Аз истеҳсоли нахустин каучаки синтезӣ, оташсӯзии пурқурбонии Ҳиндустон, гуруснагии артиши Амрико, марги роҳбарияти олии Лаҳистон дар садамаи ҳавопаймо, оғози ҳаракати киштии “Титаник” пеш аз фалокат ва сафари нахустини амрикоиҳо ба Чин, то рӯзи байналмилалии бародару хоҳар ва ҳавои абрноки 10-уми апрел

10-уми апрел дар ҷаҳон чӣ воқеа рӯх дод?

1815 – Дар кӯҳи Тамбораи Ҳиндустон оташсӯзии пурқурбонитарин дар таърих ба амал меояд, ки тақрибан 71 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасад ва зимистони сартосариро дар ин минтақа ба миён меорад.

1917 – Таркиш дар корхонаи оташфишонии Эдидостоне 133 коргарро кушт.

1930 – Аввалин каучаки синтезӣ истеҳсол карда шуд.

1942 – Ҷопон 75 ҳазор сарбози Амрикову Филипинро маҷбур маҷбур кард, ки танҳо бо як таоми биринҷӣ шаш рӯз аз Батан то лагери ҳабс дар Кабанатуан раванд.

1963 – Киштии зериобии атомии Амрико бо 129 мусофираш дар уқёнуси Атлантик ғарқ шуд.

1972 – Дар шаҳри Ҷири Эрон заминларзаи ҳалокатовар ба амал омад, ки дар натиҷа 5 ҳазору 300 нафар ба ҳалокат расиданд.

1973 – Дар Шветсария  ҳангоми суқути ҳавопаймо 108 кас қурбонӣ шуданд.

1986 – ИМА озмоиши ҳастаиро дар майдонҳои Невада баргузор кард.

1988 – Дар Уолл-стриси ИМА 48 миллион саҳмияи саҳҳомии “Навистар интернейшнл” дар савдои як блок иваз карда шуданд. Ин бузургтарин муомилот аст, ки дар биржаи молии Ню-Йорк  иҷро шудааст.

2002 – Ҳашт исроилӣ аз ҷониби як бомбгузори  маргталаб дар шаҳри Ҳайфа кушта шуданд.

2006 – Дар ИМА шӯриши муҳоҷирон ба амал омад.

2010 – Ҳавопаймои “Ту-154” дар вилояти Смоленски Русия бо сарварии президенти Лаҳистон Лех Качинскӣ, ҳамсараш, раиси артиш, раиси бонки марказӣ, вакилони мардумӣ ва бисёр мансабдорони баландпояи ҳукумати Лаҳистон ба ҳалокат расиданд.

Рӯйдодҳои муҳими таърихии 10-уми апрел дар ҷаҳон

1809 – Австрия ба Фаронса ҷанг эълон кард ва қувваҳояшро ба Бавария ворид намуд.

1814 – Наполеон дар ҷанги муқобили англисҳо ва испаниҳо мағлуб шуд.

1912 – Киштии Титаник ҳаракати худро сӯйи Англия оғоз кард. Пас аз панҷ рӯзи ҳаракат кишти ба яхи обӣ бархӯрда ба садама дучор шуд.

1932 – Пол фон Ҳиндебург дар маъракаи пешазинтихобтӣ муқобили Гитлер пирӯзӣ ба даст овард.

1938 – Австрия ба тобеияти Олмон даромад.

1941- Давлати мустақили Хорватия бо роҳбарии Анте Павелӣ, ҳамчун давлати лӯхтаки фашистии Германия, таъсис дода шуд.

1944 – Артиши Шӯравӣ Оддесаро аз фашистон озод кард.

1945 – ИМА ва Русия зарбаи ниҳоиро ба Олмон анҷом доданд.

1956 – СММ фишори сулҳро дар низои Шарқи Миёна байни Исроил ва ҳамсоягони арабаш, бо мақсади ба даст овардани сулҳи пойдор афзоиш дод.

1960 – Сенати ИМА қонун дар бораи ҳуқуқи  шаҳрвандиро қабул кард.

1862 – Нерӯҳои Шӯравӣ бомбгузории соҳилҳои дарёи Тибири Гурҷистонро шурӯъ карданд.

1866 – Ҷамъияти амрикоии пешгирии бераҳмӣ нисбати ҳайвонот таъсис меёбад.

1971 – Дастаи амрикоии тениси рӯйи миз ба Чин омаданд. Онҳо аввалин гурӯҳи амрикоиҳо буданд, ки пас аз таъсиси Ҷумҳурии халқиии Чин дар соли 1949 ба Чин ворид шуданд.

1972 – Ҳафтод давлат, аз ҷумла Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ, созишномаи манъи ҷванги биологӣ имзо карданд.

1877 – Президенти ИМА Авраам Линколн бо ҳамсараш дар Спрингфилд дафн карда шуданд.

1985 – Президенти ИМА Рейган аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш талаб мекунад, ки тамоми робитаҳои ИМА ва Иттиҳоди Шӯравиро пеш аз вохӯриашон тафтиш кунад. Дар айни замон Горбачёв гуфта буд, ки ба амрикоиҳо эътимод надорад.

1998 – Пас аз задухӯрди чандинсола дар Ирландияи Шимолӣ созишномаи сулҳ ба имзо расид.

2002 – Бинёмин Неҳаню сарвазири собиқи Исроил дар назди сенати ИМА ҳамчун намояндаи Исроил сухан гуфт.

2007 – Миёни аҳолии суннӣ ва шиаи Бағдод, сохтмони девори бетонӣ оғоз гардид.

Ҷашнҳои ҷаҳон

10-уми апрели рӯзи байналмилалии ҳаракати муқовимат ба хотири иштирокчиёни Ҷанги дуюми  ҷаҳонӣ, ки ба муқобили фашистон ҷангида буданд, таҷлили мешавад.

10-уми апрел дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон як иди дигари аъзои оила – рӯзи бародарону хоҳарон таҷлил мешавад. Дар Амрико ин идро рӯзи бародарон мегӯянд.

Дар ин рӯз таваллуд шудаанд:

1794 – ҳунарманди шведӣ – Макс фон Сидов

1936 – шореҳи футболи амрикоӣ Ҷон Мадден

1929 – Ҳунарманди мисрӣ – Омар Шариф

1918 – лоиҳакаши биноҳои осмонхароши даниягӣ Ҷонҷ Утзон

1926 – ношир ва соҳибкори амрикоӣ Хю Хефнер

1830 – Шоҳи Белгия Леопар II

1821 – шоири Фарона Чарлз Бодлер

1872 – собиқ сарвазир Фаронса Леон Блум

1928 – мусиқичии асрикои Том Лерер

1966 –Ҳунарманди амрикоӣ Синтия Никсон

Вазъи обу ҳаво барои имрӯз, 10-уми апрел дар Тоҷикистон

10-уми апрел дар шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тайғирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с

— ҳарорат шабона – 1-3 дараҷа хунук; рӯзона – 16-18 дараҷа  гарм

Вазъи боду ҳавои ВМКБ 10-уми апрел тайғирёбандаи бебориш мешавад.

— шамол аз самти Ғарб 1-6 м/c

— ҳарорати шабона – 0-2  — дараҷа хунук; рӯзона 15-17 дараҷа гарм

Вазъи обу ҳавои вилояти Суғд тайғирёбандаи абрӣ пешбинӣ шудааст

— шамол аз самти Ғарб 3-8 м/c

— ҳарорати шабона 2-4 дараҷа хунук; рӯзона – 14-16 дараҷа гарм

Дар вилояти Хатлон 10-уми апрел ҳаво абрнок будмешавад.

— шамол аз самти Ғарб 2-7 м/c

— ҳарорати шабона  1-3  дараҷа гарм; рӯзона 17-19 дараҷа гарм

Маълумот бобати вазъи боду ҳаво аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here