Чанде пеш дар ҳафтаномаи «Фараж» мақолаеро таҳти унвони «34 соли беобӣ», ки дар бораи зиндагии вазнину беоби сокинони деҳаи Некноти нави шаҳри Панҷакент ҳикоят мекард, хонда тасмим гирифтам, ки ман низ дар дар бораи шароити вазнину тоқатфасои мадуми деҳаи худам — Бӯстон қисса кунам. Зеро, ба қавли мардуми мо, «ин дарде, ки сокинони Некноти нав доранд, ин дарда мо ҳам дорем» ва онҳо дар ин дашти беоб танҳо нестанд.

Деҳаи мо Бӯстон ном дошта, баъд аз соҳибистиқлолӣ соли 1995 таъсис ёфтааст ва то имрӯз зиёда аз 120 хоҷагӣ ва бештар аз 500 аҳолӣ дар он истиқомат дорад. Сокинони деҳаи Бӯстон ҳамагӣ аз деҳаҳои Мадовра, Яккахона ва Артуч ба дашти Марғедар кӯчонида шуданд ва инак аз таъсиси он 24 сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз ба ин деҳа об наомадааст ва мардуми он чун сокинони деҳаи Некноти нав оби нӯшиданиро бо хару ароба аз дарёи Зарафшон, ки 4-5 километр дуртар аз деҳа ҷойгир аст, меоранд. Ҳар гоҳе, ки барф ва ё борон меборад, мо хурсандона сателу фақерҳо ва ҳар чиро, ки барои обгирӣ дорем, зери бомҳои хонаҳо гузошта, об ҷамъоварӣ мекунем ва намегузорем, ки як қатраи он исроф шавад. Гоҳо агар аз деҳаи дурдаст касе ба хонаҳоямон меҳмонӣ ояд, ба таври шӯхӣ, вале бо ҷиддият мегӯем, ки ба мо на дастурхони пур аз нон, балки об биёранд.

 

Ваъдаҳои Абдуназаров иҷро нашуданд. Ислом Шарифзода чӣ мегӯянд?

Бояд зикр кард, ки чандин маротиба лоиҳаҳо барои овардани об ба деҳаҳои Бӯстон, Гулистон ва Некноти нав тасдиқ шуда, корҳои татбиқсозӣ оғоз ёфта бошанд ҳам, корҳо ба анҷом нарасиданд ва то ба деҳаҳои номбурда об наомад. Аз ҷумла, «Лоиҳаи таъмини оби нӯшокии деҳаҳои Бӯстон, Гулистон ва Ӯти баланд»-ро метавонам номбар кунам, ки дар замони роҳбарии Хусрав Абдуназаров таҳия шуда, бо сармоягузории Вазорати мелиоратсия ва оби ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ки дар ниҳоят ба анҷом нарасид ва тақдири он чӣ шуд, номаълум боқӣ монд. Тибқи нақша ва тибқи мактуби шифоҳии раиси собиқи Панҷакент Х. Абдуназаров ба аҳолии деҳа, лоиҳаи мазкур бояд то соли 2017 татбиқ мешуд ва охирҳои соли 2017 ё аввали соли 2018 ба деҳаҳои мо об меомад, вале алъон, ки аз об дараке нест, мо бо хару ароба обро аз масофаҳои хеле дур меорем.

 

24 соли бемактабӣ

Мо сокинони деҳаи Бӯстон на танҳо аз беобӣ, балки аз бемактабӣ низ сахт ранҷ мекашем. Фарзандони мо бинобар набудани мактаб маҷбуранд, ки ҳар рӯз дар гармову сармо зиёда аз 5 километр роҳро тай намуда, ба мактаби деҳаи Марғедар раванд. Ҳанӯз соли 2010 раиси собиқи шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров роҷеъ ба бунёди мактаб дар деҳаи Бӯстон сухан ронда, ба ҳафтаномаи “Фараж” навишта буд, ки дар соли 2011 Бӯстон соҳиби мактаб мешавад. Вале инак аз он сол 9 сол гузашту аз мактаб дараке нест ва оё дар нақшаи раиси кунунии шаҳри Панҷакент муҳтарам Ислом Шарифзода чунин лоиҳае вуҷуд дорад ё на, касе хабар надорад.

 

Ягона умед ба Пешво дорем

Мо сокинони деҳаи Бӯстон аз шунидани Паёми Пешвои муаззами миллат хурсанд шудем, ки солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ном ниҳоданд. Акнун мо ҳам умед дорем, ки дар ин солҳо деҳаи навбунёди мо, ки 24 сол боз на об дорад ва на мактаб, дар ниҳоят обод гашта, мардуми лабташнаи он соҳиби об хоҳанд шуд.

Ман ҳамчун сокини деҳаи Бӯстон ба воситаи нашрияи “Фараж”, ки мавзуи беобии деҳаҳои моро пайваста пайгирӣ дорад, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз Роҳбари Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон хоҳиш менамоям, ки бо дастури худ дар овардани об ба деҳаи Бӯстон мусоидат намоед ва дар татбиқи лоиҳаи “Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаҳои Бӯстон, Гулистон ва Ӯти баланд ” кӯмак расонед. Зеро мо алъон хеле ҳоли баде дорем ва хеле мехоҳем, ки 30-солагии истиқлолияти кишварро бо тантанаи омадани об ба деҳаамон ҷашн бигирем.

 

Носир РАСУЛӢ,

сокини деҳаи Бӯстон, ҷамоати деҳоти Рудакӣ, шаҳри Панҷакент, омӯзгор

Добавить комментарий