“Дар замони пеш ғуломони Инсон  бо ҳам меҷангиданд, имрӯз ғуломони пул”.

(Рустам Гулов, рӯзноманигор)

Ба ҷуз футбол ба ягон намуди дигари варзиш мухлис нестам ва ҳавас надорам. Махсусан он намудҳои варзишеро, ки бо хунрезию задану нимкушта кардани ҳамдигар тамом мешаванд ва бе риояи қонуну қойида ҳамдигарро ба хотири пул задану кӯфтан сурат мегирад. Онҳоеро, ки бераҳмона ҳамдигарро мезананду нимкушта мекунанд, дар асрҳои пеш “гладиатор” меномиданд, ҳозир варзишро олуда ба хунрезӣ карда, варзиш мегӯянд ва хато мекунанд. Муҳориба бидуни қойида аз паҳншудатарин ин намудҳо аст. 

Чанд ҳафтаи охир шояд дар Тоҷикистони кӯчаки мо ҳам нафари огоҳе аз шабакаҳои иҷтимоӣ набошад, ки аз “набарди аср” миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадови доғистонӣ ва Конор Макгрегори ирландӣ нагуфта бошад. 

Ин ҳама таваҷҷӯҳ барои чист? Як занозании бидуни қойидаро ба хотири пул ҷомаи динӣ пӯшонидан ба манфиати кист? Кисаи кӣ баъди ин муҳориба хароб шуду кӣ аз ин моҷаро фойида дид?

Муҳорибаи бидуни қоидаи ин ду нафар шаби шашуми октябр дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико дойир гардид. Рақиби Нурмуҳаммадов  аз Ирландия Конор Макргрегор мисли футболбоз Бекхэми инглис мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа буданро дӯст медорад  ва кӯшиш мекунад ба хотири бештар ҷамъ кардани сармоя мисли футболбоз Марадона аз Аргентина баёнияҳои тунд нисбати рақибонаш пахш кунад. Макгрегор дар даври чаҳоруми рақобат  ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов тоб наовард ва таслим шуд. Баъди пирӯзии Ҳабиб  дар байни аъзои гуруҳи ҳарду рақиб ҷанҷолу занозанӣ бархост ва аз ин сабаб мусоҳиба бо ғолиби бозӣ ва маросими супурдани камарбанд дар ҳузури мухлисонро бекор  карданд. Ғолиб  барои  ширкат дар ин мусобиқа 2 миллион доллар ҷоиза бояд мегирифт. Мегӯянд Ҳабиб то ин дам боре шикаст нахӯрдааст ва ягон бор даври аввали рақобатро набохтааст. Чун Макгрегор ӯро тарсончак номида буду барои тарғиби ӯ (ва дар ҳамин ҳол барои пур кардани киссаи хеш) зиёд кӯшиш кард, ВАО-и рус бо вуҷуди он ки ба мардуми Қафқоз рӯйи хуш намедиҳад, аммо дар шароити имрӯз ба хотири аз мушкили асосии Руссия дур кардани таваҷҷӯҳи мардум водор шуд дар ин маврид зиёд гӯяд. Ҳам масъулони идеологии Кремл ва ҳам оташандозони ҷанги динӣ аз ин фурсат хуб истифода карданд ва киссаи букмекеронро пур карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ҷомеа чун ҳамеша ба ду тақсим шуд: Онҳое ки зери таъсири идеологияи динӣ пуштибонӣ аз Ҳабиб карданд ва онҳое ки бо дарки воқеият рабт додани муҳорибаи бидуни қойидаро ба ислом маҳкум намуданд.

Сухангӯи Кумитаи дин Афшини Муқим дар Фейсбук навишт:

“Дӯсте гуфт:

Ҳабиб рамзи пирӯзии уммати исломӣ! 

Мегӯям, ҳамон чечену доғистониҳое, ки дар қазия ва куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар оромгоҳи «Хованский»- и Русия даст доштанд, онҳо ҳам «рамзи пирӯзии уммати исломӣ» буданд ё «қотили уммати исломӣ?”.

Дар тақвияти ин андешаҳо рӯзноманигор Далери Абдураҳим гуфтааст:

“Мо мусулмонон (албатта на ҳама. Д. А) то ҳамон рӯз пойбанди аҳкоми шариъати Ислом ҳастем, ки ниёзманди он бошем. Агар мушкиле пеш омаду мухолифи боварҳоямон ҳам бошад, фардо демократ ё коммунисти суп-сурх мешавем. Ва ин ҳам то рӯзи эҳтиёҷамон бароварда шудан. Дар акси ҳол, дидаву дониста як намуди варзишро (агар воқеъан варзиш бошад), ки зидди меъёрҳои исломӣ аст, пӯшиши исломӣ намедодем. 

Ҷор задему гуфтем,ки «Ҳабиб рамзи пирӯзии уммати исломӣ». Охир инҷо набарди як варзишгари мусулмон бо варзишгари ғайримусулмон барои пирӯзии динҳояшон набуд -ку?! Пас пирӯзӣ бар кӣ? Ҳардуяш ҳам барои гонорар (ҳаққи қалам. Аз редаксия) мубориза бурданд. Ва баъдан мувофиқи ривоёти динӣ пайгамбари Ислом фармудаанд, ки «уммати исломӣ дар ҳамон вақт пирӯз мешавад, ки рӯ биёрад ба фармудаҳои Қуръону пайравӣ кунад аз суннатҳои пайғамбар”, на ин ки пирӯзиро дар «хурӯсҷанг»-и ду нафар бинад.

Дигар ин ки дӯстон гуфтанд, ки Ҳабиб ба тоҷикон эҳтиром дорад. Мо низ ба ӯ ва ҳунари ӯ арҷ мегузорем ва ҳеҷ хусумате нисбати вай надорем. Шумо низ мухлисӣ кунед, ба ин ҳақ доред, вале на мухлисии кур-курона. Варзишгарро барои ҳунараш мухлисӣ мекунанд, на барои эътиқоду бовараш”.

Таҳлилгари дигари ин баҳс Рустам Гулов дар блоги худ овардааст:

“ Дар мавриди ғалабаи Ҳабиб зиёд гуфтанд. Он андеша маро бехуд мекунад, ки инро ба ислом рабт медиҳанд. Ислом ин намудҳои “варзиш” — ро иҷоза намедиҳад. Онеро ки Шумо “ифтихори ислом” меномед, ба ҷуз аз занозанӣ чизе нест ва ислом маҳз ин нуктаро манъ кардааст. 

Нурмуҳаммадов барои обрӯи ислом ва мусалмон мубориза набурдааст, ки фаъолияти ӯро ба дини мо рабт диҳед. Вай бештар ба рақибаш Макгрегор монандӣ дорад нисбат ба як мусалмони сатҳи миёна. Онҳо ҳарду:

А) Барои эътиқоди худ не, барои пул мубориза бурданд. Барои Ислом ё дини христианӣ не. Ҳабиб барои ширкат дар ин ҷанг бояд ду миллион доллар ва фойиз аз намоиши пулакӣ бояд бигирад.

Б) Он чӣ дар майдони ин муҳориба дойир мешавад, варзиш номидан комилан нодуруст аст. Ин аз ҷанги гладиаторҳо фарқ надорад. Танҳо он замон ғуломони Инсон меҷангиданд, ҳоло ғуломони пул.

В) Он амале, ки Ҳабиб баъди муҳориба алайҳи мухлисони Конор анҷом дод, аз рафтори Макгрегор фарқе надорад: Ҳарду ҳам нафарони бетарбия ҳастанд ва лоиқ ба пайравию омӯхтан нестанд.

Г) Ин гуна варзишгарон ва ин намуди “варзиш” барои ҷавонон арзишеро намеомӯзонад. Ин тарғиби бераҳмию  ҳайвонӣ асту бас!”.

Ба андешаи Рустам Гулов, ин таври баҳодиҳӣ ва ин гуна “қаҳрамонон” ба раванди ҳаммаъно донистани ислом ва терроризм мусоидат мекунад ва як далели дигаре барои тарғибгарони ин андеша мешавад. 

Аммо, дар ҳамин ҳол, бархеи дигар, минҷумла овозхон Манижаи Давлат танҳо ба он хотир аз Нурмуҳаммадов дастгирӣ мекунад, ки ӯ мусалмон аст. Номбурда дар саҳифааш дар шабакаи интернетии Инстаграм навиштааст:

 “Чанд сол боз аст, ки рақобатҳои Конор Макгрегорро тамошо мекунам ва баъзеҳо пай бурдаанд, ки мухлиси ӯ ҳастам ва барои ман қаҳрамон фақат ӯст”.

Аммо, гуфтааст Манижаи Давлат, мехоҳад дар набарди ӯ бо Ҳабиби доғистонӣ, варзишгари рус пирӯз шавад, чун ба навиштаи Манижа “Ҳоло сухан дар бораи виҷдон, номус ва шарафи ман меравад… Сухан дар бораи дини ман меравад, чун ҳеҷ касе ҳақ надорад, онро таҳқир кунад. Ҳар кас, ки набошад, ҳатто касе ки барои ман маҳбуб аст. Худо кунад, ки Макгрегор шикаст хӯрад». 

Мавқеъгирии ҷавонони тоҷик дар ин занозанӣ махсусан дар Русия ба баъзе аз суолҳои дигар посух мегӯяд. Ҷавонони мо дар муҳоҷират бештар зери таъсири мардуми мусалмони қафқозӣ ҳастанд. Ба масҷиде, ки чечен ё доғистонӣ сохтааст мераванд ва панду насиҳати эшонро гӯш мекунанд, ба муттаҳидии онҳо ҳасад мебаранд, мусиқии онҳоро гӯш мекунанду зери навои он мерақсанд, бо роҳнамоии эшон ба “ҳимояи ислом” дар ин ё он гӯшаи дунё мераванд, хостаҳои эшонро ба сари оилаашон таҳмил мекунанд. 

Агар не, дар ин шабу рӯз Муин Ғафурови тоҷик чемпиони ҷаҳон дар самбои муҳорибавӣ шуд, аммо кам касе дар ин маврид гуфт, дастаи футболбозони тоҷики то 16 сола ба финали чемпионати Осиё бори нахуст раҳ ёфт, вале чашми фанатикҳои Ҳабиб гуиё ин ҳамаро надид. Дарвозабони ин даста Муҳриддин дар ду бозӣ бо Кореяи ҷанубӣ ва шимолӣ зарбаи ёздаҳметраро гардонида, ғалабаи дастаашро таъмин кард ва кам касе муваффақияти номбурдаро дид. Ин журналисти маъруфи тоҷик Илҳоми Ҷамолиёнро водор кард то нависад:

“Ҳой, мардуми азизи Тоҷикистон! Қаҳрамони худро бишносед. Муин Ғафуров-Тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар самбои муҳорибавӣ! Ба ифтихори ғалабаҳояш Парчами давлати мо парафшонӣ мекунад. Ӯ ифтихори мост ва бо Ӯ бояд на камтар аз Ҳабиб ФАХР кард! Офаринат бод Муин Ғафуров!!!”.

Мухлиси дигаре нафаси сабук кашид:

«Сагҷанг»-и бемаънӣ ба итмом расид. Варзиши воқеъӣ футбол аст ва қаҳрамони ҳақиқӣ футболбозони навраси тоҷик. Бояд бештар аз онҳо гуфт”. 

Далер Абдураҳим афзуд:

“Барои ман шахсан Муин Ғафуров ва он бачаҳое, ки имрӯз бо Ҷопон дар риштаи футбол сабқат карданд, қаҳрамонанд, чунки онҳо парчами кишвари моро баланд бардоштанд. Онҳо обрӯйи миллатро мебардоранд.Онҳоро тоҷику тоҷикистонӣ мегӯянд.Онҳо ифтихорофаринони мо ҳастанд! На кадом Ҳабибе! “.

Аммо, бештару беҳтар аз ҳама футболбоз Месси андешаи худро баён намуд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки “Шумо ба Ҳабиб мухлисӣ мекунед?”, ҳайратзада посух дод:

“Тенис? Не, ман ҳамеша аз футбол фикр мекунам”.

Хуршед Атовулло,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here