Дар вебгоҳи нашрияи “Независимая газета”-и Русия сар аз 17 сентябр то 12 ноябри имсол дар се мақолаи марбут ба Тоҷикистон: «Рахмон наметил спецоперацию на Памире», «Неформальные лидеры Памира угодили в ловушку» ва «Глава Таджикистана представит президенту РФ своего преемника» назари коршиносе бо номи “Адолат Мирзоева” истифода шудааст.

Муаллифи ин се мақола рӯзноманигор Виктория Панфилова аст. Панфилова пештар аз ин дар чанд расонаи байналхалқӣ фаъолият карда ва барои рӯзноманигорони Тоҷикистон як чеҳраи ошност. Аммо коршиноси Панфилова — «Адолат Мирзоева» кист? Аз чанд хабарнигор  пурсидам, ки оё коршиносе бо ин ному насаб мешиносанд. Бархеҳо изҳори бехабарӣ карданд ва иддае ба Адолати Мирзо — муассис ва сармуҳаррири нашрияву сомонаи «Миллат» ишора намуданд.

Аз Адолати Мирзо пурсидам, ки ҳамсуҳбати Виктория Панфилова ӯст? Ӯ гуфт, дарвоқеъ дар ин авохир шуморе аз дӯстону ошноён ҳам ин суолро аз ӯ мекунанд.

«Чун коршиноси ношиноси «Независимая газета»-ро касе дар Тоҷикистон намешиносад, хонандаро ба иштибоҳ меандозад, ва ангушти ишорати бархе ба сӯи ман аст. Агар коршиносе бо ин ном зуҳур кардаву худро таҳлилгари масоили ҷомеаи мо медонад, хуб аст, то чеҳраи худро ба мардум ошкор кунад. Ва агар касе муғризона пушти ин ном сарнавишти миллатро ба бозӣ гирифта бошад, мояи нигаронӣ аст. Агар ҳампешаи гиромии мо кори ҳирфаӣ мекунад, бояд ин коршиноси ношиносро муаррифии дуруст бикунад, вале агар дидаву дониста ин корро мекунад, мояи таассуф аст. Шахсан ман бо хабарнигори «Независимая газета» Виктория Панфилова суҳбат накардаам ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ҳам дар ҳеч куҷо назар надодаам«, — гуфт Адолати Мирзо.

Бори дигар ҳамон суол — пас «Адолат Мирзоева»-и Панфилова кист? Чунин коршиносе бо он сатҳи огоҳӣ аз вазъи Бадахшону Тоҷикистон чаро барои аҳли матбуоти Тоҷикистон то кунун ношинохта боқӣ мондааст?

Мустақиман ба худи Виктория Панфилова дар Фейсбук паём фиристодам ва хоҳиш кардам, ки дар пайдо кардани «Адолат Мирзоева» кумак расонад. «Ман ҳам мехоҳам аз ӯ назар бигирам», — навиштам ба Виктория Панфилова. Баъд аз чанд лаҳза Панфилова посух дод, ки «Адолат Мирзоева» иқтисоддоне аз шаҳри Душанбест ва паёми маро ба ӯ расонидааст. «Агар зарур донад, худаш бо шумо тамос мегирад», — навишт дар паёми баъдӣ Виктория Панфилова.

3-4 рӯз аз паёми дувуми Панфилова гузашту аз «Адолат Мирзоева» хабаре набуд. Бори севум аз Панфилова хоҳиш кардам, ки шумораи телефон ё василаи дигари пайдо кардани коршиносро бидиҳад. Ин бор Панфилова навишт, ки: «Адолат — номи мустаор аст. Вай намехоҳад худашро ошкор кунад. Мебахшед. Шумо бояд инро дарк кунед».

Дар ниҳоят хабарнигори «Независимая газета» эътироф кард, ки коршиносаш шахси мустаор аст ва чеҳраи воқеӣ надорад! Муаллиф дар се мақола пайи ҳам назари коршиносеро бо номи «Адолат Мирзоева»-ро истифода, аммо ҷое ишора накардааст, ки ин ному насаб мустаор аст. Ҳамин боис шуд, ки хонандагон Адолати Мирзо — сармуҳаррири «Миллат»-ро бо «Адолат Мирзоева»-и тахаюлии Панфилова иштибоҳ гиранд.

Агар бо диққат назар кунем, як фарқияти кӯчак байни ду ном ҳаст, вале ин боис нашуд, хонандаи «Независимая газета» дар Тоҷикистон он фарқиятро дарк кунад. Пас суол ин аст, ки чаро коршинос ва хабарнигори нашрияи мазкур чеҳраи худро пушти номи шахсони воқеӣ пинҳон мекунанд? Ахлоқи касбӣ чаро риоя нашудааст? Дар ҳоле ки бояд муаллифи мақолаҳо ҷое ишора мекард, ки номи коршиносаш мустаор аст. Не?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here