Ба раиси ноҳияи Шаҳринав, муҳтарам Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин

Муҳтарам раис, Шуморо чун марди оқилу доно, фозилу пухтакор, ҳалиму хоксор мешиносам ва инро зимни суҳбати бо Шумо доштаам ҳис кардам.

Мо ҳама аз хурд то бузург баҳри ободии Ватан, беҳшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум, рушди деҳод, дастгирии соҳибкорон, муносибату муоширати нек бо шаҳрвандон заҳмат мекашем. Ба Шумо ҳамчун дӯст муроҷиат мекунам:

Гар малоли хотире аз дӯстон ояд, маранҷ,

К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.

Бо супориши Пешвои миллат, Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи сохторҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ноҳияҳо рӯзҳои қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, муроҷиат, дархост, пешниҳодҳо, арзи дили мардум шунида мешавад. Хушбахтона, шанбеи 16-уми марти соли 2019 баҳри дар чӣ сатҳ гузаштани он ба ноҳияи Шаҳринав ташриф овардем. Мувофиқи нақшаи тартибдода, бояд аз соати 8:00 то 12:00 қабули шаҳрвандон мегузашт. Аммо соат 10-у 30 дақиқа буд, ки нуқтаи қабулро масъулон тарк карданд. Навбатдорони нуқтаи қабул Юсупов ва Раҳмонов буданд. Аммо Юсуповро мо надидем ва шаҳрвандони ба қабул омада номи худро дар дафтари махсус қайд карданд. Хело интизорӣ кашиданд, борҳо муроҷиат карданд, навбатдор “дар назди раис меҳмон аст” гӯён ҷавоб медод. Нозири масъули тартибот омада, мехост шаҳрвандонро аз нуқтаи интизорӣ ба берун ронад, аммо моро дида, аз ин кор худдорӣ намуд.

Бо ҳамин, соат 12:00 шуд. Шаҳрвандони дар қабул буда сухани навбатдор — “раис аз дари дигар баромаданд”-ро шунида, бо дили шикаста ва хотири парешон нуқтаи интизориро тарк карданд. Оё Шумо аз чунин ҳол огоҳ ҳастед?

Дар Паёми Ҷаноби Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 оид ба дастгирии соҳибкорон, минбаъд равнақу ривоҷ додани он супоришҳои мушаххас дода шудааст. Чаро муроҷиати шаҳрванд дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои соҳибкорӣ ба тариқи илова ба хоҷагии деҳқонии “Субҳонҷон 2016” аз 24-уми сентябри соли 2018 то имрӯз ҳалли худро намеёбад? Ба ҷои соҳибкоронро дастгирӣ намудану ёрӣ расонидан, мо онҳоро чунин сарсону саргардон мекунем. Масъала бо айби кӣ то имрӯз ҳалли худро намеёбад?

Шоири бузург Биноӣ гуфтаанд:

Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Оре, чи тавре, ки дар баромадҳои худ Ҷаноби Олӣ ҳамеша таъкид мекунанд, бе илму маориф тараққиёти давлат ҳеҷ аст. Ҳамеша ба сохтмони мактабҳо, беҳшавии сифати таълиму тарбия, тараққиёти ин соҳа Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар кушодашавии қисми зиёди мактабҳо шахсан худи Ҷаноби Олӣ иштирок намуда, дар дилу дидаи мактабиён ҷой гирифтаанд. Дар мактабҳои ноҳияи Шаҳринав санҷишҳои зиёдатии сохторҳо ҷой дошта, ба ҷои додани маслиҳат ва ислоҳи камбудиҳо ҷаримабандиҳо хеле зиёданд.

Аз Шумо ягон талаб надорам. Ҳамчун дӯст мехоҳам ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ, ҳалиму хоксор, пурсабру тоқат, сарбаланду фидокор ва дар амалӣ гардонидани супоришу дастурҳои Ҷаноби Олӣ комёбу сарбаланд бошед!

 

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Добавить комментарий