Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси Дастгоҳи Президенти ҶТ, муҳтарама Раҳмон Озода Эмомалӣ

 

Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳар замоне, ки баромадҳои Шуморо аз телевизион дидаву аз рӯзномаҳо мехонам, дилам реш-реш мешавад. Зеро Шумо инқадар суханони ғамхорона нисбати корафтодаҳо, бечораву ятимон ва ночормондаҳову пирон мегӯед, ки тибқи ин гуфтаҳо, ягон нафар аз ин табақот ҳеҷ мушкиле бояд намедоштанд. Аммо сад афсӯс, ки ин гуфтаҳои Шуморо чиновникҳову шахсони масъул, ки рӯи вазифа ҳастанд, ба иҷро намерсонанду мардуми корафтода моҳҳову солҳо дар ба дару овораву сарсон мешаванд. Ман инҷо саргузашти худамро мисол овардаву мехоҳам бигӯям, ки агар гуфтаҳои Шумо саривақт аз ҷониби масъулон амалӣ шаванд, кишвари мо гул-гул шукуфтаву мардумонаш шодона хоҳанд зист.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ба Шумо маълум менамоям, ки ман аслан зодаи шаҳри Почаеви ноҳияи Терементскии вилояти Теркопали Украина ҳастам. 13-уми феврали соли 1975 дар ҳаминҷо ба дунё омадаву ному насаби аслиам Копий Васил Игоревич мебошад. Дар бораи ҳаёти падарам чизе намедонам, зеро ӯро боре ҳам надидаам. Модарам Копий Антонина баъди падари биологиям бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадов Мусулмон шинос мешаваду бо ӯ оила бунёд мекунад. Баъди 4 соли хонадоршавии онҳо оилаи мо ба Тоҷикистон, ба ватани падарам кӯч мебандад. Баъди омадан ба ватани падарам, ки деҳаи Косатароши ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент аст, оилаи мо зиндагиро оғоз намудааст. Ба ману апаам падарандарам Маҳмадов Мусулмон ному насаби худро медиҳад, ки ба ҷои фамилияи русии пешинаам, ки Копий Васил Игоревич буд, акнун ман Маҳмадов Вазир Мусулмонович шудам. Баъди ману апаам боз хоҳару додаронам Зулфия, Рустам ва Суннат таваллуд шуданд. Падарам ба мо хеле ғамхориҳо мекард ва то даргузашти падарамон ҳатто намедонистем, ки фарзанди аслии ӯ нестем. Зеро агарчи аслан украин будаем, аммо чун дар деҳа калон шудем, ба тоҷики асил мубаддал шудаву дӯстдори ин Ватан гардидем. Мактаби тоҷикиро хатм кардем ва худро дар деҳа фарди мусулмони комил меҳисобем. Дар Ватан маро чун Вазир мардуми деҳа мешиносанд.

Муҳтарам Президенти ғамхори кишвар, чун падарам даргузашт, бадбахтиҳои мо ҳам сар шуд. Аз сабаби бекасиву нодорӣ ва сағир монданамон дар деҳа касе агар гуноҳ мекард, ба сари ман бор мекарданд. Ҳамин буд, ки мани бекасу кӯйро бо гуноҳи дигарон органҳо ҳам бо туҳмат гунаҳгор дониставу ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Вақте дар ҳабсхона будам, аҳд намудам, ки чун ба озодӣ бароям, ҳеҷ гоҳ бо бадон намешинаму ба роҳи каҷ намеравам, ба меҳнати ҳалол машғул мешаваму зиндагиамро ҳамчун як фарди хурди миллату Ватан пеш мебарам. Бо ин умедҳо чун баъди озодӣ ба зодгоҳ омадам, борҳо барои кор ба роҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон» муроҷиат кардам, зеро ягона корхонае, ки дар наздикии деҳаамон фаъолият дошт, ҳамин коргоҳ буд. Аммо масъулини ин корхонаи бузург бо баҳонаҳои гуногун «имрӯзу фардо биё» гӯён, маро ба кор нагирифтанд. Бароятон маълум аст, ки чун бекор бошӣ, ҳеҷ вақт зиндагиат пеш намераваду касе бурдаи ноне ҳам намедиҳад. Аз ин хотир, барои мардикорӣ ва қутти лоямуте ёфтан озими мулки Русия шудам ва аз соли 2001 то соли 2012 дар инҷо мардикорӣ кардам. Сониян, ба Ватан баргаштам, ба умеди он, ки дар инҷо кору зиндагӣ кунам, хонадор шаваму барои ин миллату Ватан, ки маро аз хурдиам обу нон дод, хидмат намоям. Аммо ин бозгашти ман ба бародари ӯгаям, фарзанди падарам, ки ба қавле аз зани якумаш то ба Украина омаданаш таваллуд шуда будаасту ба гуфтаи мардум, аз модари ӯ падарам Мусулмон баъди чанд моҳи зиндагӣ ҷудо шуда будааст, маъқул нашуд. Аз ин хотир, бародари ӯгаям Комил бо ҳар баҳона ба ман фишор меоварду мехост, ки аз деҳа ба Русия ё Украина кӯч бандам. Аммо ман таҳаммул мекардам. Ниҳоят кор ба ҷое расид, ки ӯ бо писартағояш ва ёру рафиқони дигараш, ки шумораашон аз 10 нафар бештар буд, то қариби мурданам маро зада, маҷруҳ карданд. Суратҳо гувоҳи ин ҳодисаанд. Вале аз сабаби он, ки бародари ӯгаям дар Русия корхона доштаасту серпул будааст, касе дар органҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент ба доди ман нарасид. Дуюм бор диданд, ки баъди латукӯби ман ба онҳо касе кордор нашуд, ин дафъа маро бо корд заданд, ки ин қазия ҳам бенатиҷа монд. Баъди шифо ёфтанам ба масҷид дохил шудаму додамро ба Худо гуфтам ва аҳд кардам, ки бо вуҷуди ин мушкилот оиладор мешаваму бо меҳнати ҳалол зиндагии осуда сар мекунам. Бо амри тақдир ба ҷавонзани бевае, ки як фарзанди 7-сола дошт, хонадор шудам. Худ низ аз ин издивоҷ соҳиби писар шудам ва бори аввал дар зиндагӣ шодии ҳақиқиро дидам. Лаҳзае бе дидори фарзандонам, ки худ бо машаққату азобҳои зиёд ба воя расидаам, зиндагӣ карда наметавонам.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, то ҳол дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам ва бо мардикорӣ дар дарҳои мардум, ман — як ҷавони укроини тоҷикшуда оилаамро мехӯронаму мепӯшонам. Ба доди ман то ба имрӯз касе нарасид ва гӯши додрасе ҳам нест. Аз ин хотир маҷбур шудам тавассути матбуот ба Шумо муроҷиат кунам.

 

Номаҳои гардон

Муҳтарам Президенти кишвар, роҷеъ ба ин бахти шӯрам ба унвони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 маротиба номаи шикоятӣ фиристодам ва 8 маротиба ҳам баъди моҳҳо чунин ҷавоб меомад: “Муроҷиати шаҳрванд Маҳмадов Вазир Мусулмонович, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, барои тибқи қонун дида баромадан фиристод мешавад. Хоҳишмандем аз натиҷааш ба муаллифи муроҷиат ба таври хаттӣ хабар диҳед. Замима 8 саҳифа. Муовини якуми роҳбар Ашӯриён Музаффар”. Чунин ҷавобҳои якранг аз соли 2014 то 2019 ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба раиси вилояти Суғд фиристода шудаву аз онҷо боз гардиш намуда, то ба Прокуратураву  Суди вилояти Суғду аз онҷо боз ба Панҷакент омадаву ҳамингуна бенатиҷа омадурафт доранд. Чунин аст муносибати масъулони прокуратураву судҳову ниҳодҳои дигар нисбати дида баромадани номаҳои шикоятӣ, ки пушти онҳо фарде ё нафарони зинда истодаву ба умед арз мекунанду хоҳиши ба додашон расидан доранд. Аммо сад афсӯс, ки ин роҳбарони масъул аз чӣ бошад, ҷойи мушкилоти ман барин бечораҳоро ҳал намудан ва гуфтаҳои Шуморо ҳамаҷониба ба анҷом расонидан, танҳо ҷавоби бюрократонае ба муаллифи нома равон мекунанду ба ҳамин вазифаашонро гӯё баанҷомрасида меҳисобанд. Лекин нафари номанавишта рӯзҳову ҳафтаҳову моҳҳо сарсону саргардон барои пешбурди зиндагиаш даҳҳо дарҳоро охӯрча мекунад, чӣ қадар ранҷ мебарад, онро танҳо худаш медонаду аҳли хонаводааш. Ман ҳам яке аз ҳамин гуна ранҷбурдаву азобкашидаву корд ба устухон расидаам, ки бо ин номаи худ ба Шумо муроҷиат намуда, умед бар он мебандам, ки шояд ин навбат ба доди мани бечора бирасанд. Ман чизи зиёде намехоҳам. Танҳо мехоҳам ки дар корхонаи муштараки «Зарафшон», ки замоне онҷо муваққатан кор кардаву тавсифномаҳои хуб ҳам дорам, маро ба кори доимӣ қабул кунанд. Бароям МИҲД-у ҷамоати Панҷакент пораи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намоянду онҷо кулбаҳаке сохта, аз ранҷи иҷора раҳо ёбам. Бародари ӯгаям шояд баъди ин дахолатҳои Шумо дигар ба ман кордор нашавад ва ман тавонам бо аҳли оилаам зиндагии хушро оғоз кунам. Мехоҳам дигар ҳамаи ин арзҳоям бенатиҷа намонанд ва ман ноумед гаштаву мабодо баъди ин сарсониҳо хатои дигаре накунам. Чунки як бор хато кардаму ранҷашро то ба имрӯз мекашам. Намехоҳам дигар чунин будан.

Аз ин хотир, муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дигар илоҷе наёфтаму тавассути матбуот ба Шумо муроҷиат намудам ва ягона умедам ба Шумост, ки ба доди ман мераседу мани украини тоҷикгаштаро аз ин вартаҳо раҳо мекунед.

 

Бо эҳтиром,

Муҳаммадов Вазир Мусулмонович,

сокини шаҳраки Суғдиён, хонаи 5, ҳуҷраи 25,

ҷамоати деҳоти Косатарош, шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий