз кадом миллат ва аз куҷо интихоб намуданӣ ҳастед?

— Албатта аз миллати тоҷик. Фарқ надорад, ки дар куҷо зиндагӣ мекунад, муҳим ин аст, ки тоҷикдухтар бошад. Дар дунё аз ҳама зеботарин духтари тоҷик аст.

— Волидайн ба дастоварди Шумо чӣ гуна баҳо доданд? Дар асл оянда дар симои Шумо киро дидан мехостанд?

— Волидайнам ҳама вақт маро дастгирӣ мекунанд, дар ҳар коре, ки набошад. Бе дастгирии онҳо ман дар ин озмун баромад карда наметавонистам. Дастгирии эшон буд, ки ман то ба ин гуна қуллаҳои баланди мақсуд расам. Мехоҳам бигӯям, ки онҳоро хеле дӯст медорам!

— Кадом корҳои назаррасе ба нақша гирифтаед, то бояд амалӣ созед?

— Мехоҳам, ки боз дар чанд озмуни телевизионӣ иштирок кунам ва дар нақшаи сабти сурудҳои худам ҳастам.

— Таманниёти Шумо?

— Мехоҳам миннатдории худро ба тамоми мардуми тоҷик расонам, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ маро дастгирӣ карда, намегузоранд танҳо бошам. Барояшон саломатӣ, бурдборӣ хоҳонам ва таманнои онро дорам, ки мардуми тоҷик хамеша сарбаланд бошанд.

Сӯҳбаторо Сабрина Ғафурӣ

Добавить комментарий