Ҳангоме сухан аз забони ширини тоҷикӣ, ҳувият ва таърихи миллат ба гӯшам мерасад, чеҳраи устод Зафар Мирзоён пеши назарам меояд. Ин бесабаб нест, зеро ба гуфтаи пажӯҳишгарони имрӯз, суханҳои калидии устод аз ҳамин вожаҳо сарчашма мегиранд ва аз сӯҳбату навиштаҳои устодамон он суханони ба худшиносии миллӣ ишора дошта, дар зеҳни мо шогирдонашон сахт ҷой гирифтааст. Он сӯҳбатҳое, ки ҳамеша саршор аз ифтихори миллату ватандӯстист, ба ростӣ як масъунияте (иммунитете) шудааст, ки намегузорад ақидаҳои бепарвоӣ ба сарнавишти миллату давлатамон фарогирамон бошад.

Зиндагӣ, рафтор, кирдор ва гуфтори устод худ як достони ростини дифоъ аз миллат аст. Достоне, ки ҳар варақаш боиси ибрат ва пайгирӣ ҳаст. Гоҳо ӯро мо шогирдон «Чароғи миллат» меномем. Чароғе, ки ба торикиҳои гузаштаҳои ҳазорсолаамон рӯшноӣ мебахшад. 

Соле пеш, вақте устод Зафар Мирзоён ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси мушовир омаданд, иқдомҳеро рӯи даст гирифтанд, ки воқеан, кори як равшанфикри воқеист. Мавриди ёддоварист, ки устод ба ёрии ҷавонон алоқаи хос дорад ва ҳамеша талош барои раҳнамоии беғаразонаи онҳо мекунад. Ҳанӯз хонандаи мактаб будам, ки бародарам маро ба мафҳиле овард, ки дар он ҳамсолонаш аз устод дарси “Шоҳномахонӣ” меомӯхтанд. Он замон устод дар ҳеҷ донишгоҳе кор намекарданд, вале раҳнамоии насли наврасро бидуни кадом музду миннате ба дӯш гирифта буданд. Ҳоло, ба истилоҳ сад дар сади онҳое, ки дар маҳфили устод ширкат доштанд, дар кору зиндагии худ ба комёбиҳо ноил шуданд. Дар миёни онҳо имрӯз рӯзноманигори муваффақ, номзаду докторҳои илм ва сиёсатмадорони шинохтаро метавон дид, ки аз маҳфили худомӯзии он кас гузаштаанд.

Ҳоло ҳам кореро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб анҷом медиҳанд, ки солҳо ба ин тараф дар он маҳфили “Шоҳномахонӣ” роҳандозӣ карда буданд ва имрӯз, ҷавонони ба миллату давлат содиқ аз омӯзишҳои ӯ баҳра мебардоранд.

Дари утоқи ӯ, ҳамеша боз аст ва ҳар ҳарфу ҳиҷояш наву омӯзанда аст. 

Ӯ бо камтарин хоҳиш бо донишҷӯён ҳамсуҳбат мешавад ва дар дилхоҳ мавзӯъ ба онҳо машварат мекунад.

Донишманди тавоно, шоҳномашиноси камназир,  ховаршинос, адабиётшиноси варзида, забоншиноси каммонанд, таҳлилгар ва рӯзноманигори чирадаст ҳастанд. Зафар Мирзоён, хатмкардаи факултети Шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Солиёни дароз ба ҳайси омӯзгор ва корманди сиёсиву маъмурӣ, дар ноҳияи Ховалинг, шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб фаъолият намудааст. Дар миёни солҳои 70 ва 80-и асри гузашта  дар кишвари Афғонистон ҳамчун тарҷумони муассисаҳои ҳамкориҳои иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон кор кардааст. Аммо умре андешаҳои худро ба омӯзиш ва пажӯҳиши забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ нигаронида, дарёфтҳои тозаву навпардози хешро пайваста пеши дидори дустдорони забону адабиёт меоварад.

Зафар Мирзоён дар баробари фаъолияти идорӣ, корҳои зиёди равшангароиро роҳандозӣ мекунад. Ҳамчун раиси намояндагии Анҷумани  тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», дар минтақаи Кӯлоб, барои бозшинохти гузаштаи фарҳангии тоҷиктаборон талош меварзад. Ин суханҳо бардошт аз муқоваи китобҳои ӯ зери унвонҳои “Ниёиши некону покон”, “Худовандагори сухани порсӣ”, “Офаридгори сухан”, “Динпаноҳи ва меҳанпарастӣ” ва “Ҷашни Наврӯз омилм хештаншиносии миллии тоҷикон”, мебошад, ки ноширон ба таври мфишурда ҳолномаашонро баён кардаанд. 

Шоёни гуфтан аст, ки ӯ «Ҷамъияти илмии донишҷӯён»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ташкил намуда, бад-ин васила роҳи зеҳни ҷавононро ба сӯи некандешӣ ва худнигарии миллӣ мекашонад. Ҷамъияти мазкур то ҳол 11 конференсияҳои илмӣ доир намуда, дар он маърӯзаҳои донишҷӯёнро пиромуни мавзӯҳои доғи рӯз, мавриди таҳлилу баҳс қарор додааст. Конфронси ба наздикӣ доир гардида “Дигарандешии солим ва дигарандешии носолим” унвон дошт, ки ба ин шакл ба миён гузоштани баҳс дар мавриди ҷомеаи демократӣ, риояи қонунҳои давлат, муқаррарот ва одоби суханрониҳои зидду нақиз, ба гумонам тоза ва ноб дида мешавад. 

Меҳри бепоён ба «Шоҳнома». Зафар Мирзоён ошиқи «Шоҳнома» аст. Умри худро сарфи пажӯҳиши ин шоҳасар кардааст. Дар ҳар суҳбаташ, иқтибоси омӯзандае аз шоҳкори Ҳакими Тус меоварад. Дидгоҳҳои забондӯстиву миллатпарварии устод реша дар ин шоҳасар дорад. Асаре, ки саропо аз сароиши ғурури миллӣ ва васфи ватандӯстиву ватанпарварӣ иборат аст. Устод Шоҳномаро аз он асарҳое медонад, ки забони тоҷикону асолати тоҷиконро аз хатари нестӣ ҳифз кардааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки забони тоҷикӣ дар роҳи дарози худ борҳо гирифтори ҳамлаҳои маргбори забонҳои тозандагони арабӣ, туркӣ ва русӣ гаштааст, ки наздики 60 фоизи калимаҳоро аз даст додааст. Аз мақолаҳои устод пай мебарем ки он кас чӣ гуна барои покии забонтоҷикӣ мубориза бурдааст ва ба истилоҳи худашон «вожаҳои зиндонӣ»-ро дубора ба озодӣ баровардааст. Ҳоло даҳҳо вожаеро метавон мисол овард, ки устод аз зиндони фаромушӣ берун кард ва ҳоло мавриди истифодаи фаровон дар матбуот қарор дорад. Ӯ дар навиштораш аз забони тоҷикӣ чунин васф мекунад: “Забони тоҷикиро кас гумон мекунад, ки гӯё дар осмонҳо офарида, ба гӯяндагонаш фиристода бошанд. Дар ин забони аҳуроӣ ҳар овое ҷойи худро дошта, дар корбасти вожаҳо ва ҷой кардани маънӣ, нақши вижа доранд

Дингустарии иртиҷоъӣ ба динпаноҳон садама меоварад. Зафар Мирзён дар навиштаҳои худ нуқсонҳои ҷойдоштаро дар динпарастии одамон аз дарнарафтан ба ҳақиқати дин ва дингустарӣ медонад. Ӯ динро муқаддас мешуморад ва пайравӣ кардан аз дини бузургро ифтихор медонад. Ба қавли ӯ, ҳама боварҳои динӣ ба он равона гаштаанд, ки инсонҳо кирдору рафторашонро дар чаҳорчӯбаи ахлоқӣ ва ё кодекси ахлоқӣ нигаҳ доранд ва ҳаргиз меҳанпарастӣ ва нигаҳбонии ҳувияти миллиро дар сафи дуюми андешаи хеш нагузорад.

Ба андешаи устод Мирзоён, бархе пешвоҳои дин қоидаҳои махсусеро ба диндорӣ пайвастаанд, ки ба инсон аз нуктаи назари  илм андешиданро имкон намедиҳанд ва мардуми нахондаву андакхонда дар бораи дин тасаввуроти омиёна ҳосил карда, донишмандонро динситез мешуморанд. Аз ин дидгоҳ, ҳақиқатҳои таҳмил шуда қобилияти интиқодии моро маҳв мекунад ва мо наметавонем мустақилона ҳар падидаро аз дидгоҳи худ арзёбӣ кунем. 

Он ҷавононе, ки бо номи дин дар кишварҳои хориҷӣ, бо ҳадафи номаълуме худро ба куштан медиҳанд, устод Мирзоён соддалавҳ ё фирефта шуда, ё худ мағзшуста медонад. 

Ба гуфтаи устод, ин гурӯҳи ҷавононро ҳанӯз Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок тасвир карда буд. Фирдавсӣ дар ин достон огоҳона ишора кардааст, ки чӣ тавр морон мағзҳои ҷавононро мехӯранд. 

Морони Заҳок ҳамон андешаҳои ботил аст, ки мағзи ҷавонони моро мешӯяд ва онҳоро ба коми марг тела медиҳад. Ҳанӯз шабаҳи морони Заҳҳок барои ошуфтасозии мағзи сари ҷавонони мо таҳдид доранд. 

Ҳоло пас аз дарсҳои устод ба ин натиҷа расидам, ки маҳз афроде мисли ӯ метавонанд, чунин рисолатро анҷом диҳанд. 

Албатта устод Зафар Мирзоён ҳанӯз ҳам эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд, ки бо талошҳои хеш барои покии забони тоҷикӣ, фаҳми дурусти динпарварӣ, дарки солими адабиёти классикӣ ва ба таври умумӣ ба воя расондани ҷавонони тоҷик, ки дар зеҳнҳои худ маниши нек, гӯиши нек ва куниши некро парвардаанд, ба комёбиҳои дилхоҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки гоҳе дар лаҳзаҳои норизоият аз шогирдон ин байти Маликушшуаро Баҳорро ба ёд мерваранд: 

Дили ман хун шуд дар орзӯи фаҳми дуруст,

Эй ҷигар, навбати туст!

Мо шогирдони устод Зафар Мирзоён бар онем, ки дар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, чунин омӯзгороне ба шогирдон дарс бигӯянд, ки аз усулҳои андешаронии ӯ баҳравар бошанд. Мебояд шеваи омӯзгории ӯ ба онҳое, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон сару кор доранд, паҳн гардад. Пешниҳодҳои ӯ оид ба ҷорӣ кардани фани алоҳидаи Шоҳномашиносӣ ва ватнапарастӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷонибдорӣ ёбад.

Шерхон Сулаймон — доктор Ph.D-и соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  ихтисоси забони англисӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here