Ё худ, чаро шаҳрвандонро раис Қаландарзода нею кормандонаш қабул мекунанд?

 

Чандин бор аз роҳи дароз ба Душанбе, ба қабули раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон муҳтарама Мавлуда Қаландарзода омадам. Чунки Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармону дастурҳояш роҳбарони вазорату ташкилотҳо, идораҳои дахлдорро доир ба қабули шаҳрвандон вазифадор кардааст. Аммо ман шаш маротиба ба қабули М. Қаландарзода омадаму ноумед рафтам.

Рӯзҳои қабули раис ҳафтае рӯзи шанбе ва сешанбе будааст. Кормандонаш маро қабул карданд, лекин худаш қабул намекунад. Ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат кардам. Шояд аз ин бохабар шуда, оқибат рӯзи 11.05.2019 ба дидори муборакашон мушарраф шудам.

Ҳайронам, ки чаро раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон вобаста ба муроҷиатам мурофиаи судӣ намегузаронад. Ба аризаам кормандонаш ҷавоб медиҳанду халос. Ҳол он ки, дар аризаам маҷлиси судӣ талаб кардаам. Зеро масъалаҳои гузоштаам бисёр ҳам баҳсноканд. Барои мисол: ба ҳукуматдорону ҳомиёни қонуни ноҳияи Восеъ кӣ ҳуқуқ додааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандии маро барҳам диҳанд? Доир ба ҳалли ин масъала бояд раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҷавоб гӯяд. Ба мақомоти болоӣ бирасонад, ки ҷабрдида талаб дорад, ки дар маҷлиси судиам ҳуқуқшиносон иштирок намоянд. Охир, гуноҳи ман чист, намедонам. Ҳамин ки дар замони шӯравӣ, яъне соли 1989 ба воситаи Пленуми Суди Олии СССР худамро сафед кардам? Барои бегуноҳиям ба ман 13630 суми соли 1961 доданд. Вале боқимондаи маблағамро надоданд.

Дигар ин ки, ҳуҷҷатҳои манзили пештара дар дасти ман аст, аммо ашхоси «зӯр» бе пурсиш хонаамро фурӯхтаанд. Ҳамчунин, звенои оилавӣ доштем. Дар ивази пахтаи супоридаам бояд маблағам медоданд, вале…

Писари калониам Бобоҷон Зарифов ба хотири барқарории ҳукумати конститутсионӣ дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 200 ҳазор рубли замони шӯравӣ шартномаи суғуртавӣ баста будааст, ки баъди фавташ онро ба мо надоданд. Имтиёзҳои оилаи мо дар истифодаи ройгони телефон, аз андоз озод намудани замини наздиҳавлигӣ, пардохти барқ низ бояд 50 фисад арзон мешуд, вале ҳайҳот! Ба замми ин, барои заминҳои хоҷагиям 24 ҳазор доллар бор карданд. Ман ин миқдор маблағро аз бонк нагирифтам.

Хоҳишмандам, Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ин масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳақро ба ҳақдор расонад.

 

Шамс ЗАРИФОВ, ноҳияи Восеъ

Добавить комментарий