Дар 100 деҳаи минтақаи Кӯлоб зиндагӣ бо шамъ мегузарад

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо вуҷуди барҳам хӯрдани лимит ва таъмини сокинони мамлакат бо барқи доимӣ, ҳанӯз ҳам сокинони 100 деҳаи он бо шумораи беш аз 700 хоҷагӣ аз истифодаи барқ ба пуррагӣ маҳруманд. Бояд гуфт, ки орзуи ягонаи сокинони ин деҳаҳо дидани рӯшноии барқ асту бас. Вале барои ҳалли ин масъала то ҳанӯз касе дасту остин бар назадааст.

Аҳлиддин Қурбонов, сокини 30 — солаи ноҳияи Темурмалик иброз дошт, ки “Мо дар куҳистон зиндагӣ дорем ва аз соли таъсисёбии ин ноҳия деҳаи мо тамоман аз барқ маҳрум аст. Гарчанде мо борҳо барои таъмини деҳаи худ бо барқ ба сохторҳои марбута мактуб  кардем, вале то кунун мо рӯшноии барқро  надидаем, зиндагӣ танҳо бо шамъ мегузарад.” 

 Комрон Насимов — сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик бо изҳори таассуф гуфт, ки “дар ҳақиқат 9 деҳаи ноҳияи Темурмалик, ки  шумораи истиқоматкунандагони ин деҳаҳо    1 ҳазору 100  нафарро ташкил медиҳад, аз соли 1965 то кунун  аз барқ ба пуррагӣ маҳруманд.”

Ҳамсуҳбати мо нигаронӣ аз он кард, ки сабаби асосии аз барқ маҳрум мондани ин 9 деҳа дар ноҳияи Темурмалик дурии хонаҳои истиқоматии онҳо аз назди хатҳои интиколи барқ ва набудани маблағи зарурӣ мебошад, бо вуҷуди ин, “мо барои таъмини ин деҳаҳо бо барқ ба сохторҳои марбута мактуб пешниҳод кардаем ва умед дорем, ҳукумати маҳал ва “Барқи Тоҷик”  ба доди  мардуми аз барқ маҳрум буда мерасанд.”

Чунин мушкилот дар ноҳияи Муъминобод низ вуҷуд дошта, то кунун 22 деҳаи дурдасти ин ноҳия бо барқ таъмин нестанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2017 лимит барои мардуми кишвар бардошта шуд, аммо сокинони ин рустои куҳистон рӯшноии лампаи нурро дар хонаҳояшон орзу доранд. 

Сабаби таъмин нашудани аҳолии 22 деҳаи ин ноҳия бо барқро масъулин дар набудани маблағ медонанд. Ба гуфтаи Умархон Мадалиев, сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Муъминобод: “Барои таъмини аҳолии ин деҳаҳо бо барқ маблағи зиёд лозим аст ва шабакаҳои барқ чунин маблағро надорад. Муроҷиати сокинон дар ин масъала зиёд аст, аммо мо мушкили онҳоро бартараф карда наметавонем, зеро маблағ мавҷуд нест.”

Шулоншаҳр бо 19 хоҷагӣ, Хоки пир бо 25 хоҷагӣ, Шоҳбача бо 43 хоҷагӣ, Ғарабдара бо 30 хоҷагӣ, Чидаблоқ бо 14 хоҷагӣ аз зумраи ҳамон 22 деҳа дар ноҳияи Муъминобод ҳастанд, ки ба неруи барқ эҳтиёҷ доранд. Деҳаи калонтарини дар Муъминобод аз барқ маҳрум Чимтол мебошад, ки аҳолиаш 400 нафаро ташкил медиҳад. 

Аз истифодаи неруи барқ  маҳрум будани сокинони 22 деҳаи ноҳияи Муъминободро Хайрулло Абдуллоев, муовини раиси ноҳия низ тасдиқ намуд ва  мушкили асосии аз барқ маҳрум будани ин деҳаҳоро ба набудани маблағи кофӣ марбут донист. Ба қавли Х. Абдуллоев, “барои таъмини ин деҳаҳо бояд 22 трансформатор  харидорӣ намоем, вале азбаски нархи онҳо гарон аст, мо  қудрати харидории ин трансформаторҳоро надорем ва айни замон таъмини ин деҳаҳо аз иқтидорамон берун аст.”

Тавре сокинони ин рустоҳо иддао доранд: -Дар кашидани хаnти нерӯи барқ мо дар баробари мақомот саҳми хешро мегузорем, аммо то ҳол касе ба доди мо намерасад. 

Ба гуфтаи онҳо, борҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод ва дигар сохторҳо  барои таъмин намудани деҳаҳои худ бо барқ муроҷиат карда бошанд ҳам, аммо дар ҷавоб ваъда гирифтаанду халос. 

Ҳамин тавр, бино ба иттилои масъулони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» алҳол аҳолии 100 деҳа дар панҷ навоҳии минтақаи Кулоб аз истифодаи  нерӯи барқ ба пуррагӣ маҳруманд, ки баъзеяшон деҳаҳои навбунёд мебошанд ва шумораи хоҷагиҳояшон беш аз 700 ададро ташкил медиҳад.  

Акрам Султонов, як масъули ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб»  иқрор шуд, ки дар ҳақиқат ин мушкил дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон вуҷуд дорад ва ноҳияҳоеро, ки деҳаҳояшон аз барқ маҳруманд, баршумурд:

-Дар ноҳияи Муъминоод — 21 деҳа, бо теъдоди 1000 нафар сокин; ноҳияи Темурмалик — 9 деҳа, бо теъдоди 1 ҳазору 100 нафар сокин; ноҳияи Ховалинг, 10 деҳа аз  8 то 30 хоҷагӣ, Шамсидини Шоҳин, 20 деҳа ва   ноҳияи Балҷувон, 40 деҳаи аҳолинишинаш аз хатти барқ маҳрум буда мавҷуд аст. Оид ба ин мушкилот дар минтақа ҷойи аввалро ноҳияи Балҷувон ишғол мекунад.

-Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  вилояти Хатлон бояд то охири соли 2019 мушкилии 100 деҳаи аз рӯшноӣ маҳрумбудаи минтақаи Кулоб ҳалли худро пайдо намуда, пурра бо барқи доими таъмин гарданд, — илова кард Султонов. 

Агар дар ин 700 хоҷагии аз барқ маҳруммондаи минтақаи Кулоб ҳадди ақалл 4 нафарӣ зиндагӣ намоянд,  теъдоди онҳо ба 28 ҳазор нафар мерасад, ки ин нуфуси кам нест. Вале масъулинро мебояд барои рафъи ин норасоӣ чораҳои саривақтӣ андешанд, зеро аз набудани барқ бошандагони ин музофот наметавонанд на танҳо шабакаҳои телевизиониро тамошо кунанду аз пешравиву ободии  кишвар огоҳ шаванд, балки аз оддитарин имконоти техникӣ бархурдор бошанд. 

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, 

хабарнигори махсус дар вилояти Хатлон

Добавить комментарий