Дар 11 моҳи соли равон дар ҷаҳон на камтар аз 80 рӯзноманигор дар робита ба фаъолияти касбиашон кушта шудаанд. Ин рӯйхатро созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) нашр кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бештар аз нисфи кушташудаҳо ба панҷ кишвар — Афғонистон (15 кас), Сурия, (11 тан), Мексика (9 кас), Яман (8 кас) ва Ҳинд (6 кас) рост меояд.

Аз ин рӯйхат, Мексика ягона кишваре маҳсуб меёбад, ки хабарнигорон дар замони осоишта кушта шудаанд. Дар ин кишвар низоъ нест, навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқ. Дар маҷмуъ дар минтақаҳои хушунатзадаи ҷаҳон тайи 11 моҳи соли 2018-ум 44 рӯзноманигор кушта шудааст.

Дар баробари ин, дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон 348 хабарнигор дар боздоштгоҳ қарор доранд. Ба иттилои созмони байналхалқии Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон, соли сеюм аст, ки дар зиндонҳои давлатӣ 250 хабарнигор барои фаъолияти касбиашон адои ҷазо мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз ин шумора 33 танашро занон ташкил медиҳанд. 

Маҷаллаи амрикоии “Time” дар соли 2018 гуруҳе аз рӯзноманигоронро “Одами сол” эълон кард. Онҳо барои фаъолияти ҷасуронаи хабарнигорӣ сазовори ин унвон шуданд.

Дар қатори он хабарнигорон Ҷамол Хошуқҷӣ — рӯзноманигори кушташудаи саудӣ, хабарнигорони дар Мянмар боздоштшудаи Reuters, идораи нашрияи The Сapital Gazette, ки ба он ҳамла сурат гирифт, Татяна Фелгенгаэур — муовини сармуҳаррири радиои “Эхо Москва”, ки низ мавриди ҳамла қарор гирифт, шомили гуруҳи интихобкардаи маҷаллаи “Time” ҳастанд.

Добавить комментарий